Дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад».

Забони яғнобӣ яке аз шохаҳои забони суғдӣ буда, бо ин забон беш аз бист ҳазор нафар одамон гуфтугӯ мекунад. Имрӯз бо ин забон мардуми суғдитабори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Зафаробод, Айнӣ, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Ёвон байни худ муошират менамоянд.

Мардуми дараи зебоманзари Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз қадимулайём забони суғдиро аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо оварда расонидаанд ва агар имрӯз мо ин забонро ҳифз накунем, аз байн рафтанаш мумкин аст, зеро рӯз то рӯз гӯяндагони ин забон кам шуда истодаанд.

Тавре ки аз навиштаҳои олимони яғнобӣ бармеояд, то солҳои 70-уми асри гузашта дар Яғноб ду колхоз ва 32 деҳа мавҷуд будааст. Аз ҳамин 32 деҳа сокинони ҳафтои он (Навобод, Деҳкалон, Кирёнте, Кансе, Тагоб, Ворсовд, Хишортов) бо забони тоҷикӣ ва мардуми бисту панҷтои он бо забони суғдӣ гап мезадаанд.

Аз рӯи харитаи Яғноб равшан мегардад, ки аҳолии деҳаҳои дар саргаҳу дар охири дараи Яғноббуда ба забони тоҷикӣ ва мардумони деҳаҳои дар миёни дара ҷойгирбуда ҳамаашон бо забони суғдӣ гап мезадаанд. Аз баъзе номҳои бо ҳам омехтаи тоҷикию суғдии деҳаҳо низ хулоса баровардан мумкин аст, ки дар он деҳаҳо тоҷикон мезистаанд ва ё як замоне дар он деҳаҳо суғдизабонҳо зиндагӣ мекардаанду бо мурури замон ҷойи худро ба тоҷикзабонон додаанд.

То Яғноб гарчанде роҳи мошингард набошад ҳам, аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба муддати 25 дақиқа рафтан мумкин аст. Мардуме, ки хоҳиши ба Яғноб рафтан доранд, бо хару асп, ё пиёда бо роҳи кӯҳнаи Суғд, яъне тавассути сипарӣ намудани ағбаи Анзоб ва ё аз ҷониби ноҳияи Айнӣ ба он ҷо раҳсипор мешаванд.

Мардуми дараи Яғноб то солҳои 1970 ба давлат гӯшт, пашм, ғалла, сабзавот (сабзию картошка) месупоридаанд. Ҳар як деҳаи Яғноб дорои осёб ва ҷувозкашак буда, одамон дар онҳо ғалларо орд ва зағеру кунҷити худро равған мекардаанд.

Сайфиддин Мирзозода дар китоби «Яғноби зивок» (китоби дарсӣ барои синфҳои 2-3) роҷеъ ба гиёҳҳои шифобахши ин мавзеъ чунин маълумот додааст: «Заминҳои Яғноб як хислат доранд, хислаташ ҳамин, ки алафу гиёҳ бисёр мешавад. Гӯё ки Худо табиати ин ҷоро махсус барои ҳамин ҷудо карда бошад. Ҳамаи алафу гиёҳҳои дорӯгӣ дар ин ҷо мавҷуд мебошанд. Зиёда аз 150 хел алафу гиёҳ мерӯяд. Аз инҳо 120 хелаш хӯрданибоб мебошанд. Дар Яғноб табиб набуд, ана аз ҳамин алафу гиёҳҳо мехӯрданду сиҳҳат мешуданд. Рости гап касалӣ ҳам он қадар зиёд набуд» (Сайфиддин Мирзозода. Яғнобӣ зивок, барои синфҳои 2-3, Душанбе, 2007, саҳ. 7) (тарҷумаи Раҷабалӣ Худоёрзода).

Солҳои 2009 – 2010 пас аз он, ки банда бо олимони суғдшиноси тоҷик Сайфиддин Мирзозода ва Тағоймурод Ёрзода ошноӣ пайдо кардам, онҳо шавқу ҳавасамро ба омӯхтани забони яғнобӣ ҳис карда, китобҳои бо ин забон таълифнамудаи худро ҳадя карданд. Ва ман аз соли 2011 ба омӯхтани забони яғнобӣ шурӯъ намудам. Инак муддати 9 сол мешавад, ки бо ин забон гуфтугӯ мекунам, матнҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунам, бо ин забон шеър навиштааму суруд ҳам хондаам.

Ба ғайр аз ин забони суғдиро ба зану фарзандон ва келинҳоям ҳам омӯзонидаам. Дар хона байни худ мо бо ин забон муошират карда метавонем. Муддати 10 сол аст, ки орзуи ба Яғноб рафтанро дорам ва ҳеҷ имконият намеёбам, ки ба он мавзеъ сафар намоям. Мехоҳам ба дараи зебоманзари Яғноб рафта бубинам, ки мардуми бумии он ҷо чӣ гуна гап мезананд, чӣ гуна ҳаёт ба сар мебаранд. Ҳамчунин донистан мехоҳам, ки оё онҳо суханони мани забондони худомӯзро дуруст мефаҳмида бошанд?

Боз ҳам мехоҳам дар бораи олами наботот ва ҳайвоноти дараи Яғноб маълумот ба даст биёварам, зеро баъзе навъҳои рустанӣ, ҳайвоноту парандагон дар баъзе мавзеъҳои Тоҷикистон бо дигар ном ва дар он ҷо бо номҳои дигар ёдоварӣ мешаванд.

Ҳамзамон, мехостам, ки доир ба фолклор, санъат, фарҳанг, анъана, урфу одатҳои мардуми Яғноб ошно гардам. Як чиз маро ба тааҷҷуб овард, ки мардуми дараи Яғноб мисли мардуми ҷануби Тоҷикистон ҳунари фалаксароӣ доранд ва ин чиз шояд ба мардуми водии Зарафшон хос бошад.

Дар бораи дараи Яғноб, аҳолии он ва забони яғобӣ (суғдӣ) назар ба соҳибзабонон, олимони хориҷӣ бештар тадқиқот бурдаанд. Масалан, мақолаҳои доир ба ин водӣ навиштаи Г. Кануса (олими немис). «Водии Яғноб ва мардуми он» (маҷаллаи географии «Европа», 1883), М.С. Андреев. Материалҳо оид ба этнографияи Яғноб, А. Гуня. «Водии Яғноб – табиат ва имкониятҳои тараққиёти он» (2002), Сайфиддин Мирзозода. Суннатҳои маҳаллии мардуми Яғноб, Холназар Муҳаббатов. Яғноба обаш ширин… («Садои Шарқ», №5, 2008) ба гуфтаҳои боло мисол шуда метавонанд. Ин амр бояд моро водор намояд, ки ба худшиносию худогоҳӣ бештар рӯ оварем. Дар вилояти калонтарини ҷумҳурӣ, яъне дар Хатлон фақат дар деҳаҳои Чучу, Ғарав ва Сабзазори ноҳияи Ёвон мардуми суғдизабон зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона, дар 24 шаҳру ноҳияи ин вилоят касе ин забонро намедонад ва оид ба он тасаввуроти дурусте ҳам надорад.

Имрӯз мо барои аз байн нарафтани навъҳои нодири дарандаю паранда, хазандаю моҳиён ва дигар ҳайвоноту набототи кишварамон бонги хатар мезанем ва онҳоро дар «Китоби сурхи Тоҷикистон» дарҷ карда, ҳамагон баҳри ҳифзи онҳо талош меварзем. Мутаассифона, дар бораи ҳифзу омӯзиши забони суғдӣ, ки як замоне забони расмии Давлати Суғд буд, касе кӯшиш наменамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ҳукуматдорони вақт мардуми суғдизабонро аз ҷойи салқини Яғноб ба мавзеи гарми Мирзочӯли ноҳияи Зафаробод маҷбуран муҳоҷир карда, муҳити онҳоро вайрон намуданд. Баъзеи онҳо муҳоҷиркунии маҷбуриро ҳис карда, ба ҳар тараф кӯч бастанд. Имрӯз мардуми суғдитабору суғдизабон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Зафаробод, Айнӣ, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Ёвон чун донаҳои аз ҳимел гусаста паҳну парешон шудаанд ва забони модарии худро сол то сол фаромӯш карда истодаанд. Фарзандони онҳо алакай бо забони модарии худ сухан карда наметавонанд, ки ин оқибати хуб надорад.

Дараи Яғноб ҳамчун нишонае аз осорхонаи зиндаи Давлати Суғдиён, яке аз мавзеъҳои тамошобобу омӯхтанӣ бояд бошад. То ҳанӯз мардуми дараи Яғноб аз тамошои телевизион ва таълим ба забони модарии худ маҳрум мебошанд. Дар бораи бунёди мағозаву бунгоҳи тиббӣ ҳоҷати гуфтор ҳам нест. Ё ҳамагон интизорем, ки кай ин забон аз байн раваду баъд бонги хатар занем, ки биёед акнун чорае андешем то забонҳои мурдаро эҳё кунем. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Ҳоло ки ин забон аз байн нарафтаасту имкони ҳифзу густариши онро дорем, ҳарчи бештар барои ҳифз ва омӯхтану таҳқиқи он мутахассисонро ҷалб намоем. Аз давлатҳои дигари дунё хоҳишмандон барои омӯхтани забони суғдӣ (яғнобӣ) ба Тоҷикистон меоянду мо соҳибзабонон парвои омӯзиши ин забони аҷдодиро надорем.

Ин амали мо мақоли «Оби дари хона лой»-ро мемонад. Вақти он расидааст, ки ин масъала дар сатҳи давлатӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад ва баҳри ҳифзу омӯзиши он ҳамагон бояд камари ҳиммат бандем.

Худоёрзода Раҷабалӣ,

омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь