Чанде пеш дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 130-солагии забоншинос ва фарҳангнигори номвари тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тӯрақул Зеҳнӣ ва масъалаҳои забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ» баргузор гардид.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ дар мавриди ҷойгоҳи ин шахсияти шинохта дар бедории фикрӣ ва таъсиси кишваре бо номи Тоҷикистон изҳори назар карда, гуфт: «Ёдбуди устод Тӯрақул Зеҳнӣ дар номгӯйи ҷашнҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соли 2022 шомил шуда, конфронси мазкур оғози маҳфилҳои илмиву адабӣ дар гиромидошти ин пажӯҳишгар аст. Мо дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти вилояти Самарқанд нақша дорем, ки моҳи майи соли ҷорӣ бахши дуввуми ин конфронси илмиву амалиро дар шаҳри Самарқанд бигзаронем, зеро як бахши кор ва ҷамъугири мақолаҳо якҷо бо донишмандони Ӯзбекистон сурат гирифт».

Ба ифтихори ҷашни ин фарди фарзона ду китоб, яке «Зеҳнинома» ва қисми аввалини куллиёти Зеҳнӣ, ки асари «Санъати сухан»-и муаллифро фаро гирифт, нашр ва рӯнамоӣ гардиданд.

УСТОД АЙНӢ: «ЗЕҲНӢ ДАСТИ РОСТИ МАН АСТ»

Чи тарве, ки зикр шуд, устод Зеҳнӣ дар ҳама соҳаҳои илму адаб, аз ҷумла дар тазкиранигорӣ, матбуот, адабиёт ва забоншиносӣ, эҷоди шеър, миллатшиносӣ ва адабиёти шифоҳии мардум таълифоти гусарда дошта, муаллифи китобҳои дарсӣ, таҳқиқотӣ ва 300 мақолаи хурду бузурги илмист.

Ҷомеи адабии мо ӯро бештар бо китобу муҳиму машҳураш «Санъати сухан» шиносанд ҳам, аммо дар заминаи мактабу маориф муаллифи китобҳои аввалини дарсӣ барои тоҷикон бо хатти лотинӣ, пажӯҳандаи таърихи вожаи «тоҷик» бо ҳамроҳии устод Садриддин Айнӣ, ҳамзамон фарҳангнигори мумтоз будааст.

Бино ба гуфтаи олимон, Тӯрақул Зеҳнӣ дар иншои китоби арзишманд барои доварии миллати мо назди роҳбарони вақти СССР – «Намунаи адабиёти тоҷик» ёвари асосии устод Айнӣ буда, муаллифи китоб ӯро «дасти рости ман» гуфта тавсиф мекунад.

Ӯ аввалин ташаббускори ҷашни ҳазораи устод Рӯдакист. Фарҳод Раҳимӣ дар ин бора гуфт: «Тӯрақул Зеҳнӣ дар мақолаи «Шоири бузурги Хуросон» («Овози тоҷик», 1925) пешниҳод карда буд, ки бояд ҳазораи Рӯдакӣ дар сатҳи муносиб ҷашн гирифта шавад. Ба ин муносибат, метавон гуфт, ки ӯ рӯдакишиносиро дар Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ шуруъ кард».

Баъди ин ва дигар матлабҳояш дар матбуоти даврӣ роҳбарони вақт ибтикори мазкурро рӯи даст гирифтанд ва омӯзиши ҳаёту фаъолияти Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он вусъати тоза ёфт.

ФАРҲАНГНИГОР ВА ОМӮЗГОР

Тӯрақул Зеҳнӣ дар тартиб додани луғати маъруфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд (1969) хидмати бедареғ кардааст. Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ранҷи шабонарӯзии номбурдаро чунин ситоиш мекунад: «Қариб ними кори ин фарҳанги бузургро худаш ба танҳоӣ ба субут расондааст». Луғатшинос Амон Воҳидов дақиқан қайд мекунад, ки 1747 саҳифаи фарҳанг 786 саҳифаи он ба қалами домулло Зеҳнӣ тааллуқ дошт, ки дар маҷмуъ ними китоб аст.

Аз сарчашмаҳо ба мо маълум мегардад, ки Тӯрақул Зеҳнӣ ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Тиллокории шаҳри Самарқанд хатти форсиро ба таври амиқ омӯхта, минбаъд дар корҳои таълифотӣ аз фарҳанги муътабари «Ғиёс-ул-луғот» ба таври фаровон истифода мебурд. Ин таҷрибаи ӯ дар мураттаб кардани «Фарҳанги забони тоҷикӣ» хеле судманд буд.

Дар баробари ин, омӯзгорӣ ва навиштани аввалин китобҳои дарсиро дар замони автаномияи Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон рисолати худ донист ва соли 1928 якҷо бо Вадуд Маҳмудӣ якбора се китоби дарсии «Омӯзиш» барои синфҳои 2, 3, 4 навишт. Соли 1930 китоби дарсии «Сарфи забони тоҷикӣ»-ро таълиф кард. Бо ин кори хайр ӯ дар бедории фикрии чанд насли тоҷик хидмати бузург анҷом дод.

9 СОЛ ДАР ЛАГЕРУ ЗИНДОНҲО

Қаҳрамони мо бо буҳтону шикоятномаҳои беасоси як зумра душманони миллат, соли 1945 равонаи яке аз зиндонҳои Россия гардид. Он ҷо зери шиканҷа, меҳнатҳои вазнин дар бешазор ва гуруснагиву беморӣ қарор гирифт. Дарду андуҳи бепоёни Зеҳнӣ дар шеъри «Танҳоӣ»-и ӯ бо сӯзу гудози зиёд ифшо мешавад. Ба чунин вазъи муҳлик нигоҳ накарда, рӯҳу ҷисмашро тобу тавон бахшид, ирода аз худ нишон дод ва пас аз 9 соли маҳрумиятҳо ба Самарқанд баргашт. Пас аз ду соли эҳёи рӯҳиву ҷисмӣ дар моварои оила соли 1956 ба Душанбе омад ва ҳамкориашро бо муассисаҳои илмии Тоҷикистон ба роҳ монд. Соли 1960 китоби «Санъати сухан»-ро бори аввал рӯйи чоп овард, ки аз маъруфтарин таълифоти ӯст. Ин китоби ба ҳама ошно аз он замон то соли 2022 чор маротиба таҷдиди чоп шуда, аз китобҳои рӯйимизии донишҷӯёну эҷодкорони навроҳ аст.

Ҳамин тавр, Зеҳнӣ бо талоши зиёд 29 августи соли 1964 аз суди Самарқанд ҳуҷҷати қонунии бегуноҳ будан гирифт, ки ҳанӯз ҳам дар хазинаи олим мавҷуд аст. Ҳарчанд баъди ин ҳам муносибати атрифиҳо нисбат ба ӯ ва хонаводааш хубу хуш набуд, вале Зеҳнӣ боз ҳам дар такя ба иродаи қавӣ ва рӯҳи матин дил аз кори илми эҷодӣ наканд ва барои тоҷикону Тоҷикистон хидмат кард.

АЗ ПАЙИ ВОЖАИ «ТОҶИК»

Ба гумони ғолиб, пажӯҳиши решашиносии вожаи «тоҷик» дар гирумони таърих ҳанӯз замони ҳамкориву ҳамрозӣ бо устод Айнӣ ва ёрмандии ӯ дар иншои «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дар дили Зеҳнӣ реша давонда буд. Барои мисол, ӯ ҳанӯз моҳи майи соли 1926 дар ҷаридаи «Овози тоҷик» матлабе бо номи «Мубоҳиса дар бораи забон ва адабиёт», «Маслиҳатҳои ман дар бораи забон» навишта («Раҳбари дониш», 1929) алорағми даъвогарони суст мавҷудияти забони мукаммалеро барои давраи нав ва насли ҷадид ҷиддан таъкид кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ, «аз нав забони чопагӣ (чопӣ) офаридан, кори миллате аст, ки пеш аз ин забони чопа ва адабӣ надошта бошад. Ва ҳол он ки соҳиби забони китобӣ будем ва ҳастем».

Баъзе аз матлабҳои хусусияти миллӣ доштаашро бо номи мустаори Рустам нашр мекардааст.

Аз он даврон то соли 1985 як силсила иттилоъро аз мадракҳои муътабар ҷамъ оварда, ниҳоят дар моҳномаи «Садои Шарқ» мақолае навишт бо унвони «Калимаи тоҷик дар осори гузаштагон». Ин мақолаи бисёр муҳим ва фарогир иттилои навро ба илми тоҷикшиносӣ дод. Мақола замоне чоп шуд, ки дар кишварҳои Иттиҳоди шуравӣ руҳияи худшиносӣ кам-кам болу пар мекушод.

Дар ин мақола дар баробари ифтихору нозиш аз забони ноби ҳазорсола ва эминмонда аз ҷабрҳои таърих, инчунин, таъкид мешавад, ки «тоҷик дар гузашта номи қавме будааст, ки номвожаи Эрони бузургро ифода ва аз он дифоъ мекарда». Минбаъд дар ин замина, китоби «Тоҷик-тоҷвар, тоҷдор» (мураттиб М. Шукурзода, 1990), китоби «Забон ва худшиносии миллӣ» (Пайванди Гулмуродзода, 2007) ва китоби Шоҳмуҳаммад Ҳайдарӣ «Номвожаи тоҷик» (Санкт-Питербург, 2015) мураттаб ва таълиф шуданд.

Зеҳнӣ, ҳамзамон яке аз аввалин мунаққидони забони рӯзномаҳои он айём буд ва пайвасат садо баланд мекард, то забони адабии тоҷикӣ дар ҷаридаҳо бо камолу ҷамол истифода шавад. Бавижа, дар мақолаи «Забони «Овози тоҷик» мақолаву матлабҳои ин рӯзномаро мавриди таҳлили забоншиносӣ қарор медиҳад ва эродҳои худро бо далелҳо собит мекунад.

КИТОБИ ОХИРИН ДАР 90-СОЛАГӢ

Тӯрақул Зеҳнии ҷабри айём бисёр дида ва ранҷу машаққати зеҳниву фикрӣ бешумор кашида умри пурбаракат дид, яъне 90 сол. Дар фарқ бо дигарон, то рӯзи вопасин аз навиштану таҳрир, таҳлиу таҳқиқ канора наҷуст ва охирин рамақҳои ҷонашро рӯйи коғаз мерехт. Маҳсули ранҷи айёми пирии ӯ дар китоби «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» маҳфуз аст. Ин китобро устод Зеҳнӣ дар навадсолагӣ омодаи чоп карда буд, аммо дидани китоб ба ӯ муяссар нашуд ва пас аз марг соли 1987 дар Душанбе интишор ёфт. Пажӯҳиши мазкур дар зоти худ бисёр арзишманд буда, аз тарафи забоншиносон эътимод ва эътироф дарёфтааст. Дар ин рисола муаллиф ба маводу матлабҳои илмии асрҳои Х-IХ такя карда, дар асоси забони мардуми Варорӯд ташаккул ёфтани забони адабии муосири тоҷикии форсиро собит мекунад.

Зиндаёд Тӯрақул Зеҳнӣ дар мазори Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Пайвандону наберагони ӯ Фаршед Зеҳнӣ, Парвин Олимова, Наргис Нуруллоҳхоҷа ва Фарзона Зеҳнӣ барои парешон нашудани ганҷинаи дастхату осори падарбузургашон Бунёди адабии Тӯрақул Зеҳниро таъсис доданд, аллакай чандин китоб тавассути ин бунёд чоп шуд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь