Бузургтарин моҳи сол, ки баракоту раҳмат ва аҷру подоши азимеро бо худ овард, ҳамакнун, ба оҳистагӣ рахти сафар мебандад. Шубҳае нест, ки моҳи муборак мавсими ҳосилғундорӣ буда, афроди оқилу заковатманд ва маънифаҳм фурсатро ғанимат шуморида, бо қудуми он дар такопӯ меоянд ва аз хазинаи маънавии он то ҳадди имкону тавон, баҳри ҳаёти маънавии дунявию ухравии хеш ғизои муносиб ба захира мебаранд.

 

Рамазон иборат аз се даҳа буда, дарвоқеъ сарнавишти инсони муъминро рақам мезанад. Раҳмат, мағфират ва озодӣ. Чӣ истилоҳоти зебову гушнавоз ва умедворкунандае барои афроди муъмину мусалмонанд. Раҳмату мағфирати Худованд ва озод намуданаш муъминро аз оташи ҷаҳаннам, яъне ҳаёти саодатманди дунёву уқбои инсони мусалмон аст, ки барояш аз ин неъмати азим ва пирӯзии ҳақиқӣ буда наметавонад. Ин ҳама музаффарият баҳри ононест, ки моҳият ва вежагии даҳаҳои пурхайри Рамазонро дарк кардаанд ва онҳоро бахубӣ мавриди истифода қарор додаанд. Акнун дар лобалои мо як даҳаи дигар, яъне даҳаи озодӣ аз оташи ҷаҳаннам боқӣ мондаасту бас. Ононе, ки бо асбоби мухталиф фурсатро ғанимат нашуморидаанд, ҳоло вақт доранд, ки дар даҳрӯзаи азим, азми қавӣ намуда, нафсҳои хешро пок созанд ва бо ин васила ҷони худро аз нори сӯзон дар амон нигоҳ доранд. Ҳабиби дилҳо, Муҳаммади Мустафо (с) ин моҳият ва вежагиҳоро аз ҳамагон дида жарфтару дақиқтар дарк мекард, ки фармуд: “Ҳарки бо омадани Рамазон хушҳол гардида, бо рафтанаш ғамгин шавад, бегумон дохил гардиданаш ба боғҳои биҳишт воҷиб ва зарур мегардад”. Ибораҳои кӯтоҳест аз забони зоти нуктасанҷ, ки дар худ ҳазорон маъниро ҷой медиҳанд. Ҳақиқати сухан он нест, ки фарде бо омадани моҳи муборак зоҳиран табассуме бар лаб дошта бошаду бо рафтанаш чеҳраи ғамгин ва амалан дастуроти қонунгузорро дар баробари ин моҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳад. Ва ё ин ки дар Рамазон ба худ қабои исломӣ пӯшонад ва бо гузашти он ба кирдору аъмоли ношоистаи худ баргардад. Моҳият ин аст, ки инсон худро дар дорулфунини бузурге бо исми Рамазон тамрину тарбият намояд ва дар тӯли сол он аъмолу ахлоқи накӯро идома бахшад. Худованд (ҷ) аз тамоми акнофи олам интихобан Маккаро макони байтулҳаром қарор дода, Рамазонро дар миёни моҳҳои сол бузургтарин моҳ баргузид, даҳ рӯзи ахири онро афзалатар ва шаби қадрро аз дигар рӯзҳои Рамазон пурфазилаттар гардонид. Яъне бузургтарин рӯзҳои моҳи Рамазон дар пеш истодаанд ва ҳамагон фурсат доранд, то он рӯзҳоро мавриди истифодаи дуруст қарор бидиҳанд.

 

ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ ОХИР

Мусаллам аст, ки даҳаи охири Рамазон бузургтарин рӯзҳо ва муборактарин шабҳои сол ба ҳисоб мераванд. Расули Худо (с) дар даҳ рӯзи ахири Рамазон чунон амал мекарданд, ки дар ғайри он намекарданд. Аз ин лиҳоз аз Паёмбар (с) ба мо ҳадяҳое вобаста ба даҳаи охир мерос мондаанд, ки ҳар мусалмон метавонад аз онҳо пайравӣ намояд.

Ҳадяи якум. Ҳазрати Оиша (р) чунин хабар медиҳад: “Расули Худо (с) чунонки дар даҳаи охири Рамазон дар ибодат ҷаҳду талош меварзид, дар рӯзҳои дигар ба он андоза талош намекард” (Ривояти Имом Муслим). Яъне Расули Худо (с) дар даҳаи охир дар ибодот ва аъмоли хайр бештар талош мекард, ки аз он қабил шабзиндадорию дуо, намози бисёр, истиғфор ва ғайра буд.

Ҳадяи дуюм. Дигар ҳадяи Расули Худо (с) дар даҳаи ахир ин буд, ки аҳли оилаи худро низ барои ибодат аз хоб бедор мекард. Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд: “Вақто даҳаи охири Рамазон дохил мешуд, Расули Худо (с) бедорхобӣ мекард, ҳамчунон аҳли оилаи худро бедор менамуд, дар ибодот ҷаҳди сахт намуда, баҳри он камари худро маҳкам мебастанд” (Ҳадиси Муттафақун алайҳ аст).  Яке аз маъниҳои “камари худро мебаст”, ин аст, ки ӯ дар даҳаи охир аз ҳамсарони хеш дурӣ меҷӯст, ҳамхоба намешуд, ки ин танҳо ба хотири бештар анҷом додани ибодат буд. Дар ривоёт омадааст, ки Паёмбари Худо (с) шабонгоҳ дари Фотима ва Алиро мекӯбид ва мегуфт “Оё шумо аз хоб намехезед, то намоз гузоред?” (Ҳадиси муттафақуналайҳ аст).

Ҳадяи сеюм. Расули Худо (с) дар даҳаи охир эътикоф менишаст. Ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунад, ки “Расули Худо (с) ҳар Рамазон даҳ рӯз эътикоф менишастанд ва соле, ки руҳашон қабз гардид, бист рӯз эътикоф нишаста буданд” (Ривояти Имом Бухорӣ). Эътикоф яъне даҳ рӯзи ахири Рамазон дар масҷид нишаста, ба ибодату зикр машғул гардидан аст. Дар он асно сухани беҳудаву лағв гуфтан, беузр аз масҷид берун шудан ва бо ҳамсар наздикӣ кардан мамнуъ мебошад. Бояд гуфт, ки агар касе имконияти даҳ рӯз нишастанро надошта бошад, ҳадди ақал бо як ва ё нисфи рӯз метавонад эътикоф нишинад ва аз хайру баракати он баҳравар гардад.

Ҳадяи чорум. Паёмбари Худо (с) дар даҳаи охир шаби қадрро, ки дар яке аз он рӯзҳо нуҳуфтааст, ҷустуҷӯ мекард ва онро бо шавқу завқи том интизорӣ мекашид.

 

ВИЖАГИҲОИ ШАБИ ҚАДР

Худованд ин шабро ба хотири қадру манзлат ва шарофату кароматаш “Қадр” унвон карда, ба он хусусиятҳову вижагиҳои зиёде додааст, ки аз ҷумла инҳо мебошанд:

  1. Қуръони карим дар ин шаб нозил гардидааст. Китобе, ки ҳидоятгар ва роҳнамои башарият буда, ҳаёти босаодати дунявию ухравии инсоният батамом ба он рабт дорад. “Мо Қуръонро дар шаби қадр фуруд овардем” (Қадр, 1);
  2. Худованд ин шабро васф кардааст, ки вай беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Яъне бештар аз ҳаштод сол. “Шаби қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст” (Қадр, 2);
  3. Худованд васф кардааст, ки ин шаб муборак, яъне пурбаракату пурхайр аст. “Мо Қуръонро дар шаби муборак фуруд овардем” (Духон, 3);
  4. Дар ин шаб малоик ва дар раъси эшон малоикаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил ба хотири хайру баракати зиёдаш ба осмони дунё фуруд меоянд. “Малоикаҳо ва Ҷабраил дар он шаб фуруд меоянд” (Қадр, 4);
  5. Худованд онро бо “салом” васф намудааст. Яъне шаби амну солим аст, ки дар он шайтон наметавонад амали бад анҷом диҳад ва ба касе азият расонад. Ҳамчунон барои муъминон шаби бехавф мебошад, чун дар он шаб фавҷ-фавҷ мардумон аз оташи ҷаҳаннам озод мегарданд ва аз азоби он дар амон мемонанд. “Ин шаб то тулӯи фаҷр дар амон аст” (Қадр,5);
  6. Худованд дар васфи шаби қадр фармудааст: “Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад” (Духон,4). Яъне мустақиман аз Лавҳумаҳфуз ба котибон амр гардидааст ва тамоми тақдирот, аз қабили ризқ, аҷал, некию бадии бандагон ва ғайра дар ҳамин шаб китобат мегардад. “…ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат”, яъне амрҳову фармонҳои маҳкаму устувори Худованд, ки дар онҳо хатову саҳв ва ҳеҷ камбудӣ дида намешавад, дар ин шаб ҳаллу фасл мегардад;
  7. Дар ҳадисе Паёмбар (с) фармудааст: “Ҳарки шаби қадрро аз рӯи имон ва талаби савоб барпо дорад, гуноҳони гузаштааш мағфират карда мешаванд” (Ҳадиси муттафақуналайҳ). Яъне ваъдаи савобу подоши Худоро тасдиқ кунад, ба он боварии том дошта бошад. Ҳамчунон, аз қиёмаш талаби аҷру савод дошта бошад, на мақсадҳову ҳадафҳои дигар, аз қабили риёкориву худнамоӣ;
  8. Худованд вобаста ба шаби қадр дар Қуръони карим сураи комиле нозил намудааст, ки то барпо гардидани рӯзи қиёмат хонда мешавад. Ин худ аз ҷумлаи фазоили ин шаб мебошад.

Умуман ҳар нафаре, ки мехоҳад худро аз оташи ҷаҳаннам озод кунад ва аҷру подоши зиёд ба даст орад, пас талош варзад, то даҳаи ахирро, ки “Қадр” дар яке аз шабҳои он аст, аз даст надиҳад. Қиёми лайл ва қироати Қуръон аз бузургтарин амалҳоест, ки дар даҳ рӯзи ахир, махсусан шаби қадр анҷом дода мешаванд. Ҳамчунон зикри бисёр ва дуои сидқан аз Худо аз амалҳои накӯ ба шумор мераванд. Боре ҳазрати Оиша (р) аз Расули Худо (с) пурсиданд, ки бузургтарин сухане, ки дар шаби қадр гуфта мешавад, кадом аст? Расули Худо (с) фармуданд: “Бор Худоё, ту бахшандаву бокарам ҳастӣ, бахшиданро дӯст медорӣ, пас маро бубахш”. Ин аст беҳтарин дуое, ки дар шаби қадр ба касрат гуфта мешавад.

 

НАЗМ ДАР ВАСФИ РАМАЗОН

 Моҳи Қуръон

 Моҳи алтофи Карим аст, ту фурсат бишумор,

Сафҳа покиза кун, онгаҳ ба малоик бисупор.

Моҳи хатм аст, кӯшо дафтари Мусҳаф имрӯз,

Баҳри роҳи сафарат, тӯша бигир ин шабу рӯз.

Доғи исёну хато тоза бишӯ дар ин моҳ,

Саҷда аз сидқ намо, то бирасӣ иззату ҷоҳ.

Солико аз чамани рӯза гуле бо худ бар,

Роҳати ҷисм бимон, баҳри шабонрӯзи дигар.

Нафси аммора шикан, пок намо синаи худ,

Хоки даргоҳ бикун, сурма ту бар дидаи худ.

 ***

 Бас чи зебо моҳ ҳастӣ, моҳи хилват бо Худо,

Моҳи зикру моҳи савму моҳи хавфу ҳам раҷо.

Моҳи раҳмат, моҳи шафқат, моҳи аҷзу илтиҷо,

Моҳи бахшиш, моиҳи авфу моҳи хайру ҳам сахо.

Моҳи Қуръон, моҳи эҳсон, моҳи тақвову ризо,

Моҳи анҷоми маҳосин, моҳи гаштан аз хато.

 

Хайруллоҳи АКОБИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь