Зариф Ғулом алҳол яке аз нависандагони пурмаҳсул буда, то ин замон асарҳои зиёд ба чоп расондааст. Мо ҳоло дар бораи китоби нав таҳиякардааш андеша кардан мехоҳем. Ин китоб “Ҳақиқати талх” ном дошта, маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои моҷароиро дарбар гирифтааст, ки Нашриёти “Шарқи озод” ҳамин ҳоло аз чоп баровардааст. Китоб хуб ороиш ёфта, дар рӯ путку мизоне дорад, ки мазмуни адолати иҷтимоиро ифода менамояд. Ҳамаи қиссаву ҳикояҳои дохили китоб (25 адад) аз ҳамин меъёр фаро гирифта навишта шудаанд. Муаллиф ҳамеша кӯшиш менамояд, ки сухани барзиёд нагӯяд ва аз мавзуъ берун наравад. Бинобар ин, ҳам аксари қиссаву ҳикояҳояш низоми судӣ дошта, ба моҷароҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ ва зиндагонӣ бахшида шудаанд.

Пешгуфтори “Дидори ғоибона”, ки ба ҷойи сарсухан омадааст, аҳамияти очеркӣ дошта, аз фаъодияти устоди маънавии муаллифи китоб Лев Романович Шейнин баҳс менамояд, ки дасти ӯро ба асарҳои моҷаро (детектив) рост кардааст. Ва нисбат ба ҳаёту эҷодиёти ӯ аз ёддошти Темур Зулфиқоров истифода кардааст, ки ӯ бо вай дар давраҳои ҷавониаш кору фаъолият доштааст. Ин вохӯрӣ ба тасвири симои устод ба бисёр андешаҳои муаллиф кӯмак мерасонад.

Дар  асар ҳикояҳои муаллиф аз чор-панҷ саҳифа зиёд нестанд. Воқеаҳо бештар дар шуъбаҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  мегузаранд ва дар идораҳои мазкур кормандони ҳуқуқ мисли Ҷонов, Музаффаров, Толибов ва бисёр дигар  коргарони мақомоти қудратӣ  иштирок намуда, дар кушодани гиреҳҳои ҷиноӣ фаъол амал менамоянд. Маъруф Рауфов, ки умрашро ба хизмати мақомоти судӣ сарф кардааст, аз номи ӯ менависад: “Судя бояд дар қалби раҳгумзада умеди баргаштан ба зиндагиро бедор намояд” (с. 122). Адиб бештар ба мушкилиҳои кори ҳуқуқшиносон дахл намуда, аз фаъолияти душвори корашон хонандагонро огоҳ месозад. Садриддин ҳанӯз аз аввалин соли ба фаъолият гузаштанаш буққадуздҳоро берун аз ҷумҳурӣ, аз Бойсун дарёфт намуд. Дузди кисабур Ситамбек дар пайдо намудани молу маводи давлат устухон надошт, нимтанаи Калонро дар як он ёфта дод.

Аслан кормандони ҳуқуқ бо адолати иҷтимоӣ сару кор доранд, полковник Мустафоев аз картери мошин ним кг тиллои холис пайдо намуд.  Баъзан дар байни кормандони ҳуқуқ шахсоне ҳам ёфт мешаванд, ки мисли Муталлибов (прокурор) манфиатҷӯӣ карда, моҷароро мепӯшонанд, ё ҳамчун лейтенанти милиса ба хонаҳои савдогарон даромада, молу маводашонро бо туҳмат меситонанд.

Ҳикояҳои ин нависанда асосан дар бораи ҷинояткорону қаллобон ва фаъолияти кормандони ҳуқуқ баҳс менамоянд. Масалан, аз навиштаҳои ӯ Файёзи террорист дар кишвари Покистон амали террористӣ иҷро менамояд, Санавбари судя  Абулхайри мунофиқро ба ҳабси якумрӣ гусел намуд, таҷовуз ва ба номуси духтарон расидани Зубайдулло Давлатов ва Сафар қотеъона ошкор мегардад, дуздону  ҳаннотонро  мисли Ибодов, ки 400 ҳазор сомониро азони худ карда, бинои идораи нотариалиро оташ занондааст ва Соро Хоркашеваро фош менамояд,  ки бо харидани палтои муинаи хориҷӣ маблағи ҳамкораш  Матлуба Каримоваро азони худ кардааст, ҳамчунин собиқ котиби Ҷамоати деҳот ба қаллобӣ даст зада ва ҷавони ҳиллагареро нишон медиҳад, ки  суханони солхӯрдагонро шунида, аз онҳо бо ҳар роҳ пулу мол меситонанд, бо хислату рафтори ношоями қаҳрамонони шинос шудан мумкин аст. Нависанда кӯшидааст, ки бештар ба хислату хӯ ва феълу амали чунин шахсон диққат дода, дунёи ботинии онҳо ва феълу аъмолашонро ба хонанда бо маҳорат нишон дода, хонандагонро маҷбур менамояд, ки  ба чунин масъалаҳо мустақилона қазоват кунанд.  ки нуқсу иллати бадтарини ҷомеа аз онҳо мерӯянд. Адиб маҳз бо асарҳои бадеии моҷароӣ ба муқобили чунин авбошону ҷинояткорон ба мубориза баромаданро вазифаи аслии худ қарор додааст. Хонанда чунин ҳикояҳоро хонда, эҳтиёткорӣ менамояд ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ аз меъёри ҳуқуқ рафтор карданро вазифаи муқаддаси худ мкшуморад.

Адиб пас аз таҷрибаи казоӣ гирифтан, соҳиби ҳунару маҳорат шудан ба жанри моҷароӣ даст задааст. Воқеан, жанри мазкур аз адиб масъулияти гарон талаб менамояд, ки вай дар тасвири ҳодисаву воқеаҳои муайяни ҳуқуқӣ, мавзӯю мундариҷаи шоиста, образу персонажҳои ҳаётиву воқеӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Ин ҷиҳати фаъолияти эҷодии адиб шоистаи таҳсин мебошад.

Зариф Ғулом то имрӯз дар жанри моҷаро ва ғайри он 5 роман,  11 қисса ва ҳикояҳои бешумор таълиф кардааст. Вай дар ҳар маҷмуааш, ки 9 адад мебошанд, аз ин жанри моҷароӣ фаровон истифода менамояд. Дар ин маҷмуа  қиссаҳои “Қозӣ”, “Ҳақиқати талх” ва “Пайкараи зинда” ҷой дода шудаанд. Ду қиссаи аввал моҷарои ҳуқуқӣ буда, ҳар ду давоми якдигар навишта шудаанд, ки яке дигареро пурра менамояд.

Мавзуи ҳар ду қисса муҳим буда, нависанда ҷуръат карда, сарварони ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз табааи импиротурии русӣ буда, ба халқу миллати тобеъ имкони озодона ҳарф задану зиндагонӣ кардан намедоданд, ба тасвир кашида шудааст. Ҳар касе, ки озодона сухан мегуфт ва мустақилона кору кирдоре менамуд, аз тарафи сиёсатмадорони шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон ба мансабҳои калон соҳиб шуда, фаъолият менамуданд, бо баҳонаҳои гуногун ба ҷавобгарии сахт кашида мешуданд. Раиси суди вилояти Кӯлоб Ҷаъфар Раҳмонов ва раиси суди ноҳияи Роҳи оҳан Солеҳҷон Исмоилов (аз ҳар ду қисса) образҳои асосие мебошанд, ки дар зери зулми раҳбарони сиёсӣ Полукаров, Зубков, Шелочинин, Полников; Воронков, Приев монда ба ҷавобгарии мудҳиш гирифтор шуда, солҳои зиёд таъқибу зиндон дидаанд. Вале дар чунин аҳвол Султон Раҷабович, Холов, Ғайбуллоев барин раҳбарони давлату ҳукумат на фақат ҳамватанони худро дастгирӣ карда наметавонистанд, балки пушту паноҳи золимони хориҷӣ шуда, ба онҳо барои несту нобуд намудани фарзандони асили миллат кумак мерасонданд. Онҳоро нодида гирифта, ё хомӯш меистоданд ё ба тарафдории онҳо хизмат менамуданд. Соҳибмансабҳои бегона бо ришва мардумони пешқадаму тавоноро муттаҳам намуда, ба ҳабсу зиндон кашида нест менамуданд. Вале  ин ду нафар бо қувваю матонати худ аз рӯйи адолати судию ҳуқуқӣ ва донишу тавоноӣ оқибат худро муҳофиза намуда, бо вуҷуди азиятҳои сахт диданашон худро сафед карда тавонистанд. Ба фикри нависанда, шахси донишманд ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мусаллаҳ  ҳама гуна занҷири истибдодро пора менамояд. Адиб дар яке аз ин қиссаҳо  навиштааст: “ҳақиқат алмоси дурахшанда аст, ки ҳеҷ ифлосӣ онро пора карда наметавонад” (169).

Мавзуи ҳуқуқӣ зотан табиате дорад, ки ба он ворид шуда, аз он берун баромадан кори хеле душвор мебошад. Лекин Зариф Ғулом дар баъзе мавзуъҳо кам – кам аз бадеият, аз ишқ ва манзараҳои табиат, хулоса аз шеърияти сухан худдорӣ накардааст. Масалан, мо ин ҳолатро дар ҳикояҳои “Марги дорбоз”, ки сухан аз дӯстдории Ҷамолу Ҷамила меравад, ё дар ҳикояи “Рақққосаи парипайкар” саҳнаҳои ҷолиби рақсро эҳсос менамоем, ки худи раққоса дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷомеа дигар даркор нашуда монданашро эҳсос намуда, ба корҳои ҷиноӣ ҳамроҳ шудааст. Лаҳзаҳои ҳассоси сухани бадеӣ ҳамчунин ҷо-ҷо дар дигар асарҳои адиб дида мешаванд.

Мо аз бадеият ва ширингуфторӣ зиёд кор фармудани нависандаро дар ин китоб дар қиссаи “Пайкараи зинда” зиёдтар эҳсос менамоем. Зеро муносибати нависанда ба хонанда имкон додааст, ки аз лаҳзаҳои ширину гуворо фаровон истифода намояд. Муносибати хонанда (Сифат) ба адиб (Ҷонибек) басо диққатҷалбкунанда буда, Сифат ҳанӯз аз овони мактабхониаш асарҳои ин адибро хонда, ба вай ҳусни тафоҳум ва таваҷҷуҳ пайдо намуда буд ва ҳоло чун мефаҳмад, ки адиби дӯстдораш дар ҳамин маҳал истиқомат мекунад, зуд дар суроғаш омада, оқибат бо ӯ ҳамхона мешавад. Ин ҳодиса ишқи Зайнабу Анварро (аз “Ман гунаҳгорам”) ба хотир меорад. Вале дар асл мақсад нишон додани ҳодисаҳои манҳус мебошад, нависанда ба хотири ба сари фарзанди инсон бор нанамудани ғаму андуҳ ҳамчунин кӯшиш менамояд, ки ба хонанда ба ҷойи тазйиқ наовардан, дар вақтҳои муносиб бо суханони сеҳромези бадеӣ дармон мебахшад.

Халил дар рӯзи тӯйи никоҳии хоҳараш бо домодшаванда Самад  дар роҳи ба маркази ноҳия рафтан  мардеро бо мошин зада, ба Русия мегурезанд ва дар ҳамон ҷо бо ҷавонони худсару худхоҳ дучор омада, пули зиёдро азони худ карданист, ки дар натиҷа аз дасту пой маҳрум ва ба пайкари зинда мубаддал мегардад.  Асли воқеа дар ин қисса ҳамин аст, яке ишқу муҳаббат нисбат ба зан ва дигар дӯстдорӣ ба пулу мол Халилро ба чунин аҳвол гирифтор кардааст.

Мо пештар дар эҷодиёти устод Сотим Улуғзода чунин пайкараи зиндаро ба мушоҳида гирифта будем. Зайнаб дӯстдорашро ба ҷанг фиристода, оқибат ӯро бо чунин аҳвол аз бемористони Тошканд ба хонааш гирифта меорад. Нависанда ба ин восита дар Зайнаб дар замони ҷанги фашизм ҳисси одамгарӣ, инсондӯстиро нисбат ба маҳбуб  нишон додан хостааст. Лекин ин нависанда ҳарисии инсонро нисбат ба пулу мол дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба миён гузоштааст. Ҳар ду пайкара қурбони ҷаҳолату ҷанг, мушкилиҳои ба сари мардум рехтаи авзои замон мебошад. Ин ду нависанда аз ду дидгоҳ ба инсон назар андохта, айбу иллатро ба воқеаҳои замон ва нохамгироии инсон муносиб дидаанд. Чунин нохайрхоҳӣ нисбат ба инсон дар ҳама гуна давру замон дида шуда, дар адабиёти ҷаҳон хеле зиёд ба тасвир расидаанд, ки дар маврид ба ин масъала машғул шудан мумкин аст.

Зариф Ғулом нависандаи воқеанигор мебошад, вай дар ҳамаи асарҳояш аз нигоҳи сиёату давлат ва ҳуқуқ ба масъалаҳои таърих, зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоии инсон нигариста, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки воқеа ва ҳодисаҳои зиндагиро дар ҷомаи адабиёти бадеӣ дастраси хонандагон гардонад. Адиби моҷаронавис ҳанӯз дар авҷи фаъолияти эҷодист,  хонандагон аз ӯ асарҳои пурмоҷаро боз бештару хубтар навиштанашро умед доранд.

Шоҳзамон РАҲМОН,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь