Зиндагии мардумони дилсафеди озода ва озодандеш «марг»-и наҳси каҷдилон дар рӯи олам аст. Чун инсони соддадил гоҳо дар доми фиреб меафтад, аммо тез худро дар оламе, ки зиндагӣ менамояд, дармеёбад. Вай сарлашкаре надораду доштан низ намехоҳад, чун дар зиндагӣ сардафтар дорад ва ин сардафтар андеша ва қалами ӯст. Ҳамин сардафтар, андешаву сухан доштан аст, ки аҳли ин ҷода аз миллион сари дигар, ки ба кореву амале қодир нест, боло ҳастанд. 

Устод Қироншоҳи Шарифзода ҳар гоҳе бо шумо вомехӯранд, ба забони тоҷикӣ «дуруд бар шумо, бобо» мегӯянд. Ба устод «дуруд» мегӯем. Танҳо инсонҳои донандаи таъриху тамаддуни ин миллати куҳанбунёд аз чунин усули саломдиҳӣ истифода менамоянд, ки яке аз онҳо устод Қироншоҳ аст. Дарёдилест, ҳарчанд мо дар зиндагӣ дарёдилони бисёр дидаем, аммо дарёдилии вай фарқ дорад ва аз он самимият ҷӯш мезанад, ки ин самимият на дар ҳамаи мо вуҷуд дорад ва ин самимияти вай низ меросист, ки аз «аналҳақ»-и Мансур сарчашма мегирад, ки ба он на ҳама дорост. Ин «аналҳақ» танҳо аналҳақи худи ӯ нест, балки он ба миллат ҳамбаста аст. Дар ҷустуҷӯи «аналҳақ» аст, дар домани дарёи андеша аст ва ин дарё дили поку беғубори ӯст.
Медонад, ки боарзиштарин фулуз зар аст, онро аз замин то осмон ситоиш намудаанд, аммо ҳамагон хомӯширо тилло мегӯянд, аммо онро ситоиш наменамоянд ва он хомӯшӣ чаро қимат нашуд ва ё нагашт, варо гоҳо ба андеша меоварад ва ӯ хомӯширо пеша менамояд. Тез дарк менамояд, ки дар ин маҷлиссаро хомӯш будан беҳтар аст, хомӯширо тилло медонад. Дар ин гуна лаҳзаҳо ёди тифлӣ менамояд, на ёди тифлон, ки онон бо вуҷуди бузург будан ҳанӯз тифлона андеша доранд ва тифлона андеша мекунанд, табассуми дардноке менамояд ва ин табассум дардҳои ӯро гӯё мепӯшонад. Ва тафаххуре дар кору амали худ надорад ва он чӣ, ки сомон додааст, ҳанӯз ба назараш то зонуяш нарасидааст, ки ин моро ба андеша меорад, ки нафаре бо ин доштанҳо, ки дигарон надоранд, чаро чунин ба кори худу амали худ баҳо медиҳад. Ва мо ин хомӯширо мебинем ва аксари ононе, ки Қироншоҳро мешиносанд, аз тинат, ҳасту нести вай бохабар ҳастанд, ба хулоса меоянд, ки дар зери ин «хомӯшӣ», ки аз нигоҳҳои пурроз ва пурнукот иборат аст, «қуллаҳои дар зери баҳр ниҳоне» нуҳуфтааст, ки на ҳама онро мебинад ва дарк менамояд. Чун мо ҳамагон имрӯз «донишманд» ҳастем ва ду – се чизакеро аз ин ва ё он ҷояке хондаем ва гумон менамоем, ки аз мо бузургтар дар кулли ҷаҳон нест ва нахоҳад буд. Аммо пас аз чанде буду набуди мо маълум мегардад, ба оби дар ҳован кӯфташуда монанд мегардем, ки ба дарди касе намехӯрад ва як кореву амали нодаркор аст. Ва ин аст, ки устод Қироншоҳ ҳеҷ гоҳе «аз куҳе, ки то зону аст, нафахридааст» ва умедворем, минбаъд ҳам аз ин куҳи то зону нафахрад.
Ва ӯ медонад, ки бо гузашти соле ҷавонӣ инсониятро, ҳатто олами вуҳуш ва набототро ба пирӣ гусел менамояд. Аҷиб ин аст, ки ҳамаи мо бисту чанд сол боз бо гиру мони зиндагӣ овора буда, ҳамагон аз барнову пир бе ҷавонӣ, ҷавониро ҳар сол гусел менамоем, фахр аз он менамоем, ки соле рафт, соле паси сар шуд. Аммо ӯ ба ҳар соли рафта ғамгин мегардад, ки коре нокарда монд, амале иҷро нагашт, чун даъвогар нест, ҳатто аз ҷониби худаш даъвогарӣ наменамояд, аммо аз ин умри рафта, аз он коре, ки иҷро накардааст ва ё дигарон, аз ӯ пешомадагону рафтагон ва имрӯзбудагон иҷро накардаанд, дарун-дарун даъво менамояд ва гоҳо ин даъвоҳои дарунӣ дар навиштаҳои ӯ рӯ мезананд ва хонандаи заккӣ дар зерсатрҳои навиштаҳои устод Қироншо онро дармеёбаду дар мавриди навиштаҳои ӯ андеша менамояд. Осори гаронмояаш – «Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ», «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ», «Мушкилоти озодии сухан», «Озодӣ ва масъулияти сухан», «Бухорои шариф: Назаре пас аз 100 сол», «Газтеа (Рӯзнома – аз таърих, вазифаҳои иҷтимоӣ, таснифот ва сохтори редаксияи он)» андешаву суханҳои мондагоре ҳаст, ки донишманду олими соҳаи журналистика будани устод Шарифзода Қироншоҳро ба ҳамагон бозгӯ менамояд.
Мо шогирдони вай ба ӯ менигарем ва ҳасрати мӯи сиёҳи ӯро мекунем. Дар сапедии мӯи ӯ хирадро мебинем ва хирад ҳамин тур бе омӯзиш ба даст намеояд ва омӯзиш бе хондани қомусҳои иншогашта ва зиндагӣ пешкаш менамуда ба каф наояд ва ба мағз ҷой нагирад. Мӯи сапеди вай авроқи сапед наяст, балки авроқи рангомез аст, ки пур аз гуфтаҳову ногуфтаҳост.
Чун мавҷи дарё дар забон дорад ва шӯри дарё дар дил, дар лабаш дард дорад, аммо ин ба гардишҳои зиндагӣ бастагӣ дорад, ки ӯ тайи ин солҳо ва солҳои пеш, тамоми умри сипаригашта варо ҳамроҳӣ менамуд ва ин розҳои ногуфтаи ӯст, ки ба дарду розҳои соҳили дарё монанд аст, ки онро на ҳама дорад, чун вай бо шиори «бите хӯрам, бизан мурам» умр нагузаронида ва ҳеҷ гоҳе гузарониданӣ нест. Бо чарху дуки аз модарбузург ба модар, аз хару хингили аз падарбузург ба падар монда қонеъ нест, ҳарчанд медонад, ки ин молҳои меросӣ аз они вай аст, ҳамзамон инро низ медонад, ки «чарху дук»-у «хару хингил»-и аз бобоёни дигарон ба онҳое ба мерос монда, ки аз миллати мо нестанд, чархи фалакҳоро гирифта ва мо то ба имрӯз аз «чарху дук»-и аз падарбузург ва модарбузургамон ба мерос монда сухан менамоем ва ифтихор аз он менамоем ва ҷадидие дар худамон намебинем ва аз пайи ҷадид сохтани «чарху дук»-и худ нестем.
Аз инқилобҳо гурез дорад, аммо инқилоби зеҳниро мепарастад, чун худ зеҳнгаро аст, чун дунёдида аст ва соҳибдилу зиндадил аст, аз дилмурдагони давру даҳр дурӣ меҷӯяд, аммо касб ӯро бо онон рӯ ба рӯ менамояд. Зиндагиро фароғати якчанд «мурда» мебинад, ба ҳоли зиндаҳо месӯзад, ки саргардони зиндагианд, хашми худро фурӯрехта менамояд, оташи қалбаш бетоб мегардад, гоҳо дунёро рафта мебинад, аммо худро дар навбати дунё дармеёбад. Бисёр санҷид, дид, дар тарозуи ақл баркашид, таҷриба намуд, ҳеҷ лаъле ба даст наовард ва ҳам ёр ёфт ва боз наёфт, шояд ёр наёфтан тақдири қаламкаши рӯзмарра аст, ки мо низ гирифтори ин «дард»-ем ва ин дард аз устоди мо Қироншоҳ ба мо ба мерос монда.
Зиндагӣ дар воқеъ пурдаҳшату пур аз тӯфон аст ва ӯ низ чун мову шумо аз киштии Ҷам ва баъд аз Ҷам аз киштии Нуҳ бурун омада ва он тӯфон то ҳанӯз ҳам идома дорад, дар қалбҳои мардуми озодидӯсту озодипарвар захмҳо эҷод менамояд. Мебинад нафаронеро, ки соҳиби арзу само ҳастанд, аммо соҳибдил наянд, шукр менамояд, ки чунин нест ва ба ҳоли соҳибҷаҳони беҷаҳон дилаш месӯзад, аммо чорае надорад, чун зиндагиро чунин сохтаанд ва шояд яздон дунёро бо ҳазрати Одаму Ҳаво чунин офарида, ки ин фалсафаи зиндагист, ки ҳанӯз ҳам чун тамаддунҳои гумшуда, боқимондагони воқеии инсоният дар ҷустуҷӯи он ҳастанд ва ӯ низ яке аз онҳост. Муҳимтар аз ҳама вай имрӯз ҳам навҷавони пирдил нест ва будан низ намехоҳад ва бо ҷоми бода аст ва бо мо Ҷоми Ҷам мебардорад ва бода мехӯрад, чун пири ҷавондил аст. Медонад, ки аз рӯди хушкида сад ифтихор намоӣ ҳам, суде нест, чун дар рӯди хушкида ташнагиро натавонӣ шикаст.
Устод Шарифзода Қироншоҳро бо рӯзи мелодашон табрик намуда, ба эшон тансиҳативу хушбахтӣ ва дар корҳои эҷодиашон муваффақиятҳои нав ба навро орзумандем!

Дӯстмуроди БОБО,
Хуршед АТОВУЛЛО,
Беҳрӯзи ШУКРУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь