Шуғли асосии муаллифи доимии мо Ҳасан Юсуфи Файзбахш суханварӣ аст, аз ҷумла сухани бадеӣ ва саҳнавӣ. Мавсуф муаллифи зиёда аз 500 қиссаю ҳикоя, очерку публитсистика, асарҳои саҳнавӣ, мақолаҳои гуногунжанр, 19 китоби таърихӣ, илмӣ-оммавӣ, адабӣ-бадеӣ мебошад. Асарҳояш ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва хати форсӣ нашр шудаанд. Чандин асараш рӯи саҳнаи театрҳо баромада, аз рӯи чанд асари дигараш садою симо гуфтору намоишҳо таълиф намудаанд. Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистӣ, барандаи Ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, «Сеҳри сухан» ва «Ватанро бишнос» мебошад.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба нуқси гуфтор, ки солҳои охир мушоҳида мешавад, назари хос дорад. Нигоштаи навбатии ӯ ба ҳамин масъала бахшида шудааст, ки пешкаши хонандагони ҳафтаномаи «САМАК» мегардад.

 1

Фаҳму дониш – «тиллоӣ», гуфтор пурнуқс

Тақозои кору шуғли хеш бо аҳолии манотиқи гуногун, аз ҷумла бо наврасону ҷавонон зуд-зуд вохӯрда суҳбатҳо мекунам. Дар баробари ин, бо мактабҳои миёнаю олӣ ҳамкории бевосита дорам ва барои беҳтаршавии нутқи шогирдони хоҳишдошта талош меварзам. Дар ҷараёни ин фаъолият дарк мешавад, ки аксари ҳамсуҳбатон бо вуҷуди фаҳму дониши «тиллоӣ» доштан, гуфтори шево, яъне равону бурро надоранд. Бо ин иллат он фаҳму донишро тавре, ки бояд ба мардум дода наметавонанд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи ҳамкорону ҳамсабақон ба онҳо камтар аст. Дар натиҷа фаҳму дониши ин гунаҳо дар каллаашон мондан мегирад, мисли як китоби хеле хуб, ки дар замонаш муаррифии зарурӣ нашудааст ва ба кунҷи торики китобхонаҳо афтода, аз имкони ба чашми хонанда расидан маҳрум гаштааст. Ҳайфо, ки аз ин гуна донишу донишмандӣ ва аз ин гуна китоб суди беш нест.

2

Сухан бишканад минбару дорро…

Бале, ҳамин тавр шуданаш мумкин аст, ба шарте, ки сухани гуфташуда равон бошаду гиро ва дилпазиру гуворо. Чунин сифатҳои сухан, ки бештар бо вожаҳои хушбаёнӣ, хушгуфторию ширинсуханӣ, фасеҳу балеғ ифода мешаванд, асосан натиҷаи бисёру ифоданок хондани шеър ва китобҳои бадеӣ мебошад. Ҳунарҳои волои бадеигӯӣ, аз ҷумла барандагӣ, наттоқӣ, (ровигӣ) нақшофарӣ ҳам аз ҳамин ду амал сарчашма мегиранд. Аммо инкишофу пешравиашон ба оила, боғча, мактаб вобаста аст – махсусан дар синфҳои поёнӣ. Мутаассифона, маҳз дар ҳамин зинаҳо ба ин масъалаи муҳим диққати камтар медиҳанд. Ин аст, ки тарзи гуфтори аксар толибилмон дар мактабу таълимгоҳҳои миёнаю олӣ чандон равону фаҳмо нест. Онҳо зери лаб ё бо нӯги забон ва ё бо бинӣ гап мезананд. Бисёр тез, ҳатто гӯё лабро ба лаб нарасонида сухан мегӯянд. Бештар лаҳҷаҳои маҳаллиро истифода мебаранд. Дар натиҷа бо вуҷуди ба гӯш баланд расидани садояшон, на ҳамаи суханонашонро дуруст фаҳмида мешавад, махсусан вақти мубоҳисаю муколама.

3

Сабабҳои асосии равону хушбаён набудани гуфтор

Сабабҳои асосии равону хушбаён набудани гуфтор, ин риоя нанамудани қоидаҳои задагузорӣ ба ҳиҷою калимаҳо, нодуруст талаффузкунии вожаҳо, надонистани тарзи таваққуф ва оҳанги сухан аст. Ин иллат махсусан дар нутқи кормандон ва мутахассисони ҷавон бештар ҷой дорад, ҳатто байни ходимони садою симо ва ҷаридаҳо низ. Ба андешаи камина ин агар аз як ҷиҳат натиҷаи дар оилаю дар синфҳои поёнӣ аҳамияти кам додани волидайн ва омӯзгорон бошад, аз ҷиҳати дигар китобҳои бадеиро тамоман нахондан ё хеле кам хондани худи бародарону хоҳарони наврасу ҷавонамон мебошад. Бозиҳои беҳудаи компютерӣ ва телефонӣ бошад, ҳолатро боз ҳам ногувортар намудааст.

Ҳамин чизҳоро ман вақти суҳбатҳои бевосита, ҳангоми аз саҳнаҳо, аз садою симо суханронӣ намудан ва дар озмунҳо, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ширкат варзидани бисёр наврасону ҷавонон мушоҳида намудаам. Зиёда аз ин, тарзи гуфтори фарзандони чанде аз оилаҳои деҳотии аниқ медонистагиам, шабеҳи гуфтори лӯлиҳо шудааст, ки ин бисёр бад аст. Зеро имконоти ба лаҳни дигарон сироят карданашон вуҷуд дорад.

Агар нафаре ба камина нуктагирӣ карда, шевогуфторию салисбаёнии ғолибони озмунҳоро мисол оварад ё бо эътироз ёдрас кунад, ки баъзе наврасону ҷавонон ва ҳатто хурдсолон бо чӣ гуна хушбаёнию равонгуфторӣ Ҷаноби Олиро вақти сафарҳояшон пешвоз мегиранд ва дар мулоқотҳояшон нутқи фасеҳу балеғ мекунанд, ман бо ӯ розӣ мешавам. Аммо бо таъкид мегӯям, ки чунинҳо ангуштшуморанд. Пешвозгирандагони Ҷаноби Олӣ ва бо он кас мулоқоткунандагонро бошад, мутахассисони варзида муддатҳои дароз омода мекунанд. Ин бисёр хуб аст – аз хуб ҳам хубтар. Зеро бо ҳамин усул намунаҳои беҳтари хушбаёнию ширингуфторӣ ба вуҷуд меоянд ва чун манбаҳои хуби ибратгирию ибратомӯзӣ хизмат мекунанд. Аммо матлаби камина он аст, ки ҳамин хушбаёнию ширингуфторӣ ҳар чи қадар имкон аст, оммавӣ бошад – ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳр. Барои ин зарур аст, ки:

  1. Пеш аз ҳама волидайн, баъд аъзои калонсолтари оила, (масалан, дар синфҳои 7-11 мехондагиҳо) барои равону зебо шудани нутқи фарзандон ва додаракону хоҳаракони хурдсоли худ ҷаҳду талоши доимӣ намоянд. Ҳадди ақал дар сарҷамъии аъзои оила шеърхонӣ ва қиссагӯии ифоданоки онҳоро гӯш кунанду баҳо диҳанд ва рӯҳашонро баланд бардоранд. Камбудиҳояшонро бошад, бе ранҷонидани кӯдак ислоҳ кунанд.
  2. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ худ сухани зебою равон дошта бошанд, то ба шогирдон намунаи ибрат шаванд. Тамоми имконотро истифода баранд, ки кӯдакон аз хурдсолӣ ба аз ёд кардани шеър ва ифоданок хондани он, ба аз бар намудани қиссаю ҳикояҳо ва равону шево нақлкунии онҳо одат намоянд. Омӯзгорон ба назар гиранд, ки ба шогирдон агар беҳтарин донишҳоро диҳанд ҳам, дар ҳоли нутқи равону фаҳмо ва зебо надоштан, аз он донишҳои эшон, ҷомеа фоидаи хеле кам мебинад.
  3. Ҳамаи омӯзгорони синфҳои болоӣ, махсусан таълимдиҳандагони фанҳои забону адабиёт ба равонӣ ва зебогии нутқи шогирдон аҳамияти ҷиддӣ дода, барои баландшавии қобилияти суханвариашон ёрӣ расонанд.
  4. Масъулини созмонҳои талабагӣ, созмонҳои ҷавонон, китобхонаҳои мактабӣ, китобхонаҳои оммавии назди ҷамоатҳо, китобхонаҳои мутамаркази шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин клубҳо, хонаю қасрҳои фарҳанг, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон новобаста аз тобеияти идоравиашон супоришҳои боло ё озмунҳоеро мисоли «Фурӯғи субҳи доноӣ…» интизор нашуда, аз рӯи вазифаи ҷониашон мусобиқа – сабқатҳои «Хушбаёнӣ», «Салисбаёнӣ», «Фасеҳу балеғгӯӣ», «Суханварӣ», «Суханпардозӣ», «Маҳфилоро», «Булбулсадо» «Наттоқ» ва монанди инҳоро ташкил кунанд. Шарт нест, ки барои ғолибон мукофотҳои махсус ҷудо гардад. Танҳо хурсандона ва бо тантана элон кардани он ки «фалонӣ аз фалон ҷо» ҷои намоёнро ишғол кард, худ беҳтарин мукофот аст. Масалан, солҳои наврасию ҷавонии мо ҳамин тавр мекарданд. Мақсади асосӣ – иштирок ва донистани қудрату тавоноӣ буд, на мукофот. Ширкат дар озмунҳо, худ ғолибият дониста мешуд. Аммо ҳавасмандгардонии маънавӣ вуҷуд дошт. Чунончи, ғолибро ба саҳнаҳо бароварда, чун намунаи ибрат нишон медоданд ва пайравӣ ӯ шуданро талқин менамуданд. Газетаю радиоҳои мактабӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дар борааш маводҳои рӯҳбаландкунанда ва ибратбахш интишор менамуданд. Ин гуна ҳавасмандгардонӣ аз ҳамагуна мукофотҳои пулию молӣ қадри баландтар дошт ва аҳамияти тарбиявиаш бештар буд.
  5. Муассисаҳои соҳаи маориф ва фарҳанг чорабиниҳои маърифатии зеринро, ки дар равону зебогардонии нутқ бас самарабахшанд созмон диҳанд:

– хонишҳои баланду равон;

– сабқатҳои буррою равонхонии матнҳои кӯтоҳи бадеӣ;

– конфронсҳои хонандагон аз рӯи асарҳои бадеии мухталиф;

– аз ёд гӯфтани порчаҳои насрӣ аз китобҳои бадеӣ;

– муколама ва мусоҳибаҳои озод бо истифодаи микрафон;

– суҳбатҳои озоди байни шогирду устод, – бо усули нақшбозӣ.

Вақти гузаронидани чунин чорабиниҳо талаб ва ченаки асосӣ бояд равонию зебогӣ, яъне шево ва балеғу фасеҳбаёнии нутқ бошад.

Камина аз таҷрибаи бисёрсола медонам, ки ҳамин гуна тадбирҳои осону бехароҷотро кӯдакон хуш доранд. Ин аст, ки дар онҳо бо шавқу рағбат ширкат меварзанд. Дар натиҷа чорабиниҳо хеле шавқовару ҷолиб мегузаранд ва самараи бисёр хуби ибратомӯзӣ медиҳанд.

4

Беҳтарин намунаи салисбаёнӣ ва фасеҳгӯӣ

Онҳое, ки мақсади нутқи худро равон, шево, ширину фаҳмо, фасеҳу балеғ намуданианд, бояд бо устодони саҳна, кормандони театрҳо, роҳбарони маҳфилҳои театрӣ, суханварӣ ва ашхоси малакаю таҷрибаи бой дошта, ҳеҷ илоҷ набошад бо омӯзгорони фанни забону адабиёт низ ҳамкорӣ кунанд. Ин ҳамкорӣ махсусан, чанд муддат пеш аз баромадҳои саҳнавӣ, ширкат дар гуфтору намоишҳои садою симо ва озмунҳо зарурати беш дорад. Агар ҳаводорони санъати хушбаёнӣ ва бадеихонӣ имкон ёбанду ба тамошои намоишҳои театрӣ раванд, ин барои рушду инкишофи нутқашон волотарин аёният мешавад.

Ҳамкории ҳаводорони ҳунари суханвариро бо омӯзгорони фанни забону адабиёт дар ҳоли «ҳеҷ илоҷ набудан» гуфтам. Сабаб он аст, ки ягон баромади дар ҷамъомаду тантанаҳо аз забони омӯзгорони ин фанн гӯш кардаамро ширин, фасеҳ ва салис номида наметавонам. Чун як шунаванда гуфтори эшонро шоистаи ибрат намеҳисобам. Зеро суханашон таври омиёна, берабт ва норавон буд. Бо ин сабаб аз шунидани он роҳат накардам, ба ваҷд наомадам, шефта нашудам. Бо ҳамин мӯҷиб онҳо дар хотирам чун гӯяндагони хуб нақш набастаанд.

Эшон албатта, донандагони хуби фанни худ ҳастанд ва онро ба тамоми нозукию нафосаташ ба шогирдон таълим медиҳанд. Аммо сухангӯӣ аз минбару саҳна ва дар ҷамъомад, тантана, ҷашнвора тамоман чизи дигар аст. Он нафосату назокати дигар бояд дошта бошад, ҷаззоб бошаду ба ваҷд оварад, ба корнамоию қаҳрамонӣ ҳидоят кунад ва роҳат бахшад. Салисбаёну балеғгӯ набудани омӯзгорони фанни забону адабиёт шабеҳи он аст, ки беҳтарин шоирон шеъри худро аз саҳнаю минбарҳо хубу дилкаш хонда наметавонанд. Зеро эшон ҳунари волои шеъргӯи доранд, на ҳунари баланди ровигӣ. Аммо баъзе омӯзгорон чун Абдунабӣ Раҳимов ва Салоҳиддин Аловиддинов (аз Ҳисор), бо вуҷуди забону адабиётчӣ набудан, лаҳни хуби бадеихонӣ доранд, суханрониашон аз саҳнаю минбар ҷолиб асту ҷозибадор. Лек чӣ тавр сифат кунам он «устодони забончӣ»-ро, ки нутқи шифоҳиашон як сӯ, ҳатто фаҳму дониши казоӣ надоранд? Масалан, як омӯзгори забончии яке аз мактабҳои бисёр пурдабдабаи ҷумҳурӣ, Федератсияи Русияро ҳамагӣ чун шаҳр медонад. Ӯ ин суханро дар як «эҷоди безаволаш» бо дасти худ навиштааст.

Яқин, ин гунаҳо ягон-ягонанд. Лекин ҳастанд ва ба толибилмони зиёд «дарс» мегӯянд. Баръакси чунинҳо албатта, ҳастанд, ҳазорон омӯзгороне, ки бисёр фозилу донишманданд ва дар суханварӣ қобиланд. Аммо афсус, дидану шунидани чунинҳо то кунун насибам нагаштааст. Биноан, умед дорам, ки эроди камина боиси ранҷиши ҳамин гуна фазилатмандон намешавад. Зеро ман танҳо онҳоеро дар назар дорам, ки суханрониашонро бевоситаю мустақиман шунидаам.

5

Бадеихонӣҳунаре, ки саромадаш аз худост

Дар равонгардонии сухан ва буррокунии нутқ, новобаста аз синну сол, ҳунари бадеихонӣ нақши беҳамто дорад. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои санъат ҳам ҳаст, алалхусус санъати саҳнавӣ. Дар ин жанри хониши бадеӣ бештар аз ҳама шеър, порчаҳои достон, қиссаҳои хурд, монолог, диалог, новелла ва монанди инҳоро истифода мекунанд, ки бас самаровар аст.

Саромади ин ҳунар аз Худост ва бо шири модар ба тану ҷони инсон ворид мешавад. Онро танҳо нафаре уҳда карда метавонад, ки ба қадри ин саховати Худованд бирасаду мағрурӣ накунад. Ӯ бояд ҳамеша дар назар гирад, ки агар Худованд барояш овози хуш, лаҳни зебо, забони гӯё, чеҳра ва қадду қомати саҳназеб намедод, ҳаргиз бадеихону бадеигӯ намешуд. Вай бояд дарк кунад, ки ин ҳунар, бо вуҷуди ҳадияи Худованд буданаш, хондану машқҳои бардавомро тақозо мекунад ва дар натиҷаи ҳамин машқҳо сайқал меёбаду комил мегардад. Малака, маҳорат, ҷуръат ва қудрату тавоноиаш бошад, танҳо дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва бе миннат ба дӯстдорони сухани нафису латиф пешкаш шудани ҳунараш пайдо шуда рушд мекунад.

Бадеихони хуб зуд шинохтаю шуҳратёр мешавад. Ин ҳунар ба довталабе, ки ба коллеҷу донишкадаю донишгоҳҳо дохилшуданист ёрӣ мерасонад. Зеро тариқи ин ҳунар вай боғайрату чолок мешавад, суханаш бурро мегардаду ҷуръаташ зиёд ва ба ин восита фаҳму дониши худро беҳтар нишон дода метавонад. Бадеихони хуб агар дониш, фаҳм, ҷаҳонбинии мувофиқи талабро дошта бошад, метавонад, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, ҳукуматӣ, байналхалқӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар театру кино ва садою симо наттоқ, ровӣ ва умуман суханвару нақшофар шавад, – ба шарте, ки қадду қомат ва чеҳраи мувофиқ дошта бошаду ҷисману рӯҳан ҷавобгӯи дигар талаботи соҳавии онҳо бошад.

Толибилмони мактабҳои миёнаю олӣ агар дар масъалаи салису фасеҳкунии сухан ва нутқи хеш аз имконоти маҳфилҳои театрӣ истифода баранд, зудтар ва бештар муваффақ мешаванд. Ҳамчунин, иштирок дар маҳфилҳои суханварии «Хушбаёнӣ», «Салисбаёнӣ», «Фасеҳу балеғгӯӣ», «Суханвар», «Суханпардоз», «Маҳфилоро» «Наттоқ», «Булбулсадо» ва ғайра, ки болотар чун номи сабқат-мусобиқаҳо оварда шуданд, барояшон аҳамияти бисёр муҳим дорад, бахусус, ки мақсаду мароми ин гуна маҳфилҳо – омӯзонидани санъати сухану суханварӣ аст. Бо вуҷуд, дар ин намуди санъат танҳо нафароне муваффақ мешаванд, ки заҳматпешаю мушкилписанд бошанд ва дар мағзи дилу ҷон дарк кунанд:

– То он ки ин ҳунар пешкаши шунавандаю бинанда гардаду ба ӯ завқу фараҳ бахшад, суханвар меҳнати зиёду гарон, аз ҷумла машқҳои дуру дарозу мушкил ва шабҳои бехобиро паси сар менамояд. Махсусан, дар ҳоле, ки агар азми ҳунарнамоӣ дар ягон маъракаю ҷамъомад ё озмуну сабқатро дошта бошад. Ҳамзамон, ӯ бояд дарк кунад, ки бадехонӣ танҳо аз ёд кардани сухан ва аз саҳна гуфтани он нест. Агар ҳамин тавр мебуд олам пури бадеихонҳо мешуд. Бадеихонӣ маҷмӯи ҳаракатҳои баҷо ва ҷолиби узвҳои бадан – лабу даҳан, дандону ҳалқу забон, гулую забонча, кому ҷоғҳо, манаҳу бинӣ, чашму абрӯ, мӯй ва гӯшҳо, китфу гардан, дасту пойҳо, ангуштон ва ғайра мебошад. Бадеихон бо бозии чашм, рақси абрӯ, табассуми лаб, ҷилваи тан, овози нарм, забони ширин ба бинандаю шунавандаи хеш таъсир мерасонад. Вақти бадеихонӣ нигоҳи ӯ вобаста ба мазмуни калима ё ибора ҳаргуна мешавад, овозаш меларзад, ё маҳину ғулғулавӣ мешавад, чеҳрааш мешукуфад ё баръакс, мегирад. Дастафшониҳояш ба ҳар шаклу ба ҳар сӯ болзании қуҳои сафед, турнаҳои қатор ва уқобони баландпарвозро ба ёд меорад. Ӯ дар саҳна аз худ берун мешавад, худро фаромӯш карда, дар пӯсти қаҳрамонаш ҷо мегардад, бо ӯ мемонаду ӯро мехонад.

Ҳамаи инро бо вожаи «қиёфабозӣ» (мимика) ва ибораи «ҳаракатҳои саҳнавӣ» ифода мекунанд. Шахси дар саҳнабуда бидуни ин чизҳо шабеҳи як хӯсаи гӯянда аст. Ҳатто танҳо хуб сухан гуфтанаш ҳам таъсирбахшию ҷолибият пайдо намекунад, эҳсосотро бедор намесозад, дилҳоро ба ваҷд намеорад, шунавандаро рӯҳу тавон намебахшад. Ана ҳамин гуна нозукиҳо дорад санъати бадеихонӣ. Шахси бадеихон танҳо тавссути сабру тоқат ва тамрину омӯзишҳои пайваста ба муваффақият ноил шуда метавонад.

Мутаассифона, ба ҷуз аз ҳунармандони театрҳои касбӣ, боқӣ ҳамаи бадеихонҳои ҳозирае, ки ман медонам – аз хурдсол то солманд, вақти қироати матнҳо ба ин қоидаҳои муҳими саҳна, ки иҷрояшон ҳатмист, эътибор намедиҳанд. Ҳаракатҳои мекардагии онҳо ба мазмуну маънии калимоту ибороти матнҳои мехондагию мегуфтагиашон умуман мувофиқат намекунад. Эшон ба мазмуну мақсади қиёфабозӣ ва ҳаракатҳои саҳнавӣ сарфаҳм намераванд. Аз афти кор, ин амалро танҳо аз рӯи «дастонатро ҷунбон, чашму қошонатро паррон» гуфтани нафароне мекунанд, ки ба ягон муносибате омодакунии он «суханварон»-ро ба дӯшашон гузоштаанд. Аммо худи он «коргардонҳо» ҳам намедонанд, ки шахси бадеихон чӣ тавр ва бо чӣ усул «дастонашро бояд ҷунбонаду чашму қошонашро парронад». Дар натиҷа шахси дар саҳна буда ба мазмуни суханони мегуфтагии хеш аҳамият надода, безавқона ҳар тарзе, ки метавонад, ҳамон тавр «дастҷунбонӣ ва чашму қошпарронӣ» мекунад.

Таассуфовар аст, ки ин гуна «ҳаракатҳои саҳнавӣ» ба «коргардонҳо», ҳатто муҳаррирони телевизион, ба аъзои ҳакамот, инчунин ба тамошобинон гӯё (маҳз гӯё, дар асл не) «маъқул» меафтад. Онҳо ба хотири он ки «ҳунарманд» рӯҳафтодаю дилшикаста нашавад ва ҳавасмандиаш боз ҳам «боло равад» ӯро таърифҳои дурӯғин мекунанд. Аммо дар асл, ана ҳамин хел таърифҳо дар аксар маврид кушандаи асосии истеъдод, алалхусус истеъдоди наврасону ҷавонон, аз ҷумла толибилмони хурду калон мегарданд. Зеро боис мешавад ба фориғболу худписандшавии онҳо, мӯҷиб мегардад барои минбаъд аз болои худ кор накарданашон. Ин ду чиз асоси асосҳоест, ки барои дар як зина мондану рушд наёфтани истеъдоди ҳунармандони наврасу ҷавон мусоидат мекунад, баҳри бо тадриҷ нестшавии маҳорату лаёқаташон замина мегузорад.

Ин як ҷиҳати нохуби таърифҳои дуруғин аст. Ҷиҳати нохуби дигараш он аст, ки додани баҳои баланд ба бачаи нисбатан камистеъдод, сабаби дилшикастаю рӯҳафтода ва аз ҳунар дилкандани бачаҳои воқеан истеъдоднок мешавад. Зеро онҳо дарк мекунанд, ки хуб хонию нахонӣ баҳои ҳақиқӣ намедиҳанд. «Ғолиб» оне мешавад, ки ҳанӯз ба саҳна набаромада «ғолиб» будани худро медонад.

Ин бисёр бад аст, ҳатто хизмати хирсона аст барои кӯдак, наврас ва ҷавони навраҳи санъату ҳунар. Шояд бо ҳамин сабабҳо бошад, ки аз солҳои 80-и асри ХХ ин ҷониб, шахсан ман намедонам нафареро, ки дар бадеихонӣ ба Ортиқи Қодир, Қурбони Собир, Муҳаммадҷони Шодӣ, Хайруллоҳи Иброҳим, Абдурашиди Ҳоҷамқул ақаллан наздик шуда бошад. Дар бораи расидан ба пояи устодони бас забардасти ин санъат Файзулло Арабов, Субҳон Раҳматов, Наима Қаҳҳорова, Абдуқодир Маниёзов, Рафоат Абдусаломова, Хосият Олимова, Маҳмудҷони Воҳид ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳамаи номбурдагон, ки гулҳои сари сабади санъати бадеихонии тоҷик ва садою симо буданду ҳастанд, ба осонӣ ва яку якбора ба мақому мартабаю шуҳрате, ки доштанду доранд нарасидаанд. Роҳи тайкардаи онҳо ба сӯи қуллаҳои баланди санъати бадеихонӣ бас тӯлонӣ ва вазнин буд. Танҳо ҷиҳати меҳнат заҳмат ва талошҳои доимӣ ба мурод расиданду маҳбуби дилҳо гаштанд.

6

«Завқе ба дил надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?»

Ҳоло бисёр касони безавқу беҳунар кӯшиши бадеихонӣ мекунанд, аз ҷумла наттоқию ровигӣ ҳам. Ин хуб нест. Зеро аз «ҳунарварии» чунин «ҳунарварон» завқи бадеии шунаванда, алалхусус толибилмон сахт коҳиш меёбад.

Худованд ҳар бандаашро барои коре офаридааст ва табъу завқ, табиату сиришт, ҳунару истеъдодашро махсус барои ҳамон кор мувофиқ гардонда, дар дилу ҷонаш ҷой намудааст. Пас ҳар кас бояд танҳо он кореро кунад, ки Худованд барояш лоиқ донистааст?

«Завқе ба дил надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?» Воқеан, синаҷунбонии безавқона рӯҳу фараҳ намебахшад. Танҳо тамасхурро ба вуҷуд меораду халос. Бадеихонии безавқона ҳам мисли ҳамин аст.

Борҳо дайн шуда, ки дар пешаи бадеихонӣ:

– агар шахс завқ ва истеъдоди худододӣ надошта бошад, ба чизе муваффақ намешавад;

– агар нафари озими ин роҳ, аз сабку услуби худ тӯшаҳо надошта бошад, дар нимароҳ мемонад;

– агар тақлидчӣ бошад, худро фиреб додаю вақтро беҳуда аз даст медиҳад, зеро ҳеч гоҳ чун бадеихони ҳақиқӣ эътироф намегардад.

Хуб мешавад агар озимони роҳи бадеихонӣ тарзу усул ва тариқи бадеихонии болотар номбурдагон, ҳамчунин ҳамтоёни арзандаи хориҷии онҳоро омӯзанд, аз бар кунанд ва чун намуна қабул намоянд. Танҳо баъди ҳамин, талоши ба саҳна баромадану рӯ ба рӯи тамошобин истода сухане гуфтан кунанд. Лек албатта:

– аз умқи дил, аз мағзи ҷон, бо шеваю лаҳни равон;

– зебою нозуку маҳин, ҳам дилпазир, ҳам дилнишин;

– балеғу фасеҳу форам, равону салису бопанд;

– ҷаззобу ширин, хушбаёну хушоҳанг;

– нафису дилкаш, баланду бурро, гирою хушсадо, олию воло.

Ва ҳатман:

– бо лаҳни худ, бо сабки худ, бо услуби худ, бо

усули худ – чун як зангулаи нав бо садои бикр.

Танҳо баъди ҳамин сафи завқмандони ҳақиқии санъати бадеихонӣ зиёд мешавад ва боис мегардад ба салису фасеҳбаёнӣ. Ҳамчунин, имкони бештар фароҳам меояд барои шевошавии баён, нутқи зебою равон ва пешгирии махлутшавии забон.

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь