Агар умр вафо мекард, Акбари Саттор, журналисти хушноми тоҷик ва раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз 58-сола мешуд. Ӯ наздикӣ 10 сол, аз соли 2006 то соли 2015, яъне то рӯзи маргаш, раиси Иттифоқи рӯзноманигорон буд. Тасодуф аст ё не, баъди марги ӯ вазъи озодии баён ва мавқеи рӯзноманигорон дар кишвар якбора бад шуд.

Дар замони роҳбарии ӯ, рӯзноманигорони тоҷик сарҷамътар буданд ва ӯ шахсан барои ҳалли мушкилоти онҳо расидагӣ мекард. Баъди маргаш фаъолияти Иттифоқи журналистон низ камранг шуд ва ҳоло худи рӯзноманигорон аз кори роҳбарият ва аъзои Иттифоқи журналистон интиқод мекунанд.

Аксари журналистон ба ин назаранд, ки агар ӯ зинда мебуд, шояд вазъ ба ин ҳад намерасид…

Намегузошт, ки журналистика беқадр шавад

Абдумалик Қодиров, раиси созмони Медиа-Алянси Тоҷикистон, мегӯяд Акбари Саттор тавонист журналистонро ҷамъ кунад ва раиси воқеӣ бошад.

Ба таъкиди ӯ, “Акбар нафаре буд, ки ҳам “биографияаш” ва ҳам “географияаш” барои мақомдорони имрӯза мувофиқат мекард”.

Акбари Саттор 10-уми феврали 1965 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. То соли 1994 дар рӯзномаҳои “Тоҷикистони советӣ” ва “Садои мардум” кор кардааст. Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Ӯ ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

“Акбар аз ин “худигӣ” бо мақомот ҳеҷ гоҳ ба манфиати шахсиаш суйистифода накард. Оре, ин “худигӣ” барояш имкон медод, ки ба долонҳои ҳукумат озодона равуо кунад ва гапашро гузаронад, вале танҳо ба хотири ҳал кардани мушкили кадоме аз журналистон”, – таъкид кард Қодиров.

Ба гуфтаи ӯ, “Акбар журналистонро содаву табиӣ, бе ҳеҷ овозаву дарвоза ҳимоя мекард. Танҳо ду нафар-журналист ва Акбар медонистанд, ки проблемаи ин ё он журналист бо кадом мушкилиҳо ҳал шуд”.

“Ман бовар дорам, ки Акбар намегузошт кор то ба ин дараҷа расад, зеро ӯ “забони” мақомотро медонист ва истеъдоди баланди муколама карданро дошт”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

“Бетараф намебуд, вале пурра рафъ ҳам карда наметавонист”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, “Акбар воқеан, ҳомии ҳуқуқи журналистон буд ва дар ҳеҷ қазия бетараф буда наметавонист. Ӯ миёни мақомдорон мавқеъ дошт ва барои беҳбудии журналистикаи тоҷик бо курсинишинон аз ҳама зовия гуфтугӯ мекард, роҳҳали мусолиҳатомез меҷуст, даъво дошт”.

“Акбар дурӯя набуд ва сухани ҳақро ҳам ба мақомдорон ва ҳам ба журналистон мегуфт. Агар Акбар ҷониби журналистро намегирифт, шарҳ ҳам дода метавонист. Ин мусаллам аст, ки агар Акбари Саттор имрӯз зинда мебуд, ба вазъи кунунии журналистика бетараф буда наметавонист, аммо мушкилро комилан рафъ карда ҳам наметавонист”, – гуфт Қаршибоев.

Ба назари ӯ, “агар Акбар зинда мебуд, барои ҳуқуқи журналистон ҳама имкониятро ба кор мебурд”.

“Аммо агар ӯ ин бемавқеии рӯзноманигоронро медид, шояд аз ҳимояи ҳуқуқашон даст мекашид. Ба ин вазъ омада расидани журналистика гуноҳи журналистон аст”, – таъкид мекунад Қаршибоев.

Шиддатро паст мекард, вале пешгирӣ карда наметавонист

Қироншоҳ Шарифзода, журналист ва муҳаққиқи соҳа ҳам, бар ин назар аст, ки Акбари Саттор чашмикордон буд ва баъди раиси ИЖТ интихоб шудан, ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вусъат бахшид.

Қироншоҳ Шарифзода гуфт, “пас аз даргузашти Акбари Саттор чандин нашрияи мустақил аз фаъолият бозмонд ва дар як соли гузашта чанд журналистону блогнависон ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Акбари Саттор ба ҳайси раиси ИЖТ шояд ба пасттар шудани шиддати чунин амалҳои нохуш мусоидат менамуд, вале фикр намекунам, ки онҳоро пешгирӣ карда метавонист”.

“Рӯйдодҳои манфии пас аз соли 2015-и соҳаи ВАО нуқтаи авҷи раванди танг шудани фазои иттилоотӣ, фишорҳо ба озодии баён, маҳдуд намудан ва аз миён бурдани таъсиргузории ВАО ба ҳаёти ҷомеаи демократихоҳ буду ҳаст”, – гуфт Шарифзода.

Акбар мебуд журналистткаи мо ба ин ҳол намерасид

Хуршед Атовулло, рӯзноманигор ва раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) бошад, мегӯяд, дар 10 соли роҳбарии Акбари Саттор ҳеч кадом баҳси судии журналистон бе иштироки ӯ баргузор намегардид. Ҳар як парвандае, ки нисбати одитарин журналисти тоҷик боз мешуд, Акбари Саттор аз он огоҳ мегардид ва ҳатман ба “боло” даъво мекард.

“Акбари Саттор дар байни мақомдорон, сиёсатмадорон, судяҳо ва дигар қишрҳои таъсиргузор дӯстӣ ва иззату обрӯ дошт. Аксар даъвоҳои судӣ бо миёнаравии равоншод Акбари Саттор ба нафъи журналистон ба анҷом расидааст”, – гуфт Хуршед Атовулло.

Ин рӯзноманигор аз чанд қазияи судии ба сари журналистон омада, ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки Акбари Саттор аз ибтидо то интиҳо аз раванди мурофиаҳо огоҳ буд ва ҳамеша талош мекард, ки ба журналист фишор наоранд ва ӯ қазия ба манфиати рӯзноманигор ҳал гардад.

“Акнун шумо муқоиса кунед бо ҳукмҳои 8 солу 10 соли зиндон. Ин даҳшат аст. Агар Акбари Саттор зинда мебуд, журналисткаи мо ба ин ҳол намерасид ва журналистон ба солҳои тӯлонӣ маҳкум намешуданд”, – гуфт Хуршед Атовулло.

“Акбар журналистикаро бо худ бурд”

Аксари ҳампешагону дӯстон ва шиносони Акбари Саттор ба ин назаранд, ки ӯ воқеан шахси хоксор, дурандеш, самимӣ ва ғамхори журналистони тоҷик буд. Онҳо мегӯянд, Акбари Саттор ягона раиси Иттифоқи журналистон буд, ки “нахӯрд”, балки “хӯронд”.

Эътироф мекунанд, ки ҳоло низ журналистону созмонҳои журналистии пуштибони ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳастан, вале Акбари Саттор сухани пурвазни худро дошт. Ӯ журналистикаи тоҷикро мисли оҳанрабо ба ҳамдигар ҷамъ оварда буд. Баъди сари ӯ ҳама парешон шуд. Имрӯз ман журналистикаи тоҷик пароканда аст.

Ба қавли Хуршед Атовулло “пас аз Акбари Саттор журналистикаи тоҷик фалаҷ шуд ва дар як соли охир ба таври мармуз журналистика мурд. Акбар журналистикаро бо худ бурд”.

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь