Донишмандон бар онанд, ки забон асилтарин ва қадимитарин навъи иртибот миёни инсонҳо мебошад ва бар навъи дигари иртибототи ғайрикаломӣ, монади лабханд, сар ҷунбондан, ишора кардан, дасту по задан, сар такон додан, нигоҳ кардан ва амсоли инҳо бартарӣ дорад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангию маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.

Масъалаи дигаре, ки қудрат ва тавонмандии забонро маълум менамояд, масъалаи пайвандии забон ва андеша аст. Андеша, аз ҷумла андешаи миллӣ забон ва мутаносибан, забон андешаи миллиро неруманд месозанд. Заъфи яке аз ин ду падида ё ба истилоҳи фалсафӣ, феномен, боиси зуҳури зарфиятҳои маҳдуди фикрӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар баданаҳои иҷтимоӣ мегардад ва миллатро ба мушкилоти зиёди моддию маънавӣ мувоҷеҳ месозад. Аз ин ҷост, ки баробарӣ ва таодули ин ду феномен тавозунро дар муносиботи иҷтимоӣ нигоҳ медорад ва роҳи бурузи буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, илмӣ, фарҳангиро мебандад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, иқтидори забон ва андеша иқтидори миллат ва давлат талаққӣ мешавад ва агар дар пушти забон ақлу дониш бошад, он забон оянда ва тавонмандии муаррифии боистаю шоистаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ дошта метавонад.

Давраи соҳибистиқлолӣ масъулияти ҳарчи бештарро назди соҳибони забон ва тамаддуни миллӣ мегузорад. Махсусан, дар масъалаи андешаи миллӣ ҷиддӣ бояд таваҷҷуҳ кард. Аз ҳама муҳим, эҳсоси масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеаи соҳибистиқлол аз андешаи миллӣ сарчашма мегирад. Ба назари муҳаққиқон, андешаи миллии тоҷикон қадимтарин зуҳуроти мафкуравии инсон буда, аз фарҳанги бузурги ориёӣ ибтидо гирифта, ба воситаи он ба арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шудааст (ниг.: Самиев А.Ҳ. Андешаи миллӣ – фалсафаи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон. Дар китоби: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. С.35). Забон ва андешаи миллӣ (манзур забони давлатӣ – тоҷикӣ аст) аз бомдоди зуҳури ақвоми иронитабор бо халқи тоҷик ҳамқисмат ва ҳамсафар будааст. Агар сухан атрофи ҷуғрофиёи ин забон ва паҳнои арзию тӯлии он равад, бегумон, таассуроти донишманди бузурги иронӣ, устод Саид Нафисӣ пеши назар меояд, ки минтақаи мо-тоҷиконро муфтахирона “Сарзамини поки ниёконам” унвон кардааст (ниг.: Нафисӣ Саид. Сарзамини поки ниёконам. Дар китоби: Тоҷикон дар масири таърих. /Таҳқиқ ва тадвини Мирзо Шукурзода. –Теҳрон: Муассисаи интишороти байналмилалии Алҳудо, 1384. С.37-40). Маҳз  ин минтақаи таърихӣ, ки Хуросонаш меноманд, ҳамзабононро ҷамъ намудааст ва густариши забону фарҳанги миллиро ба манотиқи дигар ва ҷуғрофиёи паҳновар мусоидат кардааст.

Ба таври куллӣ, андешаи миллӣ натиҷаи зуҳуроти ҳувияти маънавии миллат буда, шарти асосии ҳастию суботи миллат ва олами мафкуравии он мебошад, ки дар заминаи фаҳму дарки манофеи асосии миллӣ ташаккул ёфта, ҷавҳари ҳастии миллат ва вазифаҳои сарнавиштсози онро дар масири таърих ифода мекунад. Ин аст, ки андешаи миллӣ восита ва шакли бақои маънавӣ ва ҳифозати миллат, рӯҳи ӯ, умеду орзуҳо ва ормонҳояш барои ояндаи нек мебошад. Маҳз андеша ва тафаккури милллат муносибати онро, чи ба фарҳанги миллӣ ва чи ба фарҳангҳои умумибашарӣ муайян сохта, роҳро барои рушду такомули инсон, ҷомеа ва давлати миллӣ ҳамвор месозад (ниг.: Самиев А.Ҳ. Андешаи миллӣ – фалсафаи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон. Дар китоби: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. С.38). Тарбияи маънавӣ, ки  дар сохтмони андешаи миллӣ нақши калиддорад, аз мушаххасоти муҳимми давлатдорӣ дар таърихи ватанӣ маҳсуб мешудааст. Муҳаққиқи иронӣ Алӣ Сомӣ таъкид мекунад, ки Модҳо, Порсҳо ва Ҳахоманишиҳо дорои сифоти ахлоқӣ, малакоти фозила, тарбияти саҳеҳ ва илмӣ буда, тамоми ақшори иҷтимоӣ, хоссатан насли ҷавонро ба роҳи тарбияти илмӣ раҳнамун месохтанд (ниг.: Ризоӣ Абдуазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1368.,-С. 260). Аз ҷумла падари таърих Ҳеродот дар аҳди Ҳахоманишҳо ба илму фарҳанг пайванд будани мардуми форсу тоҷикро хотирнишон сохта, дар рӯҳияи хирадварзӣ, инсонсолорӣ ва ростгӯйӣ тарбия намудани ҷавонони марзу буми аҷдодиро аз асолатҳои ин хонадони таърихӣ медонад (ниг.: Ҳеродот. Таворих. -Теҳрон (бидуни соли нашр). С.99-101). Агар Искандари Мақдунӣ осори илмӣ ва фарҳангии аҳди Ҳахоманиширо  ба коми оташ намекашид (ниг.: Пирниё Ҳасан. Эрони бостон. -Теҳрон, 1362. -С. 37), масоили зиёди фарҳангӣ  ва маърифатӣ ошкор  мегардид, ки воқеияти забон ва андешаи миллии замонро дар худ таҷассум менамуд.

Ҳамин тариқ, баҳси худро роҷеъ ба забони давлатӣ ва таҳкими андешаи миллӣ метавон дар чанд нуктаи асосӣ хулосабандӣ кард:

Як. Забони форсии дарии  тоҷикӣ дар сохтмони андешаи миллӣ нақши муассир дошта ва дорад. Забони форсии дарии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авасто» китобат шудааст. “Авасто” китобест, ки беш аз пеш, ба самти огоҳӣ ва созмондиҳии андешаи миллӣ нигаронида шудааст.

Ду. Дар тӯли таърихи инсонӣ на ҳама забонҳо тавони созмон додани фикр ва андешаи миллиро доштаанд, вале аз оғоз забони форсӣ – тоҷикӣ ба ин ҳадафи калидӣ мутамоил буд. «Авасто» ҳамчун хирадномаи миллӣ дар созмонёбии андешаи миллӣ нақши асосӣ доштааст. Дар Ясна, ҳоти 31, бандҳои 17 ва 19 вазифаи марди доно ва гушодазабон дар созмон додани андеша ва он ҳам андешаи солим ва орӣ аз таассубу хурофот  муайян ва мушаххас шудааст (ниг.:Авесто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. Душанбе, 2001. –С. 71- 75).

Се. Муссалам аст, ки забон яке аз нишонаҳои асосии миллат маҳсуб шуда, ба василаи он сарнавишти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ тайи таърихи зиндагӣ навишта мешавад. Давраи нави ташаккулу таҳаввули забони миллӣ ба замони давлатдории Сомониён иртибот мегирад. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар ташаккули забон ва андешаи миллӣ дар давраи дигари таърихӣ саҳми бориз гирифтанд. Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки ба сифати забони дину сиёсат ва илму фарҳанг мутадовил буд, ҳадафмандона маҳдуд  гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ ( 961-984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони порсӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. -С. 138).  Фақеҳони миллатпарасти замони Сомониён бо дастури амири Сомонӣ ва бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки «забони биҳиштиён форсӣ аст… ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон  бо Парвардигор сухан гуфта шудааст» (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. -Теҳрон, 1383. –С.  252- 253). Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар рушди забони миллӣ дар асри Х хеле муассир буда, раванди сохтмони андешаи миллиро таҳким бахшидааст. Шоирону адибони барҷастаи  давра устод  Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Фирдавсӣ бо андешаи миллӣ ба майдони адабу фарҳанг ворид гардида, забони порсӣ-тоҷикиро дар баробари забони арабӣ устувор намуданд. Дар раъси раванди созмондиҳии андешаи миллӣ Ҳаким Фирдавсӣ  қарор дошт ва ҳақиқати амр ин аст, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамзабон то имрӯз мақоми Фирдавсӣ дар ташаккули андеша ва бедории миллӣ  ҳамчунон побарҷост. Вақте ки ӯ нидои «Забони гушода чу омад падид,  Шуд он бандҳоро саросар калид» дардод, мардуми ҳавзаи форсизабононро мухотаб қарор дода, аз ҳамватанон тавассути забони буррою  гиро ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фикрии ҷомеаро хостор буд. Воқеан, забони миллӣ дар замони Сомониён гушода (буррою  гиро) буд ва боиси ба вуҷуд омадани мероси гаронмояи илмӣ ва фарҳангӣ гардид.

Чаҳор. Забони миллӣ механизми зинда аст, он бояд доимо дар ҷараёни зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва  фарҳангӣ фаъол бошад. Фаъолнокии забон дар ҷараёни муоширати саросарӣ ба иттиҳоди миллии қишру ниҳодҳои иҷтимоӣ ва бавижа, фарҳангӣ сахт бастагӣ дорад. Дар сурати камфаъол будани неруҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои иҷтимоию фарҳангӣ (ин вазъ дар Тоҷикистони кунунӣ боиси нигаронист), ташаккул, рушд, таҳаввул ва тавсеаи андешаи миллӣ дар гумон аст. Дар замоне  ки  боди даҳшатноки хурофоту таассуб ва афкори ғаразноки аҷнабӣ тавассути сиёсати тамаддунӣ ва глобалӣ фазои моро печонидааст, зарурати баҳамоӣ ва иттиҳоди неруҳои аклонию фарҳангӣ ар мабнои забон ва андешаи миллӣ пеш омадааст. Ин заруратро метавон ба унвони зарурати таърихӣ талаққӣ кард.

Панҷ. Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари манфиат, зарари ҷиддӣ низ ба бор меоварад. Он фарҳангҳои камзарфиятро, ки дар асоси забони миллӣ тайи асрҳои тӯлонӣ сохта шудаанд, тадриҷан аз байн мебарад ва империяи фарҳанги нерумандро иҷборан таҳмил менамояд. «Зулми фарҳангӣ» (таъбири Франс Фанон) -и қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, бинобар ин илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд дарёфт, то минбаъд дер нашавад.  Илоҷи воқеа, ба назари мо, иттиҳоди неруҳои зеҳнӣ ва ақшори фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад (неруҳои зеҳнӣ ва маърифатии мо, ба сабаби ҷур наомадани манофеъ ва мафкураву ақоид бо ҳам созгор нестанд, дар ҳоле ки ниҳодҳои илмии мамолики пешрафта манофеи миллиро на дар ақидаю мавзеъгирию мавқеъгирӣ, балки дар иттиҳоди забонӣ ва муҳимтар аз ин, дар маърифати миллӣ-мардумӣ мебинанд, ки ин таҷриба барои мо сахт омӯхтанист), ки нигахдорандаи забони миллӣ дар маҳдудаи мушаххаси забонию замонию маконӣ маҳсуб меёбанд.

Шаш. Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони иттилооти беҳудуд ва фановарию нерумандии техникист. Дар ин фазою муҳити иртибототӣ забон ва миллиятҳое устувору побарҷо мемонанд, ки дар масири иттилоту фоноварии муосир қарор дошта бошанд, аз пешравию тараққиёти илмҳои иҷтимоӣ – инсоншиносӣ ва умуман, улуми  мутадовил  басароҳат  огоҳ бошанд, комёбию муваффақиятҳои улумро дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоӣ ба забони миллӣ ва давлатӣ тавсеа, густариш ва интишор диҳанд ва ба сатҳи огоҳии иҷтимоӣ расонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин,  Ҳукумат ва тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеаи моро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд ва забони миллиро ба сатҳи забони сиёсат, илм, ахлоқ ва билохира фарҳанги миллӣ бардоранд.

Ҳафт. Таҷрибаи талхи таърихро дар робита бо шикасту ноҷуриҳои миллӣ аз ёд набояд баровард. Забони миллӣ дар тӯли таърих таҷриботи зиёд андӯхта, феълан имкони мутаваққиф  кардани таҳоҷуми идеологӣ ва фарҳангии бегонаро дорад. Дар ин замина, рӯшанфикрону зиёиёни муосир бо истифода аз имконоти зеҳнӣ, забони муқаввои миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ, метавонанд ҷараёни бедории фикрии ҷомеаи тоҷикро дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳким бахшида, ба ин восита забон ва миллатро аз газанди рӯзгор ва таҳмилоти фарҳанги ғаразноки берунӣ эмин доранд.

Ҳашт. Соли 1872 дар як нишасти адибон ва забоншиносони аврупоӣ дар Берлин забонҳои юнонӣ, форсӣ, лотинӣ ва санскрит ба унвони забонҳои классикии ҷаҳон баргузида шуданд. Бар пояи таъриф, забоне классикӣ ва намунавӣ ҳисобида мешавад, ки якум, бостонӣ бошад, дувум, адабиёти пурбор дошта бошад, севум, дар вопасин ҳазораи зиндагии худ ба андаке тағйирот мувоҷеҳ шуда бошад. Дар зимн, забони форсии дарии тоҷикӣ ба лиҳози шумора ва гуногунии зарбулмасалҳо дар феҳристи се забони нахусти ҷаҳон ҷойгир аст. Ба ин тартиб, забони мо бар мабнои меъёрҳои байналмилалие, ки забоншиносон ва донишмандони саршиноси ҷаҳонӣ ҳанӯз дар қарни нуздаҳум муқаррар кардаанд, ба феҳристи забонҳои классикии ҷаҳонӣ баргузида шудааст ва ин навъ ифтихорот моро муваззаф месозад, ки дар ростои таҳкими андешаи миллӣ тавассути забони давлатӣ ҷаҳду талоши фаровон варзем. Аз тарафи дигар, мо ба унвони меросбарони ин забони тавонманди башарӣ ҳақ надорем, сукут варзем ва “хонаи вуҷуд” (манзур забон аст ва ин таъриф марбути файласуфи ҷаҳонӣ Мартин Ҳайдеггер мебошад)-ро ба маърази хатар бигузорем. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи забонӣ (ҷомеашиносони забон бар он таъкид меварзанд, ки ба ҷойи истилоҳи “забон” аз мафҳуми “ҷомеаи забонӣ” истифода бурдан айни муддаост. Ҷомеаи забонӣ иборат аз ҳар гурӯҳе аз мардум аст, ки бо як  забон гуфтугӯ мекунанд), ки дар раъси он, пеш аз ҳама, интеллигенсияи миллӣ қарор дорад, муваззаф аст, шукӯҳ, шаҳомат, бузургӣ, отифат, салосат, фасоҳат, ҷазобат, латофат, назокат ва билохира қудрати забони миллиро ҳифз намояд ва аз тариқи тавонмандии забонӣ дар баробари таҳоҷумоти фикрӣ, ақидатӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва забонӣ қад алам кунад. Аз ин ҷост, ки забон бо худии худ қудрат ва неруи фикрии миллат буда, бақои он бақои миллат ва ҷомеаи миллист. Ба ин маънӣ:

Забон ин ҷисми миллатро камар бошад,

Тавону қудрати мағзи башар бошад,

Яқин маҳсули фикри борвар бошад,

Камоли илму фарҳангу ҳунар бошад,

Садо андар ҷаҳони гунгу кар бошад,

Мисоли маънии ин давру бар бошад,

Ҳамеша чорасозу чорагар бошад,

Хирадро ҳамсафар бошад,

Далели  муътабар бошад,

Азизу номвар бошад,

Худованди хабар бошад!

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь