Детектив
(Мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсони воқеӣ тасодуф аст. Сужаҳо бофтаи тахайюли муаллиф ҳастанд)
Субҳ Ҷамшед тилфонашро даргиронду аввал ба паёми нафарони ошно таваҷҷӯҳ кард. Аввалин шуда, пайғоми полковник Азизовро кушод. Чун ҳамеша дӯсташ бе шаф-шаф мақсадро баён карда буд:
– Ҷамшед, салом! Ситора ба Тоҷикистон баргаштааст. Майли дидор дорӣ, дар меҳмонхонаи “Истиқлол” аст. Рақами тилфонаш чун пешина. Шоҳин.
Бо хондани ин хабар чеҳраи Ҷамшед тағйир хурд. Дар қалбаш чизе канда шуд. Дигар натавонист идомаи паёмҳоро хонад. Тилфонро сӯе гузошту ба балкон баромад. Сигореро оташ заду хаёлу хотираш ба биҳишти гумшудаи хотираҳо парвоз карданд.
– Ситора… Ситора… Ин ном замоне чунон рӯзгорашро пур карда буд, ки ҷуз ӯ, чашмонаш дигаронро намедиданд, ҳис намекарданд, касеро дилаш на дидан мехост на шунидан. Фақат ӯ буду хаёлу хотири ӯ.
Лаҳзаҳое мешавад ба инсоне чунон дода мешавӣ, ки вай зиндагиатро ба ҳадди тасаввурнопазир пур мекунад. Сурохеро барои дигарон холӣ намегузорад. Субҳат аз номи ӯ оғоз мешавад, шомат бо номи ӯ поён меёбад. Шаб бо андешаи гуфтаҳои ӯ сар ба болин мегузорӣ. Дигаронро мебинию намебинӣ, мешунавию намешунавӣ.
Аҷаб рӯзгоре фаро мерасад… Баъзе ба ҳолат механданд, баъзе насиҳат мекунанд, ки ба худ ой. Баъзе ӯро ба чашмат сияҳ мекунанд, баъзе (чун медонанд хушат меояд) аз ӯ ситоиш мекунанд.
Ситора, ин духтараки қоматбаланди зебо, бо чашмони калони обӣ, рухсораи сапеди беҷирм, табассуми ҳамешагӣ, овози ноқатъӣ ва паст, ба хотири Ҷамшед, баъди худкушии дӯсти ҳофизаш Шаҳром аз деҳа ба шаҳр омада буд. Бе огоҳии Ҷамшед ҷои кори мувофиқ пайдо кард, тасодуф бо Ҷамшед вохӯрд ва дар идома дар ҳама моҷароҳои Ҷамшед нақши ҳимоятгари ӯро аз деву дад анҷом медод.
Аммо дар посух Ҷамшед перомуни ӯ дар ҳама навиштааш аз Ситора бо меҳру муҳаббат ёдоварӣ мекард, ҳарчӣ дар моҷаро мешуд, ошкору бепарда тасвир месохт. Аз ин ҳама тасвир на шарм мекард, на аз касе маслиҳат мепурсид, на парвое дошт, ки духтар аз ин ҳама меранҷад, ё не.
Боре шарте ба Ҷамшед нагузошта буд, имконе надода буд, то касе барои наздик буданаш бо Ҷамшед чизе гӯяд. Аммо, ҷуз Ҷамшед касеро ба худ наздик намегузошт, ба касе рози дил намекушод, ҳатто бо огоҳ кардани Ҷамшед, бо касе барои хӯрок хурдан мерафт. Ҷамшед медонист, ки ин духтари ҷавону нозанин девонавор дӯсташ медорад, аммо ин эҳсосро дар қалбаш буғӣ мекунад. Рӯзноманигор бераҳмона пешоруи ӯ аз вазъи бади саломатиаш, аз маргхоҳиаш, аз хаста шуданаш аз зиндагӣ мегуфту лаҳзае намеандешид, ки чӣ гуна бо ин ҳарфҳо ба дили Ситора ханҷар мезанад. Нек медонист ин гуфтаҳо мағз-мағзи ҷисми духтарро месузонид, аммо дар ҷавоб Ситора танҳо ноаён ашки чашмонашро тоза мекарду чизе намегуфт. Вақте риштаи сӯҳбат ба сӯйи ин мавзӯъ меғелид, Ҷамшед ӯро то остонаи хонааш гусел мекарду бедардона “хайр” мегуфт. Медонист, ҳис мекард, ки духтар он шаб намехобад, то саҳар мижа таҳ намекунад, азоб мекашад. Аммо, Ҷамшед аз эҳсоси ин ҳама лаззат мебурд, мисли як вампире, ки ба тозагӣ косаи хуне нӯш кардааст.
Духтар муддати даҳ соли дароз ба ин ҳама тоқат кард ва ногаҳон тарки шаҳру зиндагии барои хеш сохтаи худу Ҷамшед намуд. Аз шаҳри дуре паём навишт, ки зиндагии хубе дорад ва нияти бозгашт надорад. Ҷамшед аввал бо қаҳр ба ӯ номаи ҷавобӣ навишт, ба бевафоӣ гунаҳгор кард, тарсончакаш хонд, вале дигар Ситора ба номааш посух нагуфт.
…Зиндагии бе Ситора Ҷамшедро тағйир дод. Рӯзи дароз дар корхона ба касе ҳарфе намезад, хона меомаду хомӯшӣ ихтиёр мекард. Агар чизе ҳам мегуфт, он ҷумла ҳатман бо мақсади ба асаби касе расидан, касеро заҳри забон задан, садо медод.
Зиндагии баъди Ситора барояш маънояшро гум карда буд, вале дигар мушти пас аз ҷангро бояд ба сари хеш мезад. Ҳис мекард, ки то ин дам танҳо меҳри ноаён ба ин духтар аз ҷойгаҳи хоб берунаш мебурдааст, ба қаҳрамониҳои нав, муборизаҳои нав таҳрикаш мекардааст, на азм барои нигоштани ҳарфи адолату талош барои расонидани ҳақ ба ҳақдор.
Ҳамсараш Нӯшофарин боре нашуда буд то ба Ситора айбе ёбад, чун духтари покдоман будани вайро медонист. Аз дигарон мешунид, ки шавҳарашро дӯст медорад, ба ӯ меҳрубон аст, барояш сина сипар мекунад, ҳамраҳаш ҳамеша якҷо аст, вале ба ин бетаваҷҷуҳ буд:
– Ҷамшед ақл дорад, – мегуфту бо ин даҳони ғайбатро мебаст ва ғайбаткунандаро лолу музтар мекард. Зеро ӯ буд, ки тавонист Ҷамшеди сад харидор доштаро аз дасти дигарон, ҳатто ҳамсабақу дугонаҳояш кашида гирад. Солҳои дарози бо ҳам будан, дигар донист ва бовар кард, ки шавҳараш ба ягон қимате ӯро тарк намекунад. Зеро медонист, ки рӯзноманигор виҷдон дорад ва ҳамеша виҷдонашро аз ҳама боло мегузорад.
***
Азизовро занги Ситора ба ҳайрат андохт. Духтар аз рақами ҳамешагиаш баъди панҷ соли ба кишвари номаълуме ғайб заданаш, занг мезад.
– Ситора? – бо оҳанги нобоварона пурсид Шоҳин.
– Худи худаш рафиқ полковник, – чун ҳамеша бо овози нарм посух дод духтар. – Чӣ ҳолу аҳволе доред?
– Генерал-майор, – ислоҳ кард Азизов. Ба наздикӣ унвони навбатиро гирифтам. Ҷамшед нагуфт, ки ман рутбаи нав гирифтам?
– Нееее, ман ба Ҷамшед занг задам, вале ӯ ҳанӯз наомадааст ба маҳалли кор.
Азизов ба ёд овард, ки Ситора пештар ҳам то маҷбур нашавад, ба рақами дастии Ҷамшед занг намезад. Зеро гумон мекард дар хонааш бошад, барояш бардоштани рақами тилфони ӯ ногувор аст, дар коргоҳ бошад, ҳамкоронаш гумони бад мебаранд.
– Ҳоло ҳам эҳтиёташ мекунӣ! – хандид Азизов ва гуфт:
– Ку нақл кун, куҷо будиву бо кӣ будиву чӣ ҳол дорӣ?
– Соати панҷ барои бурдани ман ба меҳмонхонаи “Истиқлол” меоед, қисса мекунам. Шояд Ҷамшедро ҳамраҳ мегирему тарабхонаи ҳамешагӣ меравем? Ӯ то соат панҷ нашавад, аз кор дур намешавад, аз ин рӯ фурсати сӯҳбат барои мову шумо ҳаст.
– Яъне тарабхонаи “Канд”?
– Бале!
– Бошад, то соати панҷ. Ман Ҷамшедро огоҳ мекунам! – гӯширо гузошт Шоҳин.
– Сипас, кӯтоҳакак ба Ҷамшед дар мавриди бозгашти Ситора, дар куҷо қарор дрштани ӯ паёмаки тилфонӣ навишту ба худ гуфт:
– Беақл нест, мефаҳмад. Дарк мекунад, ки соати панҷ бояд дар “Канд” вохӯрем.
Он рӯз Азизов соати панҷ ба меҳмонхонаи “Истиқлол” расиду баробари ворид шуданаш, навбатдор гуфт:
– Шумо ба хонаи 45? Бонуе нав занг зада, гуфт, ки соати панҷ як генерал барои бурдани ӯ меоянд, пешакӣ огоҳаш кунем.
Азизов зери лаб “бояд либосро иваз мекардам, ин рутбаҳои генералӣ баъзе ҳолат шахсро дар ҳолати ногувор мегузорад”, – гуфту бе он ки посух диҳад, пурсид:
– Ошёнаи чор?
– Бале! Дасти рост, сеюм хона.
Шоҳин гулдастаи дасташро аз болои миз бардошту ба лифт нишаст ва тугмачаи ошёнаи чорро пахш кард. Дари хона нимкушо буд. Азизов аввал тугмаи зангро пахш карду баъд чун дид касе ба занг посух надод, дарро кушода, даромад.
Дар меҳмонхонаи ҳуҷра касе набуд. Шоҳин каме дудила шуду баъди тақ–тақ задани дари утоқи хоб, ворид шуд.
Ҷисми урёни духтаре дар рӯи ҷойхоб мехобид. Яқинан ӯ нияти иваз кардани либос дошт чун дар дастонаш куртаи зебое буд. Аз зери корде, ки ба қафаси синаи духтар зада буданд, ҳанӯз ҷӯйи хуни гарм метаровид. Генерал саросема набзи дастони карахту бемадори духтарро санҷиду тилфони ҳуҷраро пеш кашид. Ёрии таъҷилиро даъват карду хабар дод, ки шаҳрванд Ситора Ҷаббороваро дар утоқи меҳмонхонаи “Истиқлол” куштаанд. Духтар ба назари ӯ аллакай мурда буд ва генерал баъди лаҳзае ба худ омаду саросема се-чор акси ҷасадро бо тилфонаш сурат гирифт. Пайи дасташро аз тугмаи занг тоза кард ва садои бонги машинаи ёрии таъҷилиро дар даромадгоҳи меҳмонхона шунида, саросема бо зинапоя ба поён шитофт.
– Тавонистанд, маро қотил муаррифӣ кунанд. Қассос гирифтанд, – ба худ гуфт Азизов ва чунон тез аз назди навбатдор, ки ба раҳнамоии табибон ба утоқи Ситора банд буд, гузашт, ки ӯ ба сар боло кардан имкон наёфт. Раҳораҳ ба Ҷамшед занг зад:
– Ана, аз кабинет баромада истодаам, – посух дод Ҷамшед бе он ки садои Азизовро шунавад.
– Рост ба “Канд” биёед Ҷамшед! Илтимос, фақат тезтар!
– Ин Ситораи актриса боз ягон сюрпризе омода кардааст чӣ? – пурсид рӯзноманигор бо шунидани овози мушавваши Азизов ва оромона гуфт:
– Панҷ дақиқа пас мешавам. Ман кабинаи 13 ро банд кардаам. Интизор бошед, мерасам.
Ҳолати изтироболуди Азизов дар тарабхона, Ҷамшедро водор кард, то аз ҷой бархезад ва саросема пурсад:
– Чӣ ҳодиса рух дод? Ситора куҷост?
Шоҳин бе он ки ба савол посух гӯяд, ҳатто дасти дарозкардаи рӯзноманигорро эътиборе надода, нишаст. Шишаи майи болои мизро кушоду ба қадаҳ пур карда рехт ва танҳо баъди холӣ кардани он нафаси чуқуре кашиду бо овози ларзон гуфт:
– Ситораро касе куштааст. Ҷасадаш дар ҳуҷраи меҳмонхона. Вақте ба занги ман аз хонаи дараш нимкушо, касе посух надод, ворид шудам ва ҷисми хунолудашро рӯйи ҷойхоб дидам. Ман машинаи ёрии таъҷилиро даъват кардам, вале гумон мекунам аллакай ҷон дода буд. Ана ин аксҳоро бинед! – генерал-майор аксҳоро боз карда, тилфонро ба рӯзноманигор дароз кард.
Шоҳин гумон дошт Ҷамшед бо шунидани ин хабар ашк аз дида мерезаду дод мезанад, ё мизро чаппа мекунад, ё ба сари вай ҳамла мекунад. Вале рӯзноманигор бо чеҳраи маҳзун аксҳоро нигоҳ карду тилфонро баргардонида ва пурсид:
– Агар чунин бошад, чаро ту ин ҷой нишастаӣ?
– Чунки гумонбари аввал ба қатли ӯ манам ва гумонбари дуввум ту, – хунсардона ҷавоб дод Шоҳин.
– Ба ин қазия муфаттиш Амоновро ҷалб мекунанд ва ӯ бо майли том ниҳоят орзуяшро амалӣ мекунаду ба дастони ман завлона мезанад. Аввал ҳамсабақаш, ҳамсари ман ба ӯ баёнот медиҳад, ки паёмаки туро хондааст ва ман бо ӯ пеш аз назди Ситора рафтан, ҷанг карда, аз хона баромадаам. Баъдан котиба дар баёноти хеш зикр мекунад, ки Ситора ба ман занг зада буд ва сеюм далел занги худи ман ба ӯ. Чанд лаҳза пеш ба Ситора занг зада гуфтам, ки чаро Азизовро барои пешвозгирӣ даъват кардӣ на маро.
Эҳҳҳ Ситора… медонистам, ки рӯзгоре маро барои абад танҳо мегузорӣ, аммо на бо ин рангу на ба ин ҳол, – Ҷамшед қадаҳи холиро пур карду ба як нафас дам кашид ва онро сӯе гузошту пурсид:
– Чӣ кор мекунем? Ё ин маротиба меҳри рутбаи нав монеъи дахолати ту ба ин қазия мешавад?
Шоҳин ба суоли охирини Ҷамшед таваҷҷӯҳ накарда, посух дод:
– Субҳ Ситора ба ман занг зад. Ман ба ту паёмак навиштам. Навбатдори меҳмонхона дид, ки чӣ гуна ман ба утоқи ӯ ворид шудам ва Ситора ӯро аз омадани ман огоҳ карда буд. Ин бор маро чизе наҷот намедиҳад ва ман чизе барои бохтан надорам. Аммо, агар қотили воқеиро пайдо кунем, шояд вазъият тағйир ёбад.
Нақша кашидани онҳо барои пайдо кардани қотили воқеии Ситора, бештар аз як соат идома ёфт. Баъди ҷамъбасти сӯҳбат, Шоҳин ба соаташ нигоҳ кардаву тилфони дастиашро ба сӯе партофт ва гуфт:
– Агар Амонов ҳамон муфаттиши зираку кордоне, ки мо мешинохтем, бошад, аллакай ману туро мекобад ва бадбахтӣ ин аст, ки аниқ медонад дар куҷо ҳастем.
– Рост мегуӣ! Ҳанӯз мавқеъгирии вай дар ин қазия маълум нест, аз ин рӯ, мо бояд муддате пинҳонӣ амал кунем. Баъди ин суханон Ҷамшед ҳам тилфони дастиашро ба сатили партоб партофту бархост:
– Куҷо меравем? Шояд ба дачаи ту, вале аллакай баъди тасмим гирифтани раҳбарони болотар аз Амонов вобаста ба тақдири ояндаи ману ту, он макон ҳам дигар ҷойи бехатар нест.
– Рафтем! Аввал бояд ман аз ин либос халос хӯрам.
– Дар машина иваз мекунем, рафтем!
Баъди понздаҳ дақиқа машинаи Шоҳин баъди гузаштан аз дидбонгоҳи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ, бо суръати баланд ба сӯйи минтақаи дачанишин раҳ гирифт.
***
– Эҳ Ситора, Ситора… Боварам намеояд, ки дигар нестӣ… Чаро пас аз ин қадар солҳо бозгаштӣ? Чаро чунин зору ҳақир кушта шудӣ? Ҳарфи охиринат чӣ буд? Ақалан бори охир дидани ту ба ман насиб накард. Ҳарчанд вақте ин бегоҳ зангат задам, чун ҳамеша бо лутфи нозолуд гуфтӣ:
– Ҷамшед, агар хабари он ки маро аз “Истиқлол” ба “Канд” Азизов мебарад, намерасид, зангам намезадед? Чаро то бегоҳ тоқат кардед? Чаро нахостед маро зудтар бубинед?
Ҳа, медонам, ғурури Шуморо! Қаҳратон кард, ки аз омаданам Шуморо хабар накардам, аввалин шуда ба Шумо не, ба Азизов занг задам, ӯро гуфтам, то барои ман ояд. Медонистам, ки ин ҳама корд задан ба ҷигари Шумо аст, аммо медонед чӣ (воқеан такрори ин ибораро дӯст медоред!) ба ман ҳам гоҳо лаззат мебахшад, то ба эҳсоси Шумо панҷа занам, рашкатонро бедор кунам, ҳолати Шуморо тамошо кунам, ки чӣ гуна дарун-дарун месӯзед, аз қаҳр намедонед чӣ гӯед, вале риштаи ғурур калобаи андешаатонро ба даст мегираду намегузорад то ин ҳамаро иқрор кунед. Охир, Ҷамшед Шумо то кай ғурур мекунед? То кай ба ғурури хеш пойбанд мемонед?
– Ситора, чунинам менамояд, ки кадом номаи вопасинатро ба ман батакрор мехонӣ! Бас кун, аз ту актриса намебарояд! Беҳунарона нақшатро иҷро мекунӣ! Гуфтугӯ бо худро танҳо Маҳмуди Воҳид боҳунарона иҷро кардаасту бас!
– Ҳа-ҳа… бошад, Ҷамшед, вақти қимати Шуморо намегирам! Чанд лаҳза пас Амонов мерасад, дар “Канд” мебинем, – ин лаҳза садои занг дар гӯшии тилфон ҳам садо доду духтар гуфт:
– Ана, Азизов ҳам омаданд, вале ман ҳанӯз либос напӯшидаам! Хайр, Ҷамшед! “Хайр” бо нуқтааш не, “Хайр”-и сенуқта!
Шоҳин сигор ба даст назди дӯсташ, ки хамӯшу ғарқи хаёл менишаст, ба берун баромаду ғамгинона гуфт:
– Ситора тирамоҳро дӯст медошт. Болои баргҳои хазон пой мегузошту гумон мекардӣ парвоз мекунад. Шодона мегуфт, ки фасли пойизро дӯст медорад, зеро барояш Ҷамшеди сангдилеро ҳадя кардааст. Намедонист, вале шояд эҳсос мекард, ки тирамоҳ аз дунё меравад. Мегуфт, ки мехоҳад сари қабраш борони хазон борад, то Ҷамшедаш ояду гулдаста наҷӯяд, балки хазони болои қабрашро тоза кунад бас! Ҳатто дар ин лаҳзаҳо ғами туро мехӯрд, – Шоҳин ба китфи дӯсташ заду дар паҳлӯяш нишаст.
– Шоҳин, вақте ҷасади Ситораро дидӣ, ӯ урён буд?, – Ҷамшед бе он ки ба ҳарфи дӯсташ эътиное кунад, пурсид.
– Бале! Дар дастонаш пираҳани заъфаронии гулдоре буд, ки фикр мекунам нияти пӯшидан дошт.
– Пираҳане, ки ман тӯҳфа карда будам, – хунсардона ҷавоб дод Ҷамшед. Аммо пеш аз ту касе занги дари утоқи ӯро пахш карда буд. Чун Ситора дар охири сӯҳбат гуфт, ки “ана, Азизов ҳам омад, вале ман ҳанӯз либосамро напӯшидаам”.
-Ҳмммм… Табиист Ситора урён шудаву пираҳанеро ба даст гирифта, барои боз кардани дар намешитобад. Пас, ӯ дарро кушод, он нафарро ба хона роҳ дод ва барои пӯшидани либос ба утоқи дигар гузашт – хаёлолуд гуфт Шоҳин..
– Ҷолиб… вале он нафар чӣ гуфт, ки Ситора ӯро ба ҳуҷра роҳ дод? – пурсид Ҷамшед.
– Ё он нафар Ситораро мешинохту Ситора ӯро ба утоқ бе тарсу ҳарос раҳнамунӣ кард? – тахмин зад Азизов.
– Аз ду яке! Мо бояд сабти навори раҳрави меҳмонхонаро бинем, бо навбатдор сӯҳбат кунем.
Моро илоҷе нест, ҷуз он ки бо Амонов ҳамсӯҳбат шавем. Рафтем! Фурсатро аз даст додан лозим нест. Рост ба хонаи муфаттиш меравем!
– Аммо агар моро аллакай дар ҷустуҷӯй эълон карда бошанд чӣ? То наздикии дидбонгоҳ бо мошин меравем, аз он ҷой пиёда гузашта, баъд машинаи дигар киро мекунем. Шумо ин либосро пӯшед, барои эҳтиёт! Дастаи либоси чиркину фарсудаеро ба оғӯши Ҷамшед партофт Шоҳин.
***
Ғайричашмдошт, дар роҳ воқеае рух надод ва ҳарду ба такси нишаста, беташвиш то хонаи муфаттиш Амонов расиданд. Чароғи ҳуҷраи муфаттиш рӯшан буд. Лаҳзае ба Ҷамшед чунин намуд, ки пушти парда Ситораро дидааст. Бо ҳамон пираҳани заъфаронӣ. Аммо аз ёдрас кардани ин шубҳа ба Шоҳин тарсид:
– Мабодо нагӯяд, ки ман аз ғам девона шудаам ва ҳама шабаҳ ба назарам Ситора менамояд, – андешид рӯзноманигор ва пурсид:
– Чӣ кор мекунем? Рост ба ҳуҷрааш меравем?
– Аввал ман кӯшиш мекунам бо ӯ сӯҳбат кунам. Ба ҳар ҳол, ман рафиқи ҳамяроқ ва раҳбараш ҳастам. Агар дидани туро хоҳад, аз тиреза туро ба хона даъват мекунам.
– Бошад! Ман интизор мешавам! Вале масали деринаро фаромӯш накун: “Милиса дӯстӣ надорад”. Фикр мекунам Амонов аз ин гурӯҳ истисно нест, – хунсардона ба китфи рафиқаш зад Ҷамшед.
***
Ба занги дурударози Шоҳин аввал касе посух надод. Генерал-майор бори охирин тугмаи занги дарро пахш карду ба худ гуфт:
– Ҷамшед чун ҳамеша ҳақ баромад. Яқинан муфаттиш Амонов аввал барои боздошти ман ба дигарон занг зад ва омадани онҳоро интизор аст.
Баъди лаҳзае таваққуф аз зинапоя пойин шуданӣ буд, дар кушода шуд:
– Рафиқ генерал-майор, тинҷӣ аст дар ин нимашаб? Узр, ки сари мизи корӣ хобам бурдааст, – Амонов дарро калон кушод.
– Хоб ку набудед? – пурсид Азизов. Ӯро ин лаҳза ду андеша азият медод: Амонов мехоҳад хаёли ӯро ба сӯҳбат банд намуда, омадани дигаронро барои боздошташ интизор шавад ё воқеан дар ҳайрат мондааст.
– Бояд як масъаларо маслиҳат кунем, – оромона гуфт Шоҳин ва вориди хона шуд. Муфаттиш аз паси ӯ дарро басту ба сӯйи меҳмонхона раҳнамоӣ кард. Зуд варақи зиёди болои мизашро ҷамъ карду ба нишастан таклиф намуд.
– Амонов, Шумо аз қатли Ситора хабар доред? Медонед, ки гумонбари асосӣ ману Ҷамшед ҳастем?
Муфаттиш лаҳзае ба нуқтае чашм дӯхту сипас, сигоре оташ зад ва оромона пурсид:
– Чаро гумон доред, ки ӯро куштаанд? Ман фикр дорам, ки бо кадом сабабе ӯро дуздидаанд ё пинҳон кардаанд. Албатта, бо хоҳиши худаш ва ё маҷбуран…
– Шумо ҷасадро надидаед?
– Вақте аз меҳмонхона касе занг зад, ки шаҳрванд Ситора Ҷаббороваро куштаанд, ман расида, омадам. Аммо, дар ҳуҷра касе набуд ва ҳатто пайи мубориза ё куштор ба чашм намерасид. Аз фурсати занг то ба расидани мо ҳамагӣ 17 дақиқа гузашта буд.
– Шумо намедонед… – ва Азизов аз аввал то охир моҷароро қисса карду гуфт:
– Ҷамшед дар пойин аст. Иҷоза медиҳед, то боло шавад?
Муфаттиш ба ҷойи посух додан, бархосту тирезаро кушода садо зад:
– Ҷамшед, ба хона биё! Дар кушода аст.
***
Ҳангоме ҳар се ҳамдигарро аз он чӣ медонистанд, огоҳ карданд, хомӯшӣ лангар андохт. Чун ҳамеша муфаттиш Амонов аввалин шуда, сукути сардро шикаст:
– Аҷаб… Намедонам чӣ гӯям… Ситораро кушта, ҷасадро бурдаанд ва ё ӯро бо хоҳиши худ ё зӯран ба куҷое бурдаанд. Ҷӣ бояд кунем?
-Агар ки ҳанӯз фарзияи куштор матраҳ нест ва дасти ману Ҷамшед кушода аст, пас, ҳар се якҷо бояд амал кунем, – нафаси чуқуре кашид генерал-майор.
– Биёед, вазифаҳоро чунин тақсим кунем, – гуфт Ҷамшед ва сигорашро ба хокистардони пур пахш карда, идома дод:
– Амонов бо навбатдори меҳмонхона дар даромадгоҳ ва дар ошёна сӯҳбат мекунад, сабтҳои меҳмонхонаро дастрас менамояд. Азизов кай омадан ва расидани Ситораро ба Душанбе аниқ карда, рӯйихати мусофиронеро, ки ҳамраҳаш омада буданд, мегирад. Шояд ин рӯйихат ба мо чизе диҳад. Ман бошам, аниқ мекунам, ки ба ҷуз мо, аз ҳамкорони собиқ, хешовандон, дӯстон боз кӣ омадани Ситораро медонист. Фикр мекунам, агар ҷиддӣ машғул шавем, барои анҷоми ин ҳама кор ду–се соат кифоя аст. Пас, нисфирӯз дар ҷое ҷамъ мешавему маълум мекунем, ки боз чӣ кор бояд кунем.
– Бошад! Акнун хоб рафтаю барои кори пагоҳ нерӯ пайдо кардан лозим аст. Ҷамшед Шумо ба хонаи хоб, Азизов ба хонаи дигар. Ман бошам, ҳаминҷо мехобам, – бархост муфаттиш Амонов.
– Ҳа, мабодо “кори шаб, хандаи рӯз нашавад”, – хастаҳолона аз ҷойи нишастааш боло шуд Шоҳин ва Ҷамшед ба ӯ пайравӣ кард.
***
Нисфирӯз дӯстон қарор доданд, то дар ошхонаи “Роҳат” ҷамъ шудаву маълумоти пайдокардаашонро бо ҳам тақсим кунанд. Ин ошхона ҷои серодаме буд ва барои сӯҳбат мувофиқ. Амонову Шоҳин қариб баробар ворид шуданд ва аввалин шуда генерал–майор риштаи суханро ба даст гирифт:
– Камераҳои меҳмонхона дар он рӯз кор намекарданд ва дар ин маврид ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, яъне даъвати корманди техникӣ барои бартараф кардани ин монеа мавҷуд аст. Навбатдори меҳмонхона ва ошёнае, ки Ситора мезист, ҳам зан ва ҳам мард, баъди бозпурсӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ғайб задаанд. Дар суроғае, ки нишон додаанд, гуфтаанд ин ду нафар чор сол пеш дар ин ҳавлӣ ба ивази маблағ ба қайд гирифта шудаанду дар бораашон маълумоте надоранд.
– Рӯйхати мусофирон ҳам гумон аст чизе диҳад. Ситора аввал ба шаҳри Бишкек парвоз кардааст ва аз он ҷой бо таксии роҳ ба Душанбе омадааст.
– Хешовандону ҳамкорону шиносонаш ҳам перомуни бозгашти Ситора хабар надоранд ва касе ҳам ба онҳо тилфон накардааст, – гуфт Ҷамшед, ки ба тозагӣ ба онҳо ҳамраҳ шуда буд.
Мо дар ин кор қадаме ба пеш нарафтем, – хастаҳолона гуфт муфаттиш.
– Не, чаро? – бо овози рӯҳбаландкунанда садо зад Ҷамшед. Навбатдорон нестанд, гурехтаанд ё гурезониданд, пас, чизеро медонанд, ё дар ин моҷаро даст доранд. Камераҳо худ аз худ аз кор монданд, пас, маълум ки ба касе лозим буд, то кор накунанд. Касе дар бораи бозгашти Ситора намедонад, пас бо кадом сабабе ӯ моро кофт, вале ҳатто ба пайвандон занг назад. Ин далели он ки вай бо кадом нияте омадааст ва мехост то мақсади сафарашро фақат ба мо гӯяд.
– Зиндагии Ситора дар он шаҳри бегонаро бояд варақ зад, шояд ба дасти мо далеле диҳад. Вале ин кори душвор аст, зеро Ситора бо нафаре аз дохили кишвар робита надоштааст, – гуфт Азизов.
– Ман бошам, ба деҳае, ки волидайни навбатдорони меҳмонхона мезиянд, меравам. Шояд риштае ба даст ояд. Бовар дорам волидайн медонанд, ки фарзандонашон дар куҷост. Зодгоҳи ҳарду ҳам деҳаи Сарви баланди ноҳияи Айнӣ аст, ки аз маркази ноҳия хеле дур мебошад. Рафтуомад душвор, махсусан дар фасли зимистон, – илова кард муфаттиш.
– Агар зид набошед, ман Шуморо ҳамсафар мешавам. Ҳис мекунам, ки Ситора агар зинда бошад, дар он ҷой аст, – гуфт Ҷамшед.
– Ба эҳсоси ошиқ бояд бовар кард, мо ҳамраҳ меравем, бояд риштае пайдо шавад, – посух дод бо заҳрханд муфаттиш ва бори аввал аз оғози ин моҷаро, табассуми талхе дар лабони ҳар се пайдо гардид.
-Зиндагии Ситора дар он шаҳри бегонаро бояд варақ зад, шояд ба дасти мо далеле диҳад. Вале ин кори душвор аст, зеро Ситора бо нафаре аз дохили кишвар робита надоштааст – гуфт Азизов.
-Ман бошам ба деҳае, ки волидайни навбатдорони меҳмонхона мезиянд, меравам. Шояд риштае ба даст ояд. Бовар дорам волидайн медонанд, ки фарзандонашон дар куҷост. Зодгоҳи ҳарду ҳам деҳаи Сарви баланди ноҳияи Айнӣ аст, ки аз маркази ноҳия хеле дур мебошад. Рафтуомад душвор, махсусан дар фасли зимистон – илова кард муфаттиш.
-Агар зид набошед, ман Шуморо ҳамсафар мешавам. Ҳис мекунам, ки Ситора агар зинда бошад, дар он ҷой аст – гуфт Ҷамшед.
-Ба эҳсоси ошиқ бояд бовар кард, мо ҳамраҳ меравем, бояд риштае пайдо шавад, – посух дод бо заҳрханд муфаттиш ва бори аввал аз оғози ин моҷаро, табассуми талхе дар лабони ҳар се пайдо гардид.
***
Деҳаи Сарви баланд дар оғӯши кӯҳҳои баланди пурбарф ҷойгир буд. Аз маркази ноҳия хеле дур буду рафтуомад дар роҳҳои тангу вайронаи кӯҳӣ душвор. Аз ин сабаб, ҳатто ҳафтае як бор то зарурат пеш наояд, касе ба маркази ноҳия намерафт. Деҳа на мағоза дошт на беморхона ва мардум аслан аз ҳисоби захираҳое, ки тобистон мекарданд, мезистанд.
Дар фасли сармо касе ба кӯча то зарур нашавад, намебаромад ва танҳо дуди аз мӯриҳои баланди хонаҳо мебаромада, гувоҳӣ медод, ки дар он хонаҳо одамон мезиянд. Саҳари баланд мардони калонсол фақат боми хонаҳоро тоза мекарданд ё агар фарзанди мактабхон дошта бошанд, то дарвозаи мактаб, ки дар як бинои фарсуда ҷойгир буд, пайраҳаи барфиро тоза мекарданд. Бо ҳамин кори мардон рӯзона дар ин фасли пурбарф анҷом меёфт ва онон якояк аз гӯшаи бом ё кӯча ғайб мезаданд. Пештар аз онҳо бошад, панҷ –шаш нафар аз мӯйсафедони нуронии деҳа асозанон роҳ ҷуста – роҳ ҷуста то ба масҷиди деҳа, ки дар як бинои фатароти аз асри гузашта боқӣ монда, ҷойгир буд, меомаданд ва садои азон аз дамидани субҳ гувоҳӣ медод. Занон агар дар хона марде бошад, кам мешуд аз хона бароянд, вале агар гове дошта бошанд, сатили шир ба даст ба хонаи нафаре, ки навбати шир аз ӯ аст, мерафтанд. Дар он ҳавлӣ зани хушбахте, ки навбаташ расидааст, бо кафлези калоне шири онҳоро чен мекард ва чун навбати он зани дигар ояд, ба ҳамон миқдор шири ӯро бояд мегардонид. Кӯдакон пасонтар аз онҳо ба берун мебаромаданд ва бо либосҳои зимистонаи ғафс базӯр ҳаракат карда бо пайраҳаи сохтаи падар ё бародар то ба мактаб мерафтанд.
Журналист ва муфаттиш то ними раҳ бо машина ва аз онҷой пиёда, вақте торикӣ аллакай лангар меандохту мардум нияти хоб доштанд, ба деҳа расиданд. Дар саргаҳи деҳа як утоқи хурдакаке буд, ки садои чанд мард ба гӯш мерасид ва онҳо маҷбур аз сардӣ ларзида, дари онро тақ – тақ заданд. Се- чор марди миёнасол, гуиё ки онҳоро интизорӣ мекашида бошанд, баробари ворид шудани онҳо баробар аз ҷой хестанд ва зуд ба назди бухории гарм шинониданд. Кадоме чойи гарм овард, кадоми дигаре табақи оши хунукшударо рӯйи бухорӣ гузошт, дигаре чанд дона ҳезуми нимхушкро баъди ба зери он кашидани лахчаҳои сӯзон, болои он партофт.
Амонов даррав худ ва ҳамраҳашро шинос карда аз хонаи волидайни навбатдорони меҳмонхона пурсид. Марде, ки мӯйлабҳои дарози сафед дошт ва ба зоҳир аз дигарон бузургтар менамуд, гуфт:
-Дар он хона ҳоло як зан бо модараш зиндагӣ мекунанд. Се дар хона доранд ва метавонед шабро ҳам он ҷой рӯз кунед. Дар деҳаи мо меҳмон атои Худо аст, ба кадом хонае равед, хурсанд мешаванд. Ошро гиред хунук нашавад, ман Шуморо то ба хонаи онҳо гусел мекунам.
Ҷамшед ва Амонови гушна табақи ошро то ба наволаи ахир нӯши ҷон карданду баъди гирифтани як пиёла чой, думболи мард ба дастурхон омин карда, бархостанд. Ғайричашмдошти онҳо дар ҳавлие, ки онҳоро бурданд, касе хоб набуд. Зане даромада зуд ҷойгаҳ партофту чою нон овард. Ҷамшед бо нияти сигор кашидан аз хона берун шуду зани ҷавони зебое аз хонаи дигар ба пешвози вай баромад ва пурсид:
-Журналист Шумо ҳастед ё ҳамраҳи Шумо?
-Ман.
-Шуморо ба мо Худо расонид.
-Мо занеро меҷӯем ва ӯро бори охир шавҳар ё бародари Шумо дидаанд. Фикр кардем агар бо ӯ сӯҳбат кунем, шояд риштае ба даст ояд.
-Додар ва янгаам шояд бошанд. Онҳо дар Душанбе кор мекунанд. Кайҳо боз хабаре аз эшон нагирифтаем, чун аз деҳаи мо нафаре бо пойтахт рафтуомад надорад.
-Пас, мо беҳуда омадаем-маҳзунона дуди сигорро чуқур кашиду ҳалқа-ҳалқа дуд бароварда, гуфт Ҷамшед.
-Не, чаро? Фоҷиаи зиндагии ман шояд даҳшатноктар аз фоҷиаи он зане, ки меҷӯед, бошад. Ман кайҳо боз мехостам даҳшати зиндагиамро ба касе гӯям. Раиси деҳа , ҳамоне бо Шумо омад, гуфт, ки дарди диламро ба Шумо қисса кунам, шояд чорае андешед.
-Ӯ аз куҷо медонист, ки мо меоем? – ҳайратзада пурсид Ҷамшед.
-Тамоми деҳа медонист, ки Шумо ва як милиса имрӯз меоед. Аз куҷо фаҳмидаанд, намедонам. Раиси деҳа тилфон дорад, шояд касе ба ӯ занг зада, гуфта бошад. Маро пештар аз расидани Шумо,ба хона омада гуфтанд, ки фоҷиаи ба сарам омадаро нарезонидаву наччаконида, нақл кунам.
-Ҳмммм… – Ҷамшед бо вуҷуди он ки фикру хаёлаш ба гум шудани Ситора ва чӣ гуна фаҳмидани аҳли деҳа аз омадани онҳо банд буд, ба духтар гуфт:
-Хайр, чӣ илоҷ… Шуморо мешунавам.
Духтар думболи Ҷамшед ба хона даромад. Амонов аллакай ба ҷойгаҳ даромада буду хурроки баландаш дар хона танинандоз буд. Духтар дар гӯшае нишасту Ҷамшед дар назди тиреза диккак нишаст ва ба овози паст, вале ширадори духтар гӯш фаро дод.
***
Ҷавони ношинос дар деҳаи мо ногаҳон бо чанд милиса пайдо шуд. Барои шикор омада буданд. Зимистони гузашта аз сардии зиёд кабку оҳуи зиёде ба деҳа рехта буданд, барои ҳамин аз омадани онҳо касе ҳайрон нашуд. Мани аблаҳ он рӯз аз рӯйи кунҷковӣ ба лаби чашма тани танҳо рафтам. Ҷавон дар сари чашма нишаста, камони шикориашро бо тир пур мекард. Ӯро дида, чун одати духтарони деҳа аввал гурехтан хостам, вале ҷавон маро думболагир карду ба рӯйи барф афтонид.
-Мисли ҳамин кабкҳои бехабар аз маргашон, сайд ба пойи худаш омад – гуфту либосамро пора кард. Ду – се мушт ба сару рӯям зад. Аз даҳонаш бӯйи баде меомад. Аранге хандаи милисаҳо ҳам ба гӯшам расид.
-Касе надорад ва касе ҳам барои ӯдаъво намекунад, сайдро аз даст мадеҳ! – гуфт милисае, ки гоҳ – гоҳе ба деҳаи мо меомад.
Дигар чӣ шуд, ёд надорам. Тамоми баданам аз зарбу лат дард мекарду чунинам менамуд, ки гуиё зери машина монда бошам. Торикӣ чодар мезад, ки овози додарамро шунида, базӯр бархостам. Вай ҳоли маро диду пурсид:
-Ин кори ҳамон ҷавон?
Ман бо нишонаи тасдиқ сар ҷунбонидам. Кош ин нанги абадиро мебардоштаму саволи ӯро тасдиқ намекардам… Додарам, додари чордаҳсолаам мисли шахси ақлбохта сӯйи деҳа шитофт. Дигар ҷиссаро аз забони модарам шунидам. Ӯ чанд санге ба машинаи ҷавон мезанад. Ҷавон бошад мастомаст ба сӯйи вай тир холӣ мекунад…- нолаи талх занро гулӯгир карду аз чашмони маҳзунаш мисли борон донаҳои ашк ба рухсораш таровиданд.
Зан бархоста, ба хонаи дигар даромаду як даста сурату номаҳоро овард.
-Ин машинаи он қотил, ин сураташ, ин акси бародари ман.
-Баъд чӣ шуд?- аксҳоро якояк аз назар гузарониду пурсид Ҷамшед.
– Милисаҳо зидди ман баёнот доданд. Гуиё байни ману ҷавон чизе нашудааст. Бародарам машинаро бо санг задааст ва ҷавон хаёли хирс карда, тир кушодааст. Қариб буд худи маро барои тӯҳмат суд мекарданд. Падарамон ба доғи фарзанду таънаи мардум тоб наовард. Як рӯз аз масҷид дер омад. Ҷасадашро дар оғил ёфтем. Худашро овехта буд. Бародари калониам ва янгаам аз тарси таънаи мардум ману модари пирамро партофта, ба пойтахт рафтанд. Акнун мардуми деҳа банавбат барои мо як пора нону як табақ ош меоранд. Бо ҳамон рӯз мегузаронем. Омадани Шуморо раиси ин деҳа аз куҷое дарак ёфта, гуфт, ки Шумо инсони ҳақиқатҷуй ҳастед, ҳарчӣ буд, барояшон бигӯ!
-Ҳарчӣ ба ман гуфтӣ, метавонӣ дар пеши камера гуӣ то ман сабт кунам ? – ба аксе, ки машинаи ҷавон ва рақамҳои он менамуд, зеҳн монда, пурсид Ҷамшед.
-Як бор не, сад бор мегӯям – гуфт духтар ва бо дастонаш ашки чашмонашро пок кард.
***
Он шаби сарди зимистонӣ хоби Ҷамшед то субҳ набурд. Қиссаи зани ношинос ӯро ба сад фикру хаёл бурд. Агар ин ҳодиса заррае ҳақиқат дошта бошад, пас, решаҳои зулм ва беадолатию ба зиндагии мардуми одӣ туф кардан, дигар ба ҳукми анъана даромадааст.
Касе садо баланд кунад, нафас чун занҷир дар гулӯяш мепечад, агар напечид, мепечонанд. Рӯзноманигор бошад, солҳои ахир ба ғами Ситора ончунон аз зиндагии мардум канда шуд, ки дигар хешро аз ин ҷомеа эҳсос намекард. Ёдаш омад, ки чанде пеш шогирде барояш гуфта буд:
-Хона-машина – утоқи корӣ. Агар фурсате ёфтед, аз пушти шишаҳои ғафси утоқи корӣ ба хиёбону мардуми он менигаред. Аммо фақат аз дур. Барвақт фаромӯш кардаед, ки эшон аз чӣ меандешанду дар фикри чӣ ҳастанд.
Он замон Ҷамшед ба ин эрод лабханд зада гуфта буд, ки “не, ӯ миёни ҷомеа асту ҳама чиро беҳтару бештар аз дигарон медонад, ҳис мекунад, чун рӯзе бо даҳҳо нафар сӯҳбат мекунад, ба ӯ аз шаҳрҳои гуногун, ҳатто аз зиндонҳо занг мезананд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст, беҳуда аст ин андеша”.
Шогирд дар посух лабханд зад ва дигар чизе нагуфт. Рӯзноманигор фикр кард, ки вай хатои хешро фаҳмид, имрӯз бошад, донист, ки не, он шогирди оқил баҳс бо устодашро ҷойиз надониста будааст.
Субҳидам бархосту ба берун баромад. Сигореро оташ зад ва чуқур нафас кашида, ғарқи андешаҳои бесару нӯг буд, ки муфаттиш ҳам ба берун баромад. Хамёзае кашида, бо барф дасту рӯй шуст ва гуфт:
-Тамоми шаб хобат набурд? Ман ҳам нақли занро шаб шунидам ва баъди он мижжа таҳ накардаам. Боварат намеояд, гуиё мо аз сайёраи дигар омадаем ё дар асри ғуломдорӣ зиндагӣ мекунем. Аз зиндагии воқеии мардум торафт бештар канда мешавем.
Суратҳоро ҳам ки назди ҷойгаҳи хоб гузоштаӣ, дидам. Ин ҷавонро шинохтам. Овоза ҳаст, ки ба наздикӣ ӯро дар яке аз вазоратхонаҳои калидӣ шахси аввал таъин мекунанд. Рақами машинааш ҳам ошно аст. Вай бо ин машина ду донишҷӯро пахш карда, ба ҳалокат расонидааст, вале ҷазои сазоворе нагирифт. Аниқтараш, бо соҳибони мурда забон ёфт ва онҳо даъвое накарданд. Медонӣ, ки бо ин гуна нафарон мақомот ҳам намехоҳад мушкил эҷод кунад. Ҳамин тавр, парвандаи куштори он донишҷӯёни бечора маҳкам шуд.
-Оқибати ин ҳама бепарвоии ману ту баринҳо бахайр бошад! Бахайр! Косаи сабри ин ҷафодидаҳои ба умеди қонун мезиста, рӯзе лабрез мегардад. Онгоҳ дер мешавад!
-Рост… аммо аз дасти ману ту чӣ меояд? Ин маротиба ҳатто ҳамон шиори ҳамешагии ту “аз торикӣ манол, ақаллан шамъе рушан кун”, ба кор намеояд. Доду фиғони тую он зан ҳатто аз домани ҳамин кӯҳҳои пурбарфи кӯҳистон берун намеравад.
-Ба ҳар ҳол… ба ҳар ҳол кӯшише мекунем Амонов! Биё меравем, дар ин деҳа Ситораро кофтани ману ту беҳуда аст.
-Касе бисёр мехост то мо ба ин қазия таваҷҷӯҳ кунем. Аҳлм деҳа пешакӣ медонистанд, ки мо меоем. Аммо инро руст мекунанд. Ин кори дасти кӣ бошад? – пурсид муфаттиш ва аз паси Ҷамшед ба хона ворид шуд.
-Замоне… солиёни пеш Ситора чунин одат дошт. Медид, ки ман ба ягон қазия аз паси панҷа менигарам, аҳамият намедиҳам, кӯшиш мекард бо сохтани ягон саҳна, ҳуши маро ба он ҳодиса банд кунад. – маҳзунона гуфт рӯзноманигор.
-Чаро фикр намекунӣ, ки ин Ситораи ту ин бор ҳам моро ба ин моҷаро кашиданӣ аст? Шояд бо хумори он рӯзҳо моро дар ин кӯҳу домон овора кард?
-Намедонам, аммо яқин ки ӯро дар ин кӯҳистони пурбарф намеёбем. Дар ин гуна деҳаҳо ҳатто мурғи нафаре тухм кунад, ҳама огоҳ мешаванд, гови касе гум шуд, ҳама медонад, бузи касе аз кӯҳ барнагашт, хабараш то ба кӯдаки ҳафтсола мерасад.
Майлаш, бо раиси деҳа, модари навбатдорон сӯҳбат кун. Ман бошам, андешаҳоямро рӯйи саҳифа меорам, нақли занро сабт мекунам, ба ҷойи ҳодиса ва қабристон рафта, навор мебардорам. Нашр нашавад ҳам, барои оне ки пас аз марг ба компутари дастии ман роҳ меёбад, қиссаи тайёр мешавад – ҷавоб дод Ҷамшед ва ҳарду ба ҷамъ кардани чизу чораашон машғул шуданд.
***
Ғайричашмдошт, ҳам райиси деҳа ва ҳам ду марди дигаре, ки муфаттишро дида, наздик омада буданд, ҳама нақли духтарро ба пуррагӣ тасдиқ карданд. Фақат як нафари онҳо бо ҳасрат гуфт:
-Писари Зиё, ки аз деҳаи мо аст, милиса шуда буд. Ин ҳама баҳси судиро маҳз вай ба фоидаи он ҷавон ҳал кард. Шоҳидонро сохт, хулосаи тиббиро ҳам ӯ гирифт ва ба ивази он якбора аз лейтенанти хурд то ба рутбаи майор расид. Падари ин духтари оҷизаро бад медид, чӣ хусумате дошт ва аз фурсат истифода бурд. Ана акнун, мардуми деҳаҳои атрофро мисли босмачиён ғорат карда, мегардад. Мегӯӣ, ҳокими ин дара бошад.
Модари навбатдорон бошад, ба ҷуз нақли ҳодиса, илова кард:
-Як чиро орзу дорам: Ҳамин лаънатии писари Зиё, ҳамон милисаи хонасӯхта, ки гунаҳгори ҳамаи ин ҳодиса аст, нагузошт то ҳақ ба ҳақдор расад. Мисли ман агар бадбахту бечора мешуд, ки ман медидам. Он гоҳ агар мемурдам, беармон будам.
Ҷамшед бошад, дар ин фурсат нақли занро сабт кард ва бо нафаре аз мардони деҳа аввал ҷойи ҳодиса, баъд қабристони деҳа рафту навор гирифт. Дар болои санги қабри ҷавон мисраҳои одӣ, аммо дардолуде буданд, ки таваҷҷӯҳи рӯзноманигорро ҷалб карданд:
Ба ҳар ҷо бигзарад тобути ман, фарёд бархезад,
Ки сангин меравад тобут, пур орзу дорад.
Онҳо бо мардуми деҳа хайрухӯш карда, баъди се соат ба маркази ноҳия расиданд. Бо ронанда худоҳофизӣ карда, ба чойхонаи сари роҳ даромаданд. Ҷавони олуфтае бо либоси милиса ва як нафари дигар бо либоси мулкӣ ба назди онҳо омаданд:
-Ман майор Зиёзода, ин кас ёвари прокурори ноҳия. Кӣ ҳастед ва чӣ ҳуҷҷат доред?
Ҷамшед, ки ба ин гуна ҳодисаҳо зиёд дучор шуда буд, лабханде заду ба сӯйи Амонов гуфт:
-Рафиқ полковник, ин ҷой хонаи очаатон нест, ҳуҷҷат нишон диҳед!
Муфаттиш ҳуҷҷаташро бароварду қариб ба даҳони Зиёзода тиққонида, гуфт:
-Дидӣ? Акнун аробаатро аз ин ҷой каш майор!
-Мебахшед рафиқ полковник, ба ман гуфтанд, ки ду журналист омада, мардуми деҳаеро пурсуҷӯ мекунанд. Суолҳои беҷой медиҳанд. Ман намедонистам, ки ин корро корманди мақомот, полковник анҷом медиҳанд. Чӣ хидмат кунем?
-Қиссаи куштори туро тадқиқ дорем Зиёзода. Ҳоло баъд ва дар дигар ҷой сӯҳбат мекунем – бозарда посух дод Амонов ва даст афшонид:
-Рав – рав! Даркор шудӣ, завлона дар даст пеши ман меравӣ!
Ҳангоме онҳо аз деҳа баромаданд, касе ба тилфони дастии Амонов занг зад. Муфаттиш тугмаи сабтро пахш карду ҷавоб дод:
-Гӯш мекунам рафиқ генерал!
-Ту намедонӣ, ки таҳи ҳамонеро беҳуда мекобӣ ки пагоҳ вазири ту мешавад? Озодӣ намефорад ё аз кор сер шудӣ?
-Намедонистам рафиқ генерал, ки ин қотил вазир шуданӣ аст. Нав фаҳмидам. Аз ноҳия баромадам, ба сӯйи пойтахт ҳаракат дорам.
-Ин ҷавон фарзанди сарсупурдаи миллат аст. Рӯҳу ҷонашро барои ҳимояи марзу буми Ватан фидо мекунад. Ба ҳарфи душманони миллат, хоинони миллат, зархаридони хориҷӣ бовар накун! Ба пойтахт омадӣ, рост пеши ман даро! Ягон роҳи узрпурсиро меёбем. Ба ҳар ҳол, ту калла дорӣ ва каллаи ту ба мо даркор аст – генерал аз он сӯй гӯширо бе хайрухӯш гузошт.
Амонов лаҳзае гӯшии тилфон дар даст, ба хаёл рафт. Нуқтаи нигоҳашро ба дуриҳои дур дӯхтаву аз чизе меандешид. Лаҳзае андешае сарашро тоб медод, ки бо қабеҳтарин алфоз раҳбарашро дашном диҳаду аз баҳри ин ҳама ғулом будану дар посух ба таҳқир шуниданҳо хомӯшӣ ихтиёр кардан, гузарад. Аммо ин эҳсоси гузарандае буд ва пеши назараш ин ҳама солҳо дар сангарҳо алайҳи номардию разолат сина сипар кардан, барои барқарорсозии адолат, пирӯзии адл бар ҳақ ҷон канданҳояш ёд омаду аз тасмимаш даст кашид.
Ҷамшед ҳолати муфаттишро дида, чун изҳори ҳамдардӣ даст ба китфи ӯ гузошту бо заҳрханд гуфт:
-Хайрият, ҳуқуқшинос нашудам. Агар не, барои як рутба аз сад раҳбар гап шуниданро таҳаммул намекардам.
Амонов дар посух нигаҳашро аз дуриҳо канда, нав чизе гуфтанӣ буд, ки ин бор тилфони дастии Ҷамшед занг зад.
– “Раис”- шунаво гуфт рӯзноманигор ва баландгӯи тилфонро пахш кард. Аз он сӯ раиси созмони журналистон, бо оҳанги дӯстона, чун одат бо овози баланд хитоб кард:
-Ҳа, Ҷамшед, тинҷ намегардӣ – а? Боз кадом лонаи занбӯрро кофтӣ? Аз субҳ тилфони ман дам намегирад, ки туро пайдо кунаму насиҳат кунам. Фаҳмонам, ки амалат нодуруст аст ва аз раҳи пешгирифтаат баргардонам. Ин гуна мардум гумон мекунанд, ки ман раиси тамоми нашрияҳои чопию электронӣ дар Тоҷикистон ҳастам ва ҳарфи ман барои журналистон қонун аст. Охир ҷояш ояд, онҳо худи маро мекӯбанд – овози раис оҳанги шиква гирифт.
-Дар роҳ ба сӯйи Душанбе, дар ағба ҳастам раис! Гӯед, ки маро насиҳат кардед, оқибати сар ба девор заданро фаҳмонидед. Гуфтед, ки бо касе ки раисшавиаш ҳамин шабу рӯз тасдиқ мешавад, сар ба сар шудан, аблаҳӣ аст. Давоми масъаларо ман худам ҳал мекунам. Албатта, бо зикри он ки Шумо ба ман насиҳат кардеду паёмади амаламро фаҳмонидед.
-Қурбони аҳли фаҳм! Аммо ба ҳар ҳол, эҳтиёт кун! Худат такрори як ҷумларо дӯст медорӣ: “Сарро ба санг задан, далели қаҳрамонӣ не, балки аблаҳӣ аст”. Ин шиори худро ин бор ҳам фаромӯш накун!
-Бошад раис! Ҳатман! Ташаккур барои насиҳату маслиҳат! Насиб, рӯзи шанбе дар дача вомехӯрем.
-Ман интизор, нақл мекунӣ, ки неши занбӯр ин бор аз баҳри чӣ буд…- раис бо ханда гӯширо гузошт.
-Ҷамшед, ба Шумо журналистон ҳасад мебарам. Ҳатто раиси журналистон рӯирост намехоҳад сади Шумо бошад. Фақат насиҳату маслиҳат- лабханд зад муфаттиш.
-Раис чун шахсият нотакрор аст. Натанҳо озодии худ, балки озодии дигаронро эҳтиром менамояд, тору пудаш журналист аст. Худо донад, ононе баъди ӯ меоянд, чӣ коре барои журналистон карда метавонанд, аммо ӯ ҷонашро барои дилхоҳ журналист медиҳад. Ҳатто бо журналист ҳамандешу ҳамфикр набошад ҳам.
Ҳарду лаҳзае хомӯш монданд. Медонистанд ба нуқтае расидаанд, ки хатари ошкоро ба ҳарду таҳдид дорад ва дер ё зуд онро дар ҷисми хеш ҳам эҳсос хоҳанд кард. Албатта, агар аз роҳи худ барнагарданд, узр напурсанду талошро барои адолат идома диҳанд. Вале агар ба зону заданд, таслим шуданд, дар посух шояд ба Амонов рутбаю вазифаи нав диҳанд, барои Ҷамшед ҳам кӯмаке фикр кунанд.
Рӯзноманигор ин ҳамаро андешиду ба сӯйи муфаттиш лабханд зад:
-Интихоб аз мо аст, бубинем, ҳоло дар ин муддат чӣ рӯзу рӯзгоре ба сари Шоҳин омад… Пеш аз ин бошад, бояд аввал сабти ин фоҷиаро расонаӣ кунем, вагарна на мо ва на он зани бечораро лаб кушодан намегузоранд. Ҳатто зани бечораро маҷбур мекунанд, ки гуиё мо ӯро таҳдид намуда, сабти сӯҳбаташро гирифтем ва мо барои вай ин қиссаро навишта додему аз рӯйи коғаз маънои хондаашро нафаҳмида, тӯтивор такрор кардааст.
Фаромӯш набояд кард, ки ба дорандаи маълумот хатар бештар аз худи маълумот таҳдид мекунад. Вале агар он маълумот расонаӣ шуд, тири аз камон ҷастаро мемонад, дигар мисли бомбаи корношоям аст, ки шакли бадвоҳима дораду ба касе зараре расонида наметавонад.
***
Ҷамшед баъди омода кардани сабт хеле андешид, ки ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат кунад. Пешакӣ аз таҷриба медонист, ки наметавонад онро дар дохили кишвар нашр намояд. Зеро бо фаҳмидани қаҳрамони ин ҳодиса яқин муҳаррир ё муассиси нашрия ё сайт ё оҷонсӣ ба андеша меафтад, ки оё барои аз мусибати як зани ношинос гуфтан, худро ба коми аждаҳо дар симои як вазиршав партояд ё не. Зеро кайҳо боз дар кишвар одат шуда буд, ки ягон мансабдори танқидшуда, думболи ислоҳи камбудиҳо намекӯшад, ҳатто лаҳзае намеандешад, ки шояд ин камбудиҳо ҷой дошта бошанд. Баръакс, ҳамеша фармоишгари мавод меҷӯяд, ҳатто нерӯ ва сармоя сарф мекунад, сад касро ба миён медарорад. Аз нафароне, ки ба мансабаш чашм ало кардаанд, гумонбар мешавад, муносибати он шахсро бо муаллифони мавод меҷӯяд ва агар даркор шавад, меёбад. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки фармоишгари ин маводро пайдо кунад. Яқинан, бо донистани ин ҳама муассис ва сардабирон роҳи дуюмро интихоб менамоянд ва аз рӯйи шиори “аз бало ҳазар” амал хоҳанд кард. Ба ҳамин хотир, баъди омода кардани сабт, ба соҳиби як расонаи электронӣ, ки замоне ҳамкораш буду дар хориҷи мамлакат мезист, навишт. Кӯтоҳакак ҳодисаро шарҳ дод. Инро ҳам гуфт, ки касе наметавонад ин қиссаро дар дохили ҷумҳурӣ нашр ё пахш намояд.
Дӯсти айёми ҷавониаш баъди чанд лаҳза таваққуф, – аниқтараш, баъди кофтану пайдо кардану донистани қаҳрамони ин ҳодиса, навишт, ки онро нашр мекунад ва ҳатто агар Ҷамшед хоҳад, идомаи ин моҷароро мустақилона пайгирӣ хоҳад кард. Рӯзноманигор хурсанд шуду гуфт:
-Бо вуҷуди он ки ҳамфикрат нестам, вале аз он ки берун аз Тоҷикистон ҳарфи моро мегӯӣ, он чизеро менависию аз гуфтан наметарсӣ, ки мо дар дохил гуфта наметавонем, хурсанд ҳастам. Шукронаи буданат!
Мавод баъди фиристодани Ҷамшед ба почтаи электронии он дӯсташ тақрибан як соат пас нашр шуд. Ҷамшед медонист, ки чун одат шахси танқидшуда ва атрофиёну дӯстону ҳамшаҳру ҳамсабақонаш ба ӯ занг задану моҷарои “ту” ва “ман” – ро оғоз мекунанд, тилфонро кушту ба ҷойгаҳ даромад то каме қувват гираду ба ҷанҷоли пагоҳ омода шавад.
Субҳи дигар дар ҳама маҳфилҳо аз ҳодисаи ба сари ин зани бадбахт омада, мегуфтанд ва ба вазиршав лаънат мегуфтанд. Баҳси ин мавод дар долонҳои ҳукуматӣ ҳам буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам буд, дар маҳфили журналистон ҳам буд.
Ҷамшед сари субҳ якояк шабакаҳои иҷтимоиро диду аз вокуниши аҳли ҷомеа қаноатманд шуда, дубора тилфонашро кушт ва рақами тилфони Шоҳинро чид то фаҳмад, ки дар набудани вай ба сари дӯсташ чӣ рӯзу рӯзгоре омадааст.
***
Ҳангоме Ҷамшед овози хаста ва каме гирифтаи Шоҳинро аз он сӯйи гӯшӣ шунид, аввал худро гум карду намедонист суханро аз чӣ оғоз кунад. Хеле кам иттифоқ меуфтод, ки бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ дӯсташ худро бой диҳад ё ақалан ба касе нишон диҳад, ки рӯҳафтода ва таслим шудааст.
Аммо ин бор ӯ ба шахсе монанд буд, ки дигар талошу мубориза барояш афсонаҳои ширини барояш бегонаро мемонад ва ҳама барояш бефарқу якранг шудааст.
Садояш ҳам меларзид, дардолуд буд ва хаста. Садои марди хастаеро мемонд, ки баъди дурударозу беист раҳ паймудан, ба манзиле дар ҷустуҷӯи гумкардае расидааст, вале аз ӯ на пайе пайдо кардааст на ҳайдаре.
-Ҷамшед, баргаштед? Ман чанд маротиба ба Шумо ва Амонов занг задам, вале ба фикрам алоқа набуд.
-Ҳа, он деҳа аз тамоми дунё канда аст ва мегӯйӣ дар кадом гӯшаи дурафтодае ғарибу танҳо афтодаӣ.
-Навбатдори меҳмонхона бо ҳамсараш рӯзи дуюм пайдо шуданд. Оне ки чун Ситора ба қайд гирифта шудааст, Ситора нест. Зани зебое, ки аз рашк ба қалбаш корд задааст. Дар он меҳмонхона шавҳарашро бо зани бегонае пайдо кардааст ва корд ба ҷигараш мезанад. Ҳоло дар беморхона аст ва ман бо ӯ сӯҳбат доштам. Мегӯяд ному насаби Ситораро дар як китоби Шумо хондааст ва дар меҳмонхона ному насаби вайро гуфтааст.
-Аҷоиб… Пас камераҳоро кӣ кушт?
-Шавҳари он зан. Ба хотири он ки сабти ворид шуданаш бо духтар ба меҳмонхона ба дасти кадоме наафтад. Он мард мансаби баланд дорад ва табиист аз тарс ин корро карданаш мумкин аст.
-Ман ба ин бовар мекунам, ки эҳтимол Шумо Ситораро нашинохта бошед. Вале сӯҳбати тилфонии аввал Шумо ва баъд ман бо Ситора чӣ? Ман овози ӯро хуб мешиносам ва ҳам мо аз лаҳзаҳое ёдовар шудем, ҷуз ӯ касе намедонист – рӯзноманигор аз қиссаи дӯсташ чунон гаранг шуд, ки дигар намедонист чӣ гӯяд.
-Ин ҳама сабти овози Ситора буд. Сабти пешакӣ. Беҳтараш, биёед ҳарсе вохӯрем, ман ҳамаашро мефаҳмонам.
***
Амонов ба занги Ҷамшед кӯтоҳакак посух дод:
-Ба фикрам ману туро девона меҳисобанд. Дӯсти ману ту чунон дар изтироб аст, ки фикр мекунам ҳазён мегӯяд. Чизеро пай мебарам, вале бовар кардан намехоҳам. Бегоҳ соати 17 дар “Роҳат” вомехӯрем, бовар дорам ҳама чӣ фош хоҳад шуд.
Рӯзноманигор намедонист чӣ хел вақт кӯр кунад. Бори аввал буд, ки ин гуна ҳолат ба ӯ рух медод. Ақрабаки соат ба назараш чунон оҳиста ба сӯйи бегоҳ ҳаракат мекард, ки гоҳо мехост то бархезаду ақрабаки соатро бо зӯрӣ ба пеш тела диҳад. Ба чӣ кор банд шуданашро намедонист. Сари ин қазия фикр кардан ҳам намехост, чунки аз андешаи зиёд тез монда мешуд ва сарашро дард мегирифт.
Ҳамин ки то вақти мулоқот як соати дигар монд, қарор дод то пиёда равад. Берун баромад. Дар хиёбонҳои шаҳр оҳиста – оҳиста қадам мебардошту чизеро меҷуст. Вале худ намедонист чӣ меҷӯяд ва чаро меҷӯяд.
Ба назараш чеҳраи ҳар раҳгузаре, ки аз наздаш мегузашт, гирифта ва хашмгину норизо аз зиндагӣ менамуд. Дар умқи чашмони хастаи раҳгузарон ҷилое намедурахшид, як ғами нуҳуфта, рози нагуфтае ниҳон буд. Чунин менамуд, ки агар нафареро ҳол пурсӣ, бозмеистаду худро ба гарданат мепартояд ва ҳой – ҳой гиря мекунад.
Ғарқи тамошои ин чеҳраҳо чӣ гуна вақт гузашт, нафаҳмид. Вақте дид, ки то вақти мулоқот вақти каме мондааст, қадамашро тезтар кард. Ҳангоме вориди ошхона шуд, аллакай даҳ дақиқа гузашта буд.
-Аҷиб… ман тамоми рӯз вақт шуморидам, вале дар охир боз дер кардам. Чунин ҳам мешудааст, – тамасхуромез зери лаб гуфт Ҷамшед ва дӯстонашро аз дур дида, бо чеҳраи гирифта наздик омад.
Ғайричашмдошт, ба шишаи болои миз касе даст нарасонида буд. Муфаттиш Амонов ба пешвози Ҷамшед бархоста, дастонашро сахт фишурду ба рӯзноманигор чунин намуд, ки дар баробари ин даст додан вай базӯр аз изҳори ҳамдардӣ худдорӣ кард.
Шоҳин бошад, сарашро боло набардошт. Ҳамчунон чашмонашро аз нуқтаи номаълуме наканда, мисоли гунаҳгорон хомӯш менишаст.
-Тоқат куну афсонаи дӯстамонро шунав! Ман заррае ба ин гуфтаҳо бовар накардам, шояд ту содатар бошию бовар кунӣ – заҳрханд зад Амонов бо сар ба сӯйи генерал ишора карда.
– Ҷамшед, агар тавонӣ маро бубахш… Ҳамин хел ҳолате шуд, ки ман ба Шумо чизе гуфта натавонистам. Шояд беҷуръатӣ буд, шояд эҳтиёт буд, шояд…
Ҷамшед нишасту чун одат сигоре оташ зад ва ҳалқа-ҳалқа дуд бароварда, ба сухан оғоз кард:
-Гурӯҳе намехост то нафаре ба курсии вазирӣ шинад. Аниқтараш, эшон дар ин вазифа шахси ба худашон мақбулро дидан мехостанд. Касе аз онҳо қиссаи чанд сол пеш дар деҳае рухдодаро хост истифода кунад. Беҳтарин роҳ ин буд то рӯзноманигореро, ки аз назари онҳо ҷасорат дораду ба ин ҳодисаҳо нафрат дорад, ба мансабдор чун ба як шахси нопок менигарад, истифода кунад. Бо ин мақсад дӯст ё дӯстони он рӯзноманигорро ҷалб карданд. Ҳамааш аз рӯйи нақша буд, вале ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳи рӯзноманигорро бояд чунон банд мекарданд, ки вай бе андеша думболаи ин кор мешуд. Касе маслиҳат дод, ки вай ишқи мурдае дорад, фақат он ишқро бояд зинда намуду аз он истифода бояд бурд.
Муаммо барои ман аз ин ҷой оғоз мешавад, ки Ситора дар ин бозӣ чӣ нақше дорад ва чӣ гуна тавонистанд ӯро ба ин моҷаро кашанд?
Амонов базӯр то анҷоми суханронии Ҷамшед тоқат кард. Ҳамин ки рӯзноманигор бо нияти посух гирифтан ба суолаш ба сӯйи Шоҳин назар андохт, саросемавор ба гап даромад:
-Барои ман аз оғоз чанд суол пайдо шуда буд:
Ситора чаро аз омаданаш Ҷамшедро не, балки Азизовро огоҳ кард? Чаро то тарабхона хост то бо ӯ ояд? Чаро аз омаданаш, касеро огоҳ нанамуд? Чаро дар деҳа ҳама медонист, ки мо меоем? Саҳнаи марги Ситора, гум шудани ҷасад, кор накардани камераҳо дар меҳмонхона, ғайб задани навбатдорон… Ҳатто моро дар деҳа мунтазир буданд ва аз омадани мо сенарияи идомаи фаъолияти мо ба дасти муаллифи бомаҳорате кашида буд. Ҳамаи ин савол ҷавоб мехоҳад дӯстам…
-Пас ин маротиба ту дӯстам, фақат мисли ман бозичаи даст будаӣ!- хандид Ҷамшед. Алам мекардааст вақте бозингари бомаҳорате дар дасти касе ҳастӣ, вале намедонӣ ин бозӣ барои кӣ аст ва ба кадом нияте? Шоҳин, театр дар мисоли ту ҳунарпешаи бомаҳоратеро бохтааст, вале афсӯс, чун шахси ғайриҳарфии ин соҳа фарқи мазҳакаро аз фоҷиа намедонӣ ва ҳатто саргум мезанӣ ки жанрро чӣ номӣ. Вале аз ин маҳзун машав, барвақт номи онро трагикомедия номидаанд…
***
Шоҳин ба чеҳраи ғазаболуди дӯстонаш нигарист. Дар як лаҳзае онҳо аз дӯсти ҷонӣ ба шахси комилан барояш бегона бадал шуда буданд. Нафрат, бадбинӣ, ғазаб, нобоварӣ дар чеҳраи эшон ҳувайдо буд ва миёни онҳо девори чиние қомат рост мекарду лаҳза ба лаҳза ҷарии бетаге эҳсос мешуд. Азизов ҳис мекард, ки ин ду нафар ба ягон ҳарфи ӯ бовар намекунанд ва худро сафед карданаш бефоида аст. Вале бо ин вуҷуд кӯшиш кард ақалан узр пурсад, шояд ӯро дарк кунанд.
-Маро бубахшед…- бо овози ноқатъӣ ва гирифтаю ларзанда бо ин мақсад гуфт генерал. Чун дид, ки узрхоҳии вай дар чеҳраи дӯстонаш сояи нафратро ғафстар кард, мад кашида, ҷумлаашро идома дод:
– Албатта, агар тавонед.
-Мо интизори посух ҳастем!- қатъӣ гуфт Ҷамшед ва сарашро ки аз ин ҳама ҳодисаҳои ғайриоддию бовар нокарданӣ ба дард омада буд, бо ду даст дошта, ба чеҳраи сурхшудаи Шоҳин нигарист.
– Шумо дар ин масъала ба ман кӯмак намекардед, зеро медонистед, ки мақсади ман касеро ба вазифа роҳ надодан асту бас! Аз ин хотир, маҷбур шудам дурӯғ гӯяму Ситораро барои кӯмак даъват намоям. Қиссаи он зани бадбахтшуда аз дасти вазиршавро дар деҳаи кӯҳистон мо барвақт медонистем, аммо дар ҳоле қаҳрамони он фоҷиа вазни зиёд дошт, коре аз дасти мо намеомад. Ситора гоҳ – гоҳе ба ман менависад, аниқтараш, аз рӯзгори Ҷамшед мепурсад. Ман ба вай ҳодисаро нақл кардам. Чун ҳамеша дили ӯ ба он зани бадбахт сӯхт. Мо нақша кашидем, ки Шуморо чӣ гуна ба ин ҳодиса бояд ҷалб намоем. Чун хиёнати мансабдоре ба ҳамсараш барои мо маълум буд, кори мо осонтар шуду ҳамсари вай худ надониста, нақши Ситораро барои Шумо бозӣ кард.
Ман тариқи “скайп” садои Ситораро барои Ҷамшед сабт кардам ва ӯ аз хориҷа истода, ин саҳнаро гардон намуд. Фақат вақте Ҷамшед ба меҳмонхона занг зад, бояд навбатдор дар посух тугмаи сабти овози Ситораро пахш мекард. Ҳарчанд бовари кас намеояд, аммо Ситора пешакӣ медонист, ки Ҷамшед чӣ савол медиҳад ва чӣ посухеро интизор аст.
Навбатдорон, ман, Ситора ва соҳиби меҳмонхона… баъд ба деҳа занг зада, чанд нафари дигарро ба ин моҷаро кашидем. Вазифаи нафарони дар деҳа буда, он буд, ки Шуморо роҳбаладӣ кунанд.
-Мақсад? Мақсад аз ин ҳама саҳнасозӣ чӣ буд?- оромона пурсид Ҷамшед.
-Бо кадом роҳе набошад ман… мо бояд намегузоштем то ин марди қотил вазир шавад. На Шумо ва на Амонов бо ихтиёри хеш ба хотири аз курсӣ нарафтани якеву курсиро соҳиб шудани дигаре ба он деҳаи дар гӯшаи кӯҳистон фаромӯшшуда, пой намегузоштед. Маҳз гуиё марги Ситора ва ғайб задани ҷасадаш Шуморо водор кард то бо қазия ҷиддӣ бархӯрд намоед ва он фоҷиаро расонаӣ кунед. Ана имрӯз хабар доданд, ки вобаста ба ин фоҷиа парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вазиршавро барои бозпурсӣ даъват кардаанд.
– Касе вазир шуданӣ буд, умрбод ба рӯихати сиёҳ афтид – заҳрханд зад Амонов. – Шоҳин, мо ба ин ҳад бозичаи даст шуданро интизор ҳам набудем ва то ҳол шахсан ман боварам намеояд, ки дар пушти ин ҳама трагикомедия маҳз Шумо меистед.
– Медонед бозии шоҳмот аз нард бо чӣ фарқ мекунад? Дар шоҳмот ҳар як бозингар вазифа ва рисолати худро дорад. Яке наметавонад ҷои дигареро гирад, вазифаи дигареро анҷом диҳад. Ҳар яке бартарии худро дорад ва яке наметавонад гашти дигареро анҷом диҳад.
Вале дар нард… дар нард ҳама бозингарон дар як сатҳ ҳастанд ва як рисолат доранд: Бояд хонаи холиро пур кунанд то ҳариф он хонаро пур накунад. Дигар ҳеҷ! Ин мансабтақсимкуниҳои шумо шабеҳи ҳамон бозии нард аст, аммо барои анҷом додани он мекӯшед дар аввал шоҳмот бозӣ кунед.
Аммо вақте шоҳмот ба нард бадал мешавад, бозӣ диданӣ нест, чунки андешаи зиёд намехоҳад, ақли зиёд ҳам лозим нест. Бурд бо оне ёр мешавад, ки метавонад сангро хубтар партояд ва холи баландтар гирад – Ҷамшед бархосту дасти Амоновро фишурд:
– Ба ҳар ҳол, боз як дӯстро имрӯз ман дар қалбам гӯр кардам. Туро намедонам, вале ман ӯро бахшида наметавонам. Бо эҳсоси ман бозӣ кардан, дили маро ба дард овардан, гузаштаи маро ба масхара кашидан… не, Шоҳин, ман наметавонам туро бубахшам! Зинда бошу фаромӯш макун!
Ва бе он ки посухи Шоҳину Амоновро интизор шавад, аз ошхона баромаду пиёда ба сӯйи коргоҳ равона шуд…