Бори чандум аст, ки конибодомиҳо маро дар ҳайрат мегузоранд, хусусан аҳли ҳунар. Аввалан бо он, ки Театри Давлатии Драмаи Мусиқии ба номи Т. Фозилова бо дастгирии режиссёри ҷаҳонӣ Хӯҷакулӣ Авлиқул намоишҳои ҷаҳонӣ месозад. Дуюм ин аст, ки Муҳиддин Музаффар- намояндаи ҳамин театр (драмнавис, актёр, коргардон) студияи давлатии филмсоз «Суғдсинамо»-ро бунёдкард ва филмҳои ҷолиби мустанаду достонӣ таҳия када, машҳури ҷаҳони синамо гашт. Сеюми – актёри баистеъдод Умарали Сатторов дар филми мустанади Далери Имом “Умар-ако” бо зиндагию фаъолияташ маро мафтун кард ва мухлиси доимии худ гардонд. Чаҳорум – дар худи театр ташаббускорони дигар ба мисли Фарҳод Ғаффорпур, Дилошӯб Орифзода, Ғайрат Қодиров пайдо шуданд, ки дастгоҳи «Кинохона» сохта, тизери (маълумоти мухтасре дар бораи махсулот ё асаре, филме мебошад, вале худи махсулот пурра баррасӣ карда намешавад) аввали сериоли «Хона»-ро, иборат аз даҳ серия, эҷод карданд, ки аз дидгоҳи ҳирфаӣ борям хеле ҷолиб намуд. Ин ташаббус соли гузашта аз ҷониби Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дастгирии лоиҳаҳои ВАО озмун эълон карда буд. Гурӯҳи ҳунармандони театри Конибодом тасмим гирифтанд, ки идеяи наворбардории як сериолро пешниҳод намуда, грант гирифтанд. Баъд ин лоиҳаро Дафтарии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон низ дастгирӣ намуд…

Мехостам роҷъ ба ҳамин лоиҳа маълимоти муфассалтар диҳам.

Чоруми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси гурӯҳи эҷодии филми 10-сериягии “Хона” пеш аз ба “ютуб” ва кинотеатрҳо намоиш додани филм, дидану муҳокимаи он дар бинои Иттифоқи Синамогарони Тоҷикистон баргузор гардид. Муҳокимаи филм, новобаста аз он, ки ҳамагӣ се серияи аввал дар намоиш гузошта шуда буд, пурмазмун ва ҳирфаӣ сурат гирифт.

Сипас 5 октябр бо меҳрубонии коргардони филм Фарҳод Ғаффорпур ман пурра 10 серияи ин филмро тамошо кардам.

Сериол дар бораи зиндагии як хонвода, ки дар як ҳавлӣ бо падару се бародару авлоди онҳо зиндагӣ мекунанд. Ин хонавода бо кору мушкилот ва орзуҳои хеш сокинони як шаҳраки музофотӣ мебошанд.

Силсилафилм дар бораи чизи муҳими зиндагӣ – муҳаббат ва дастгирии наздикон аст, на молу сарват. Мо бояд бахшидану гузаштҳои гуноҳҳо ва хатогиҳои якдигарро ёд гирем, инчунин, сарфи назар аз камбудиҳо якдигарро дӯст дорем. Молу сарват хешу таборро ба ҳам душман мегардонад.

Хуршед (нақшро актёр ва яке аз муаллифони филмнома Ғайрат Қодиров иҷро кардааст)- бародари калонии се додарон мебошад.

Вай пештар ба мушкилоти бародарнонаш бепарво буд. Мехост тезтар дар ҷои дигар хона созаду кӯчида равад. Вай рассом буд, душвориҳои муҳоҷирати меҳнатиро аз сар гузаро­нида буд. Чун шахси ба виҷдону аз аҳли зиё буд, баъди вафоти модар ната­вонист ба қисмати баро­да­ронаш бетараф бошад. Ӯ лозим шуморид, ки бори тамоми оилаҳои бародаронашро низ ихти­ё­ран бар дӯши худ гирад.

Хонае, ки дар он бо падар, бародарон ва оилаи онҳо зиндагӣ мекарданд, бо сабаби аз бонк қарз гирифтани бародари хурдӣ (Шаҳ­ри­ёр – дар иҷрои актёр Фаррух Ваитов) дар гарав гузошта шуда буд, ки Шаҳриёр он қарзро ҳаргиз баргар­до­нда наметавонист ва хона амалан гӯё дигар ба оилаи онҳо тааллуқ надошт.

Маҳз ҳамин муаммо боиси кашмакашҳои асосии бародарон гардида буд.

Модари ин се бародарон, чи тавре ки гуфтем, ба наздикӣ вафот карда буд. Хуршед – писари калонӣ дар Русия ба ҳайси рассом кору фаъолият мекард. Модар бештар ба ӯ этиқод дошту, ӯро пай дар пай телефонӣ хоҳиши баргаштан мекард. Мегуфт, хонаводаи ҳавлӣ ба ҳам тифоқ нестанд. Меваҳои токи ангур аз сабаби бе нигаҳбон мондан, вайрон шуда истодааст…

Модар чун навбат расид, аз олам чашм пӯшад. Ба ҷанозаи ӯ Хуршед тавассути ҳавопаймо зуд бар гашта, аммо дар фаромадгоҳ ӯро намояндагони амният ба ҷинояткори гумонбаре монанд карда, боз доштанд. Ӯро чанд соат дастгир карда, пурсу пос менамуданд. Ниҳоят шубҳаи онҳо ғалат баромаду аз ӯ бахшиш пурсида, ҷавобаш доданд. Вале Хуршед ба ҷанозаи модараш хеле дер карда буд…

Ҳарчанд филм аз лиҳози бозӣ ғолибан хусусияти театриро касб карда, монтажи он кам ба таҳияи синамоии муосир шабоҳад дошт (хусусияти паи ҳам “нақл” кардани воқеаҳоро вазифа карда буд), вале дар маҷмӯъ ба ман таасуроти хуб гузошт. Пеш аз ҳама бо интихоби мавзӯъ, консепсияи ахлоқӣ, бозии табии актёрон, кори операторӣ, интихоби дурусти зистгоҳи доимии қаҳрамонони асосии филм ва боз бо чанд хусусиятҳои дигар.

Шабеҳи театрӣ доштани филм ин буд, ки бисёри саҳнаҳо ба воситаҳои санъати театрӣ баррасӣ шудаанд. Масалан, дар қабристон, сари гӯри модар Хуршед хеле намоишкоронаву театрӣ худро болои қабри модар мепартод, пулҳои захиракардаашро болои қабр парешон намуд. Бо бародаронаш барои сабр накарда, барвақт ба хок супоридани ҷасади модар даст ба гиребон мешавад…

Баъди пушти сар шудани ҳамаи ин моҷаро, зиндагии ҳамарӯзаи се бародарон бо аҳли оила ва падар дар филм муфас­сал иъикос меёбад. Аз рафти сужа маълум мегар­дад, ки падар (дар нақш ҳунар­ма­н­ди Шоистаи Тоҷ­и­кистон Юнус­­алӣ Эргашев) дар вақти зинда будани модар, оиларо тарк карда, зану се фарзандашро ба душвориҳои рӯзгор гирифтор мекунад. Аммо маҳз ҳамон меваи токи ангуре, ки модар дар вақти сӯҳбатҳои тулефонӣ ба Хуршед ёдовар мешуд, хонаводаро аз гуруснагӣ наҷот додааст. Аз ҳамин сабаб барои модар ва Хуршед токи ангур муқаддас буд. Танҳо Хуршед баъди баргаштан аз Русия, токро ғамхорӣ карда ва ба воситаи ток ёди модар менамуд…

Аввал оилаи бепадар ангуру мавизи токро мехӯрд. Баъд изофаи онро дар бозор ба маводи ғизо ва ё пули нақд иваз карда, лавозимоти рӯзғор меёфт.

Ҳамин тавр фарзандон ба воя расида, оиладору фарзандор шуданд. Фақат писри дуюм (Хусрав дар иҷрои актёр Хушнуд Дадо) бе фарзанд монд.

Шояд аз ҳамин сабаб буд, ки вай хӯи тунд дошту пайваста дар байни бародарони худ фазои нооромӣ тавлид мекард.

Писари хурдӣ зану фарзанд дошт, вале бадмастӣ карда, занашро мезад, маҷрӯҳ мекард. Зани ӯ “мардӣ” карда, сирри шавҳарашро фош намедод. Ниҳоят кор то ба дараҷае расид, ки модари завҷааш духтарашро аз заданҳои Шаҳ­риёр халос карда, ба хонаи худаш пасбурд. Вале ин қисса дер давом накард. Ниҳоят рӯзе Шаҳриёр зану бачаҳояшро розӣ кунонида, дубора ба хонааш бар гардонд. Чунки завҷааш ӯро новобаста аз бадмастиаш дӯст медошт.

Хусрав фарзанд надошт ва аз он ки бародаронаш «рамаи ворисон таваллуд кардаанд» азият мекашид. Вай ду орзу дошт: писардор шавад ва аз тақсимоти хона ҳиссаи «ҳалол»-ашро бигирад, – тавзеҳ медиҳад актёр Хушнуд Дадо рафтору кирдори қаҳрамони худро.

Падар ба бемории исулт гирифтор шуда буд. Бародарон, ба ғайр аз Хуршед, ба навбат беморро нигаҳбонӣ мекарданд. Вале хуб нигаҳбонӣ карда наметавонистанд. Парасторро даъват карданд. Вай зани рус буд. Падар аввал розӣ нашуд, вале баъди шунидани қиссаи драматикии парастор, ӯ розигӣ дод.

Рӯзе вақте, ки Хуршед омодаи нигаҳбонии токи ангур буд, бо курсии чархдор падар пеши ӯ омада, барои хатогиҳои дар ҷавонӣ кардааш аз ӯ бахшиш пурсид.

Хуршед гуфт: “Ман Шуморо ҳазорбор бахшидам. Вале хиёнати Шумо нисбати модар ва фарзандон дар ҳолати душвортарин гузоштани онҳо… Модар ҳеҷ гоҳ намебахшид…”.

Ниҳоят Ҳуршеди бо масъулият замину хонаи нимкола сохтаи худро фурӯхта, қарзи бонкиро баробар мекунаду ҳавлии бачагии се бародарро боз мегардонад. Ба ҳамин муносибат тамоми аҳли хонавода базм меороянд.

Вале Хусрав боз низоъ эҷод мекунад. Ӯ бори дигар даъвои тақс­ими манзил мекунад ва мехоҳад қисми ҳалоли худро фурӯшаду аз дига­рон ҷудо зиндагӣ кунад.

Дар ҷавоб барода­ри хурдӣ ӯро лату кӯб мекунад. Ба ин занту занамӣ Хуршед низ ҳамроҳ мешавад.

Ҳамин лаҳза садо аз пушти дарвоза баланд мешавад: “Дарвозаро кушоед! Агар накушодед, мо онро шикаста медароем…”.

Ин буд кадрҳои охирини қисми аввали сериол…

Намедонам ин саҳнаро чи гуна арзёбӣ кунам. Он аз як тараф ба вестерни америкоӣ шабоҳат дорад, ки дасисаҳои ғайричашмдоштро ба бинанда қисмҳои оянда ваъда медиҳад.

Аз тарафи дигар ин саҳна боз ҳамон ишколи театрии бади пешинаро ёдрас мекунад.

Беҳтараш, арзёбии маҳз ҳамин саҳнаро ба ихтиёри бинандаи сериол во гузорем. Чун гуфтем, ки вай низ баробари муаллифони расмӣ ҳуқуқи ҳаммуаллифӣ дорад…

Албатта, филм бидуни сужаи асосӣ шохаҳои ҷудогонаро низ дорост. Мо баъзе аз онҳоро дар рафти муҳокимаи сериол ёдрас хоҳем кард.

***

Ҳар як асари бадеии сифатан хуб мафҳум, идеал ва маводи писанд ва ё нописандии муаллифро зимнан ифода месозад.

“Хона” низ аз ин чиз маҳрум нест. Барандаи консепсияи асосии муаллифон ва идеали марказии филм бе шак Хуршед аст. Вай мавқеи худро дар назди бародарони худбину тангфикраш, дар назди падар ва дар назди атрофиёни дигар қотеона дифоъ менамояд. Ӯ кӯшиш дошт, ки ин мавқеашро ба писараш Хайрандеш (дар нақш Тухтасуни Музаффар) низ тарғиб намояд. Аммо писараш ин мавқеъро ба таври хеш қабул мекунад.

Вай барандаи ҷаҳони дигар аст. Хайрандеш мехоҳад дар ҳама ҳолат аз дигарон фарқ дошта бошад. Бо либоспӯшиаш, бо ороиши мӯй, бо тарзи зисташ. Дар дасташ ҳамеша телефон дорад, ки он бо интернет пайвааст аст. Фарҳанги Ғарб дар он нуфзи баланд дорад.

Хайрандеш шахсияти хешро аз ҳама боло медонад. Индивидуализми вай на фақат тамоили хоси муосири ҷавонписарону ҷавондухтарон ва наврасони Тоҷикистон, балки хусусияти кулли ҷомеаи ҷаҳон аст. Пешрафти техника ва технологияи навини замон чунин як таъсирро ба насли нав расондааст.

Чунин худпарастиву индивидуаизм ба оилаҳои консервативӣ ва ҷомеаи музофотии мо қобили қабул нест. Хайрандеш, масалан, ба ду ҷавони ночоре, ки дар сабти рэпи эҷодкардашон мушкилӣ доштанд, дар студияи сабти хусусиаш имкон муҳаё месозад, ки сабт намоянд.

Ӯ бо Ситора ном духтаре рафоқат дорад, ки ба арзишҳои дунёи ӯ шарик буд. Илова бар ин, духтар хислати якравона дошт. Агар чизе мегуфт, амалан онро ҷасурона иҷро мекард. Ҳатто он амал агарчӣ ба зиндагиаш хатар дошт. Боре дар катамаран (велосипеди обӣ) нишаста, ҳарду баҳс мекарданд. Ситора Хайрандешро мепурсад, ки оё агар ӯ худро ба дарёи чуқур партояд, ӯро наҷот медиҳад?

Хайрандеш: “Ман шиноварӣ карда наметавонам. Ту метавонӣ?”

Ситора: “Не”. Вале фавран худро ба об мепартояд.

Хайрандеш барои халосии Ситора маҷбур мешавад худро ба оби сард партояд. Маълум нест, ки ҳар ду дар соҳил чи тавр баромада, бо либосҳои тар баҳси худро идома медиҳанд. Чунин буд баъзан рафтори беандешонаи ҷавонони муосир.

Ин ду ҷавон рӯзе аз сабаби нобоварӣ ба ҳамдигар сахт ранҷида, аз ҳам ҷудо шуданд. Ба зангҳои телефонии такрор ба такрори духтари пушаймоншуда Хайрандеш ҷавоб немедиҳад. Ва бори охир тавассути пайванди видеоии телефонӣ Ситора Хайрандешро боисрор огоҳ мекунад, ки агар ин дафъа низ телефонӣ ҷавоб надиҳад ва ба ҷои вохӯрии дӯстдоштаи онҳо наояд, худро ба дор мекашад. Ва дар тасвири телефонӣ дида мешавад, ки Ситора дар ҳақиқат дар гарданаш ҳалқаи дор пӯшидааст. Ва ҳамин лаҳза, пораи кундае, ки Ситора дар он пойҳояшро монда, гиреҳи дор дар гардан дошт, ногаҳон аз зери пояш мелағжад ва воқеан ғайри чашмдошти худи духтар муаллақ мегардад…

Хайрият, ки дар ҳамин лаҳза на дуртар аз ҷойе, ки Ситора аз диққи нафас саросемавор пой меҷунбонид, як коргари боғ бо каланд кор мекард. Инҳодисаро дида, коргар ҷаҳида меояду муддати тӯлонӣ кӯшиш мекунад, ки бо каландаш ресмони дорро бибурад. Аммо ин ба тезӣ ба ӯ муяссар намешуд. Духтар дигар аз пойҷумбонӣ боз мемонад. Ниҳоят ба коргар муяссар мешавад, ки ресмони дорро бибурад. Хайрандеш низ ҳамин лаҳза ҷаҳида меояд ва гардани духтарро аз гиреҳи дор раҳо менамоял. Аммо Ситора беҳуш буд…

Хуршед ҳарчанд хислату рафтори писарашро қабул надошт, вале ӯро ҳамеша аз консерватизми модар ва атрофиён ҳифз мекард. Ӯ мехост, ки писараш дар интихоби тарзи зиндагӣ озод бошад.

***

Навъи пешниҳоди ҳолатҳо дар филм адабиёти классикии анъанавии реалистиро ба хотир меорад.

Зиёда аз ин, филм умуман консепсияи М.М. Бахтинро дар бораи романҳои полифонии Ф. Достоевский ба таври хос такид мекунад. Мувофиқи ин консепсия ҳам муаллиф ва ҳам персонажҳо ҳар як ҷудогона ва сарфи назар аз он, ки ба дӯши онҳо чӣ гуна бори ғоявӣ, маънавӣ, чӣ гуна хулқу хӯй доранд, соҳибихтиёрии худ, ҳуқуқи он гунае, ки дар асар нишон дода шудааст, нигоҳ медоранд.

Ҳеҷ гуна инҳироф аз услуби интихобшуда гӯё дида намешавад.

Аз ин рӯ, ду чизи дар таҳияи баррасишудаи сериол касро ба тааҷуб меорад. Завқи созандагони “Хона”-ро мекоҳонад. Ин ду дар филм ба тарзи эклектикаи маҳз ба назар мерасанд. Дар ин бора иштирокчиёни муҳиокимаи се серияи аввали “Хона”, ки дар бинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор гардида буд, баҳс мекунанд.

Аввалан сухан дар бораи саҳнаи бо роҳи ҷодугарӣ раҳо додани Хусрав ва хамсараш аз безурётӣ меравад. Бояд гуфт, ки саҳнаи мазкур хеле тӯлонӣ ба назар мерасад. Дуюм, вай ба пародия (мазоқ)-и театри бади беистеъд шабоҳат менамуд.

Ва нуктаи дуюм – ба бахши мусиқии филм дохил шудани порчаи хурди «Даргилик»-и Бадахшон аст. Вай ба сабаби латту кӯби пай дар пайи завҷаи Шаҳриёр – Моҳпора (нақшро ҳунарпешаи бадахшонӣ Шогун Давлатбекова иҷро мекунад), ки хонаро тарк мекунад, истифрда шудааст. «Даргилик» дар филм рамзи таассуф ва фоҷиа аст. Ғаффорпур тавзеҳ дод, ки чаро «Даргилик»-ро истифода кардааст. Ба изофаи ин ба ақидаи офарандагони филм, «Хона»-ро тамошобинон бояд ҳамчун хонаи умумии тамоми сокинони Тоҷикистон донанд. Ин аст, ки дар сериол суханронии русӣ низ садо медиҳад. Он аз ҷониби парастор (дар нақш Марина Конар) гуфта мшавад.

Донандаи фарҳанги Бадахшон – раиси Иттифоқи синамогарон Сафар Ҳақдодов, ки дар бораи ВМБК филмҳои мустанади зиёде таҳия кардааст, зимни муҳокима пешниҳод кард, ки ин порчаи мусиқӣ бо дигар ҳамин гуна мусиқии ҳаммонанди вилояти Суғд бояд иваз карда шавад, зеро ин оҳанг барои мардуми Бадахшон муқаддас аст. Ва бидуни контексти мувофиқ пора-пора ва эклектикӣ садо дода наметавонад.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки “Хона” метавонад ҳамон вақт низ «хонаи умумии» тоҷикон дониста шавад, агар аз ҳаёти конибодомиҳо нақл кунад. Ва ин барои ӯ аз ҳама бештар маъқулу табиӣ мебуд. Илова бар ин забони персонажҳои асосии филм на бо забони адабии тоҷикӣ, балки мебоист бо шеваи «конибодомӣ» садо медод. Ин хеле хубу бамаврид мебуд. Дар он ҷое, ки ин шева равшану фаҳмо намебуд, онро тавассути субтитрҳо баррасӣ кардан имконпазир мебуд.

Муаллифи ин сатрҳо ба Ғаффорпур пешниҳод намудам, ки пас аз ба фармоишгар супоридани сериол, кӯшиш кунад, ки филмро бо истифода аз «забони» синамои муосир, ки бештар бидуни пайдарҳамӣ аст, аз нав таҳия карда, ба филми мукаммали пурраметра табдил диҳад. Ва ман боварӣ дорам, ки филм дар синамои ҷаҳонӣ рақобатпазир ва серталаб хоҳад шуд. Вай барои ин қариб ҳама имкониятҳоро дорад. Танҳо барои ин, аз ҷумла, “хоида” додани саҳнаҳо зарурат надорад. Филм бояд “асроре” дошта бошад, ки барои ифшои он тамошобин андешаи намояд. Ба ибораи дигар, ба шарики асосии муаллиф – тамошобин барои дарёфти ин ё он муаммо ва тахминҳо калид пайдо кунад. Дар филм як навъ ҷустҷӯи детективӣ зарур аст, ки барои фоши он тамошобин шавқманд шавад. Ин филмро боз ҳам ҷолибтар мегардонад…

Ниҳоят ман фикр мекунам, ки дастоварди беҳамтои филм махсусан боз дар он аст, ки ба ҳеҷ гуна шароити гузарои замони муосир тавҷҷӯҳ зоҳир намекунад. Аниқтараш, ба он эътибори махсус намедиҳад. Ин сабаб мешавад, ки филм дар байни тамошобинони кинои байналмилалӣ муддати тӯлонӣ дархост шавад. Филмҳои классики синамо Б.А. Кимёгаров, масалан, албатта, дар аввал, ба идеалогияи расмии замони худ иртибот доштанд. Вале он идеология мазмунан ба арзишҳои умумибашарӣ нигаронида шуда буданд. Аз ин ҷост, ки идеологияи замони Кимёгаров моли таърих шуду идологияи филмҳои Кимёгаров баранда ва тарғибгари арзишҳои башардӯстона гардиданд.

Чунин фазо ба муаллифон боис мешавад, ки побанди сонсури ғайрирасмӣ ва хусусан худсензура нагарданд…

Муаллифон: Фарҳод Ғаффорпур,

Дилошӯб Орифзода, Ғайрат Қодиров.

Таҳия ва тадвин: Фарҳод Ғаффорпур

Филмбардор: Забеҳуллоҳ Сайфи Аскарӣ

Рассом: Эраҷ Искандаров

Оҳангсоз: Ҳусейн Изатулоев

Дар нақшҳои асосӣ:

Султон Маҳмудов – Юнусалӣ Эргашев

Хуршед – Ғайрат Қодиров

Хусрав – Хушнуд Дадо

Шаҳриёр – Фаррух Ваитов

Манижа – Раъно Раҳматуллоева

Шаҳноз – Мунира Зоирова

Моҳпора – Шогун Давлатбекова

Хайрандеш – Тухтасуни Музаффар

Ситора – Муслима

Корманди бонк – Одили Нозир

Модари Моҳпора – Зарринаи Хушвахт

Парастор – Марина Конар

 

Саъдулло РАҲИМОВ,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь