Ман имшаб, ба гуфтаи Амир Хусрав, боз меҳмони ҷони хешам…

Имшаб андешаҳои зершуурам исён бардоштанд, инқилоб карданд, равшан шуданд дар ҷаҳони фаҳмишам. Андешаҳо бештар маҳрамона буданд. Онҳоро аз гуфтан, ногуфтанашон беҳтар аст. Аммо агар нагӯям, зери фишорам, фишори равони хеш боқӣ мемонам, аз ин рӯ, илоҷе ҷуз гуфтан надорам…

Ва инак, баъзе аз онҳо…

***

Дар воқеъ, демократияи ҳақиқӣ устувории таҳаввулот, ба нақша гирифтан ва инкишоф додани принсипҳои демократӣ, рушд дар асоси навовариҳои илмӣ, иҷтимоӣ дар ҷомеа татбиқ мегардад, на дар асоси афзалияти раъйи омма. Принсиипҳои демократии ҷомеаро дар заминаи омӯзиши амиқи таърих ва тафаккури гузаштаву муосири мардум метавон муайян кард. Зиёиёни эҷодкор, ки элитаи ҷомеаро ташкил медиҳанд, дар заминаи омӯхтани ҳувияти миллӣ ва то чи андоза мутобиқ будани раванди ҷомеа мушаххас бо раванди пешсафи ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯхта, муқаррар ва ташаккул медиҳанд. Мардум ин аъмоли элитаашро дар сурате тарафдорӣ мекунад, ки агар ба он боварӣ дошта бошад ва аз ҷиҳати маънавӣ ба ислоҳот омода бошад.

***

Дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ муносибати зану шавҳар падарсолорӣ, консервативӣ буду ҳаст. Яъне тарзе ҳаст, ки зан худро аз шавҳар хеле паст мегирад, дӯғу писханд ва калонигарии шавҳарро дидаву дониста раво медонад ва ҳеҷ гоҳ ба ин ҳукм эътирозе надорад.

Дар ин анъана ислоҳот лозим аст. Ба кадом маънӣ?

Ҳадафи ислоҳот дар ҷомеа фароҳам овардани фазои эътимоду боварӣ нисбат ба ҳар ду тараф бояд бошад. Ин омил, ки асоси муттаҳидии оила ва ҷомеа аст, падидаи яктарафаву якдаъфина набуда, ҷарайёнӣ, эволютсионӣ мебошад. Он ормони ҳар як ҷомеаи худшинохта бояд бошад. Зеро он ризоияти байни миллатҳо, ҳамоҳангии қишрҳои ҷомеа, таҳаммулпазириро таъмин менамояд…

Аз давраи мактабӣ пай мебурдам, ки дунёи равонии духтарони ҳамсинфам нисбат ба мо, писарбачаҳо, мавзуну амиқтар аст. Дар замоне, ки мо писарбачаҳо ҳанӯз кӯдак будему ҳазлу шӯхиро дӯст медоштем, духтарҳо нисбат ба фанҳои гуногуни мактабӣ, аз қабили фанҳои дақиқ, расмкашӣ, сурудхонӣ, илмомӯзӣ нисбат ба мо, писарон, муносибати хеле пухта доштанд.

Аммо вақте ки онҳо ба балоғат расиданду ба шавҳар баромаданд, ин ҳама зарофату истеъдод куҷо мешавад?! Издивоҷу таваллуди фарзанд, рӯбучини хона – ҳама нерӯи онҳоро аз ботинашон мерабояд. Онҳоро танҳо ба хонашинии дилгиркунанда табдил медиҳад. Қобилияту истеъдоди онҳоро рӯзгори ҳамарӯза фурӯ мебарад.

Шояд ба ин, пеш аз ҳама мо – мардҳо гунаҳкор бошем. Ҷамъияте, ки дар он мардон ҳукмашон болост, гунаҳкор ҳастанд. Вақте ки занон ё духтарони мо танҳо тобеъи рӯзгор нашуда, ҳар гуна эҷоди зеҳнии худро ба ҷомеа пешниҳод мекунанд, маълум ки аз моли эҷодии мо мардон фарқ мекунан. Эҷоди онҳо аз мо мардон дида, боистеъдодтар ба назар мерасад. Ин вазъ мо, мардонро ба рашк меорад ва то ҷое ҳаст, пеши раҳи онҳоро гирифтанӣ мешавем. Ва танҳо устувортарин занҳои эҷодкоре, ки ба шоҳроҳе, ки сазовори онҳост, раҳсипор мешаванд. Аз онҳо олимони боистеъдод, духтур, шоира, бастакор, навозанда, математик, кайҳоннавард ва ғайра мерӯяд.

Дар ҳаёти занони тоҷик, фаъолияти эҷодии онҳо махсусан дар соҳаи назм ва мусиқӣ равшан зоҳир мегардад. Масалан, дар Аврупо ин вазъ чандон назаррас нест. Дар он ҷо занон бештар рафтори амалӣ, ақлгароёнаро дӯст доранд ва аксаран занон онҷо соҳибкоранд. Дар занони тоҷик ин ҳолат камтар мушоҳида мешавад. Аммо ҳам дар ҳунар ва ҳам дар тиҷорат, нозукбинии занона бемислу бебаҳо аст.

Демократия ва инсондӯстии воқеъӣ ба занҳо майдони васеъи фаъолиятро муҳайё месозад. Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дурнамои тамаддунии он барои соҳибиихтиёрию худшиносии зан майдони васеъ боз мекунад.

Шахсият шудан чӣ маъно дорад? Ин яъне маънои то ҳадди комил дарк кардани имкониятҳои зеҳнӣ ва эҳсосии худ, ба мисли истеъдод, нерӯи созандагӣ, ки табиат, оила ва ҷомеа эҳдо кардаанд.

Ҷомеаи тоҷик, ки муддати тӯлонӣ дар чаҳорчӯбаи таассуб қарор дошт, қаблан муайян карда буд, ки зан бояд хонашин бошад, фарзанд тарбия кунад, шавҳарашро пеш аз ҳама нигоҳубин кунад. Имрӯз ин фаҳмиши хурофотиро воизони ҳарзагӯй пайваста тарғиб мекунанд. Масалан, дар навори овозие, ки баъзе аз ронандагони такси барои «тарғиби» мизоҷон сабт кардаанду дар он калонҳои дин амри маъруф мекунанд, гуфта мешавад, ки агар шавҳар аз кор баргашт, зан бояд кӯдаки ширмакашро фавран аз сина канда, канор гузорад ва бо нигоҳубини шавҳар машғул шавад, пойҳояшро бишӯяду ба ӯ хӯрок биоварад ва ғайра. Мисле ки ғулом аст.

Аз ин рӯ, дар ин ҷо маҳз тавозуни гендерӣ зарур аст. Зане, ки новобаста аз муносбати падарсолорӣ дар соҳаи маънавиёт, дар соҳаи ҳунар фаъолият дорад, дар воқеият аксар вақт бо фаъолияти мард баробар дониста намешавад. Эҷодиёти вай, чун қоида, дар муқоиса бо мард паст нишон дода мешавад. Дар ҷомеае, ки онҷо мардҳо ҳукмронанд, ин ҳодиса анъанавист.

Чунин вазъият на танҳо барои Тоҷикистон ва на танҳо барои Шарқ, балки барои чунин ҷаҳони гӯё мутамаддини – Ғарб низ мушоҳида мешавад.

Кӣ метавонад гӯяд, ки ҳуқуқу нерӯи тавноии зеҳнии зан, ки  табиату хонаводаву ҷомеа барои ӯ пешбинӣ кардаанд, аз куҷо оғоз меёбад ва то куҷо ба анҷом мерасад? Эҷодкорӣ дар ҳар ду ҷинс тавозунан баробар ҷойгир аст. Охир, то хол ақидаи ғалате вуҷуд дорад, ки майнаи зан аз ҷиҳати ҳаҷм назар ба майнаи мард сабуктар ва хурдтар аст ва аз ин рӯ, вай бояд камақлтар бошад ва сафсатаҳои дигар.

Имрӯз мубориза байни ҷинсҳо барои ҳуқуқи худ шадидтар шудааст ва худи зан бояд ҳуқуқҳои хешро, ки дар вақташ ихтиёран аз даст дода буд, ба даст биоварад.

Фоҷиаи зиндагӣ бештар аз мардон дида, ба занҳо дахл дорад ва мо хуб медонем, ки ранҷу азоб муаллими беҳтарин аст- дар раванди рӯзгор. Аз ин лиҳоз, тавоноӣ ва истеъдоди занҳоро набояд паст дид. Агар зан маълумоти дуруст ва имкони бевосита дар сохтмони ҳаёт иштирок карданро дошта бошад, вай бо ақли солими худ ба мардҳо рақиб ё  беҳтараш шарики босазо хоҳад буд (https://www.olegcherne.ru/proekty/10-572-zhenshina-duhovnost – муроҷиат ба сомона 14. 04. 22.)…

Масъалаи маънавиёту ҳуқуқи зан заминаи таърихӣ дорад. Дар тамоми раванди тамаддун занони бунёдкор дар ҷомеа мавқеъҳои гуногунро ишғол мекарданд.

Дар даврони пеш аз ислом, дар фарҳанги халқҳои эронӣ, дар даврае, ки меҳрпарастӣ ва зардуштия ҳукмфармо буд, ҷомеа ба шахсияти зан эҳтиром мегузошт. Ҳатто дар аҳдномаи ақди никоҳи он замонҳо ҳангоми тақсими молу мулк, ба зан афзалият дода мешуд. Як қатор вазифаҳои эҷодии занро шуури онвақтаи мифологӣ ба нерӯи қудсӣ табдил медод. Мисол, эзидбону Ардвисура Анахита олиҳаи дарё, об, ҳосилхезӣ ва оиладорӣ буд. Эзиди Дин (Daēna) пайкараи зебо дошт ва хирадманди бемисл буд…

Занҳое низ буданд бо нақши манфӣ тасвир мешуданд. Масалан, духтари Ангра Майню (Аҳриман) табъу рафтори бад дошт, паҳнкунандаи бемориҳои сирояткунандаи венерӣ буд.

Яъне инҷо сухан дар бораи назари солим дар ҷомеае, ки шуураш устуравӣ буд, меравад. Аммо дар Авесто образҳои зани эҷодкору ҳаётбахш бештар суруда мешуд…

Ҷомеаҳои эронитабор дар асрҳои миёна зери фишори ақидаи хурофотию таассубӣ, ки мутаассифона, бо ислом пайваст дониста мешуд, аз занон бо чеҳраи кушод буданро маҳкум кард ва имкони бо шуури озод андешаву амал карданро рабуд.

Ҷамъияти шӯравӣ баробарҳуқуқии марду занро эълом намуд. Ин, махсусан барои ҷамъиятҳое, ки ислом дар он ҷо паҳн шуда буд, махсусан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна комёбии инқилобӣ буд. Ин имкон дод, ки қисми зиёди занон аз асорати чандинасраи мардон, аз юғи оила озод шуданд. Аммо барои расидан ба ин воқеияти инқилобӣ даҳсолаҳо лозим шуд. Бадии кор дар он буд, ки худи занҳо бо тақдири пештараашон розӣ буданд, барои озодӣ ва баробарии хеш мубориза намебурданд. Ба ин вазъ таассуб, анъана ва ноогаҳии равонӣ сабаб буд.

Ва ҳанӯз ҳам, дар ибтидои ҳазораи бисту як ҳодисаҳои муносибати хурофотӣ нисбат ба занон кам нестанд. Ва дар ин аксар вақт, такрор мекунам, худи занҳо гунаҳкоранд …

Бори дигар таъкид менамоям, ки озодии зан, пеш аз ҳама, дар ҳамон замоне ифода меёбад, ки вай худашро ҳамчун инсон ва эҷодкор дарк кунад. Ва шахсият ва ин шинохт бо озодии ӯ сахт алоқаманд аст.

Занони муосири тоҷик, ки ҳаққи озодии худро бо ташаббуси хеш ва хонавода дарёфт кардаанд, бештар бо ҳунар машғул мешаванд ва саъй мекунанд, то ҳадди имкон ба шинохти худ ва эҷоди худ дар ҷомеа бирасанд.

***

Дар шеъри “Як ҳавз орзу”-и Шаҳзода Назарова қаҳрамонбону, ки аз танҳоӣ ноҷӯр аст, дар орзуи сӯҳбати ҳамдиле ҳаст, мегӯяд:

Лаби ҳавз аст

Ва мурғобиҳо

Хотироти охирин лаклаки Бухороро

Дар амвоҷи об

Нӯл мезананд.

Табассум мекунад ҳавз,

Об меларзад.

Аз ғулғулаки нозуки пӯсти хеш,

Ва ҳар рӯз дар тулӯъи моҳ ва ё офтоб

Сиккае меафтад,

Орзуе меафзояд.

Дар қалби об.

Чаро бояд дар пайи озор буд?

Чаро бояд дар пайи озор буд?

Вақте дилат сукут мехоҳад

Вақте мурғи гумроҳат суқут мехоҳад

Дар шонаи марди бегона

Ва ду- се рӯз фурсати ошноист,

Ду- се фурсати шодӣ шояд ҳаст.

Ва баъд хори дигаре дар сина

Ва ёди ёри дерина…

Шеър дар сабки шеъри нав, шеъри нимоӣ, бо услуби Фурӯғи Фаррухзод, Сӯҳроби Сипеҳрӣ бо услуби пур аз рангу тобишҳои гуногунмаънӣ, эҳсосоти ба ҳаммухолифу ва ҳампайваста, андӯҳи рӯзҳои рафта, омехта бо иттиҳоди воқеият ва хотираҳо, бо иззату эҳтиром ба ҳар як ин падида навишта шудааст. Шеър пур аз кайфиятҳои вуқӯъву тағйирёбанда, баҳамоии воқеияту тахайюл ҷилва мекунад. Дар ин раванд образи ҳавз зиндаву рамзӣ пеши назар меояд.  Шоира Шаҳзода ба раванди ҷаҳони маънавии шахсият эътимод зоҳир мекунад. Дар сатрҳои гуфта, дар падидаҳои зикршуда як шарораи нурафканандае дида мешавад. Қаҳрамони шоира ҷаҳони ботинии инфиродии худро бо нури хушбахтии зани ошиқ ҳамоҳанг месозад. Дар тасаввуроти одами одӣ ҳавз як чизи муқаррарӣ аст. Вале шоира онро ба тамсили ифшокунандаи олами ботинии қаҳрамонаш табдил додааст.

Чӣ истеъдоди бемисл!

Чунин аст ҷаҳони воқеиву рӯҳии мо – Ватану имон дар дил аст, на фақат дар қаламрави ҷуғрофие.

Оноҳое, ки дар ин ё он қаламраве зиндагӣ мекунанд, ҷуғрофия барояшон на ҳамеша озодӣ инъом мекунад.

***

Мо тақрибан бо ӯ ҳамсолем. Ман аз ӯ танҳо як сол калонтарам. Вале то ҷое, ки тавассути канали он вақт ягонаи телевизиони кишвар ёдам ҳаст, ӯ қариб ҳамеша бо рубоб (ва баъдан бо тор ё рубоби бадахшӣ) ҳунарнамоӣ мекард. Мисли ӯ кам ҳофизони ҷинси латиф дар саҳна чунин рафтор мекарданд. Ҳамон вақт бо рубоб мустақил овозхонӣ кардани эшон дар зеҳни ман ҳамчун ситеза ба мардони ҳамкасб расид.

Яъне мисли он ки гуфтан мехост: мо, занон низ аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонем. Вай ҳангоми сурудхонӣ асбоби ториро чунон моҳирона менавохт, ки касро ба ҳайрат мегузошт. Навохти вай чунон касбӣ ва возеҳ буд, ки дар муқоиса на ҳама овозхонҳои мард бо ӯ рақобат карда метавонистанд. Ин шеваи иҷроиш бештар бонувони овозхони муосири Ӯзбекистон ва умуман, тамоми сарояндазанҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд, аммо дар Тоҷикистон ин падида нодир маҳсуб меёфт. Агарчи дар гузашта, ҳанӯз дар давраи пеш аз ислом, масалан, арфанавози Панҷекатии маъруфи ҷаҳонӣ ва дигар образҳои муҷассамабонувони мусиқӣ бо чунин сурат зуҳур мекарданд. Яъне ин суннат дар гузашта низ дар ҳунари мо роиҷ буд.

Дар асри бист ман ансамбли занони рубобнавозро ёд дорам, ки дар замони шӯравӣ маъруф буданд ва ҳоло ҳам бомуваффақият фаъолият доранд. Танҳо дар байни ҳунарпешагони халқии Бадахшон (масалан, сарояндаи бемисл, холо марҳум Моҳҷон Назардодова), Кӯлоб (масалан, Гулчеҳра Содиқоваи садсола), овозхонони халқии одӣ аз Файзобод, Ҳисор, Хӯҷанд, умуман дар ноҳияву маҳал чунин бонувони овозхонро пайдо кардан мумкин аст.

Лекин ҳамон вақт чунин баромадҳои Мастона Эргашева аз саҳнаҳои пойтахтӣ як навъ ситезаи занона ба чашм расид. Ва ин чиз барои таъкиди истеъдоди ӯ имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Мастона Эргашева дар байни бонувони сароянда бо услуби хоси сурудхониаш фарқ мекунад, овози махмалии хос дорад. Интонатсияи сурудхонии ӯ ба таври анъанавӣ тоҷикист, балки уман Осиёи миёнагист. Дар репертуари ӯ сурудҳои эронӣ, афғонӣ ва ӯзбекӣ мавҷуданд. Вай инчунин, сурудҳои халқӣ, фолклориро иҷро мекунад. Аммо дар репертури Мастона, сурудҳои анъанавии классикии Суғд ва халқӣ зиёдтар садо медиҳад.

Вай бештар дар бораи ишқу муҳаббат месарояд. Иқрор мешавад, ки ба касе мадҳия насурудааст. Мастона каме пештар ба ҳама консертҳо, ҳама ҷашнҳо даъват мешуд.

Барояш кунун боиси нигаронист, ки дар ҳоли ҳозир ӯро фаромӯш кардаанд.

Ҳарчанд аз ман ҳеҷ кас, хусусан Мастона, даъват накардааст, ки чунин вазъиятро таҳлил намоям, вале касби ман таҳлилгарист.

Ба ақидаи каминаи ганда таассуф аст, ки фаъолияти артистон чун ба нуқтае мерасад, мӯҳлати дархосташон маҳдуд мешавад.

Ин тақозои саҳна ва ҳаёт аст. Дар ин ҷо ҳеҷ чорае нест. Вале саҳна суруду шеваи нав мехоҳад. Инро, масалан, ситораҳои эстрадаи ҷаҳонӣ Алла Пугачёва, Валерий Леонтев, Александр Серов ва чанд тан овозхонони машҳур вақте рафтанд ва гӯшанишинӣ намудаанд,-ин яке аз сабабҳое асосие мебошад, ки эҷодкори асилро аз саҳна дур месозад. Хусусан, насли ҷавони муосири шаҳрӣ зери таъсири ҷаҳонишавӣ талабгори фарҳанги тӯдаӣ (массовая культура) ба мисли маҳсулоти эклектикӣ, ки дар шакли кич, рок, реп, ки эффекти зоҳириро тарғиб мекунанд, таваҷҷӯҳ дорад.

Ногуфта намонад, ки ҳоло дар айни замон Мастона дар консерваторияи давлатии ба номи Т. Сатторов ҳукми устодӣ дорад. Маҳз аз чунин устодони боистеъдоду оқил ва таҷрибадор тақдири фарҳангу ҳунари ояндаи мо вобаста аст. Маҳз, дар тағиби чунин устодони бомаҳорат консепсияи мақсадноки миллӣ оид ба рушди фарҳанг ва ҳунари ҷомеа ва махсусан ҷавонон натиҷаи хуб медиҳад. На фақат донишҷӯёни бевоситаи ин устодон, балки кулли ҷавонони кишвар бояд фаҳманд, ки фарҳанги ҳақиқию асил кадом аст. Дар акси ҳол, мушкилоти ҷиддӣ моро интизор аст. Танҳо ин консепсия набояд дилгиркунанда бошад. Вале ҳаргиз ин таълимот маҷбурӣ ҳам набояд бошад. Он бояд ҷолиб ва рақобатпазир бошад.

***

Маърифат Давлатова – даъво ба худшиносӣ дорад.

Наққошбонуи ҷавони тоҷик, Маърифат Давлатова занони нимбараҳнаи тоҷикро тасвир мекунад. Ин боиси ҳам шодӣ ва ҳам хашму ғазаби ашхосони гуногунфарҳанги ҷомеа гардидааст.

Рассом мегӯяд, ки таблоҳои вай эътирози ӯст бар зидди нобаробарӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва амалҳои таҳқиромезу дуршт нисбати занон аз ҷониби мардон аст (https://www.currenttime.tv/a/29475121.html – таваҷҷӯҳ ба сомона 27 маи соли 2022).

Вай дар ватани худ шумораи ками намоиши асарҳояшро дошт.

Соли 2016 рассомбону таблоҳои худро дар пойтахти Австралия – Вена ба намоиш гузошта, сипас ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ пайдо кард.

Дӯстони наваш кори Давлатоваро чунон писандиданд, ки дар бинои кӯҳна, ки дар он ҷо тез-тез чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегардид, бори аввал ӯро соҳиби намоиши фардӣ гардонданд.

«Ман тасмим гирифтам, ки ба аврупоиҳо фарҳанги ватании худ, урфу одатҳои тоҷиконро нишон диҳам. Аммо натанҳо ҷиҳати мусбӣ, балки чизҳои манфиро низ. Масалан, чӣ гуна занони тоҷикро меранҷонанд, аз рӯи анъанаҳои чандинасра маҷбуран ба шавҳар медиҳанд ва ба зан мисли чиз рафтор мекунанд. Дар намоишгоҳ як чанд портретҳо буданд дар мавзӯи занони нимбараҳна. Таблои асосӣ “Намоиши арӯс” бо тасвири духтари бадбахт, ки волидайн маҷбуран ба шавҳар медоданд, ба номоиш гузошта шуд».

Тасвир таваҷҷӯҳи ғайричашмдоштро пайдо кард ва барои он гонорари хеле зиёдро пешниҳод мекарданд. Аммо Маърифат онро нафурӯхт, зеро ин асар барояш азиз ва калидӣ буд.

«Дар Аврупо ман ошкоротар ва озод буданро ёд гирифтам. Мардуми онҷо аз стереотипҳои шахшуда ва дидгоҳи бегона озод, хеле далер ва устувор буданд. Бешак, рассомон онҷо кайҳо боз одамони урёнро мекашанд ва ин чизи муқаррарист. Сухан дар бораи ҳунар меравад, на эротика. Умуман, ман дӯстдори устодони замони Эҳё мебошам. Онҳо аввалин шуда, пас аз мавзӯи ситоиши Худо, дар таблоҳо зебоии инсон: чеҳра, бадан, хирад ва амиқии эҳсосоти ӯ нишон дода мешавад. Ҳунарманди дӯстдоштаи ман Караваджо аст. Ҳамчунин, Леонардо да Винчи, Клод Моне ва Ван Гогро дӯст медорам»,- мегӯяд Маърифат. (https://fergana.agency/articles/121022/ муроҷиат ба сомона 20 июни соли 2022).

***

Занони Тоҷикистон ва ҳам тамоми қалмрави Осиёи Марказӣ бештар дар соҳаи ҳунари мадумӣ, наққошӣ, мусиқӣ, театр пешравии хоса доранд. Ин вазъият ба он вобаста аст, ки ҷомеаи падарсолории тоҷик, яъне “падарсолории муосир”, зери фишори Конститутсия, дар партави шуури наве, ки он пайваста таҳким меёбад, шуури ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии мақомгирифта, ба зан озодӣ эҳдо мекунад. Озодии интихоби тақдир, касб ва амсоли ин. Ва шумораи бештари мардҳо бо дили нохоҳам ба ин вақеият розӣ мешаванд…

Саъдулло РАҲИМОВ,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь