Ҳомид Маҷидов дар мақолаи «Калимаҳои иқтибосии тоисломӣ дар забони тоҷикӣ» сабабҳои аз як забон ба забони дигар гузаштани калимаю вожаҳоро, ки дар илми забоншиносӣ онро калимаҳои иқтибосӣ меноманд, чунин баён намудааст: «Сабабҳои таърихии иқтибосшавии калимаҳо дар забонамон ниҳоят гуногун буда метавонанд. Ба ин ҷумла борҳо аз ҷониби аҷнабиён забт гардидани сарзамини азалии мардуми тоҷик – Осиёи Миёнаро номбар кардан мумкин аст. Чунончи, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз ҷониби юнониён, арабҳо ва қабилаҳои мухталифи турку муғул истило шудани ин кишвар дар забонамон ҳам бетаъсир намондааст. Ҳамзистии бисёрасраи халқҳои гуногун низ боиси қабули калимаҳо аз як забон ба забони дигар мегардад» («Маърифат», №5-6, 1999, саҳ. 21).

Ҳамчунин, В. А. Капранов дар мавриди муайян намудани роҳҳои интиқоли калимаҳои иқтибосии ҳиндии кӯтвол, лок, шағол, чандан/чандал, коло, чатр ва монанди инҳо ба хулосае омадааст, ки «қабули онҳо ба форсии дарӣ хеле барвақт – ҳанӯз то асри VIII шурӯъ шуда, на танҳо бевосита аз худи он забон, ҳамчунин ба тавассути суғдӣ ворид шудаанд» (Капранов В.А. Таджикско-персидская лексикогарфия в Индии XVI –XIX вв. – Душанбе: «Дониш», 1987, с. 89).

Дар мақолаи мазкур ба як нуктаи муҳим ишора шудааст, ки «бештари калимаҳои сершумори аз забонҳои ҳиндӣ воридшуда, ифодагари чунин ашё ва ҳодисаҳои ҳаёти воқеӣ мебошанд, ки барои мардуми мо бегона буданд. Баъзе аз чунин калимаҳо дар сарчашмаҳои ҷудогона дар шакли талаффузи аслиашон – бо ҳамсадоҳои комию ҳалқӣ (чунончи, чх, дх) ва баъзе унсурҳои дигари овозиашон оварда шудаанд: чҳап «чоп», чавкҳандӣ «шипанг, чайла», дҳалак «кӯза», чандал «чӯби сандал», саравара «шалвор», карпура «моддаи хушбӯи сафед, кофур», ҷангала «бешаи тропикӣ», чатранг «шоҳмот» («Маърифат», №5-6, 1999, саҳ. 23).

Мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаҳои иқтибосии ҳиндиро ба се навъ ҷудо намудаанд: аввал калимаҳои сирф ҳиндӣ (62-то), дуввум калимаҳои ҳиндии арабишуда (6-то) ва сеюм калимаҳои ҳиндии юнонишуда (2-то), ки дар маҷмӯъ 70 калимаро ташкил медиҳад.

Вожаҳои ҳиндии ҳамчун калимаҳои иқтибосӣ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ гузаштаро мо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудем:

Арзиши пулӣ: астир, чов; номи асбобҳои ҷангӣ ва тааллуқоти он: балорак/палорак, барча, барчак, паҳанд; моддаи нашъаовар: банг; мавсими боронгарӣ: барасот/барсот, барашкол/баршакол; номи ҳакими ҳиндӣ ва истилоҳи дини буддӣ: буд/будд, бараҳман/ барҳаман/бароҳима, лакҳан; номи дарахту гиёҳ ва гул: норанг/норанҷ, пон, сандал, чандан/қаранфул, човала; шумора ва номи воҳидҳои ченаки вақт: лак, паҳр, унвон ва таҳти шоҳӣ: мандал, полакӣ, рой, сангосан, чепол, сифати занони нек ва асбобҳои ороишии занона: бибӣ, пон; потар, сатӣ, сеҳра, номи навъе аз бозӣ: чавпар, номи асбобҳои рӯзгор: гунӣ, чавтара, чатр; номи матоъҳо: карбос/карпос, чит, шора; моддаи часпонандагӣ: лак/лок, номи асбоби мусиқӣ: мандал, рог/рок; номи ранги кабуди сиёҳча: понӣ.

Шояд имрӯз, маънои ин гуна калимаю вожаҳои ҳиндӣ барои баъзеҳо фаҳмо набошанд, бинобар ин, мо дар поён шарҳу тавзеҳи онҳоро меоварем. Тавре, ки медонем, ин амал ҳам дар забондонии онҳо мусоидат намуда, ҳам дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба онҳо кумак хоҳад расонд:

Астир – миқдорест баробар ба шашу ним дирам, яъне чору ним мисқол; балорак – шамшери ҳиндӣ, ки аз пӯлоди асл сохта мешавад; шамшери кӯтоҳи ҷангӣ; банг – моддаи сабзрангест, ки аз барги канаб ҳосил мешавад ва нашъдиҳанда аст; барасот/барсот – мавсими борон дар Ҳиндустон; бараҳман/барҳаман/бароҳима – 1. ҳаким ва донишманди ҳиндӣ; пир ва муршиди бутпарастон; барашкол/ баршакол – мавсими борон дар Ҳиндустон; бибӣ – зани некӯ ва муътабар, хотун, хонум, соҳибаи хона; Буд/будд – номи пешвои мазҳаби буддизм, Буддо; барча – гулбанди (муҳраи) дастаи найза ва ё шамшер; барчак – жупин, найзаи кӯтоҳ, найзача; як навъ тири оҳанӣ; қалъабон, дижбон, маъмури муҳофизаи қалъа; гунӣ – линча, халта, қанор, ҷувол; карбос/ карпос – матои сафедм дурушти нахӣ; қаранфул – меваи гиёҳест хушбӯй, ки духтарон ба гардан мисли марҷон меовезанд; фаранҷмушк, ки онро мехак низ гӯянд ва онро барои хӯриш ҳам ба кор мебаранд, ки хӯрокро тунд мекунад; лак – сад ҳазор; лак/лок – моддаи часпандае, ки бо он буни кордро бо даста ё нигинро ба ангуштарин ва ғайра мечаспонанд, лакҳан – рӯза, рӯзадорӣ, рӯзаи ҳиндуён ва бутпарастон; мандал – 1. хатти доиравие, ки афсунгарон ва азоимхонон дар гирди худ мекашанд ва ба даруни он нишаста дуо мехонанд. 2. номи созе, ки навъе аз дуҳул аст; мандал – яке аз подшоҳони Ҳиндустон, ки баъдҳо лақаби умумии феодалҳои калони он ҷо шудааст; баъзан ба подшоҳони Зангбор низ нисбат дода мешавад; норанг/норанҷ – як меваи мамлакатҳои гарм, ки навъе аз афлесун буда, гирд ва турш аст, пӯсташ ғафс ва зард буда, чуқурчаҳо дорад; палорак – 1. шамшер, теғи ҷавҳардор; 2. ҷавҳари шамшер, ҷавҳари теғ; паҳанд – доми шикори оҳу, тала, хаппак, қапқон; паҳр – як ҳисса аз чор ҳиссаи рӯз ва ё шаб, ҳаштяки шабонарӯз, се соат; полакӣ – тахти равон, як навъ қаҷовае, ки дар Ҳиндустон барои савории одамони олидараҷа маъмул будааст; сангосан; пон – барги як навъ дарахтест аз зоти филфил (мурч) дар Ҳиндустон, ки онро барои сурх кардани лабҳо мехоянд; понӣ – об; потар – зани хушовоз; рог/рок – мус. номи навое аз мусиқӣ; рой – лақаби пошоҳони Ҳинд, роҷа; сандал – дарахти ҳамешасабзе, ки дар минтақаҳои гарм мерӯяд; чӯби он хушбӯст ва хосияти давоӣ дорад; сатӣ – зане, ки аз рӯйи одати ҳиндӣ худро ҳамроҳи ҷасади шавҳараш месӯзонад; сеҳра – тоҷе аз тилло ва ҷавоҳирот, ки дар ҷашни арӯсӣ (дар Ҳиндустон) ба сари арӯсу домод мегузоранд; чавпар – навъе аз бозӣ дар Ҳинд аз қабили нард бо муҳраҳои рангоранг; чавтара – ду суфачаи яккасаи рӯ ба рӯ дар паҳлуи дарвоза; чандан/чандал – дарахти ҳамешасабзе, ки дар минтақаҳои гарм мерӯяд; чӯби он хушбӯст ва хосияти давоӣ дорад; чатр – соябон; шамсия, махсусан соябоне, ки бар болои сари подшоҳон афрохта мешуд; чепол – подшоҳи Лоҳур; подшоҳ (бештар доир ба Ҳинд ва Чин); чит – як навъ газвори гулдори ресмонӣ, митқол; чов – пули коғазӣ; човала – навъе аз гули садбарги сурхи хушранг; шора – 1. дастори бузурги нафис ва мунаққаши ҳиндӣ. 2. чодире, ки занони ҳиндӣ ба таври махсус мепӯшанд, сорӣ.

Худоёрзода РАҶАБАЛӢ, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь