Барелйеф ягона василаест, ки Фахриддин Латипов худ ва оилаашро таъмин месозад. Ҳарчанд дар як моҳ 1 ё 2 фармоиш қабул мекунад, аммо аз пешаи худ қаноатманд аст. Чун аз он ҳам ҳаловат мебарад ва ҳам ин навъи ҳунари зеборо зинда нигоҳ медорад.

Мавсуф дар суҳбат бо мо аз махсусияти барелйеф, нозукиҳои он, усули интихоби композитсия, шароити сохтан, барқарор кардан ва нигоҳ доштани он қисса кард.

“Аз байн нарафтааст, аммо қариб, ки нест”

Барелйеф ҳамчун санъати тасвирӣ дар ороиш ва пардози биноҳо истифода мешавад. Дар аксар маврид онро дар зиннатдиҳии пояи муҷассама ва ҳайкалҳо ба кор мебаранд. Ҳамчунин, тариқи он метавон воқеаҳои таърихӣ ва гӯшаҳои табиатро инъикос кард.  Ба қавли қаҳрамони мо, он аз байн нарафтааст, аммо қариб ки ба чашм намерасад.

Бо маҳсули дасти Фахриддин Латипов метавон танҳо дар биноҳои хусусӣ ошно шуд. Чун то имрӯз фақат барои оро додани иншоотҳои шахсӣ фармоиш қабул кардааст.

-Ҳарчанд даҳҳо қасри фарҳанг бунёд мешавад, аммо аз ин санъат корбурд намешавад. Ин нигаронкунанда аст, зеро хатари аз байн рафтанаш аз эҳтимол дур нест,-афзуд ӯ.

“Таҷриба одамро пухта мекунад”

Фахриддин Латипов мегӯяд, ҳарчанд маълумоти олӣ надорад, аммо пушаймон нест.    Ӯ, ки аз хурдӣ ба тасвир кардан шавқ дошт, танҳо маҳфили рассомонро хатм кардааст.

-Вақте бори аввал барелйефро аз наздик дидам, мафтуни нақшу нигор ва фалсафааш гаштам.  Чун аввалин барелйефи мукаммали худро сохтам, ҳатто худам ба ҳайрат омадам. Он манзараи табиат буд ва дар муддати 15 рӯз омода гашта буд,-илова кард ӯ.

Қаҳрамони мо афзуд, ки ҳарчанд баъди ин даҳҳо барелйефи дигар омода кард, аммо ҳамоно ин кори ӯ фаромӯшношуданӣ буд, чун оғози фаъолияти дигараш гардид.

Фахриддин Латипов мегӯяд, шахси ҳунарманд новобаста аз он, ки ба кадом навъи ҳунар шуғл меварзад, бояд дорои тахайюлоти рангин бошад ва зебоиро дида тавонад.

-Масалан, ягон манзареро мебинам ва аз он илҳом гирифта дар сарам як композитсияи мукаммал омода мекунам, ки дорои мазмуни баланд ва ҷаҳони маънӣ бошад,-мегӯяд ӯ.

Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамеша тасаввур ба кор меояд ва мадад мерасонад. Композитсияи барелйеф аз иншооте низ вобастагӣ дорад, ки дар он ҷо сохта мешавад.

-Масалан, ҳеҷ гоҳ як композитсия ба чанд иншоот рост намеояд, зеро биноҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, яке баланд, яке паст, бархе сода, бархе мураккаб,-афзуд вай.

Фахриддин Латипов дар идома илова кард, ки агар композитсия барелйеф бо сохти иншоот ҳамоҳангӣ накунад, он натанҳо кайфият намедиҳад, балки дилгир мекунад.

“Асаби оҳанӣ не, хоҳиш лозим”

Фахриддин Латипов мегӯяд, ки ҳамаи ҷузъиётҳои барелйефро дастӣ омода мекунад, зеро он нафосату салосати бештар дорад ва бо як дид бинандаро мафтун мекунад.

-Имрӯз даҳҳо техникае ҳаст, ки барелйефсозиро осон ва ҷараёни онро метезонад. Аммо он эҳсосу гармие, ки кори дастӣ медиҳад, ҳеҷ гоҳ дода наметавонад,-мегӯяд вай.

Барои сохтани барелйеф аз гаҷ, ширеш, семент ва дигар масолеҳ истифода мебаранд. Аммо пеш аз ҳама, тарҳи онро тасвир мекунанд, ки аз ҳама ҷиҳат ба ҳам яксон бошад. Дар сурати риоя нашудани қонуни симметрӣ, тарҳ вайрон ва кор беҳуда мешавад.

-Бояд гуфт, масолеҳи сохтмонии барелйефе, ки дар дохили иншоот сохта мешавад, аз масолеҳи сохтмонии барелйефе, ки дар беруни иншоот сохта мешавад, фарқ мекунад. Барелйеф дар берун бояд ба гармӣ, сардӣ,намӣ ва дигар омилҳои табиӣ тобовар бошад. Агар ин ҷиҳатро ба назар нагирем, он дер хизмат намекунад ва зуд фарсуда мешавад. Дар чунин ҳолат, нисбат ба барқарор кардан, аз нав сохтани он беҳтар аст,-афзуд ӯ.

Фахриддин Латипов илова кард, ки сифати барелйеф аз рӯҳияи ҳунарманд низ бовастагӣ дорад, зеро агар ӯ хаста ё асабӣ бошад, хуб эҷодкорӣ карда наметавонад.

-Бархе мегӯянд, ки асаби оҳанӣ дорам, аммо на. Агар ҳунарманд рӯҳан озод набошад, иқтидори эҷодиашро пурра истифода бурда наметавонад,-гуфт қаҳрамони мо.

“Мехоҳам маркази омӯзишӣ кушоям”

Фахриддин Латипов аз он нигаронӣ кард, ки имрӯз аксарият ба санъат сарфаҳм намераванд ва ҳатто барелйефро аз миниатюра ё кошинкорӣ фарқ карда наметавонанд.

-Аз ин рӯ мехостам, марказе ифтитоҳ намоям, ки дар он ҷо санъати тасвирии барелйеф омӯзонида шавад, то наврасону ҷавонон ва ҳатто занҳои хонашин соҳибҳунар шаванд. Ба ин васила метавонанд ҳам вазъи иқтисодии оиларо то ҷойе беҳтар намоянд.

Бубинед, имрӯз дар кишвар барелйефсоз қариб, ки нест ва мо маҳсули дасти худро бо дигар навъи санъат муқоиса карда, арзиши миёнаро муқаррар ва пешниҳод мекунем. Ҳоло барелйефҳои ман аз 2000 то 2500 сомонӣ арзиш дорад,-шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки ба ин васила бинову иншоотҳои кишвар симои хуби шарқиёна пайдо мекунанд ва таваҷҷуҳи сайёҳону ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб месозанд.

-Ҳоло дар кишвар шахсоне, ки бо санъати барелйеф машғуланд, ангуштшуморанд. Гуфтан мумкин, ки инҷо рақиб надорам, аммо рақибони ман дар Ӯзбекистон бисёранд. Мо дӯстем, дар робита ҳастем, табодули назар мекунем, аз ҳамдигар меомӯзем. Ҳарчанд 18 сол боз ба ин кор машғул ҳастам, аммо ҳамеша дар такопӯям,-афзуд вай.

Амони Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь