Дар шароите, ки сиёсатҳои ҷаҳонӣ ба ҳадди ниҳоӣ муғризонаю манфиатхоҳона шудаанд, расонаҳои дунё низ зери таъсири он ошкору ниҳон пайи манофеи кишварҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳалқаҳои алоҳида қарор мегиранд. Торафт принсипу вазифаҳои воқеиятнигорӣ, бетарафӣ, созандагӣ ва башардӯстии ВАО камрангу бемоҳият мешавад, ҳарчанд чунин қонуну қоидаҳои касбӣ чун арзиши волотарини расонаҳо аҳамияти беш аз пеш касб мекунанд.

Аммо ба назар мерасад, ки тадриҷан бо он ки асри нав асри илму техника, ҷаҳонишавӣ, рушди равобити танготанги иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ тавсиф мешавад, тарғиби ормонҳои башардӯстӣ ва таъсир гузоштан ба афкору равони сокинони дунё ва сиёсатгарони бераҳм ба ин восита, аз муҳтавои куллии расонаҳо камтар мешавад. Ба ин маънӣ инсонгароию ифшои фалсафаи ҳастии инсон дар дар расонаҳо ба вазифаи чандумдараҷа табдил ёфтааст.

Руҷуъ ба  ин масъала бемақсад нест, зеро аҳдоф ва мазмуну муҳтавои кулли барномаи сиёсии таҳлилии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” бо муаллифии Фатҳиддин Замон тарғиби инсоният ва ифшои қудрати фитрии инсонҳо барои таъмини зиндагӣ ва таомули дӯстонаю бародарона дар сайёра новобаста аз нажоду забон, фарҳангу тамаддун, эътиқоду бовар ва ҷуғрофиёву макон аст.

Дар воқеъ, амалан дунё дар партави ҷаҳонишавӣ ба як деҳкадаи бемарзу бум тадбил ёфтааст, ҳатто марзҳои сиёсии давлатҳо дигар аҳамияти чандоне надоранд. Ин гуна намунаҳо дар мисоли Иттиҳоди Аврупо рӯшан мешавад. Ба таъбири дигар, инсоният нишон дод, ки мешавад канори ҳам бемухолифату зиддиятҳое зист. Аз нигоҳи дигар, кишварҳое, ки ба чунин дастоварде ноил шуданд, аммо мекӯшанд, дар мамолики ҷаҳони сеюм ё дар ҳоли рушд тафриқаву низоъро дар қолаби ифротгароию терроризм, табартақсими марзҳо, барангехтани ихтилофоти фарҳангӣ ва амсоли инҳо эҷод намоянд, таноқузи ҷиддие аз ин амалкард эҳсос мешавад. Вале аз матну батни ВАО-и ҷаҳонӣ бозтоби чунин бархӯрдҳои дугонаи сиёсатҳо ва таҳлили жарфои коҳиши ҳисси башардӯстӣ миёни тасмимгирандагони боиқтидори ҷаҳон қариб дида намешавад.

Бе шакк, барномаи таҳлилии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” мавзуъҳои гуногунро фаро мегирад. Дар бораи аҳамияти он дар тарғиби сиёсати дохилию хориҷӣ, пешгирӣ аз ифротгароӣ, даъват ба иттиҳоду ҳамдилӣ, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ дар амалу андешаи ҷавонон ва ташвиқи аудитория ба ҷаҳоншиносӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ табсираҳои алоҳида дошт. Аммо пайванди мантиқии ҳамаи инҳо аз ормонҳои баланди инсон будану худро чун як фарди комил эҳсос кардан, иборат аст. Аз назари  журнализми муосир бо ин дидгоҳ ворид шудан ба кори рӯзноманигорӣ падида то андозае падидаи нав аст, чун омезиши журналистика бо фалсафаю сиёсат намудор мешавад, яъне аз батни ҳаводиси атроф ҷустани ҳақиқатҳои гумшудае мисли инсоният.  Вале муҳимтар дар ин роҳ то куҷо муваффақ будану таъсир гузоштан ба ҷомеа мебошад.

Кори рӯзноманигорӣ шаффоф аст, натиҷаи фаъолияти эҷодии рӯзноманигорро бинандаю шунаванда баҳо медиҳад. Пас, бинандаи шабакаҳои телевизионии кишвар баҳои арзишу вазни барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва маҳорати барномасозӣ, истеъдоди фитрию ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии Фатҳиддин Замонро кайҳо додаанд. Бидуни таъхир, 10 сол дар эфир будан, вокуниши бинандагони дар фазои маҷозӣ ва  монанди инҳо, худ баёнгари қабули ин барнома аз ҷониби тамошобин аст.

Ҳамин аст, ки ин барнома ҷойгоҳ, бақо ва аҳамияти худро дар аудиторияи ҳамагонӣ пайдо карда, аз назари илмӣ ҳам дар шохаҳои зиёде арзиши пажӯҳишу таҳқиқро соҳиб шуд. Агар чунин намебуд, чандин корҳои курсию хатм доир ба муҳтавои он аз тарафи донишҷӯён дар шохаҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа, журналистика, сотсиология ва ғайра навишта намешуду муҳаққиқони зиёде дар рисолаҳои диссертатсионӣ ба он таваҷҷуҳ намекарданд.

Ҷанбаи дигари барнома, ки аз назари мо аҳамияти қобили мулоҳиза дорад, хушбин будан ба оянда, мавқеи устувори шаҳрвандию касбӣ ва огоҳона амал кардан барои рушду пешрафти Ватан аст. Аз як сӯ, рисолати касбии муаллиф ҳамчун журналист аст, аз тарафи дигар, иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ, ки бояд бо ҳамдигар дар тазод набошанд. Ҳамин, ки дар нашрҳои  гуногуни ин барнома рушду пешрафти ватан инъикос мешаваду аз тарафи дигар воқеаҳои нохушу муғризонаи байналмилалӣ таҳлил мешавад, нишон медиҳад, ки Фатҳиддин Замон дар иҷрои масъулиятҳои касбӣ ва шаҳрвандӣ бо дидгоҳи хосу тарзи мутафовити барномасозӣ, муваффақ аст.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ҷаҳони имрӯз муаррифии фарҳангу тамаддун, иқтисоду сиёсат, таҳкими ҷараёнҳои илмиву технологӣ ва ифшои ҳақиқатҳои пинҳони ҳаёт нақши ВАО беш аз ҳар вақти дигар муҳиму таъсирбахш ба назар мерасад. Дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати иттилоотии мамлакат рушди бештар ёфта, ҳоло дар фазои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бахусус, шабакаҳои телевизионии кишвар таҳаввулоти чашмрасе ба вуҷуд омадааст.

Маҳз бо таҳким ёфтани сиёсати иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии наве дар арсаи иттилоърасонӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон роҳандозӣ гардида ва ба ин васила барномаҳои зиёд ва лоиҳаҳои нави телевизионӣ рӯйи кор омадаанд. Аз ҷумла, барномаи муаллифӣ ва таҳлиливу сиёсие, ки доманаи тафаккур ва ҷаҳонбинияш масоили зиёди сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву маърифатӣ ва ахлоқиву фарҳангиро дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар бар мегирад, ин барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» аст.

Ҳанӯз пас аз таъсисёбии барномаи мазкур дар санаи 7-уми феврали соли 2012-ум то ҳол бахшҳои зиёди ин барнома бо дархости тамошобинон ва ҳаводорони Телевизиони Тоҷикистон дар фиттаҳо (дискҳо) сабт карда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишгоҳу донишкадаҳо, Вазорати маориф ва илм, марказҳои динӣ, қисмҳои низомӣ, ҷамоатҳо, ҳамоиш ва конфронсҳои марбут ба обу экология, терроризму ифротгароӣ ва ғайра паҳн ва ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамзамон намунаҳо ва бахшҳои зиёди барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон», ки маҳз масъалаҳои экологияи Тоҷикистон, минтақаҳои сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун ва ҷуғрофияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирифтанд, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳон ба кишварҳои дуру наздики сайёра, аз ҷумла Штатҳои муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Давлати Кувейт, Қатар, Аморати муттаҳидаи Араб, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, кишвари Ҷопон, Туркия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва ғайра фиристода шудаанд. Ҳамзамон, дар кишварҳои мухталифи сайёра барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» дар мавзуъҳои гуногун сабт ва таҳия шуда, манзури тамошобинон ва ҳаводорони «Телевизиони Тоҷикистон» гаштааст.

То ба ҳол зиёда аз 670 қисм аз барномаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳон» таҳти муаллифии Фатҳиддин Замон таҳия гардида, тариқи Телевизиони Тоҷикистон пахш гардида ва дар соли 2022-ум низ мавзӯъҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, аҳлоқиву амниятӣ ва ғайра аз масъалаҳои ҷаҳонӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар зери назари муаллиф қарор гирифтааст.

Фирдавси Низом, журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь