(Мулоҳизоте дар ҳошияи зодрӯзи забоншиносу фарҳангнигори маъруфи миллӣ устод Сайфиддин Назарзода)

Дар таърихи илму адаби ниёгони мо фарҳангнигорӣ аз зумраи ҳунарҳои хеле муҳим ва дар навбати худ мушкил ва дандоншикани суханварӣ маҳсуб мегардид. Зеро ин соҳаи илм мушкилкушои ҳама бахшҳои улуми инсонӣ ба ҳисоб рафта, барои фаҳмидани нозукиҳои сухан ва моҳияти  ҳар масоили баҳснок мусоидат менамуд. Аз ин назар, донишмандони фарҳангнигорро месазад, ки суханшиноси зулисонайн ва доноёни бисёрфан унвон кард. Дар навбати худ фарҳангнигорӣ барои шарҳу эзоҳи истилоҳоти соҳавӣ, тафсири ибораҳои маҷозӣ ва таърихи калимаҳо мусоидат карда метавонад. Дар Русияи подшоҳӣ донишмандони саркаш ва озодихоҳро барои адо кардани ҷазо ба фарҳангнигорӣ сафарбар менамудаанд. Зеро ин пеша хеле душвор ва заҳматписанд буда, барои ҷустуҷӯи ҳар вожа луғатшиносро маҷбур менамояд, ки ба чандин манобеи илмӣ ва соҳавӣ муроҷиат карда, калимаеро интихоб намояд, ки он ба фаҳмиши ҳар соҳибзабон ва забономӯз фаҳмо ва осон бошад.

Дар асри ХХ аз ҷумлаи шоҳкориҳое, ки аз ин даврони фарҳангпарвар ба мерос мондааст, “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғати русӣ ба тоҷикӣ”, “Фарҳанги ибораҳои рехтаи тоҷикӣ”-ро метавон ном гирифт. Ва ё дар қатори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун дастоварди бемислу арзишманди ҳазорсолаи мо сухан пеш ояд, бидуни тардид, луғатҳои ”Чароғи ҳидоят”, “Луғати фурс”, “Баҳори Аҷам”, «Ғиёс-ул-луғот», “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”, “Фарҳанги Онондроҷ”, “Захираи Хоразмшоҳӣ” ва садҳо фарҳангҳои дигар пеши назар ҷилвагар мегардад. Донишманди тоҷик Турақул Зеҳнӣ дар яке аз нигоштаҳои худ ишора менамояд, ки манбаи асосии асари “Санъати сухан”-и ӯ «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин буда, шарҳи ағлаб истилоҳоти арӯз ва санооти бадеиро аз ин фарҳанги безавол дарёфтааст. Ин бар он замонат медиҳад, ки фарҳангҳои пешин аз шарҳи калимоту ибороти душворфаҳм маҳдуд нашуда, ҳамзамон вазифаи донишномаро низ бар дӯш доштанд. Мутаассифона, имрӯз вазифаи фарҳангҳоро чунон маҳдуд кардаанд, ки аз шарҳи калимот берун шудан замон доноёне бо “аслиҳаи” хусумату кӯтоҳбинии худ ҳангомаю валвалаҳо хезонда, роҳи фарҳангнигориро бо ҳар гуна далоили бемантиқ мебанданд. Солҳои 60-70-и қарни ХХ “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” дар ду ҷилд бо сарварии  донишмандони фарҳехта Раҳим Ҳошим ва як гуруҳ забоншиносон таҳия шуда, бо гуноҳи чанд тан соҳибмақом дар зери коғазпораҳои Институти забон ва адабиёти тоҷик, дар зери чангу хок ба нестӣ мерафт. Масъулин  арзиши ин шоҳкориҳоро нодида гирифта, чопи ин фарҳанг ба хотири шарифашон намеомад. Маврид ба зикр аст, ки дар бойгонии ин даргоҳи илм “Фонди луғот” ва ”Фонди фолклор” дар ҳаҷми даҳҳо ҳазор барга ё ба истилоҳи маъмурин, “картатека мавҷуд аст, ки дар шакли электронӣ даровардани онҳо ба хотири шарифи касе намерасад. Солҳои охир масъулин ба “намоиши салтанати худ” саргарм шуда, дар ин замони пуршикаст ба сарнавишти як гуруҳ муҳаққиқони бепушту паноҳ бозӣ мекунанд. Барои онон хеле осон ва хуш меояд, ки ҳамагонро “бесавод ва нодон” ҳисобида, бо ин васила худро ягонаи замон нишон диҳанд. Шоҳиди суҳбати ду собиқ роҳбарони муассисаҳои давлатӣ будам, ки яке бо даҳони пургазоф  аз кор рондани 42 нафар мутахассис лоф мезаду бо ин васила садоқати худро ба “халқу Ватан” нишон медод. Бо ин шеваи худнамоӣ оё метавон суннати созандагии устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ,  Расулхон Ҳодизода, Шарофиддин Рустам, Раҷаб Амонов, Абдуқодир Маниёзов, Хуршедахон Отахонова, Раҳим Ҳошим, Носирҷон Маъсумӣ, Ғаффор Ҷӯраев, Ҷумъабой Азизқулов, Додоҷон Обидов, Ҳамроқул Шодиқулов, Абдусаттор Мирзоев, Маъруф Раҷабиро давом дод.

Яке аз сарварони соҳибтаҷриба ва созандае, ки солҳои 2006-2011 кӯшиш намуд, ки баъзе анъанаҳои ин даргоҳи маърифатро зинда гардонад, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода мебошад. Ӯ  соли 2006 дар симати  сарвари Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор гирифта, сараввал дар назди ин маркази илму адаби миллат Шӯрои дифои рисолаҳои номзадию докториро таъсис намуд, ки баъд аз сарварии Институт рафтани устод Абдуқодир Маниёзов мутахассисони забон ва адабиёт рисолаҳои илмии худро дар ба дар гардонда, аз ҳар раҳгузару таҳгузар имдод меҷустанд. Сайфиддин Назарзода бо азми қавӣ ин боварро матраҳ кард, ки бояд кулли мутахассисони соҳаи филология рисолаҳои илмии худро дар ин Шӯро дифоъ намоянд, зеро тамоми донишмандони фарҳехтаи соҳаи забон ва адабиёти миллӣ, ба мисли Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Расулхон Ҳодизода, Абдуқодир Маниёзов, Бозор Тилавов, Хуршедахон Отахонова, Соҳиб Табаров, Шарофиддин Рустамов, Маҳрам Файзов, Ғаффор Ҷӯраев ва даҳҳо дигар сарсупурдагони фарҳанги тоҷик дар ин остонаи муқаддаси илму адаб фаъолият доранд. Сайфиддин Назарзода бо ин иқдоми наҷиби худ тамоми донишмандон ва донишандӯзони кишварро ба  ин даргоҳи  илму адаб ҷалб намуд. Ҳама бо ифтихор аз ин Институт ном мебурданд ва хосатан, ҷавонон аз дастгирии маъмурияти ин даргоҳ қаноатмандона ҳарф зада, шукргузорӣ менамуданд. Ҳатто аз Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Чин, Қирғизистон ва ғайра дар  ин Шӯрои илмӣ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, қаноатмандии худро аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамуданд.

Ногуфта намонад, ки “Аввалин рисолае, ки дар давраи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забоншиносии тоҷик таҳти унвони “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот” чун сарчашмаи лексикологияи таърихӣ” дар Шӯрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳимоя шудааст(19.09.1991), ба қалами профессор Сайфиддин Назарзода тааллуқ дорад”.

Ёд дорам, ки профессор Сайфиддин Назарзода дар яке аз ҷаласаҳои умумии Институт эълон дошт, ки мо бояд аввал барои беҳбудиву муваффақияти кори ходимони муассисаи худ талош варзем, зеро муддати чанд даҳсола буд, ки даҳҳо кормандони Институт дар гирдоби бозиҳои академику докторҳои худхоҳ афтода, рисолаҳои илмии худро ба кунҷи фаромӯшӣ партофта буданд. Дар як муддати кӯтоҳ Файзалӣ Муродов, Олимҷон Қосимов, Шамсиддин Солеҳов, Дилшод Раҳимов, Мирзо Ҳасани Султон, Шаҳобиддини Шуҷоъ ва дигарон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд, ки имрӯз онҳо дар пешрафти илму адаби тоҷик хизмати шоиста карда истодаанд. Чуноне ки узви вобастаи АМИТ Сахидод Раҳматуллозода дар бораи фаъолияти Шӯрои диссертатсионие, ки профессор С.Назарзода сарварии онро ба дӯш дошт, менигорад: “Мавсуф, дар як муддати кӯтоҳ, фаъолияти Шӯрои диссертасионии Институтро барқарор намуд, ки дар давоми панҷ соли фаъолияташ 60 нафар кормандони босалоҳияти илмӣ, аз он ҷумла, 12 нафар доктори илм ва 48 нафар номзади илм тайёр намуда, соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Дар ин давра, профессор С. Назарзода на танҳо раиси Шӯроидиссертатсионӣ буд, балки роҳбарии 13 унвонҷӯйро ба уҳда дошт, ки ҳар яке чун мутахассиси варзидаву салоҳиятманд ба воя расиданду ба илми эроншиносӣ, пеш аз ҳама забоншиносии тоҷик ва интишори дастовардҳои он хизмат карданд”.

Аз шоҳроҳи асосии шаҳри азизамон мегузараму ба ҷониби чапи он бинои рангин ва боҳашаммати Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ рӯ ба рӯ мебарояд. Мавҷи хотирот дар пеши назарам ба ҷилва меояд. Хаёлам ҳамин замон вориди Институти азизамон мешаваму рӯ ба рӯям устод Шакурӣ, профессор Расулхон Ҳодизода, академик Хуршедахон Отахонова ва Ҳамроқул Шодиқулов мебароянд ва бо чеҳраи хандон мепурсанд:

– Хӯш, хӯш, чӣ муждае овардед, ба чӣ кор машғул ҳастед? Ман саросема мақолаеро пеш меорам ва устод Шакурӣ ваъда медиҳанд, ки ду рӯз пас мақоларо мегиред. Ман бо сад фикру хаёл аз назди муаллим дур мешавам ва хавотир аз онам, ки муаллим ба нигоштаҳои ночизи ман чӣ мегуфта бошанд. Ду рӯз мегузарад, муаллим меоянду дар бораи мақолаи ман назари худро бо як эҳтирому эътибори ба худ хос изҳор менамоянд, вале аз матни  мақола дараке намедиҳанд. Яқин кардам, ки мақола ба муаллим писанд наомада, онро ба куҷое партофтаанд, гарчанде устод Шакурӣ ҳеч гоҳ нисбати ягон унвонҷӯ ё корманд чунин рафтор намекарданд. Бо хотири парешон сиёҳнависи мақоларо аз назар мегузаронам ва тасмим мегирам, ки дар рӯзҳои наздик дар болои он аз нав кор хоҳам кард. Вале ҳафтаи оянда мебинам, ки мақолаи ман дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст. Намедонам, аз чопи мақола хурсандӣ кунам ва ё аз иқдоми ҷавонмардонаи устод Шакурии бузург. Аз олами хаёлот раҳо шуда, дари Институтро боз мекунам ва дар рӯ ба рӯям нигаҳҳои пурғазабу пурнафратро мебинаму аз роҳам ақиб гаштанӣ мешавам ва қавли шоирро зери лаб баоҳистагӣ замзама мекунам:

Ба дунёе, ки мардонаш асо аз кӯр медузданд,

Ман аз хушбоварӣ он ҷо муҳаббат ҷустуҷӯ кардам.

Мехоҳам аз роҳам баргардам, зеро дар ин остона бӯе аз суннати устодони гузашта намондааст. Ногоҳ Сайфиддин Назарзода меояду аз дастам гирифта, ба дафтари кориаш мебарад ва маро ба корҳои фарҳангнигории худ ва ҳамкоронаш шинос мекунад. Чашмонам ба корҳои устод Сайфиддин Назарзода дӯхта мешаваду хаёлам ба Институте, ки дар долонҳои он Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҳошим, Расулхон Ҳодизода, Шарофиддин Рустамов, Хуршеда Отахонова, Ҳамроқул Шодиқулов, Ҷумъабой Азизқулов, Абдуҳафиз Қодиров, Додоҷон Обидов, Сафар Файзиев, Раҳмон Раҷабов, Маъруф Раҷабӣ, Валиҷон Самадов, Абдухолиқ Набавӣ, Додихудо Саймиддинов, Раъно Асрорӣ, Сахидод Раҳматуллозода, Шамсиддини Солеҳ, Аминҷон Амиров  ва садҳо инсонҳои шариф қадам мезаданду дар фикри пешрафти кори шогирдон ва ҷустуҷӯи уфуқҳои тозаи илму адаб буданд. Вале имрӯз дар мубоҳисаҳои илмӣ ба ҷойи илм таҳқиру танбеҳ  баррасӣ мешавад. Дар дафтари кории садрнишинони имрӯзи Институт  нақшаи ба ҳам ҷанг андохтани кормандон тарҳрезӣ мегардад. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садрнишинони ин даргоҳ дар фикри он нестанд, ки бо иқдоме ходимони илмиро рӯҳи идона бахшанд, гузаштагони ин даргоҳро ёд кунанд ва ё ба аёдати кормандони собиқи ин маркази фарҳангу адаб раванд. На, ин гуна андеша ғалат аст, ин ҷо майдони ҳарбу зарб аст, бояд ҷанг бошад, таҳқир бошад ва таънаву маломат.

Сайфиддин Назарзода замони сарварии худ иқдоми наҷиберо пайгирӣ намуда, “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”-ро дар ду ҷилд чоп намуда, хоби нафратҷӯёну нотавонбинонро парронд. Акнун бо ҳар роҳ мекӯшиданд, ба ҳар моддаи ин фарҳанг “нуқсонҳо эҷод намоянд” ва роҳи минбаъдаи таҳияи фарҳангнигориро боздоранд. Хушбахтона, “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” дар ду ҷилд чоп шуда, мавриди истиқбол ва муҳокимаи умум қарор гирифт. Хонандагони фарҳанг аз ҳар гӯшаву канори кишвар дар нисбати он нуқтаи назари худро иброз дошта, дар пешрафту беҳтаршавии сохт ва муҳтавои он андешаҳои худро изҳор менамуданд. Месазад, маслиҳату андешаҳои холисонаи устодони зиндаёд Сайиди Ҳалимиён, Баҳриддин Камолиддинов, Ҷумъабой Азизқулов ва донишмандони муҳтарам Ҳомид Маҷидов, Давлатбек Хоҷаев, Абдуқодири Рустам ва дигаронро, ки барои такмилу тасҳеҳи ин фарҳанг иброз доштанд, чун дастурамали фарҳангнигорӣ ва луғатсозӣ  истиқбол намуд. Бо вуҷуди баъзе камбудиҳои ҷузъӣ фарҳанги мазкур аз зери чангу хоки бойгонии Институт бароварда шуда, ба хизмати аҳли илму адаб расонда шуд.

Ниҳоят, соли 2009 бо сарварии Сайфиддин Назарзода аҳли кормандони шуъбаи фарҳангнигории Институт ба таҳияи “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” иқдом намуданд. Мувофиқи нақша, фарҳанги мазкур мебоист дар муддати панҷ сол дар ҳаҷми нуҳ ҷилд таҳия мегардид. Ба ин тартиб, “Фарҳанги забони тоҷикӣ” бо иштироки шасту як нафар корманди илмию техникӣ дар муддати нуҳ сол ба дасти чоп расид. Дар ҳоле ки Сайфиддин Назарзода танҳо бо нуҳ нафар ходими илмии шуъбаи луғат ҷиҳати таҳияи фарҳанги забони тоҷикӣ иқдом варзида, аз тамоми имконот истифода намуд. Имрӯз аз заҳматҳои сангини Ҷумъабой Азизқулов, Санавбар Холматова, Олимҷон Қосимов, Саид Каримзода, Сафар Файзиев, Зебуннисо Холназарова, Заррина Давлатова, Ҷурахон Давлатов, Аҳмадҷон Сангинов ва дигарон бо ифтихор метавон ҳарф зад, ки маҳз талошҳои шабонарӯзии онҳо буд, ки ҷилди якуми он соли 2011 баъд аз монеасозиҳои зиёд аз чоп баромад. Бояд таъкид намуд, ки кор болои ин фарҳанг осон набуд; мураттибони он ҳангоми интихоби мисол-шоҳидҳо аз ашъори шоирон ва носирони давраҳои гуногуни таърихи фарҳанг ва адаби ниёгон истифода менамуданд. Фарҳанги мазкур низ бо риояи умумии меъёрҳои фарҳангнигорӣ анҷом дода шуд. Ба назарам, ҷилди якуми фарҳанг дар дастгоҳи чопӣ ворид шудан замон мавриди баҳсу чолишҳои зиёде қарор гирифт ва муқарризон аз ҳар гӯшаву канор сар бароварда, ба интиқодоти он пардохтанд. Агар тақризу танқидҳо мунсифона ва ба манфиати кор бошанд, хуб аст, вале бахши муҳимми гумагӯҳо ва тақризу интиқодот сари фарҳанг на ба хотири беҳбудии кор, балки бо мақсади садама эҷод кардан ироа мегардиданд. Масалан, дар яке аз Шӯроҳои илмии Институт яке аз кормандони муҳтарам нисбати ин фарҳанг суханҳои носазоеро раво донист. Ин вақт касе аз донишманди муҳтарам суол намуд, ки Шумо дар бораи кадом фарҳанг сухан намудед. Ӯ саросема аз “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ном гирифт. Маълум шуд, ки эшон  аз “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” хабаре надошта, бо хоҳиши кадоме ин ҳарфҳои бемантиқро баён намудааст. Ба мо тақризи донишманди фарҳехтаи тоҷик Абдуқодири Рустам хуш омад, зеро ӯ бо таваҷҷуҳи махсус фарҳангро мутолиа намуда, эроду андешаҳои худро дар як тақризи пурмазмун ва муфассал холисона баён намуда буд. Чунин як тақризи ҷиддии муфассали илмиро соли 1970 донишманди тоҷик академик Акбар Турсон дар робита бо “Фарҳанги забони тоҷикӣ” таълиф карда буд, ки дар доираҳои илмӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. Аз ин рӯ, андешаю эродҳои Абдуқодири Рустамро дар нисбати ин фарҳанг мураттибон мавриди омӯзиш қарор дода, дар корҳои минбаъда истифода намуданд. Вале дар дохили муассисаҳои масъул валвалаҳои пасипардагӣ шиддат гирифта, то ба боздошти таҳияи ин фарҳанг оварда расонид. Сайфиддин Назарзода ба кори дигар гузашт ва бо ҳамин фарҳангнигорӣ ҳам дар Институт кунҷи фаромӯширо ихтиёр кард. Дигар касе дар фикри фарҳангнигорӣ набуд. Солҳо сипарӣ мешуданду таҳияи фарҳанги мукаммал ба хотири касе намерасид. Чун Назарзода баъд аз чандин сол боз ба Институт баргашт ва ба тадвину тасҳеҳи маводи фарҳангнигорӣ пардохт, аз нав дар байни ходимони илмӣ сухан аз хизматҳои ин ҷавонмарди созанда вирди забонҳо чарх зад. Вале акнун барои ӯ кори таҳия ва тадвини фарҳанг осон ба даст намеояд, чаро ки дар ин муддат мутахассисоне чун Ҷумъабой Азизқулов, Аҳмадҷон Сангинов, Сафар Файзиев, Ҷӯрахон Давлатов аз олами ҳастӣ рахт барбастаанд ва дар айни замон, ба сабаби имконоти маҳдуди молиявии  Институт чанде аз фарҳангнигоронро нигоҳ доштан ғайримумкин шуд. Сайфиддин Назарзода боз бо ёрии ҳамкорон фарҳангнигориро фаъол гардонд. Ҷилди дуюми “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ”  омода гардида, ба чоп супорида шуд. Муддате, ки ӯро аз ин кори пурмашаққату дандоншикан дур карданд, чандин сол сипарӣ шуда буд. Ва агар ин иқдоми наҷиб идома пайдо менамуд, шояд чандин ҷилди  ин фарҳанг омодаи чоп мегашт. Ва ё аз Ҷумъабой Азизқулов барин донишманд самаранок исифода менамудем.

Имрӯз Сайфиддин Назарзода бо баҳонаҳои ночиз кори фарҳангнигориро боз доштан намехоҳад, зеро ӯ масъулияти худро дар назди аҳли  илму адаб ва мардуми шарафманди тоҷик медонад ва бар он талош дорад, ки дар радифи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” бо такя ба таҷрибаи фарҳангнигории ватанию хориҷӣ ва бо ҳузури луғатнигорону донишмандони варзида масъалаи таҳияи нуҳҷилдаи “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ”-ро низ расидагӣ намояд. Ин орзуи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода на ба хотири шуҳрат ва худнамоӣ, балки ба мақсади хизмат ба мардуми фарҳанпарвари тоҷик мебошад. Зеро мо ҳама дар назди ин мардуми созандаву бунёдкор қарздорем ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки заррае ҳам бошад, бо меҳнати ҳалол ва холисонаи худ барои ташаккул ва пешрафти илму фарҳанги миллати бедордил ва фарҳангсози тоҷик саҳмгузорӣ намояд.

Нурмуҳаммад ОДИНАЕВ,

номзади илмҳои филологӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь