Аввалин театрҳо танҳо барои фароғати аристократҳо таъсис ёфта буданд, ки онҳо дастаҳои театриро сарпарастӣ мекарданд ва баъзан дар таҳияи песаҳо иштирок мекардандБо вуҷуди ин, дар асрҳои XV-XVI, дар спектаклҳо одамони оддӣ низ иштирок кардан гирифтанд.

Аввалин маротиба дар давраи донишҷӯи, бо як гурӯҳ донишҷӯёне, ки якҷоя дар назди Хуршеди Атовулло нозукиҳои касби журналистикаро меомӯхтем, ба театр рафта будам. Тамошои намоиши театрӣ бароям басо шавқовар буд, махсусан, дар ҳамон фазое, ки дар театр аст: нақши зиндаи ҳунармандон, толори торик ва танҳо саҳнаи равшан. Гоҳо мешуд, ки як намоишномаро борҳо тамошо мекардем. Аз ҳунарнамоии нақшбозон ба ваҷд меомадем, механдидем, байни ҳам баҳсу мунозира, таҳлилу танқид мекардем. Баъзан пушаймон мешудем, ки вақти худро беҳуда сарф кардем, вале баъдтар қазоват мекардем, ки он пушаймониҳо беҳуда будаанд.

Аз ҳамон замон сар карда ҳар вақте, ки аз баргузории ягон намоишнома бохабар шудам, ба театр меравам ва ҳар маротиба дар сарам ким чӣ фикрҳо пайдо мешаванду чанд рӯз майнаи сарамро об мекунанд ва оҳиста-оҳиста фикрҳои бемаъниро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупорам.

Чанд рӯз пеш як шиноси деринам даъватнома барои нахустнамоиши намоишномаи “Ношинос-32” фиристод. Аз сабабе, ки муддатҳо инҷониб ба тамошои саҳнаи театрӣ нарафта будам, бо дугонаам дарҳол шитофтем. Чун ҳардафъа тамошобинон низ чеҳраҳои ошно буданд. Вале хеле кам нафарон омада буданд.

Намоиш оғоз гардид. Баъди ба итмом расидан ҳама наздики даҳ дақиқа рост истода бо як равиш сахт сахт кафкубӣ карданд. Ин баҳои тамошобинон буд. Ростӣ, кам намоишномаеро дидаам, ки тамошобинонро чунин мафтун карда бошад.

Чанд вижагиҳои “Ношинос-32” ба чашм назаррас буд. Якум, сюжети асар, дуюм, иҷрои олии ҳунармандон.

Он ҷо таҷассуми олии ишқ дар тазод бо қалбҳои сангбаставу ишқи дурӯғин, ҷонфидоӣ дар роҳи илм, ҷустуҷӯи қатраи инсоф, ахлоқи пасти аксар ҷавонон, ҳаҷву мазҳакаи “зери коса нимкоса”-дор ва фисқу фасоди зиндагиро метавон мушоҳида кард.

Ишқ, ки худ ҳисси олиест, басо нозук тасвир ёфтааст, аз сухани носазову қабеҳ меранҷад, нафасгир мешавад ва аз худ меравад. Воқеан, “чун ишқро рад кардӣ, оқибат мемирад”. Чунин буд яке аз хулосаҳои он саҳна ва боз чандину чандин хулоса… ки ба нуқтаи назари тамошобини закӣ вобаста аст.

Тамошои намоиши театрӣ лаззати хоса дорад. Вале мардум кам таваҷҷӯҳ доранд. Шояд аз сабаби надоштани вақт, надоштани завқ, ё эътимоду ихлос, ё надоштани эҳтиром ба фарҳангу санъат бошад. Ин андешаест зери суол.

Имрӯз барои дар руҳияи эҳтироми фарҳангу санъат тарбия намудани насли наврас аз ҷониби мактабҳо хонандагонро ба тамошои театр мебаранд. Ин хеле хуб аст ва аз ин иқдом чун бисёр нафарон ман низ ҷонибдорӣ мекунам. Вале, чуноне ки ман иттило дорам, вақтҳои охир хонандагонро ба театр мебарем гуфта ба гӯшашон лапша меовезанду чиптаҳоро бо нархи аз инсоф берун ба хонандагон маҷбурӣ мефурӯшанд. Хуб, розием, агар воқеан ба театр мебурданд касе эътироз изҳор намекард, вале дар худи мактаб ягон санъатфурӯши кӯчагиро, ки шояд бӯе аз театр набурдааст, меоранду бо ҳамин намоиши театриашон тамом.

Чанд рӯз пеш дар шабакаи иҷтимоии фейсбук дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” суоле гузоштам, ки “Арзиши чиптаи театр барои хонандагони мактаб чанд сомонӣ аст?”. Бисёр мардум иддао заданд, ки ду се сомони додаатонро миннат мекунеду ҳамеша зидди омӯзгорон ҳастед. На, баръакс. Мақсад чунин буд, ки бинед ки дар мактабҳо аз номи театр сӯистифода карда, пул ҷамъ мекунанд ва бо ин ба худи театр ва шаъну обрӯи театр доғ меоранд. Дар мафкураи наврасону кӯдакон боварӣ ва муҳаббат ба театрро бо чунин намоишҳои фачу бемаъно нобуд месозанд. Охир, театр ин масхарабозӣ нест, ки ду касро бо суханҳои пучу кӯчагӣ бихандонӣ. Боқӣ қазоват аз туст, хонандаи закӣ!

Шоираи Қудрат, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь