Айём ба номи тоҷик,

Бар хосу оми тоҷик…

Каф зада хонам суруд,

Умре ба номи тоҷик.

Ҳар як қавму миллат дорои шахсиятҳое мебошанд, ки онҳо ҳастии хешро ба халқу кишварашон бахшидаанд. Арзандатарин шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик Исмоили Сомонӣ, Борбад, Куруши Кабир, Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратуллои Махсум, Эмомалӣ Раҳмон ва боз чанде дигарон буда, номашон дар таърихи давлату миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарҳалин навишта шудааст.

Бобоҷон Ғафуров бо офаридани китоби «Тоҷикон» миллати барӯманду хирадсолори тоҷикро ба ҷаҳониён шиносо намуд ва ин зарринкитоб ҳамчун шиносномаи миллат шинохта шуд. Ин падидаи нодири таърихӣ дар ховаршиносии шуравӣ , илми таърихнигории ватанию хориҷӣ таконе бахшида номи Бобоҷон Ғафуровро дар « Парчамбардории таърихи миллат» ҳаккоки намуд.

Ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ аз нафасҳои аввалини худшиносӣ то ба вопасин рӯзҳои умраш ба миллати тоҷик содиқ буданашро нишон дод. Аксарияти олимони ҷаҳонӣ, аз ҷумла ховаршиноси машҳури амрикоӣ профессори  Донишгоҳи Ҳовард Ричард Фрай ва шарқшиноси чехӣ Иржи Бечка, ки борҳо ба Точикистон сафарҳои корӣ анҷом додаанд, заҳматҳои Бобоҷон Ғафуровро хеле баланд арзёбӣ карда, шӯҳрати ӯро ба маротиб афзудаанд. Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки ин асари мондагор соли 1998 ба истиқболи 1100- солагии давлати Сомониён ва 90-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳуруфоти кириллӣ ва хати арабиасоси тоҷикӣ, соли 2008 бахшида ба 100- солагии аллома ва соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ бо забонҳои англисӣ, аз рӯи матни русии он ба нашр расид. Тарҷумаи порчаҳои алоҳидаи он соли 1977 дар маҷаллаи «Шоҳроҳи Абрешим», (Ҷопон) соли 1978 дар Полша (Варшава), соли 2006 дар Деҳлии Ҳиндустон (бо забони англисӣ дар ду ҷилд), соли 1984 бо ҳуруфоти арабиасос дар Кобул (Афғонистон) ва дигар соири кишварҳо ба тасвиб расидааст. Мактаби таърихнигории тоҷик маҳз бо ташаббуси олим ва академики барҷаста Бобоҷон Ғафуров ташаккул ва рушди бесобиқа ёфт. Дар тақризи он нависандаи оламшумул, устод Садриддин Айнӣ ин падидаро «ҳодисаи бузург» номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-ро «шиносномаи миллати тоҷик» ва заҳмати 30-солагии Бобоҷон Ғафуровро «хизмати Рустамона» гуфтааст. «Тоҷикон» василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва сарчашмаи худшиносии миллати тоҷик буда, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ба зиёда аз ду ҳазор адабиёти илмӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ истифода бурдааст. Хизмати бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров аз он иборат аст, ки ӯ аввал тоҷиконро ба минбарҳои ҷаҳонӣ баровард ва сониян ба даҳони бадхоҳони миллати тоҷик мушти дандоншикан зада тавонист. Хизматҳои сангин ва асноду далелҳои шаффофи он боис шуд, ки ҳамчун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ безаволи ӯ касб намояд…

Ин асари безавол дар давоми 50-соли пас аз нашри русии он (1972) ёздаҳ маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, лаҳистонӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ғайра бознашр гардида, ҳамвора ҳамчун китоби серхонандатарин то ба имрӯз шинохта шудааст ва шинохта хоҳад шуд. Ин асари безавол ибтидои солҳои 70-и асри 20 таҳлил ва ҷамъбаст карда шудааст.  Пешвои миллат 21-уми декабри соли 2019 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин гуфта буданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ, худогоҳӣ мебошад. Ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшон, қаҳрамонони диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун пояи ватандӯстию садоқат ба ватан ташвиқ намоем».

Сарвар ва ҷоннисори миллати тоҷик ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон тақдим карда шавад. Ва он ба теъдоди 1-миллиону 800 ҳазор нусха бо сифати баланд чоп шуда, дастрасӣ ҳар як оилаи кишвар гардид ва имрӯз ба китоби рӯимизии тоҷикон табдил ёфтааст.

Дар фасли аввали “Тоҷикон” оид ба “Сохти ҷамъиятӣ ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна” “полеолит, сохти пеш аз қабилавӣ, пайдоиши сохти қабилавӣ”, “асри биринҷ, гузариш ба сохти нави падарӣ васоиятҳои таърихии мадании Осиёи Миёна”, “сохти ҷамъиятӣ”, дар фасли дуюм “Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ”, ба вуҷуд омадани давлати « Ҳахоманишинҳо» муборизаи халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили истилогарони Юнону мақдунӣ  сохти иҷтимоӣ – иқтисодии Осиёи Миёнаи қадим , “Пайдоиши муносибатҳои феодалӣ”, “Устуворшавии сохти феодалӣ”  ва дар бобҳои оянда оид ба давлати “Темур ва Темуриён ва Давлати Шайбониён”. Ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ва тараққиёти муносибатҳои капиталистӣ дар ин сарзамин, “Аморати Бухоро ва Ҳукумати подшоҳӣ”, “Давраи арафа ва револютсияи солҳои 1905-1907”, “Халқи тоҷик дар давраи  соли 1908 то соли 1917”, “Маорифпарварии адабиёти тоҷик дар ибтидои асри 20” бо асноду далелҳои раднопазири бозёфтшуда, суханҳои созанда мегӯяд. Ин асар шоҳкории безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров буда, ҳамчун василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ, нақши тоҷиконро дар рушди тамаддуни инсоният муайян намудааст. Дар китоб, аз ҷумла дар асоси асноду далел, ва маводу мадракҳои дақиқ муайян карда шудааст, ки дар минтақаи Осиёи Миёна ҳануз 5-ҳазор сол пеш аз ин одамон умр ба сар мебурданд ва 5500- солагии Саразми бостонӣ ҳуҷҷати зиндаест, ки оламиён ҳар рӯз аз он боздид ба амал меоранд.

Мутолиаи ин китоб ҳар як хонандаро ба шинохти шахсиятҳои бузург роҳнамоӣ мекунад, дар вуҷуди ҳар як тоҷики бедор эҳсоси бузурги худшиносӣ, меҳанпарастӣ, дӯст доштани ин сарзаминро бедор менамояд.

Дар замони давлати Сомониён, Мовароуннаҳру Хуросон, Шарқи имрӯза умуман ними дунё дар дасти тоҷикон будаасту забони давлатдориашон тоҷикӣ- форсӣ будааст. Дар натиҷаи тохтутозҳо, зӯровариҳо аз он як пора, яъне Тоҷикистон мондаасту халос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум низ  мақсад дошт, ки тоҷиконро овораю сарсон намуда, тоҷиконро аз кишварашон ва забонашон маҳрум намоянд…

Муборизаю талошҳои давлатҳои пурқудрат ба он нигаронида шудааст, ки ҷаҳони якқутбиро ташкил намоянд ва вожаи ҷаҳонишавӣ ба вожаи ҷаҳонситезию ҷаҳонҷудоӣ табдил ёфта истодааст.

Хушхабари дигар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-майи соли 2022 « Дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии « Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115- солагии академик Бобоҷон  Ғафуров, халқи хирадбунёди тоҷикро водор менамояд, ки ба китоби «Тоҷикон» муроҷиат намояд ва аз таърихи бои хеш огоҳ шавад то ки дар минбарҳои ҷаҳонӣ бо ғурур сухан гӯяд. Таълиф ва интишори « Тоҷикон» моро муваззаф менамояд , ки аз ҷасорат, матонат фидокориҳои ниёгону шахсиятҳои тавоно бархурдор шуда, ҳамчунин ба хизматҳои Бобоҷон Ғафуров арҷ гузорем ва ба Эмомалӣ Раҳмон- ҷоннисори миллат миннатдории хешро баён намоем.

-Оре, «Тоҷикон» поягузор ва парчамбардори таърихи миллати тоҷик мебошад ва ин шоҳасар инъикосгари муборизаҳои оштинопазири ниёгони тоҷикон дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба муқобили аҷнабиён аст. Ҳамчунин, дар ин китоб ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат сабт гардидааст, ки намунаи олии дарси ибрат мебошад.

Зарур аст, ки ҳар як инсони бедор, насли нави фардонигар ҳар рӯз бояд  қисм ба қисм, қадам ба қадам ин асарро мавриди омӯзиш қарор дода, дар озмунҳо иштирок намояд.

Ман ҳамчун шоир ва омӯзгор аз мутолиаи китоби «Тоҷикон» илҳом гирифта, дар ҳошияи ин асари таърихӣ бо номи «Атласи лавҳу қалам» ин шеърро эҷод намудаам, ки ба муштариёни рӯзнома писанд хоҳад омад.

Китоби « Тоҷикон» мубаллиғи миллати тоҷик буда, акнун ҷавонони ояндасоз баъди мутолиаи он ба саволҳои зиёди хеш: «Аҷдодони мо киҳо будаанду кай арзи ҳастӣ намудаанд», «То ба инқилоби  октябр чиҳоро аз сар гузаронидаанд», «Чӣ тавр давлат сохтанду давлатдорӣ кардаанд», «Муборизони давраҳои гуногуни миллати тоҷикон», «аввалин тамаддунофарини миллати тоҷик киҳо будаанд», «Тоҷикон дар таърихи башар чи саҳме доранд» ва ғайраҳо ҷавобҳои саҳеҳ ёфта метавонанд.

Атласи лавҳу қалам

Дар ҳошияи шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»

Саркитоби зиндадорам «Тоҷикон»,

Зарварақ дар баргу борам «Тоҷикон».

Тоҷики ман кисту омад аз куҷо?

Ҳақшиносу ҳақгузорам «Тоҷикон».

Тоҷикистонро шиносонид ба даҳр,

Шӯҳрати халқи баорам «Тоҷикон».

Бо ҳама бурҳону асноду далел,

Ҷавҳари тоҷиктаборам «Тоҷикон».

Аз кӯҳанбунёдии тоҷикнасаб,

Довари таърихнигорам «Тоҷикон».

Ҳуҷҷати ин миллати лашкаршикан,

Ҷилди тӯморам, шиорам «Тоҷикон».

Саргузашти тоҷикамро ҳак намуд,

Парчами шӯҳратбиёрам «Тоҷикон».

Номаи аллома Бобоҷон Ғафур,

Рӯи чашму дил гузорам «Тоҷикон».

Андарон меҳроби дилҳо ҷо шуда

Заркитоби мондагорам «Тоҷикон»!

Бобоҷони НУРЗОД, шоир, узви ИН, барандаи ҷоизаи  адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь