Шеъри «Соқӣ, маро дарё», ки аз тарафи овозхон оҳанг баставу сароида шудааст, аз тарафи Аҳмад Зоҳир дар шакли дует бо Устод Маҳваш ва баъдан бо бону Ҳангома иҷро гаштааст. Агарчанде ки зери як оҳанг ин шеър хонда шудааст, лекин дар шакли хондани ин шеър ва мисраъҳои хонда тағйирот ҷой дорад ва бархе аз мисраъҳо ҳангоми хондан ду бор такрор мешаванд. Масалан, дар дуети хонда бо Устод Маҳваш калимаи «дарё» аз ҷониби ҳам Аҳмад Зоҳир ва ҳам Маҳваш такрор мешавад. Ҳамроҳ бо бону Ҳангома бошад, калимаи «дарё» танҳо аз тарафи Ҳангома як маротиба сароида мешавад. Ба ин тартиб дар дует бо устод Маҳваш калимаҳои «Ҷомам» ва «Ғамҳо» аз ҷониби ҳам Аҳмад Зоҳир ва ҳам Маҳваш хонда мешаванд, лекин дар дует бо бону ин калимаҳо низ аз ҷониби Ҳангома як маротиба хонда мешаванд.

Чунин навсозиҳоро дар шеъру хониш аз тарафи Аҳмад Зоҳир бисёр мушоҳида намудан мумкин аст, ки ин амалҳоро овозхон бисёр устокорона корбаст менамояд. Дар китоби устод Султони Ҳамад бо номи «Садои ишқ асту дилтагӣ» (Душанбе, нашриёти «Эр-Граф» -2021), мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ бо номи «Аҳмад Зоҳир шоир ҳам буд» низ ҷой дода шуда, ки ин мақола дар сомонаи маъруфи «Рӯзгор» низ чарх мезанад. Дар ин мақола устод Гулназар оид ба шоир будани Аҳмад Зоҳир гуфта гузаштааст. Аслан дар кишвари мо оид ба шоирии Аҳмад Зоҳир ва эҷоди шеър камтар гуфтаву навиштаанд. Худи сарлавҳаи мақола аниқан ошиқони овози Аҳмад Зоҳирро ба андешаи шоир будани овозхон сахт моилу онҳоро аз ин тарафи истеъдоди ҳунарманд хело огоҳ сохт.

Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ, муаллифи китоби «Садои қарн» – маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир» ва мудири масъули маҷаллаи «Солномаи Аҳмад Зоҳир», ки соле як маротиба нашр мешавад, дар китобаш менависад, ки Аҳмад Зоҳир бори аввал дар ҳаёташ бо хонум Ноҷия издивоҷ мекунад ва ин издивоҷ самараи солҳои дерини ошиқии Аҳмад Зоҳир бо хонуми дилдодааш будааст. Ин пайванд, муттаасифона, дер напоида ба ҷудоӣ меанҷомад. Хуросонӣ менигорад, ки иллати асосии ин ҷудоӣ норозигии Ноҷия аз Аҳмад Зоҳир ба хотири иртибот бо як иддаи душманони дӯстнамо ва ҳарза будааст, ки заминаҳои хатарнокеро барои Аҳмад Зоҳир мусоид месохтаанд. Меандешам, ки ин андеша хело дурусту саҳеҳ низ ҳаст, зеро баъди ҷудоии Аҳмад Зоҳир аз завҷааш, баъди чанд муддат овозхон бо устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ риштаи дӯстӣ ва бародариро миёни ҳам бо меҳру муҳаббати беандоза пайванд мезананд. Падари Аҳмад Зоҳир, Доктор Зоҳир аз чунин риштаи дӯстии писараш бо устод Ҷӯрабек Назрӣ сахт хушнуд мешавад ва дар сӯҳбат бо устоди зиндаёд иброз медорад, ки эй кошки ҳамаи дӯстони писарам мисли шумо мебуданд. Бо ибораи дигар, падари Аҳмад Зоҳир низ дӯсти нонию забонӣ ва душмани дӯстнамо будани атрофиёни писарашро низ хуб медонистааст ва дар ташвиш низ будааст. Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ дар ҳамин навиштааш саҳеҳан дуруст андеша менамояд, ки «ҷудоии овозхон аз Ноҷия бузургтарин авомили ошиқсарории Аҳмад Зоҳир метавонад бошад, чӣ басо таронаҳои ҷонсӯз, ки дар андӯҳи ин фироқ аз гулӯи ӯ баромад». Ҷойи дигар менигорад: «Аҳмад Зоҳир бо он ки аз Ноҷия як писар дошт бо номи Аҳмад Ришод, аммо аз он ки ӯ низ аз вай дур буд ва бо модараш буд, ҷуз Худояш каси дигар надошт». Ин суханҳо низ сад андар сад нисбати ҳасби ҳоли Аҳмад Зоҳири тани танҳо дурустанд. Агар ба болои ин омил, омилҳои дигар, хусусан, бахилию бадбинӣ, нотавонбинии қишрҳои гуногуни ҷомеа ва хосатан сифлагонро, ки аслан онҳо дастовари ягон фардро хуш надоранд, ҳамчунин хуш напазируфтани овозхон аз ҷониби «Ошёни дворянҳо», ки дар ин хусус дар боло ишораҳо намудем ва одатан дар ҳукумат паштунтаборҳо ҷамъ гаштаву ба овозхоне, ки лаҳни дариро барои ҳазорон сол дар меҳвари Хуросон, шаҳри Кобул мехкӯб намуда буд, он қадар чеҳраи хуш надоштанд (бубинед, ин ҳукуматдорони ноҷинсро, ки ҳатто овозхони ҳамаи давру замонҳои Хуросонзаминро барои сабти наворҳои телевизионӣ низ роҳ надодаву ӯро бо ҳар роҳ сангборон мекарданд), зам намоем, он гоҳ хоҳем дид, ки дар ҳақиқат ҷуз Худованд касе он замон бо ӯ набуд. Аҳмад Зоҳир низ зери нишони оини ҷавонмардӣ ҳамавақт ба хотири Худованди поку ишқи поки худовандӣ шеърҳои мондагореро зери оҳангҳои басо дилчасп барои садсолаҳо, барои инсоният ба ёдгор монд.

Фикр мекунам, ки устухонҳои душманонаш, авлодону наберагонашон низ имрӯз дар гӯрҳои тангу тор пӯсида рафта, лекин касе дар олам аз вуҷуди онҳо огоҳ нест ва онҳоро касе низ ёд намекунад ва як каф дуо низ барояшон намефиристад.

Овозхонии Аҳмад Зоҳирро бошад, садҳо миллион одамон даҳсолаҳо шунидаву аминам, ки боз садсолаҳо миллиардҳо нафар одамон шунида, аз ин ашъори орифонаву сӯфиёна ғизои маънавию рӯҳӣ гирифта, дар ҳаққаш фарзандони инсоният дуои нек хоҳанд кард.

Ба саволи хабарнигори маҷаллаи «Жвандун» Рауфи Росиб дар соли 1974 Аҳмад Зоҳир ҷавоб медиҳад, ки танҳоӣ мушкил аст ва хотироти дардовареро ҳамроҳӣ мекунад. Ба саволи дигари ин рӯзноманигор оид ба хотираи дардоваре, ки овозхонро азоб медиҳад, Аҳмад Зоҳир ҷавоб медиҳад, ки ҷудоӣ аз хонум. Дар ҳақиқат ин зарбаи тақдир ва зарбаҳои дигар мисли вафоти модар, тӯҳмат ва ба ҳабс кашидани овозхон дарди овозхонро аз чаҳорчӯбаи овозхонӣ ва оҳангсозӣ берун бурд ва ин чаҳорчӯбаро ба таври математикӣ агар ифода кунем, формулаи «О-О» (овозхонӣ-оҳангсозӣ) дарди дили овозхонро таскин намебахшид ва овозхон рӯ овард ба навиштани шеър ва бо навиштани шеъру ба оҳанг даровардани онҳо дар шакли формулаи математикии “Ш-О-О” (шоирӣ-оҳангсозӣ-овозхонӣ) ба ин хунёгари ҳамаи давру замонҳо он давра нӯшдоруе барои таскини дил гашт.

Чи тавре ки дар боло ишора намудем, як омили ба шеърнависӣ рӯ овардани ҳунарманд вафоти модари азизаш буд, ки худ аз тарафи душманонаш ғайриқонунӣ ба маҳбас кашида шуда буду натавонист дар ҷанозаи модар иштирок кунаду пояи тобути модарро бардорад. Дар ин асос дар китоби устод Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб», (соли 2012, нашриёти «Душанбе») дар бахши «Муҳаммад Исмоил Аъзамӣ», оҳангсоз ва дӯсти Аҳмад Зоҳир, аз гуфти писари Исмоил Аъзамӣ бо номи Ҳайдар Аъзамӣ оварда шудааст, ки шеъри «Бинозам қалби покат, модари ман»-ро аз маҳбасхона ба падари эшон Исмоил Аъзамӣ равона карда хоҳиш менамояд, ки онро ба риштаи оҳанг кашад. Баъди аз маҳбас баромадан Аҳмад Зоҳир рост ба сари қабри модар рафта ин шеърро бо оҳанги дилрешкунанда хондааст (бояд гуфт, ки дар дигар сарчашмаҳое, ки ишора намудем, ин оҳанг марбути худи Аҳмад Зоҳир нишон дода шудааст).

Ба ҳамин монанд дар муколамаи овозхон бо нашрияи «Паштун Жағ», ки аз Аҳмад Зоҳир дар бораи оҳанги кӣ будани шеъри “Хоб аз чашмонам рабудӣ” суол карда шуда буд, овозхон ҷавоб додааст, ки шеъри худаш аст. Ба суоли дигари рӯзономанигор – “Шумо шеър ҳам менависед?” чунин ҷавоб гардонидааст, ки иддаои шоирӣ надорад, вале баъзе вақтҳо мекӯшад ба навъе эҳсоси худро бо калимоте шарҳ диҳад ва ин корро бо оҳанг мехоҳад амалӣ намояд.

Ба ҳамин тариқ, аз ин навишта ва андешаи худ каминаи камтарин чунин рамуз мегирам, ки Аҳмад Зоҳир шахсияти бузурги фарҳангӣ, овозхон ва оҳангсози маъруф агарчанде шоири касбӣ набуд ва худро шоир низ намешумурд ва даъвои онро низ надошт, бо он истеъдоди худовандиаш дар давраи вазнини зарбаҳои рӯзгор ва қисмат гоҳ-гоҳе ба навиштану эҷоди шеър рӯ меовард. Агарчанде аз тарафи душманону нотавонибонаш ранҷи зиёде кашид, ин шоири бо иборае «Худованди Ишқ» ҳамон замони дардкашиву азоби беандозаи рӯҳиву фишорҳо тавонист ба рағми душманони дину фарҳангу забони ноби тоҷикӣ шеърҳои зебоеро эҷод кунад ва зери оҳангҳои басо дилрешкунандаи эҷоднамудааш хосатан дар васфи модари азизаш офарад. Бинобар бузургии офаридаҳояш онҳо барои тамоми модарони гетӣ офарида шудаанд. Айни замон дар тамоми қитъаҳои олам ин шеърҳои эҷоднамуда зери оҳангҳои дилрешкунанда бо садои басо аламовари овозхон садо медиҳанд ва сайёраи Замину башариятро такон медиҳанд! Ин андешаҳои худро, хонандаи азиз, бо мисраъҳои устоди шеъри тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Низом Қосим ҳусни анҷом мебахшам:

Ба рӯди зиндагӣ ҷӯр аст,

Суруди Аҳмади Зоҳир.

Зи сад роз аст гӯётар,

Сукути Аҳмади Зоҳир.

Оре, ин ҷо шоири мо басо дуруст ва рамзӣ вобаста ба ҳаёту мамоти овозхони дардкашидаи ҳамаи давру замонҳои башарият гуфтааст ва мо низ ба ин сатрҳои олии шоир ҳамнавоем.

Рӯҳи Аҳмад Зоҳири бузург шоду хонаи охираташ пурнур бошад. Омин!

 Варқаи ЗАЙНИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь