Ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Хонандагон Атои Мирхоҷаро таи 30 соли охир чун шоир ва рӯзноманигор хуб мешиносанд. Маҷмӯаҳои шеърӣ, мақолаву китобҳои зиёдаш дастраси хонандагон гаштаанду чун эҷодкори асил миёни хонандагон соҳиби обрую манзалати хоса мебошад.

Дар хусуси ба наср рӯй овардани Ато Мирхоҷа шунида будам. Гоҳ-гоҳ дар нашрияҳри кишвар ҳикояву қиссаҳояш интишор мешуданд. Инро хонандагон ба қавле «хоби» ( шуғли иловагӣ ) пиндоштанд ва ӯро асосан чун яке аз шоирони муваффақи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ном мебурданд ва ин воқеият ҳам дорад.

Тайи шаш соли охир Ато Мирхоҷа ба коре даст заду муваффақ шуд, ки ба кам эҷодкорон ин даст медиҳад. Дар ин муддат ( солҳои 2014-2020 )  ӯ романи таъихии худро бо номи «Саройи санг» дар се қисм эҷод намуд во онҳо мутаносибан солҳои 2018, 2019 ва 2020 ба даст хонандагон расиданд. Ин се қисм дар маҷмуъ тақрибан 1030 саҳифаро ташкил медиҳанд.

Чун хонанда мехоҳам дар хусуси се қисми роман ба таври алоҳида андешаҳои худро баён намоям. Муаллиф асарро романи таърихӣ ном бурда, онро ба хотираи маорифпарварони бузурги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Охон Сулаймон Қурбонмуҳаммадзода ва Охон Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода бахшидааст. Тавре дар муаррифномаи китоби аввал омадааст, «Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри 19-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувифти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додаст.

Бояд эътироф кунем, ки чи дар даврони шӯравӣ ва чи дар даврони соҳибистиқлолӣ дар хусуси рӯзгори асрҳои гузаштаи мардуми кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби шоирону нависандагони тоҷик асари арзишманду сазовор эҷод нашуда буд. Тавре дар сарсухани қисми якуми роман Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун зикр менамояд, барои хонандагон пораҳои шеърии шоирон Мирсаид Миршакар, Тилло Пӯлодӣ, Нодир Шанбезода, ҷо-ҷо дар романи «Шӯроб»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва ҳикояи «Сози Мунаввар»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев дар хусуси таърихи пурпечутоби ин сарзамин маълумот медиҳаду халос. Асари мукаммалтарин дар ин мавзуъ метавон достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакарро ном бурд. Дар даврони шӯравӣ асари калонҳаҷми нависандаи шинохтаи рус Павел Лукнитский «Нисо» бо забонҳои гуногун тарҷумаву дастраси хонандагон гашта буд ва аз рӯйи ин роман коргардони машҳур Давлат Худоназаров низ силсилафилми диданиеро ба навор гирифта буд, ки чандин маротиба тариқи телевизиони марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пахш ва соҳиби чандин ҷоизаҳо ҳам гашт. Манзури мо албатта асарҳои бадеист, чун асарҳои илмӣ дар ин мавзуъ зиёданд ва дар ин самт низ боз олимони кишварҳои хориҷӣ назар ба муҳаққиқони мо пешсафанд. Яъне, ба миён омадани асари калонҳаҷми «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷаро метавон чун асаре ном бурд, ки ана ҳамин холигиро пур кард. Асари «Саройи санг»- метавон ҳам чун асари бадеӣ ном бурд ва ҳам илмӣ, чунки он қадар маводе, ки муаллиф ғун кардаву дар китобаш ҷой додаву пешниҳоди хонандагон кардааст, бешубҳа, дорои аҳамияти ҳам бадеӣ ва ҳам илмианд.

Тавре дар боло ишор кардем, қисми якуми романи таърихии «Саройи санг» дар давоми тақрибан 1 солу панҷ моҳ ( октябри соли 2014 – марти соли 2016 ) иншо шудаву соли 2018 ба дасти хонандагон расид. Дар қисми аввал китоб, ки ба воқеаҳои солҳои 1860-1880 бахшида шудааст, доир ба қаҳрамониҳои тоҷикони бонангу ори Шуғнонзамин ба муқобили истилогарони беруна, ки мақсади тасарруф кардан ва ба яғмо бурдани боигарии Бадахшони тоҷиконро доштанду мехостанд мардумашро ба ғуломи ҳалқабардуш табдил диҳанд, бахшида шудааст. Дар ҳама давру замон чунин буд, ки нигаҳдорандаи асосии марзу буми кишвар сокинони одӣ буданду барои нигаҳ доштани ҳар парча хоки сарзаминашон омода буданд, ки аз баҳри тану ҷони худ бигзаранд. Инро мо дар мисоли қаҳрамонии бемислу монандаи Манзаршоҳу Хайрмаҳмад, Доробшову Маҳмаднасим, Паҳлавон Ҷаҳонгиру наберааш Мирзоазиз баръало эҳсос мекунем. Онҳо ба рағми ҳукуматдороне амсоли Абдураҳимхон, Муҳаббатхон, Қубодхон ва Юсуфалихон, ки ба ҷуз айшу ишрат дар Қалъаи Баҳрпанҷа, ғорати мардум тавасути зуд-зуд боло бурдани хироҷ, пешниҳод намудани инъом дар сурати зару зевар ба шоҳони бегона, бадарға кардани мардуми норизову озодарӯҳ ба кишварҳои ғайр дигар ҳунар надоштанд, муттаҳид гаштаву пойи ҳар нафари бо нияти ғасби кишвар омадаро ба осмон мебардоштанд. Дар ҳама кор албатта маслиҳатгару мушовир лозим аст, чун мардуми одӣ бо сиёсат кам сару кор дорад. Аз ин рӯ маслиҳатҳои судманди Сайид Фаррухшоҳу  оқсақол Муборак ва Мулло Хишол ба мардум чун роҳнамо хизмат кардаву саҳми онҳо ҳам бо машваратҳои судманди худ дар ғолиб омадани мардум дар набардҳои нобарорбар кам нест. Дар қисми аввали китоб образҳои бонувон низ чун намои садоқату вафодорӣ тасвир шудааст. Образҳои Бибианору Беҷодамо ва Сарвиноз дар тамоми асар чун қаҳрамонҳое, ки бо садоқату вафодорӣ мудом ёвару дастгири шавҳару фарзандони худанд ва дар мубориза агар лозим шавад дар паҳлуи мардон қарор мегиранд, инъикос гаштааст.   Ҷолибияти се китоби адиб он аст, ки онҳо ба бобҳои алоҳида ҷудо шудаанд ва аз сарлавҳаи онҳо аллакай хонанда пай мебарад, ки сухан дар бораи чист. Масалан, сарлавҳаҳои «Ғазаби шоҳ», «Супориши махфӣ», «Мурдаи зиндашуда», «Арӯси падар ва писар», «Зантақсимкунӣ», «Як сӯ шаҳид, як сӯ сур», «Ҷанг дар мактаб», «Шуғнизарба», «Базми мусибатовар» ва ғайра ( дар се қисм теъдоди онҳо аз 100 зиёд аст) хонандаро водор месозад, ки зуд онро мутолиа намояд ва дарк намояд, ки гап дар хусуси чист, яъне ҷолибияти сарлавҳаи ҳар як боб ин ҳам бурди муаллиф аст.

Зарур донистам, ки аз ҳар як қисми китоб пораеро ба сифати иқтибос оварам, то хонандагон огоҳ шаванд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Масалан, дар боби «Даъвати бақо» омадааст: «…Навкарон хоҳиш карданд, ки аз байни асирон нафареро ба онҳо ҳамроҳ кунанд. Ақсақол сабаб пурсид:

– Ма лапзи парсӣ намдонам,- шарҳ дод яке аз онҳо ба забони шикастаи шуғнонӣ.

-Шумо чӣ қавмед?- пурсид Исҳоқ.

– Мо қарлуқ ҳастем, туркӣ гап мезанем,- ҷавоб дод яке.

-Ҳамин шуғнира аз маҷбурӣ кам-кам яд гириптем,- афзуд дигаре.

-Шумо чӣ қадар қавм доред?- бо ҳайрат пурсид Исҳоқ.- Ман чиғатою узбакашро медонам, лекин қарлуқро бори аввал мешунавам.

– Ма ҳар хел қабилаву қавм дарем,- гуфт оне, ки солманду бузургҷусса буд.- Қатаған, муғул, лақай, қурғурот, қалмиқ, барлос, қарлиғ, ҳазора, қирғиз, қипчоқ… Расташро гӯям, ҳамаашра худам ҳам намданам.

-Дар Эрону Хуросон ҳам ҳукумат дар дасти шумост?- пурсид оқсақол. Ин фикр ҳамин ҳоло, пас аз ҷавоби қарлуқ, дар зеҳнаш шарора зад.

– Эшан, дар Эран набудам, лекин дар Бухараву Хурасану Бадахшан амиран ҳама аз маанд.

-Пас тоҷик дар куҷо подшоҳӣ мекунад?- аз ҳайрат даст ба гиребон бурд Исҳоқ.

-Тажик?- пурсид қарлиқ ва каме фикр карду ҷавоб дод:- Тажик, ашна, дамуллагӣ, шаирӣ, катибӣ, ҳапизӣ мекунад.- Пас аз сукуте илова кард:- Деҳқанӣ ҳам кари тажик аст.

Ё аз таъсири сухани навкар, ё аз ғояти хастагӣ дили Исҳоқ сих зад». ( қисми 1, саҳ. 282-283).

Ин иқтибос аз он шаҳодат медиҳад, ки садсолаҳо соҳибони сарзамини миллати мо бегонагон буданду тоҷикони соҳибватан барои онҳо ба сифати олиму шоир, овозхону хаттот ва кишоварзу хизматгор кор мекарданд ва талошу ҷоннисориҳои мардуми одӣ буд, ки пас аз садсолаҳо онҳо боз ҳаққи ҳалоли худро соҳиб шуданд ва имрӯз соҳиби аслии ин сарзамин будани худро собит намуданд.

х х х

Қисми дуюми романи таърихии «Саройи санг»-ро Ато Мирхоҷа ба муаллифи китоби «Таърихи Шуғнон» Ҳайдаршо Муҳаббатшозода ва нигорандаи таърихчаи Рӯшони асри 19 Лахман Ҳусейнзода бахшидааст. Қисми дуюми китоб дар давом 2 сол ( ноябри соли 2016-ноябри соли 2018 ) иншо шуда, соли 2019 чоп шудааст.

Қисми дуюми романи таърихии «Саройи санг» давраи солҳои 1870-1874-уми тоҷикони Бадахшонро дарбар мегирад.  Дар ин замон Шуғнону Вахон хироҷгузори Бадахшон бошанд ҳам, амалан ба ҳукумати марказӣ тобеъ набуданд. Бадахшон давлати мустақил ҳисоб шуда, ҳудуди ғарбии он то Тахористон доман паҳн мекунад. Таҳти пуштибонии англисҳо дар Кобул ҳукумати афғонҳо батадриҷ шакл гирифта, ба неруи муҳимми сиёсии минтақа табдил меёбад. Муаллифи роман дар ин қисмат ба зиддиятҳои хурду камаҳамияти дохилӣ машғул гардида, аз авзои воқеии ҷаҳон бехабар мондани ҳокими Шуғнон ва талошҳои заифонаи ӯро барои нигоҳ доштани ҳукумати худ ба риштаи тасвир кашидааст.

Дар ин қисми асар бештар воқеаҳои мардуми Рӯшону Ишкошим, бахусус Бартанг, ба риштаи тасвир кашида шудааст. Қаҳрамонҳои нави асар, аз қабили Гулноз, Нишак, Гулпочо, Саидҷаъфар, Отизули қирғиз, Камонгир, Соҳибназари Қаландар, Икронбегим ва баррачаи зебои ӯ Сифсак, бахусус ҳиматбаландиву ватандӯстии Дарвеши Заршӯй дар ғори сартарош бисёр самимӣ тасвир ёфтаанд. Рӯзгори мардуми деҳаи Хуф ва сарвари оқилу дурандеши онҳо Кеке дар асар мавқеи асосиро касб кардааст.

Ақидаи оне, ки дар гузаштаи дур мардуми кӯҳистон бесаводу бекитоб, бемактабу бемадраса ва дур аз тамаддун буданд, дар асар пурра ботил баромадааст. Аз суҳбату муошираи шоирони асри 19-и Бадахшон Мирзо Кӯчаку Қудрат, Шоҳабдуллои Олимшову Айёмбек, Наҷмиву Мулло Лочин ва дигарон дар миёни мардуму шогирдон ва дар қасри ҳоким гувоҳи он аст, ки мардум бо вуҷуди душвориву набудани шароити мусоид дар кӯҳистони дур аз шаҳрҳои бостонии худ ба қавли Рӯдакии бузургвор «гирд гаштанду гиромӣ доштанд» ва чароғи илму маърифатро рушан нигоҳ доштанд. Муаллиф бахусус саҳми шоири машҳури Шуғнон Қудратро дар боло бурдани саводнокиии мардум самимӣ инъикос кардааст. Дар мисоли Қудрату Лочин забони шеъру китоб будани забони шуғнониро исбот кардааст, ки ин далели бисёр ҳам саривақтӣ ва баён кардани воқеият аз забони муаллифи ин китоб аст. Дар бобҳои «Васвасаи ҳокимият», «Тарҳи хешовандӣ», « Аз Рӯшон то Кобул», «Таҳлили шеър», «Овозаи тақсими сарҳад», «Шикасти Ҷаҳондоршоҳ» ва ғайра зиндагии мардум воқеъбинона тасвир шудааст.

Чун дар боло пораеро аз қисми аввали китоб овардему хулоса бароварданашро ба хонанда ҳавола намудем, зарур медонем, аз қисми дуюми китоб низ пораеро пешниҳоди хонанда гардонем, ки он марбут ба мавзуест, ки имрӯз ба сархати васоити ахбори умуми чи дохилӣ ва чи хориҷӣ мубаддал гаштааст. Ин муносибати ду миллати ҳамсоя – тоҷику қирғиз мебошад. Биёед, ба ин пора таваҷҷуҳ намоем: «…Аҳли оилаи Мискин моҳҳои дарози тобистонро дар лаби рӯди Танимас мегузаронданд. Дар мавзеъҳои алоҳидаи об намад хобонда, реги тиллодор ҷамъ меоварданд. Вақте ки намад ба миқдори зарурӣ пур мешуд, онро берун кашида, регро аз зарраҳои дурахшони тилло ҷудо месохтанд…

Муштарии доимии падараш Арал ном марди қирғиз буд. Ин шахси давлатманд дар Аличори Помир ба сар бурда, ба ғайр аз бозоргонӣ, дар чорводорӣ низ дасти тамоме дошт.  Мискин ва Аралро на танҳо тиҷорату савдо, балки риштаи маҳками дӯстӣ низ ба ҳам мепайваст. Арал бо писараш Ҷулдошу Канак ба Сарез меомаду як ҳафта меҳмони Мискин мешуд. Мискин низ бо писараш Дарвешу писари бародари раҳматиаш Тағойбек ба меҳмонии Арал мерафту ба шарофати ӯ дар байни ин қавми ғаюру заҳматкаш ёру ҷӯраҳои бисёр пайдо кард. Писарамаки Дарвеш ҳам ба туфайли Арал Тағойбек ном гирифт. Падари Тағойбек як моҳ пеш аз зода шудани дукониконаш аз қабзи шадиди шикам вафот кард. Мискин бародарзани дуҷонашро аз Равмед ба Сарез, ба хонаи худ овард, то бепарастор намонад. Субҳе, ки Тағойбек ба дунё омад, Арал дар рӯи ҳавлиашон аз асп фаромаду тибқи одат фарёд кашид:

– Тағоятон омад, бидавед, тағоятон омад!

Бо шунидани садои ошнои Арал Дарвешу хоҳараконаш берун давида, худро ба оғӯши тағои қирғизашон андохта, сабқаткунон муждаи равшан шудани чашми зани амакашонро ба ӯ расонданд. Ин асно Мискин ҳам баромаду дӯсташро дар оғӯш гирифт. Арал табрикаш намуд:

– Мубораки тирандоз, дӯсти азиз!

– Худо муборак, якто ҳам не, ду тирандоз!- Мискин аз ғояти шодӣ дӯсташро оғӯшкунон бардошта, чархе зад.- Калонӣ номи падараш Муборакро тоза мекунад, хурдиро ба пойи қадамат Тағойбек ном мемонем.

– Ба ман чунин шарофат раво дида бошӣ, ҳазорон қуллуғ, ошно, – меҳмон чунон хурсанд шуд, ки қалпоқашро ба ҳаво партофта, ба забони худ нидое дардоду онро дар дами афтодан чолок дошта, боз ба сар ниҳод.- Бахудо чашмдор набудам, ки тоҷике маро ин қадар эҳтиром мекунад. Худо шоҳид, ки ин бача ман барин бойу бадавлат ва баиқбол мешавад.

Ҳамин тавр, байни чанд номи тоҷикӣ дар хонадони Мискин як исми турки Тағойбек пайдо гашту ба шарофати он дӯстии Мискину Арал ба хешовандӣ табдил ёфт… Вақте ки Тағрйбек ба ҳафт қадам гузошт, аввали тобистон аҳли хонаводаи Мискинро ба Аличур бурда, ба муносибати ҳафтсолагии писархонди худ тӯйи калон дод. Ҳамон рӯз дар ҳузури хонаводаи худу Мискин дар бораи Тағойбек чунин гуфт:

– Бидонед, ки Тағойбекро дар забон фарзанд нахондаам. Ин бача дар баробари Канаку Ҷӯлдош дар назди ман қадр дорад. Ба ёд дошта бошед: ман зинда бошам, набошам, Тағойбек аз хонаи ман, аз моли ман, аз чарогоҳи ман ҳисса дорад. Агар ҳозир талаб кунад, медиҳам, агар калон шуда талаб кунад, медиҳам, агар ман мурдаму талаб кунад, бидиҳедаш». ( Боби «Ғори сартарош», саҳ. 183-184).  Аз ин иқтибос чунин бармеояд, ки байни миллати тоҷику қирғиз садсолаҳо муқаддам расми бародариву хешутаборӣ барҷо будааст. Пас иллат чист, ки бо гузашти якуним аср ин меҳру муҳабат ва садоқату вафодорӣ ба душманиву бадбинӣ ва ҳатто ба сари ҳамдигар силоҳ кашидан расидааст? Роҳи ҳалли муноқишаро бояд дар миёни мардуми одӣ ҷуст, на дар толору долонҳои бошукуҳи гуфтушунидҳо.

х х х

Қисми сеюми романи таърихии «Саройи санг»-ро Ато Мирхоҷа ба ёди Сангмуҳаммади Бадахшӣ ва Фазлалибеки Сурхафсар – худовандони «Таърихи Бадахшон» бахшидааст. Таълифи эҷоди ин қисм 1 солу 10 моҳро дар бар гирифта ( январи соли 2019 – ноябри соли 2020 ), соли 2020 интишор шудааст.

Дар қисми сеюми романи «Саройи санг» муаллиф саргузашту сарнавишти қаҳрамонони асарро давом дода, хонандаро бо вазъи риққатбори тоҷикони Шуғнонзамин ва авзои сиёсии солҳои 70-уми асри 19 ошно месозад. Дар ин айём Афғонистон барои ба даст овардани Шуғнону Вахон даст ба омодагии ҳарбӣ мезанад. Таҳти роҳбарии тоҷики зарафшонӣ Муҳаммад Яъқуббеки Бадавлат мусалмонони Хитойи ғарбӣ давлате ба номи Йеттишаҳр ташкил мекунанд. Яъқуббек барои ҳимояи он англисҳоро ба хоки ин давлати навбунёд роҳ медиҳад. Қавму қабилаҳои қирғизони назди Помир низ барои муттаҳид гаштан тадбирҳоеро оҳандозӣ менамоянд. Мир Манзаршоҳ барои мустаҳкам намудани сарҳади шарқии Шуғнонзамин дастаҳои ғоратгари қирғизро шикаст медиҳад. Шоҳи Бадахшон Маҳмудшоҳ ба Шуғнон лашкар кашида, ба муқобилати ғайричашмдошти артиши он дучор мегардад. Юсуфалихон бо маслиҳат аҳли фазл бо Маҳмудшоҳ сулҳ мебандад, вале бо додани 70 навраси хуфӣ ба бардагӣ обрӯйи худро дар назди раият барбод медиҳад.

Дар қисми сеюми романи таърихӣ дар баробари қаҳрамонони дар боло ишорашуд боз Азгуломию Дарвеш ва дӯсташ Кӯканбек, Ниёзбек- дӯсти Ғазанфар дар Қошғар, Пасор ва дигарон чеҳранамоӣ мекунанд. Дар ин қисми асар бештар ба муборизаи мардуми Шуғнонзамин ба муқобили шоҳи Бадахшон Маҳмудшоҳ, ба ғорат рафтани сарвати Шуғнонзамин, аз қабили тиллову нуқра ва сангҳои қиматбаҳо, роҳзаниву ба яғмо бурдани молу сарвати мардум аз ҷониби аҷнабиён, ба ғуломӣ додани ҷавонони наврас ва боиси эътирози мардум гаштани ин ва оқибат ба марг оварда расонидани мутафаккире чун Кеке лаҳзаҳое мебошанд, ки хонанда бе эҳсосот онро мутолиа карда наметавонад. Дар бобҳои «Тантанаи англисҳо», «Муқобилат бо бадахшиён» «На ҷанг, на мадоро», «Шабохун», «Рӯзи сиёҳи Хуф»,  «Ҳуҷум ба Аличор», «Истеъфои Манзаршоҳ» ва ғайра аз муборизаи мардум баҳри озодӣ ва нигоҳ доштани ҳар порча сарзамини худ муаллиф ботафсил маълумот додаст.  Барои исботи гуфтаҳо пораеро аз боби «Шабохун» меоварем, ки ба миён гузоштани ин масъала аз ҷониби муаллиф, гумон мекунам, имрӯз ҳам муҳим ба ҳисоб меравад: «Ҷазодиҳӣ беш аз як соат тӯл кашид. Аз хуни чор роҳзан қамчини дасти Азгуломӣ ба шохи арғавон монанд гашту гирду атроф ба саллоҳхона. Пас аз адои ҷазодиҳӣ Манзаршоҳ шамшер аз ғилоф баркашиду сӯйи қамчинхӯрдагон нигаронд ва хитоб кард:

– Натарсед. Ин бор каллаи нодаркорашонро намебурам. Аммо Худо накарда бори дуввум ба дастам афтанд, модар набинад доғи фарзанд! – Ва сукуте карду афзуд: – Бачаҳо, қирғизиро кӣ медонад?

– Ман!- овоз дардод Мастибек.

– Хеле хуб,- хурсанд шуд Манзаршоҳ,- гапи гуфтаамро ба забонашон баргардон.

Мастибек тарҷума кард. Манзаршоҳ давом дод:

– Ман ҳокими тамоми Рӯшонам, номам Манзаршоҳ. Ин дафъа аз баҳри ҷонҳои беарзишатон мегузарам. Бо чашмони тангатон дидед, ки Бартанг бехованд нест. Бидонед ва огоҳ бошед, аз ҳамин рӯз эътиборан агар шунавам, ки як нафаратон бо камону камар ба диёри ман по гузоштааст, на фақат зинда барнамегардад, балки мурдаашро низ нахоҳед дид. Ин гапамро ба ҳар фарди қабила, хусусан ба шоҳатон бирасонед!».  ( Қисми 3, саҳ. 173-174), Дар ин порча нангу ғурури ватандории мардум дар мисоли ҳокими Рӯшон Манзаршоҳ бараъло ба назар мерасад.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҳам гоҳ-гоҳ ба назар мерасад ва бояд ислоҳ шавад, номгузории баъзе мавзеъҳо бо забонҳои бегона аст. Биёед, беҳтараш боз аз ҳамон боб порчаи дигарерор пешниҳодатон намоем ва худ қазоват кунед, ки ин мавзуъ то кадом дараҷа рӯзмара мебошад: «… Сипаҳсолор барои паноҳ кардани чашмаш аз шуълаҳои тези офтоби субҳгоҳӣ лапари каф ба пешонӣ гузошт ва дақиқае авулро аз назар гузаронду гапашро давом дод:

– Ақташ чӣ маъно дорад?

– Сафед жур ( санги сафед ),- аз пушти Манзаршоҳ садои Дарвеши заршӯй баланд шуд.

– Сафед жур?- суоломез такрор кард Манзаршоҳ,- Номи нағз! Эй бартангиён, ба гӯшатон бигиред: аз ҳамин дам номи Ақташ Сафеджур шуд. Касе аз шумо Ақташ бигӯяд, ба ҳамин ҷо бадарғааш мекунам! Фаҳмидед?

-Аз ҳар тараф садоҳо баланд шуданд: «Фаҳмидем»…

Манзаршоҳ бо нигоҳҳои баброна асиронро аз назар гузаронду гуфт:

– Барои он ки гапам на аз ёди тоҷик барояд, на аз хотири қирғиз, дар ҳамин ҷо қалоте аз санги сафед мебардорам. Агар як бори дигар ба мамлакати ман ҳуҷум биёред, меояму дар ҷойи қалот қалъа месозам. Он гоҳ дигар на Ақташатонро мебинед, на Сариташатонро!…».( Саҳ. 174).  Ҳарчанд дар даврони соҳибистиқлолӣ аксари мавзеъҳои номҳои бегона дошта табдили ном карданд, вале ҳоло ҳам дар баъзе нуқоти кишвар ин иқдом пурра ба охир нарасидааст. Фурсат аст, ки хатои садсолаҳоро имрӯз ислоҳ кунем.

Нависанда чун дигар адибон исбот кардааст, ки охири ҳар зулму ситам ба фаношавии он ҳукумат оварда расонидааст. Дар фарҷоми қисми сеюми романи таърихии «Саройи санг» Ато Мирхоҷа чунин овардааст: «…Байти охирин косаи сабри Юсуфалихонро лабрез намуд. Вай нохудогоҳ теғ аз ғилоф баркашиду ба сари Манзаршоҳ ронд. Манзаршоҳ дасти теғдори ӯро дар ҳаво дошту ба буни гарданаш чунон муште фуровард, ки олам дар назари шоҳ торикистон шуд. Ҳанӯз ба замин наафтода, мушти оҳанини Манзаршоҳ ба пушти сараш бархӯрд. Аз бинии Юсуфалихон хун фавора заду ӯ рӯйнокӣ фарши замин гашт. Сурхалишоҳ бо бадани чун барги бед ларзон ба сари ӯ хам шуд.

– Ту шоҳро куштӣ, мир! – бо ҳарос чиррос баровард дафтардор.

– Мурд, хас кам, ҷаҳон пок!- бонг зад Манзаршоҳ,- оё аз ҳамин ҳоле, ки дорад, мурданаш беҳтар нест?!

Манзаршоҳ ба пушти Юсуфалихон бо кароҳат туфе андохту башаст ҷониби дар рафт. Сурхалишоҳ сари шоҳро бардошту болои зонувони худ гузошт». ( Саҳ. 305-306 ).

Пурра ба хонанда маълумот додан дар бораи се қисми як романи таърихии арзишманд бо номи «Саройи санг» дар чорчӯбаи як мақола имконпазир нест. Чунин ба назар менамояд, ки ин асар идома дорад, зеро қаҳрамонию ҷоннисории мардум дар роҳи ба даст овардани озодиву истиқлолият сазовори даҳҳо китобҳои дигар аст ва иқдоми пешгирифтаи адиби пуркор Атои Мирхоҷа лоиқи дастгирист ва месазад, ки талошу шабзиндадориҳои муаллиф барои эҷоди чунин асари хонданбоб қадрдонӣ гардад ва сазовор шудан ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр кардани заҳмати адиб хоҳад буд.

Ҷумъа МИРЗО,

«Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь