Шаби боронӣ. Садои борон ба гӯшу ҳӯши ман наво мезанад, маро ба ёдҳои ширину пурдард рӯ ба рӯ месозад…

Хурд будам.

Деҳи мо ба кӯҳ пайваст буд. Тез-тез барфу борон меборид. Хонаи мо мечакид.

Модарам тағораю лагандҳоро дар ҷойҳои қатраҳои борон  мечагидагӣ мемонд.

-Так-тук, тук-так қатраҳо ба зарфҳои модарам гузошта бар мехӯрданд.

Ман ба садои як маром ва дилозори қатраҳо гӯш медодам.

-Так-тук, тук-так…

Аз чӣ бошад, тақат намекардаму ба модарам мегуфтам:

-Оча, кай борон мемонад?

-Ман аз куҷо донам, писарам, боридани борон кори Худо, онро касе набор, ё  бор гуфта наметавонад.

-Оча, чаро гоҳо баробари борон шумо ҳам ашк мерезед?

-Ашк ашкро меорад, ба ёдам мерасад, ашкҳои модарам, чеҳраи гоҳе  хандону гоҳе гирёни модарам…

– Осмон ҳам гиря мекунад?…

-Ҳа, писарам, гиряи осмон ҳам гиряи шодию ҳам гиряи ғам дорад. Модарон дар рӯзи ғам ашкҳои сӯзон резанд, дар рӯзи шодӣ ашкҳои хунук.

-Ашкҳо хунуку гарм ҳам мешаванд?

– Эҳ, туро чӣ хел фаҳмонам, агар модар аз ғаму дард, аз ҷудоии фарзанду оҳҳои ҷигаррешаш ашк резад, гарм аст, аз сӯзи дил берун ояд.

Аммо ҳангоми аз ҳад зиёд шодмонӣ, хурсандӣ, омадани фарзандаш аз роҳи дур, ё баъди чандин сол ногаҳ пайдо шуда омадани шавҳараш ва ё ҷигарбандаш ашки шодӣ мерезад, ки хунук аст. Аз ҳад зиёдаш гоҳо модаронро шодикафак мекунад, аз хурсандӣ ҷон медиҳанд…

-Шумо ягон касро медонед, ки шодикафак шуда бошад?

Модарам, бо гӯшаи рӯймолаш ашкҳои чашмонашро пок карду як оҳ кашид ва бо овози ларзон гуфт:

-Охир момоят- модари ман шодикафак шуда буд… Бародарам-тағои ту гум шуд. Беному нишон. Аз ҳар тараф овозаҳои росту дурӯғ меоваранд:

Яке мегуфт, «ӯро дар фалон шаҳр дидем».

Дигаре мегуфт, ки «вайро дар беморхона дидем».

Сеюме хабари нохуш меовард, ки «ӯ зинда нест».

Модарам, шабу рӯз роҳ мепоид, дарвозаро шабҳо маҳкам намекард, ки ногоҳ-писараш Даврон ояд, дар маҳкам набошад.

Ҳафт сол гузашт, модарам дар он баландие, ки роҳ дида мешуд, аз саҳар то шом менишасту аз роҳ чашм намеканд.

Аз дур симои касе намоён шавад, то омаданаш ба умед менигарист ва гоҳо ки ман дар паҳлӯяш будам, задани дилашро бараъло мешунидам.

Чун он шахс наздик мешуд, як оҳи ҷигарсӯз мекашиду мегирист ва худ ба худ мегуфт:

– Куҷоӣ, Даврони  азизам,  нури чашмонам, кай меоӣ? Аз худ дарак деҳ, охир чашмонам дар роҳат канда шуд…

Ман ҳам бо модарам ҳамовоз мегаштаму он касро базӯр ба хона меовардам.

Охир аз бобоят мо ду нафар нишона монда будем.

Модарам, ҳафт фарзанди дигарашро аз даст дода буд…

Садои чакидани борон боз ба гӯши ман навои вақтро бедор менавохт. Ин наворо бастакори қисмат ба ово оварда…

Так-тук, тук-так. Дар хаёлам, он садои  соатро мемонд…

Он садо маро боз ба  назди модарам бурд. Ман давоми қиссаро пурсидам…

-Баъд чӣ шуд?

Тағоям омад…?

– Баҳор омад, бо борон омад. Баҳори сербориш.

Табиат бедор мешуд. Осмон ашки шодӣ мерехт.

– Осмон ҳам ашки шодӣ мерезад?

– Ҳа, писарам, агар баҳор шавад, гулу сабзаҳо руставу булбулон ба наво оянд, дарахтон бедор шаванд, дашту даман либоси сабз ба бар кунад, осмон аз шодӣ ашки фараҳмандӣ, шукуфоӣ мерезад.

-Ашки ғам чӣ хел аз осмон мерезад?

– Тирамоҳ, фасли ҷудоӣ, хазонрезӣ, дар пеш марги табиат наздик.

Булбулакон намесароянд, гулҳо хазон мегарданд, баргҳо бо оҳу нола аз модари худ-дарахтон ҷудо мешаванд, дар навдаи урёну бебарг ашкҳо ҳамил мешаванд.

– Табиат ҳам чун инсон аст?

– Инсон бо табиат ҳамдам, ҳамнафас, ҳамшабеҳ ҳам ҳаст.

– Момоят, ҳам чун дарахтон гирён мешуд.

– Ту боре  дар тирамоҳ дидаӣ, ки дарахтон аз боди сарду аз шохборон чӣ сон нола мекунанд, чӣ қадар фиғон мекашанд!?…

Ман хомӯш мондам. Охир, ба ҳама чиз бепарво менигаристам.

– Тик-так, тик-так…

Ин ово маро ба он рӯзҳо мебарад, ба ҳамон кулбаи фиқиронаи модарам, ки аз шифташ вақтҳои боронӣ обҳо ғӯла-ғӯла мечакид.

Так-тук, тук-так… модарамро дар паси он садоҳо, он овоҳо меёбам, мебинам… Модарам ба дуриҳо назар карда суханашро идома медиҳад…

– Баҳор буд, борон ист намекард. Модари раҳпоям дар болои суффа зери сада бо қомати хамида истода аз роҳ чашм намеканд.

Симое  намоён шуд.

Модарам маро ба наздаш хонд.

– Духтарам, бубин, раҳгардиаш Даврони ман барин…

-Шумо чандин касро хаёли акаам карда будед, вале вай дигар кас будааст.

– Не, духтарам, дилам гувоҳӣ медиҳад. Раҳгардиаш чун Даврон… Бубин чӣ хел даст меҷунбонад, нигоҳаш ба сӯи хонаи мо…

Дар ҳақиқат он ҳам ба бародарам шабоҳат дошт.

Модарам, дигар тоқат накарду:

– Даврон, Давронҷони оча, нури басари оча, садқаи қадамат шавам,- гуфта ба пешвози он одам қадам тез кард.

Пеши по хӯрду ғалтид. Бардоштам, хесту боз давид. Боз пеши по хӯрду бо ёрии ман хесту давид.

Он шахс ҳам «оча» гуфта ба пешвози модарам ба шаст омад.

Модарам ӯро оғӯш кард, бӯй кард, аз сару рӯяш бӯсиду бӯсид ва беҳол шуду дар рӯй дасти акаам Даврон ҷон дод…

Модарам, ҳам  гиря  кард, бо овоз, бо  дард,  бо сӯз.

Садои «так-тук», «тук-так» канда-канда меомад…

Овози модарам меларзид.

– Тағоям, чӣ  кор кард…

– Модарамро  гӯру  чуб карду баъди  се рӯз дилаш аз кор монд. Табибон гуфтанд, ки дар давлати  бегона, аз  хунукию  бепарвоияш гурдаҳояшро ҳам аз даст додааст.

– Ӯ дар куҷо будааст?

– Дар  ҷойи аз ҳама хунуки замин.

– Он ҷо чӣ кор мекардааст.

– Кӯҳнавардӣ мекардааст, боре дар зери тарма мондаанд. Аз ёздаҳ нафар, танҳо акоям – Даврон зинда мемонад.

Чандин сол дар бемористон будааст.

Каме беҳ шуда, бо ёрии ёру дӯстонаш баргаштааст… Ин ҳамаро тағоям ба падарат нақл карданд.

– Оиладор шуда буданд?

– Аз рӯи гуфти падарат зан гирифта будааст, фарзанд ҳам доштааст.

Вале баъди аз ҳаёт рафтан, касе онҳоро суроғ накард ва суроғаашонро ҳам намедонистанд.

– Оча, ба падарам, чӣ шуд, ки…

Забонам нагашт, ки гӯям, «мурданд».

Модарам, ба нуқтае дуру дароз нигаристу гуфт:

– Чӯпон буд, дилу ҷигарашро хунук бардоштааст, ту сесола будӣ, ки гузашт…

– Тирамоҳ буд…

– Не, аввали баҳор буд…

Борон шиддат гирифт. Маро хумори хонаи бобоӣ гирифт.

Борон ба гӯшу ҳуши ман наво мезад ва хотирҳоямро тоза менамуд.

Дар аввали баҳор, рӯзи боронӣ модарамро хабаргирӣ рафтам…

Маро оғӯш  карду гуфт:

-Писарам, баҳорро овардӣ. Хуш омадӣ.

Гуфтам:

– Не, оча, баҳор маро ба домани ҳамешабаҳори Шумо овард.

Модарам, ашкҳои чашмонашро дошта наметавонист.

Ашкҳои ӯро пок кардаму худ ба худ гуфтам:

– Ашкрезиро, хаёлам абрҳои осмон,

Дар мусибатҳо зи дарди модарон омӯхтанд.

Модарам, хонаи падариро нахост тарк кунад, бо ман ба шаҳр наомад. Ман бо оилаам ба назди ӯ рафтам, то чароғи  хонаи бобоию падарӣ ҳамеша фурӯзон бошад.

Хонаҳои нав андохтам, дигар аз шифти хона вақтҳои боронгарӣ об намечакад.

Аммо тик-тики соат ва садои бархӯрдани борони баҳорӣ ба бому рӯи ҳавлӣ ва ҳаёти назди хона маро ба он рӯзҳо, он лаҳзаҳои наврасӣ мебаранд…

Писарам-Наврӯз боридани боронро мебинаду мегӯяд:

-Борон гиря мекунад…

Модарам механдаду ӯро оғӯш мекунад ва ашкҳои чашмонашро дошта наметавонад. Ҳамсарам-Баҳор табассум дар лабонаш мегӯяд…

-«Ишқу ғаму шодӣ, меҳру қаҳр ва ҳар ҳоли дилеро ашк аз ҳар забоне равонтару хуштар месарояд»…

Садое, дар хаёли ман нохун мезанад.

– Тик-так, тик-так.

Аз берун садои борон ба гӯшам зангӯла мезанад…Маро ба он рӯзҳои наврасию боронӣ мебарад…

Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь