Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндагоне ҳаст, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дорад. Беш аз сӣ сари сол аст, ки дар фазои ҳунару мусиқии тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Омадани Қурбоналӣ ба саҳнаи ҳунари мусиқии тоҷик, бешак айни муддао буд, ғолибан, мавсуф дар баланд бардоштани мусиқии касбии тоҷик, нақши боризи хешро гузоштааст. Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта, аз ҷумлаи ангуштшумор овозхонҳое буд, ки баробари ба саҳна ворид шудан, соҳиби ному мавқеи хос дар касби худ гардид. Ва то имрӯз ҳамон шуҳрати қаблии худро аз даст надодааст. Зеро дар тӯли зиёда аз сӣ сол ҳамеша дар роҳи эҷод ҷустуҷӯю навгониҳои ҳунарӣ кардаву комёб низ гардидааст. Подоши ҳамаи он заҳматҳо ва фидокориҳо буд, ки то имрӯз мардум санъату ҳунарашро арҷ гузошта, меписанданд. Қурбоналӣ аз наврасии хеш ёд карда, дар ҷое изҳор медорад, ки “чунон ба суруду мусиқӣ рағбат доштам, ки ҳатто ҳангоми дигар дарсҳо, вақте садои баланд шудани созҳои мусиқиро аз синфхонаи фанни мусиқӣ мешунидам, дигар ҳама чизро фаромӯш мекардаму дилам ба он ҷо парвоз мекард”.
Воқеан, дар олами мусиқӣ Қурбоналӣ вижагиҳои хоси ҳунарварӣ дорад, ки танҳо ба худи ӯ хос асту бас, ба ин маъно, ки интихоби матнҳо ва эҷоди оҳангҳои мавсуф аз дигарон тафовути зиёд дорад. Ба аксарияти мухлисон, бештар лаҳни ширадори Қурбоналӣ писанд омадааст, ки ин хусусияти санъаташ ӯро маҳбуб гардондааст. Дар хониш ва оҳангҳои Қурбоналӣ, мардум ширинии зиндагӣ, самимият, ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқатро эҳсос кардаву дарёфтаанд. Ҳар касе, ки дар дунёи эҷодии ин сарояндаи хушилҳон ворид шуда бошад, бетардид аз ҳама гуна тобишҳои ҳунари асил воқиф гардида, аз он лаззат бурдааст. Ин андешаи мо дар баробари ҳунари ин сароянда, муболиғаву муҳобот нест, зеро бо бисёр мухлисон ва ҳаводорони ҳунараш вохӯрдаем, аксар аз санъати суннатӣ ва ҳунари асил ҷонибдорӣ мекунанд. Аз ин бармеояд, ки Қурбоналӣ бо ҳунари асил тавонистааст ба шунавандагони хеш ҷавҳари санъати волои суннативу нобро расонда, шунавандагонро завқи этикиву эстетикиашонро баланд бардорад.
Ҳунари дуэтхонӣ, имрӯзҳо агарчи аз тарафи бисёре аз сарояндагон хонда мешавад, аммо Қурбоналӣ аз оғози фаъолияташ то имрӯз ин намуди жанро ҳам дар сабку равиши ба худ хос пеш бурда истодааст, ки бетардид метавон гуфт барои побарҷоӣ ва равнақ ёфтани ин жанри мусиқии қадима ҳиссаи арзандаи хешро гузоштааст. Ҳунари дуэтхонӣ дар байни мардуми мо маъмулу маъруф бо номи “бадеҳахонӣ” буду ҳаст. Дар тамоми манотиқи кишвар “бадеҳахонӣ” роиҷ аст. Далели ҳаводории мардум ба ин жанр, дар он аст, ки ҳунари “бадеҳахонӣ” ба гунаи мусобиқа миёни иҷрокунандаҳои марду зан аст, ки бояд эшон ҳар кадом дар навбати худ ба ҳарифи худ бо суруд ҷавоб диҳад. Хулоса, як навъ зарофату латифгӯиҳо байни марду зани сурудхон мебошад ва ин ҳунари суннатиро Қурбоналӣ мушикофона аз нигоҳи касбият омӯхтаву пеш мебарад, ки ин амалаш шоистаи таҳсин аст.
Ҳар сароянда бояд аз асбобҳо ва нозукиҳои санъат бархӯрдор бошад. Қаҳрамони мо-Қурбоналӣ Абдуллоев, аз ҳамаи ин, на ба таври бояду шояд, балки ба дараҷаи устодӣ бархӯрдор аст. Чун ӯ андеша дорад, ки сарояндае, ки асбобҳои мусиқиро навохта наметавонад, ҳадди ақал ду-сетоашро, дар олами санъат ҷойгоҳи хешро пайдо карда наметавонад. Бале, ба фикри мо низ, ҳунарманд, пеш аз ҳама илми мусиқӣ ва паҳлуҳои онро бояд хуб аз худ кунад. Қурбоналӣ натанҳо сароянда ҳаст, ӯ мутриби чирадаст низ мебошад. Бисёр асбобҳои мусиқиро менавозад ва дар ҷое аз даврони толибилмии хеш ёд карда, мегӯяд, ки “дар оркестри созҳои миллии донишкада дар қатори Барно Исҳоқова, устод Аҳмад Бобоқулов мо солисти ин оркестр будем. Дар факултет инчунин ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ вуҷуд дошт, ки роҳбараш устоди марҳум Муҳаммадқул Ҷумъаев буданд. Дар ин ансамбл ҳам солисти овозхон будам. Ҳамон вақт шӯхӣ карда мегуфтанд, ки “ба ин Қурбоналӣ чӣ гуфта диплом диҳем? Мутриб ё овозхон?” Ман ҳам бо шӯхӣ мегуфтам: «Мутриб гуфта диплом диҳед, овозхонӣ аз дасти худамон меояд!». Ин гуфтори Қурбоналӣ муҳобот нест, дар ҳақиқат он замонҳо устодон ба шогирдони хеш, хеле сахтгир ва серталаб буданд, ки шахсони тасодуфӣ наметавонистанд то охир дар зери дасти эшон тоб биёваранд. Қурбоналӣ бо эҳтиром аз устодони хеш ёд меоварад ва аз онҳо доимо миннатпазир аст, ки ӯро хуб таълим додаанд. Ва имрӯз Қурбоналӣ худ устод гаштаву шогирдони зиёдеро ба воя мерасонад. Тарбият ва дастгирӣ намудани сарояндагони ҷавону навқадамро Қурбоналӣ яке аз вазифаҳои асосии хеш мешуморад. Албатта, бе устод ҳеҷ мактабе инкишоф ва пешрафт накардааст, ҳар кадомро устодони фидоӣ ва фардонигар инкишоф ва такмил додаанд, ки ин аънана то ба замони мо расида омадааст. Қурбоналӣ Абдуллоев аз устодони бузурги санъат сабақ гирифтааст ва имрӯз, ки ӯ ба дараҷаи устодӣ расидааст, рисолати худро пеш аз ҳама дар тарбият намудани истеъдодҳои наву ҷавон мебинад.
Нигора САИДБЕКОВА