Ҷӯрабек Муродов шогирдон ва пайравони зиёд дорад. Бисёре аз онҳо ҳар кадом ба воя ва ҳадди устодӣ расида, мактабу шогирди худро оростанд. Аммо ҳеч кадоми онҳо ба сатҳи Ҷӯрабек Муродов нарасиданд. Ҳеч кадоми онҳо Ҷӯрабек Муродов нашуданд. Дар санъати суруди миллии мо дар асри ХХ ва то имрӯзи асри ХХ1 дигар ин навъ овоз, оҳанг, матн ва намо пайдо нашуд. На аз байни шогирдону пайравон, на аз намояндагони мактабҳои дигар.

Вай маҳз барои шеърро суруд кардан, шоирро ба дилу дида наздик кардан, норро нур кардан, гулро гулистон кардан, чашмаро дарё кардан ба дунё омадааст. Ҳеч шоире нест, ки пас аз оҳанг гирифтани назмаш аз ҷониби Ҷӯрабек таъсири суханаш болотар, волотар, хонотар нашуда бошад.

Ҳофизу Бедил, Камолу Туғрал, Турсунзодаву Лоиқ бо овози ин андалеб ба бустони ҳаёти ҳар дилдору дилдода боз ҳам наздиктар шуданд. Шеърҳои сиёсӣ масалан, “Комсомол” ва ” Бетараф”, шеъри миллӣ, масалан, “Забонгумкарда”, “Тоҷик ва ё форс ва ё аҳли дарӣ”, панд- “Модар”, “Одамгарӣ” дар лаҳни ӯ ба ишқ табдил ёфтаанд, ишқи Ватан, миллат, волидайн – ишқи инсонӣ. Сурудҳои ӯ маънои дар шеър нохонда, надида, нашинохтаи моро падид меоранд. Вақте “Ало шодоб соҳилҳо” бо навои Ҷӯрабек ҷӯр шуда, садо дод, мухлисони Лоиқ худро гум карданд. Ин маъно, ин тапиши қалб, ин зиндагиномаро дар худи шеър камтар эҳсос карда буданд. Шояд овоз, шояд матн, шояд мусиқӣ ва шояд сарнавишти ин мутриб онро пуртароваттар кард. “Заминҳои шодоб ҳам лабташна мешаванд”, имрӯзу фардо ҳам ба дирӯз табдил меёбанд, шаҳомат ҳам ба охир мерасад. Ҳангоми қироати шеър на ҳар хонанда аҷаб нест, ки ба умқи ин суханҳо расида бошад, аммо ҳангоми сароидани Ҷӯрабек ин маънои фалсафӣ, инсонӣ бармало ба гӯшу ҳуши ҳар кас мерасад.

Суруди Ҷӯрабек Муродов “Ало шодоб соҳилҳо” як зебоӣ, биноӣ, дилдориеро, ки байни шеър ва суруд баста асту аз назарҳо аксаран пӯшида аст, рӯшан кард. Шеър нозуктарин риштаи дил аст, аз он танҳо зебоӣ гузарон асту бас. Аммо шеър ба ҳар ҳол риштае аст. Вале суруд парда аст. Пардаи шаффоф мисли пардаи нур. Аз он ҳеч чиз намегузарад. Ҳар чизе, ки дар он аст, инъикос меёбад, зеро шеър танҳо сухан бошад, суруд сухани бо мусиқӣ ороста ва бо овоз пероста аст. Шеър ишорае аст ба зебоӣ, суруд худи зебоист. Шеърро гоҳе надидан ва нашунидан мумкин. Аммо сурудро ҳатман мебинӣ ва мешунавӣ. Барои дарки шеър савод даркор, барои дарки суруд танҳо дил кофист. Шеърро сад кас, ҳазор кас азбар мекунад, сурудро ҳазор кас, миллионҳо нафар замзама мекунанд. Шояд сухани Амир Хусрав “Илми мусиқӣ аз илми назм накӯтар бувад” ин маъноро низ ба худ дорад.

Дар суруд “аранжировка” низ муҳим аст. Кадом сози мусиқӣ дар кадом ҳолат садо медиҳад. Барои ифодаи ғам, шодӣ, дард, роҳат, гиря, ханда, барои ҳар кадом ҳолат зарби хосе, шакли хоси сози мусиқӣ гирифта мешавад. Ба сурудаҳои Ҷӯрабек Муродов диққат диҳед, ин ҳамаро ошкор эҳсос менамоед.

Дар суруд он ҳол муҳим аст, ки овози бисёру овози танҳо чӣ ва кай даркор аст, бо инҳо чиро ифода кардан мумкин аст. Ва дар суруди ба он шеъри Лоиқ асосбаста инро равшан мебинем. Онро се нафар мехонанд, се овози зебо ва ҳар кадом ҳамдигарро пурратар мекунанд. Ва аммо шоҳмисраъҳои суруд, ки такроршаванда ҳастанд:

Ало шодоб соҳилҳо,

Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз,

Ки рӯзе хушк хоҳад шуд,

Ало зебои маҳфилҳо,

Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,

Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд.

дар садову пардаи овози Ҷурабек  аҷаб ҷолиб шунида ва шинохта мешаванд, лаҳни хос дорад, ҳамаро ба худ мекашад, бедору ҳушёр мекунад ва ба фикр мебарад. Маҳз он ки ин суханҳо аз забони Ҷӯрабек сарояндаи шириниву талхии рӯзгорро зиёддида, азизи ҳар хонадони халқи тоҷик садо медиҳанд ва ӯ гӯё дарди худу дарди Лоиқ, дарди онҳоеро мегӯяд, ки “наёби шодмона” садо медиҳанд, бо мусуқии хеле ва хеле часпон зеб меёбанд, ба кас таъсири зиёдтаре мерасонанд. Ин банд барои фаҳмидани “раҳкушои аввалин”, “дӯш”, шудани “фардо”, дер шудани “навбати базми муҳаббат” ёрӣ медиҳад. Шунавандаро барои донистани қадри одаму қадри зиндагӣ ҳидоят мекунад.

Ҷӯрабек муаллифи аксари сурудҳояш аст: сарояндаи оҳангсоз аст. Оҳангҳояш зарби ранг ба ранг доранд. Гаҳе ором, гаҳе шӯх, гаҳе нарм, гаҳе фарёди нафасдор, гаҳе пора-пора, гаҳе яклухт. Гумон мекунам даҳҳо сабки сарояндагӣ дар эҷоди ӯ гирд омадаанд. Аммо ҳақиқат дигар аст: ҳамаи ин равияҳо дар якҷоягӣ як сабкро ифода мекунанд-сабки Ҷӯрабек. Биноан, мухлисонаш аз аккордҳои аввал “Қуи зебо”, “Падар розӣ, Худо розӣ”, “Дили модар”, “Зулайхо”, “Шишта будам ними шаб, ки”, “Одамгарӣ” мешиносанд, ки ин овози Ҷӯрабек буд.

Дар сурудҳои устод Ҷӯрабек Муродов “фарёд”-ро зиёд дида ва шунидаам, аз ҷумла дар сурудаҳои мисли “Қуи зебо”, “Гиря”. Аммо фарёди ӯ ба фарёди фалаксароӣ монанд нест. Фалак гиря дар овоз аст, аммо фарёди Ҷӯрабек сӯзи ҷигар аст, овоз, дил ва рӯҳ менолад. “Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд” матни устоди бузурги шеър Мирзо Турсунзодаро месароиду ва аз чеҳрааш, дидааш, обшавии дилро медидем, ғарқобшудани манзилро мушоҳида мекардем. Аммо ин фарёд қадам ба қадам моро бо умед, ба соҳили зиндагӣ, ба рӯзи нек ҳидоят мекунад: “Намурдам, зистам ман, фарзанди хурдамро калон кардам” ва мо ҳангоми сурудхонӣ тасаввур мекунем, ки чигуна ашки марҷоншударо бар гардани арӯс овезон мекунад ва чун модарон бо ашки шашқатори шодӣ дасти дуо мекушояд. Аз зиндадилӣ, аз рӯзи нек пардаи овоз шира мегирад, садо кушода мешавад ва ба дили шунаванда ҳавои тоза мерасад.

Аммо фарёди дар қиссаи марги Қу дигар аст, дард аст. Барои ҳамин оҳанг чунон печон , чунон дарднок, ки гӯё дар гирдоби оби тунд тоб мехӯрад, оҳанг мисли кӯи зебо, ки охирин ҷойи зиндагӣ мекобад, барои ҷон супурдан манзили раво меҷӯяд, гаҳе боло рӯйи мавҷи дарё мебарояд ва гаҳе дар қаъри об руст мешавад ва ашки ғамро мефишорад. Ва ин дар оҳанг, дар овози хастанамои ҳофиз, лафзи пурдарди ҳофиз, садои пуралами нохуни танбур возеҳ шунида не, дида мешавад.

Шаби марг танҳо нишинад ба мавҷе,

Равад гӯшаи дуру танҳо бимирад.

Ишқ, фарзанд, зиндагӣ ҳама ба ду мавзӯи дигари сурудаҳои Ҷӯрабек Муродов – Ватан ва миллат баста мешаванд. Бе ҳам онҳо танҳову хор, бо ҳам онҳо умеду нур мегарданд. Садои саодатнокаш ифтихорро месарояд: “Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту”. Бале, сарбаланд аст он фарзанде, ки дар дуриҳо ҳам, дар бегонагиҳо ҳам Ватану миллаташ бо ӯ ёру мададгор аст.

“Дӯстонро гум макун, дӯстони муҳрубонро, беҳ зи ҷонро гум макун”- месарояд ӯ ва муътақид аст, ба самимияти устоди сухан, Турсунзода ва содиқ аст бо он чӣ месарояд.

Аммо магар фалак ӯро санҷидан мехоҳад, мисле, ки Парвардигор садоқати Аюбро санҷида буд. Чӣ кинаҳое, хандаҳое, хиёнатҳое болои сари ин муғаннии ғиноватбаш рехтанд. Ӯ кинаи сиёсатмадорон ва дар ин замина гурезу тамасхӯри баъзе ҳамкасбон ва ҳатто канорагирии иддае аз шогирдонро дид. Консертеро ёд дорам, ки режиссёр ӯро ба саҳна баровард, аммо имкони суруд хондан надод, гӯё шогирди мактаби мусиқиро барои пур кардани саҳна бароварда бошад. Такабурҳое ба чашм мерасиданд, ки барои шикастану поймолкардан, дилпораву безабон кардани вай буданд. Сахттарини чунин таъзиқҳо аз саҳнаи санъат, аз ҷумла телевизион танг кардани вай-бузургтарин, баркамолтарин сарояндаи сурудҳои миллии мардуми тоҷик-Ҳунарпешаи халқии СССР буд. Мо дигар чунин сарояндаи ин гуна овоздору унвондор надоштему надорему нахоҳем дошт. Онҳое, ки Ҷӯрабек Муродовро аз саҳнаи эстрадаву пардаи телевизион маҳрум кардан мехостанд, ғофил буданд, ки миллионҳо нафар мухлисони санъати миллии сарояндагии тоҷиконаро дар саросари ҷаҳон-Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Исроил, Эрон, Қирғизистон, Амрико аз ширадортарин овози суруди тоҷикии асри ХХ1 маҳрум карданиянд. Ё касе аз сарояндагони муосири суруди миллӣ ба пояи вай наздик буд? Гумон намекунам.

Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ,

Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ.

Замоне буд, ки ӯ хонашин, мисли узлатнишинҳо шуд,  бо касе сӯҳбат кардан душворӣ меовард. Қоматаш хам, нишоташ ғам мешуд, хурданиаш алам буд. Ба ёдаш Ҳаким Карим мерасид: “Замоне буд, ки ману ту қаҳрӣ будем, Туро на тоб доштаму на тоқат”.

Дар он замон дар эҷоди ӯ оҳангҳои “вазнини” классикӣ ё пайравӣ ба он зиёдтар шуданд. Ӯ аслан классикхон аст, “Шашмақом” дон аст. Ғазалҳо ва оҳангҳоеро дар паи Хоҷӣ Абдулазиз, Содирхон, Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Фазлиддин Шаҳобов,, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов ва Аҳмад Бобоқулов месарояд. Натанҳо “Ушшоқи Самарқанд”-у “Қалъабандӣ”-ҳоро хондааст, балки якҷо бо Лоиқ “Ушшоқи Душанбе”-ро эҷод кард ва он саҳнагир шуд, саҳнаро пур кард. Бо танбӯрчаи хушсадо танҳо рӯйи саҳна нишаста, гӯё ба дил нохун мезада бошад, гулпардаи онро ба нолиш меоварад ва аз Худову Расул, авлиёву анбиё ёд мекунад. Ин навъ сурудҳо нолаи танҳоӣ, нолаи ҳиҷрон буданд ва рӯҳи илоҳӣ доштанд. Сурудҳои олӣ буданд, аммо чаро бошад, ки дилам намехост Ҷӯрабек Муродов чунин мавзӯъҳоро сарояд. Ин мавзӯҳо сарояндагони худро доранд, мавзӯъҳои Ҷӯрабек дигаранд. Аммо дар он солҳо мехонд, шояд ифодагари рӯҳу кайфияти он солҳои доштааш буданд, шояд синну сол инро ҳам тақозо мекард ва ё аҷаб не, барои калонсолон ба ин васила кайфияте бахшидан мехост.

Аҷиб аст, ба ин ҳофиз Парвардигор чунон садое ва чунон симое додааст, ки ҳар навъ сурудро ҳам шӯх, ҳам маҳзун, ҳам маънои дунявӣ, ҳам маънои ухравӣ, ҳам барои сулҳ, ҳам барои рӯзи ғам шаффофу тоза мехонад ва шунавандаро ба эҳсоси худ фаро мегирад. “маҷбур” месозад, ки ба вай ҳамовоз шавад ё таҳти садои вай мавҷ занад, ё таҳти навои вай печ хӯрда, арғушт равад. Сурудҳои зарби классикии онро ман аввалин бор дар спектакли “Ҳофизнома”-и Маҳмудҷон Воҳидов дарёфта будам. Вақте, ки дар оҳанги Дамир Дӯстмуҳаммадов ғазали Ҳофиз “Муғаннӣ”-ро месароид. Дар ҳама вақт Ҷӯрабек тавассути ҷустуҷӯ, тавассути омӯзиш ҳунари худро ғанӣ мекард. Ёд дорам баҳори соли 1968 дар як консерти наврӯзии Ансанбли “Наврӯз”-и УДТ баранда эълон кард: Сарояндаи суруд Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, донишҷӯйи факултаи шарқшиносии ДДТ Ҷӯрабек Муродов.

Ва ӯ бо чеҳраи пур аз малоҳат дар даст тор ба саҳна баромад ва таъзими самимонае ба ҳозирин кард. Аксарият медонистанд, ки Ҷӯрабек маълумоти олӣ дорад- Донишгоҳи омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст, аммо барои боз ҳам беҳтар шинохтани шеър, барои ёфтани рукну зарби шеър, барои ёфтани ҳиҷои дарозу кӯтоҳ, ки бастагӣ ба дарси назмшиносӣ ва хати арабӣ доранд, аз устодони шеър ва санъати шоирӣ чизи дигаре омӯхтан хостааст. Ӯ аз дигарон бисёр меомӯхт, барои ҳамин ҳам дигарон низ аз вай меомӯзанд. Яке аз олитарин шашмақомхонҳои охири асри 20 Барно Исҳоқова ӯро “тоҷи миллат” гуфтааст ва тақрибан 40 сол пеш вақте ба ӯ унвони “Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ” доданд, яке аз шогирдони классикхонаш Давлатманд Холов дар васфи “Зебоии овози Ҷӯрабек” суруди дилкаше сароид.

Шояд ҳамин чиз аст, ки вуҷуди ин сароянда хира намешавад.

Як пораи равшание, ки шояд тавассути шеър, шояд ба василаи мусиқӣ ё шояд ба шарофати овозаш дар вуҷудаш боқӣ монда буд, якбора дурахшид, шӯъла зад. Ба худ гуфт: Ман сарояндаам, ба одамон қуввату боварӣ ва умеди зиндагӣ медиҳам. Чаро санъатамро пушти по занам. Чаро аз гирдоби ҳаводис худро наҷот надиҳам. Агар худро наёбам, пас ман ҳеч касам, арзишам арзанвор ҳам нест.

Ӯ рӯбоб ба даст гирифт. Тор акнун нола намекард, сурур додан мехост. Қоматаш боз рост мешуд, чун сарв, чун ар-ар. Овозаш боз шевотар мешуд, чун садои булбул гулро бедор мекард. Гӯё ҷавонтар мешуд. Муҳити мухлисонаш фарохтар, доманадортар мешуд, берун аз Тоҷикистон ҳам, берун аз хоки собиқ шӯравӣ ҳам ҳазорҳо мухлис сӯяш бо меҳр менигарист. Ба ин, аз ҷумла ҳамватанони собиқ – яҳудиҳо, ки ҳамроҳ санъати миллии моро инкишоф медоданд, боис мешуданд, зеро онҳо ба қадри ин ҳунару ин овоз ва ин матн мерасиданд. Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Барис Наматиев, Малика Қаландарова барои овоз, барои санъат, ҳунар, миллати тоҷик оғӯши меҳрро боз намуданд. Як замон Ҷӯрабек дар саҳнаҳои консертии минтақаи яҳудинишини ИМА ва Исроил меҳмони доимӣ шуд. Ӯ ва устодону шогирдони дар ин ҷойҳо маскангирифтааш саҳнаи тараби тоҷикиро гул карданд. Ман гумон мекунам ба ин васила Ҷӯрабек Муродов дар ташаккули театри яҳудиёни бухории Исроил ҳам нақши барозандае дорад.

Ҷӯрабекро дар саросари Ӯзбекистони бародарӣ ҳам бо меҳру муҳаббат истиқбол мекарданд. Натанҳо тоҷикони ин кишвар, балки ҳамаи мардуми дигари Ӯзбекистон ҳам ба овозу суруди вай дилдода буданд. Зеро суруди воқеан миллии тоҷикиву ӯзбекӣ дар кишварҳои мо қадру қабули баробар доранд. Дар Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраеву Юлдуз Усмонова низ чунин қадр мешаванд.

Гарчи дар саҳнаи расмии Тоҷикистон ҷои Ҷӯрабек тангтар, нонамоёнтар мешуд, телевизиони тоҷик ба ин овоз камтар таваҷҷуҳ мекард, ё зарурат ба ин овозу ин зарби мусиқӣ намонда буд, ё овози беҳтару мусиқии шевотаре ба миён омад, ё завқи мусиқии миллӣ тағйир меёфт, аммо дар муҳити халқ эътибораш меафзуд, овозашро ёд мекарданд, хумораш мегирифт. Худаш ҳам эҳёашро ба ин вобаста медонад. “Эҳтироми мухлисон, интизории мухлисон ва суроғи мухлисон ба ман қувват дод, маро ба худ овард.”-гуфта буд дар як консерташ.

Беҳтарин суру маҳфилҳо бо ҳунари вай ороста мешуданд. Ҷӯрабек ба лутфе, ки соҳиби сур мекард, камтар эҳтиёҷ дошт. Аммо муҳити мухлисонашро дар он ҷой, ёд мекард. Саҳнааш оммавитар, халқитар, озодтар, беғаразтар шуда буд. Сонӣ интернет пайдо шуд, Ҷӯрабек тавассути он ба хонаи ҳар тоҷики худшинос, сарфи назар ба он, ки дар куҷо умр ба сар  мебаранд дар Ватан ё хориҷи он, раҳ ёфт. Ҳоло тоҷикон нафақат дар Тоҷикистону дигар давлатҳои Осиёи Миёна, балки дар Афғонистону Эрону Русия, дар Аврупою Амрико ва Осиёи ғайриисломӣ ҳам муқим шудаанд ва кору зиндагӣ мекунанд. Парокандагӣ дар дунё решаҳои аҷдодии тоҷиконро бедортар ва қавитар мекунад. Дар он ҷо афғониву эронӣ, тоҷикистониву самарқадиву бухороӣ ва дигару дигар решаи ватании мо не, балки худи калимаи тоҷик истифода мешавад. Ин мардум, хурду калон, зану мард, дар хона, дар ҷои кор, дар тарабхонаҳо, дар мошин садои ӯро бо кайфият мешунаванд ва худашро тавассути интернет (сайтҳо) тамошо мекунанд.

Консерташро дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ёд дорам, ки курсиҳои иловагӣ бештар аз садто, тамошобинони бапойистода ҳамчунин, қариб чор соат тамошо карданд. Консерти ҷашниашро ёд меорам, ки бо сабаби банд будани Кохи Борбад дар толори аз бинанда лабрези Филармонияи давлатии Тоҷикистон қариб бе декоратсия баргузор шуду ҳунарпеша ба ҳамин ҳам шукрашро гуфта, шӯхӣ ҳам кард “то 90 солагиам месароям”. Иллоҳо Худованд онро мустаҷоб карда бошад.

Ҷӯрабек Муродов санъати касбии моро бо оҳанги миллӣ ва анъанаи миллӣ ғанӣ гардонд. Ҳамин сабаб буд, ки устоди бузург Мирзо Турсунзода дар муҳимтарин сафарҳояшон дар миллитарин маҳфилҳои фарҳангии ҷаҳонӣ Ҷӯрабекро ҳамроҳ мегирифтанд. Дуруст мегуфтаанд, ки “қадри зарро заргар медонад”. Он заргари мумтози ҳаёти маънавии тоҷик барои Ҷӯрабек устод ва такягоҳи асил буданд. Ӯро чун сарояндаи миллӣ сайқал дода, ба камол расониданд. Натанҳо вайро, балки дигар эҷодкорони ҳақиқии ҷавонро ҳам сарпараст шуданд. Афсӯс, ки муҳити маънавии Тоҷикистони имрӯза дигар мисли М. Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров такягоҳ ва тарбиятгар надорад.

Бояд Ҷӯрабек Муродов имрӯз ба пояи чунин тарбиятгарон мебуду ҳар он чи аз он бузургон гирифтааст, ба насли нав бозмедод. Дар ин аст, анъанаи зиндагӣ ва давоми умр… Зеро дар таронаҳои вай сурудҳои халқӣ, навои “Шашмақом” ва равияҳои дигари классикӣ, асари оҳангсозони касбӣ ҳама дар якҷоягӣ як наво- навои миллиро ба миён овард, ки барои ҷавонони саросари Тоҷикистон баробар азиз садо медиҳанд. Мактаби вай танҳо мактаби касбии мусиқӣ не, балки мактаби инсонӣ, миллӣ ва тамаддунсоз ҳам ҳаст. Инро дигарон ҳам бояд биомӯзанд. Як ҳамватани собиқамон унвони “Артисти халқии СССР”-ро артисти халқии тамоми ҷаҳон мегуфт. Ҷӯрабек Муродов артисти халқии тамоми ҷаҳони тоҷикнишин, тоҷикзабон барои тамоми давру замони минбаъда аст.

Иброҳим Усмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь