Айни ҳол соҳаи сайёҳӣ ҳудуди 2,8%-и ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ чор лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии беш аз 43,8 миллион доллар амалӣ карда мешавад, ки дар онҳо ширкатҳои Русия низ фаъолона иштирок мекунанд. Ин лоиҳаҳо ба таҷдиди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва рушди самтҳои нав мусоидат мекунанд.

Туризми илмӣ ба яке аз самтҳои ояндадор дар кишвар табдил ёфта истодааст. Ба шарофати шароитҳои нодири табиӣ ва гуногунии манзараҳо рушди туризми илмӣ на танҳо имкониятҳои нав барои ҳамкориҳои байналмилалӣ боз мекунад, балки ба зиёд шудани таваҷҷуҳи доираҳо ва ташкилотҳои илмӣ ба кишвар мусоидат менамояд.

Олга Ладигина, директори Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон: “Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки илм ягон чизи дуру мураккаб нест, балки равандест, ки метавонанд дар он фаъолона иштирок кунанд. Мо умедворем, ки  ин лексияҳо шавқи донишҷӯёнро нисбат ба фаъолияти илмӣ бедор карда, ба онҳо роҳҳои иштирок дар лоиҳаҳои тадқиқотии воқеиро нишон медиҳанд”.

Самти ҷадид

Туризми илмӣ як самти нав ва ояндадорест, ки на танҳо илмро маъмул  мегардонад, балки олимону муҳаққиқони кишварҳои гуногунро барои гузаронидани тадқиқоти саҳроӣ ва табодули таҷриба муттаҳид месозад. Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Русия дар ин соҳа махсусан муҳим аст, зеро кишвар дорои захираҳои нодири табиӣ ва мавзеъҳою иншоотҳои таърихию фарҳангӣ мебошад, ки омӯзиши муфассалро тақозо мекунанд. Соли ҷорӣ шуъбаи Новосибирскии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон нахусткашфкунандагони ин самт гардиданд.

“Тӯли чанд сол аст, ки мо бо шуъбаи Новосибирскии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия робитаҳои хуб дорем. Мо бо аъзои он, аз ҷумла Ирина Негода ва Олга Маслобоева ҳамкориро оғоз кардем, ки воқеан, сайёҳони шоистаи Русия мебошанд. Ӯ дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳи мо ба тариқи офлайн ва онлайн фаъолона иштирок кардааст. Лексияҳои онҳо оид ба маъмулгардонии илм дар зеҳни донишҷӯёни мо шавқу мароқи зиёд бедор кард” – мегӯяд директори Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон Олга Ладигина.

Олга Ладигина тавзеҳ дод, ки ҳадафи ҳамкорӣ ташкили экспедитсияҳо дар масирҳои таърихӣ мебошад, ки қаблан (дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ) аз ин масирҳо аъзоёни Ҷамъияти ҷуғрофии Русия гузашта буданд. Яке аз лоиҳаҳои асосӣ, ки дар доираи ин ҳамкорӣ амалӣ карда шуд, лоиҳаи “Сафар ба илм” буд. “Ин як навъ озмоиши самти нав аст – туризми илмӣ буд. Худи сайёҳон дар тадқиқотҳо иштирок карда, барои шиносоӣ бо усулҳои кори илмӣ имкон пайдо мекунанд”, – қайд мекунад Ладигина.

Экспедисия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Аз 28-уми август то 3 –уми сентябри соли 2024 экспедитсия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз рӯйи хатсайрҳои аз ҷониби мутахассисони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таҳияшуда баргузор гардид. Аъзои экспедитсия аз мавзеъҳои ҷолиби таърихӣ, аз қабили  шаҳри Карон, қалъаҳои Вомар ва Қаҳ-Қаҳа, инчунин, ҳовани буддоӣ дар деҳоти Зонг дидан карданд.

“Вақте ки ин самт рушд меёбад, мо ба сайёҳон чӣ гуна аз боқимондаҳои унсурҳои органикӣ муайян кардани таърихи иншоотҳоро нишон медиҳем, инчунин, дар бораи он, ки кадом таҳқиқотҳои археологӣ гузаронида шуданд ва кадом усулҳо истифода бурда шуданд, гап мезанем. Дар ҷараёни ин экспедитсия, дар қалъаи Ямчун иштирокчиёнро бо усулҳои муайян кардани соли болори чӯбин шинос кардем” – мегӯяд Олга Ладигина.

Ҳамчунин, аъзои экспедитсия барои таҳлили минбаъдаи микробҳои таркибӣ аз чашмаҳои Гармчашма, Бибӣ Фотима ва Ҷелондӣ намунаҳои обро гирифтанд. “Олимони Новосибирск бактерияҳои термофилиро парвариш хоҳанд кард ва пас аз он мо хусусиятҳои ин манбаъҳоро муайян карда метавонем. Ин ба мо барои нашр кардани як мақолаи муштараки илмӣ имконият фароҳам меорад”, – мегӯяд директори Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон.

Дурнамоҳои оянда

Туризми илмӣ як самти ояндадорест, ки на танҳо ба маъмулгардонии илм, балки ба барқароркунии робитаҳои байналмилалӣ барои гузаронидани экспедитсияҳои тадқиқотӣ ва табодули таҷриба байни олимон мусоидат мекунад.

Бо вуҷуди ин, туризми илмӣ  ин на танҳо тадқиқотҳо, балки чорабиниҳои таълимӣ низ мебошад. Дар доираи экспедитсия дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Маркази “Фазои русӣ”-и Донишгоҳи Кӯлоб ва худи Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон лексияҳо баргузор гардиданд. Мавзӯи асосӣ – саҳми олимони рус ва советӣ дар омӯзиш ва азхудкунии Помир мебошад. Дар лексия наворҳои видеоӣ ва слайдҳо, инчунин плакатҳо бо навиштаҷотҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ истифода бурда шуданд.

Инчунин дар бораи саҳми тадқиқотчиёни бузург, аз ҷумла Андрей Владимирович Обручев ва Николай Иванович Вавилов нақлҳо кардем. Лексияҳои мо якуним соат идома меёфт. Ҳамкорони мо аз Новосибирск маводҳои махсус тайёр карданд, то ин ки ба донишҷӯён ва сокинони маҳаллӣ аҳамияти тадқиқотҳои илмиро нишон диҳанд” – мегӯяд Олга Ладигина.

Дар шароити дастрасии маҳдуди самтҳои сайёҳии ғарбӣ, сайёҳони рус бештар масирҳои нави ҷуғрофиро интихоб мекунанд. Соли 2023 Тоҷикистон бо Русия, Ӯзбекистон ва Туркия созишномаҳо оид ба рушди сайёҳӣ баст. Соҳибкорони рус, инчунин, ба масъалаи сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, донишу таҷрибаҳои худро барои рушди ин соҳа пешниҳод мекунанд.

Туризми илмӣ дар Тоҷикистон аллакай ояндадор будани худро нишон дод. Дар доираи лоиҳа тадқиқотҳои зиёди саҳроӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаҳои онҳо дар мақолаҳои илмӣ нашр карда мешаванд. Ғайр аз ин, омода кардани тавсияҳои методӣ оид ба ташкили туризми илмӣ дар ВМКБ ба нақша гирифта шудааст. “Мо дар соҳаи туризми илмӣ иқтидори бузургеро мебинем ва умедворем, ки ин намуди туризм инкишоф ёфта, на танҳо сайёҳон, балки сармоягузоронро низ ҷалб хоҳад кард ҳамкории мо бо Ҷамъияти ҷуғрофии Русия заминаи хубе барои лоиҳаҳои минбаъдаи илмию таълимӣ гардидааст. Ин лоиҳаҳо на танҳо ба таҳкими робитаҳои байни олимони Русияю Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки барои ҷавонон ва тадқиқотчиёни оянда уфуқҳои нав боз менамоянд” – хулоса мекунад Олга Ладигина.

Экспедитсия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳилаи аввали лоиҳаи бузурги “Осори Русия дар Осиёи Миёна” гардид, ки ба тадқиқи масирҳои аввалин экспедитсияҳои илмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия равона карда шудааст. Марҳилаи дуюм, ки моҳи сентябр баргузор гардид, ба мероси генетик, ботаник ва географи барҷастаи рус Николай Вавилов бахшида шуда буд. Аъзои экспедитсия аз масири ӯ тавассути Афғонистон гузашта, аз шаҳрҳои Мазори Шариф, Пули Хумрӣ, Кобул ва Файзобод дидан карданд. Соли оянда идома додани экспедитсия аз пайи сайёҳони рус ба нақша гирифта шудааст, ки Покистон ва Ҳиндустонро фаро мегирад.

Дар оғози соли 2024 бостоншиносон дар Панҷакент харобаҳои қалъаи бостонии воқеъ дар шимолу ғарби Тоҷикистонро пайдо карданд. Ин осори (боқимондаҳои) таърихӣ, ки ба асрҳои VI–VIII рост меояд, бо иштироки мутахассисони Эрмитажи давлатии Русия муфассал омӯхта шуд.

Дар Русия барномаи сайёҳии илмию маъмулӣ низ фаъолона рушд меёбад, ки бо супориши президенти Русия Владимир Путин дар доираи Даҳсолаи илм ва технология таҳия шудааст ва то соли 2035 тарҳрезӣ  шудааст. Дар доираи ин барнома сайёҳон имкони зиёрат кардани  муассисаҳои пешрафтаи илмӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва озмоишгоҳҳоро пайдо мекунанд, ки аксари онҳо қаблан барои омма баста буданд. Туризми илмӣ ба як ҷузъи муҳими саноати ҷаҳонии сайёҳӣ табдил ёфта, имкониятҳои навро барои чуқур омӯхтану азхуд кардани таърих ва дастовардҳои муосири илм боз мекунад. Дар оянда чунин лоиҳаҳо метавонанд ба тавсеаи  ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳудудҳои тадқиқотҳои илмӣ мусоидат кунанд.

 Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь