Ҳасан Ирфон (22.03.1900-17.07.1973) яке аз чеҳраҳои бисёр намоёни илму фарҳанги Самарқанд, адиби хушбаён, луғатдони нуктасанҷ, тарҷумони моҳир буд, ки дар тӯли зиндагии пурсамар аз худ мероси гаронарзише ба ёдгор гузошт.

Инҷониб саодатманд аз онам, ки ба шарофати шогирдӣ ва ҳамкорӣ аз файзи сӯҳбатҳои дилнишин, насиҳати падарона, маслиҳатҳои муфид, рафтору гуфтори ибратбахш ва хосатан сиру асрори сухандонӣ, қаламзанӣ баҳраманд гардидам.

Гарчанде аз вафоти устоди сахтгиру меҳрубон, дилёбу дарёдил, хушгуфтору хушрафтор, бо фазлу заковат беш аз ним аср сипарӣ гашт, аммо дар лаҳзаҳои асабам вайрон дуои «бад»-и ӯро ба хотир оварда, бо рӯҳи тоза, табъи болида бо қалами кунди худ сухане бар сухане зам мекунам.

Вохӯрии тақдирсоз

Тирамоҳи соли 1970 баъди бозгашт аз адои хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳ барои муборакбодӣ хешу ақрабо, дӯстону ҳамдеҳагон меомаданд. Мо ҳамчун соҳибони хона меҳмононро дар таги дар пешвоз гирифта, гусел мекардем. Ногоҳ марди ношиноси тахминан 60-сола, ки дар сар тоқии чустӣ, дар тан шиму костюми сиёҳи тозаю озода ва дар даст асо дошт, солорона қадам партофта, ба сӯи ҳавлии мо омад. Намуди зоҳирии ӯ чун шахси бомаданияту донишманд буд.

– Ҳа, нашинохтӣ? – аз ҳайрати ман рамуз гирифта пурсид падарам.

Китф дарҳам кашида, ба маънои инкор сар ҷунбондам.

– Ҳасан Ирфон, – оҳиста пичиррос зад падарам, – дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекунанд. Адиб, тарҷумон.

Рости гап, тақдир маро то ҳол бо шоиру нависандагон рӯ ба рӯ накарда буд. Эҳтимол аз ҳамин сабаб ман дасту по хӯрда, ҳатто бо меҳмон вохӯрӣ намуданро фаромӯш кардам.

Меҳмон паси миз нишаста, омин карда, сипас ба суроғи аскар афтод. Тамоми вуҷудамро як ҳисси изтиробомез фаро гирифт, зеро дар назди ман нависандаи тоҷик, тарҷумони маъруф Ҳасан Алихонович Мамадхонов менишаст, ки бо тахаллуси «Ирфон» маълуму машҳур буд, менишаст. Ба назди ӯ рафта, даст ба сари сина гузошта, дубора салом додам. Меҳмон аз ҷой хеста, самимона дастамро фишурд.

– Боракалло, боракалло, – гӯён ба китфонам навозишкорона тап-тап зада, аз паҳлӯяш ба нишастан ҷой нишон дод.

Ҳасан Ирфон одами хоксор, сӯҳбаторо ва дилкушоду дидадаро будааст. Ман бо диққат ба симои ӯ нигаристам: вай пешонаи фарох, чашмони каме фурӯрафта, бинии теғадор ва рӯи дароз дошт. Лабонаш ҳамеша моили табассум буд. Бо забони соддаву равони адабӣ, ки лаҳҷаи беолоиши Самарқандро ба ёд меовард, сухан меронд. Гоҳо ҳазлу мутоибаро ба авҷи аълояш мерасонд.

Он рӯз Ҳасан Ирфон дар хонаи мо хеле нишаст. Дигар меҳмонон ҳам аз сӯҳбатҳои мароқангези ӯ дил канда наметавонистанд. Одамон баъзе чизҳоро мепурсиданд, вай бо тамкин, пурраву ҳаматарафа, бо далелҳои раднопазир ва ба ҳама фаҳмо ҷавоб медод.

Пас аз маърака ман ӯро то хонааш ҳамроҳӣ кардам. Маълум шуд, ки вай чанде пеш аз шаҳр аз хонаи писараш ба хонаи духтараш – Зебо кӯчида омадааст.

Ҳасан Ирфон аз вохӯрии нахустин дар дили ман нисбат ба худ меҳру муҳаббати беандоза бедор кард. Ин буд, ки рӯзе хоҳарам Кибриё хабар расонд, ки ӯ дар ҷустуҷӯи котиби шахсӣ аст. Ман, ки ташнаи дидору сӯҳбати Ҳасан Ирфон будам, зуд ба ин кор розӣ шудам.

Мактаби эҷодии устод

Адиб дар хоначае, ки тахминан се бар чор метр масоҳат дошту таги дарвоза, дар шафати ошхона воқеъ буд, зиндагӣ мекард. Ҷиҳози хона ҳамагӣ аз як кат, мизи корӣ ва ду-се курсӣ иборат буд. Дар болои кати хоб сурати марди бадқавоқу туршрӯ, ки дар болои асп нишаста, хашмгинона лаҷоми онро мекашид, овезон буд. Аз нигоҳи тунду тез ва бадҷаҳлонааш дили кас ба ҳарос меафтод.

– Ҳа, шумо ҳам тарсидед? – аз таваҷҷӯҳи ман ба расм пай бурда, бо табассум пурсид вай. – Дар ҳаёт ҳамин хел одамон мешаванд. Ӯ падари ман аст. Боре ӯ аз хамгашти кӯча мегузаштааст, ки бо зани ҳомила рӯ ба рӯ омадааст. Падарам чунон як нигоҳ мекунад, ки занро ҳамон лаҳза дард мегирад. Ман ин воқеаро дар повести «Ду ёр аз ду диёр» тасвир кардаам.

Вай хандид, табассумаш ширину дилчасп буд.

Он рӯз маро бо тарзи кор шинос кард.

– Агар бо ман кор карданӣ бошед, – ниҳоят гуфт вай, – аз гапу рафторам наранҷед. Синни ман ба ҷое расидаасту асабҳоям хеле суст шудаанд. Баъзан гапи пасту баланд занам, қаҳратон наояд. Агар мани пирамардро азоб надода, гуфтаамро иҷро кунед, савоба мегиред.

Рӯзи дигар ба кор шурӯъ кардем. Вазифаи котиб аз хондани матни русӣ иборат буд. Вай бодиққат ба хониши ман гӯш медону сипас ба тоҷикӣ мегардонд ва бо овози баланд ҷумларо мегуфт. Баъди навишта шудан ман ҷумларо мехондам. Ӯ мешунавиду боз таҳрир мекард. Ба ҷои як калима калимаи дигар меёфт. Кӯшиш мекард, ки ҷумлаҳо мисли оби равон хонда шаванд, забон дар ягон ҷои матн «дакка» нахӯрад.

Ин кор хеле заҳматталаб буд. Бо вуҷуди пирӣ заррае ба худ ва кори тарҷумонӣ бемасъулият набуд.

Солҳои 70-ум Ҳасан Ирфон асари сегонаи М.Горкийро аз сари нав ба чоп омода месохт. Ин асарҳо соли 1933 ба тоҷикӣ тарҷума шуда буданд. Аз байн қариб 40 сол сипарӣ шуд ва он ба таҳрири нав эҳтиёҷ дошт. Дар Душанбе кадоме аз кормандони нашриёт хостааст, ки ин корро ба сомон расонад, аммо аз ӯҳдааш набаромадааст ва маъмурият маҷбур шудааст, ки барои иҷрои ин вазифаи бомасъулият ба худи тарҷумон дубора муроҷиат кунад.

Он солҳо дар рӯи мизи кории мо асар ба ҳар ду забон – русӣ ва тоҷикӣ меистод. Луғати русӣ-тоҷикӣ, фарҳанги забони тоҷикӣ, луғати тафсирии чорҷилдаи Ожегов, Дал, Борхударов, қомусҳои зиёди соҳавӣ ва ғайра дар ихтиёри ман буданд. Ҳасан Ирфон аҳён-аҳён аз онҳо истифода мебурд. Ҳофизаи қавӣ дошт. Аксари калима, ибораҳои душвор ва ҳатто мақолҳоро бе ёрии фарҳанг тарҷума мекард. Ҷумлаҳои М.Горкий мураккаб, пурмаъно буданд, адиб услуби хоси навиштро дошт. Ҳасан Ирфон аз онҳо завқ бурда, кӯшиш менамуд, ки тарҷумаи тоҷикӣ монанди онҳо шаванд.

Баъзан аз луғати русӣ-тоҷикӣ калимаҳои даркориро намеёфтем ё ки дар тарҷумаи калимаҳо роҳ ёфтани ғалатҳо ва нодуруст маънидод кардани калимаро дида, ҳайрон мешудем. Дар луғате, ки устод дошт, маънои дурусти даҳҳо, садҳо калима қайд шуда буд.

Бидуни муболиға мутарҷим дар луғат ҷойи қариб тамоми калимаҳоро дар луғат медонист ва чӣ тавр тарҷума шудани онҳоро пешакӣ мегуфт. Ғалат талқин ёфтани ин ё он калимаро дида, хеле асабӣ мешуд. Ин буд, ки гоҳо барои дуруст фаҳмидани мазмуни ин ё он калима даҳҳо китобро варақ мезадем. Агар вай ба мақсад мувофиқ нашавад, ҳамроҳ ё ки худ ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд рафта, аз муаллимон пурсуҷӯ менамуд.

– Бачаҷони бобо, – мегуфт вай. – Агар мо ба кори тарҷумонӣ эҷодкорона рафтор накунем, он ба шири қаймоқаш гирифта монанд мешавад. Хонандаи закӣ тарҷумонро лаънат мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд матнро тавре аз русӣ ба тоҷикӣ гардонем, ки хонанда онро ҳамчун китобе, ки ба забони тоҷикӣ эҷод шудааст, қабул намояд. Чанде пеш аз нависандаи қазоқ Собит Муқанов нома гирифтам. Вай барои тарҷумаи китобаш, ки «Мактаби ҳаёт» ном дорад, сипосгузорӣ карда, ба кори хоксоронаи камина баҳои баланд додааст. Ман инро барои таърифи худ намегӯям. Охир забони тоҷикии мо яке аз забонҳои қадима, ғанӣ, ширину гӯшнавози дунёст. Агар мо соҳиби ҳамин гуна сарвати бебаҳо бошему боз китобҳоро хом тарҷума кунем, пас мо кӣ ҳастем? Ин гуноҳи моро хонандаи тоҷик ҳаргиз намебахшад. Алломаи бузург Абулқосим Фирдавсӣ фармудаанд:

Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,

Суханро чунон хормоя мадор!

Мо бештар ду кас кор мекардем. Агар ман то пешин бо Ҳасан Ирфон ҳамроҳ бошам, баъди пешин шарикам меомад. Баъзан хоҳарам Кибриё низ ёрӣ медод.

Мо ҳамеша бо тарҷума банд набудем. Баъзан ғарқи сӯҳбати ширин шавем, тарҷума як сӯ мемонд. Ӯ зимни кор аз ҳаёти талхи худ лавҳаҳои аҷоибу ғароибро нақл мекард. Зиндагии ӯ мисли қаҳрамонони асарҳои «Модар», «Дар байни мардум»-и М.Горкий вазнину тоқатфарсо гузаштааст. Онро ҳангоми мутолиа аз китоби худи ӯ «Дар кулбаи косибон» низ фаҳмидан мумкин аст.

– Саргузаштатонро нависед, – боре таклиф намудам ба ӯ. – Китоби зӯр мешавад.

– Кӣ чоп мекунад, бачаҷон? – дар лабони вай тамасхуре намудор шуд. – Барои нашри романи «Дар кулбаи косибон» чӣ қадар хуни ҷигар хӯрдам, танҳо ба парвардигор маълум асту ба худам…

Нигоҳи ҳамсӯҳбати ман ба нуқтаи номаълум дӯхта шуд.

– Шери бобош, – бо таассуф фикри хешро идома дод Ҳасан Ирфон, – агар кас беадолатиҳоро мушоҳида кунад, аз сараш гузаронад, аз навис-навис ҳам дилаш хунук мешавад. Охир саҳифаро сиёҳ намудан худ аз худ намешавад. Бузургон дуруст гуфтаанд:

Ҳар ки сухан бар сухане зам кунад,

Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

Ба қадри зар заргар мерасад, шумо ҳам қалам ба даст гирифта, ба иншои чизе шурӯъ намоед, пас ба мазмуни суханони мо сарфаҳм меравед…

Дуояш воҷиб шуд

Ҳасан Ирфон марди хайрхоҳу нексиришт буд. Вай ҳар корро пухта ва аз таҳти дил иҷро мекард. Ҳеҷ гоҳ ба касе гапи сахту дурушт намегуфт. Агар асабонӣ шавад, «хонахамир» ё «хонаат пури гандум шавад» гуфта, дуои «бад» мекард.

Ҳасан Ирфон бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бисёр адибони шинохта мукотиба дошт. Арафаи ид даҳҳо табрикномаҳо менавишту аммо аҳён-аҳён ҷавоб мегирифт. Ман, ки баъзан матни онҳоро менавиштам, аз ин беэътиборӣ ба ғазаб омада, эътироз баён менамудам.

– Ҳой, хонетона гандум зер кунад, – мегуфт вай. – Наход нафаҳмӣ, ки ман одами оддӣ ҳастам. Боз мансаби калон надорам. Охир ҳамчун инсон бояд дигаронро табрик созам ё не?

– Салом ҳам, алейк ҳам қарз, – фаҳмонданӣ шудам ман. – Синни соли шумо ҳам ба ҷое расидааст, чанд китобҳоятон чоп шудагӣ.

– Ҳой, Хонахамир, – бо як оҳанги мазаммату навозиш боз ба фаҳмондан шурӯъ менамуд вай. – Чаро ту маро ин қадар болобардор мекунӣ? Ман мисли ту як одами оддӣ.

Устод чанд лаҳза хомӯш сукут варзид. Шояд он айём гирдоби хаёлот ӯро ба куҷое бурд, ки нобаҳангом сар бардошт ва маҳзун гуфт:

– Илоҳӣ, мисли ман нависанда шав, китобҳоят чоп шаваду лекин чун ман дар 70 солагӣ танҳо, ғариб намон.

Фақат навис-навис гардаду ин гапҳои маро ба ёд ор…

Қисмати аҷиб. Ҳоло ҳар гоҳ қалам ба даст гирам, дуои «бад»-и ӯро ба хотир меорам. Аз он хушҳол ҳастам, ки дар тарбияи чунин инсони донишманд, заҳматкаши адабиёт, ҷафокаши замони ҷаҳолату истибдод, камбизоат, вале ҳимматбаланд, сухандону сухансанҷ, дилёбу дарёдил, худотарсу савобталаб, хуллас соҳиби бисёр хислатҳои неки инсонӣ будам.

Барои худситоӣ не, дар омади гап таъкид кардан лозим, ки мо, чанд нафар шогирдон барои поси хотири ӯ кӯшиш ба харҷ додем. Бо талоши равшанфикрон дар гузари Чорраҳаи Самарқанд, дар назди ҳавлиаш лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

Рӯзи 20 июн ба қабристони Шоҳи Зинда меравем, ки назди марқади ӯ сукут варзида ояте аз Қуръони Карим тиловат карда, ба рӯҳи покаш бахшем. Зеро соли 1973 вай дар ҳамин ҷо манзили охират гирифта буд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь