Адабпажуҳон шеъри Бедилро гаҳе либоси мавзуне донистаанд, ки аз чину тарози домани фариштагон бо нақшу нигори чашмнавоз дӯхта шуда, аз рангорангии маъно касро ба ҳайрат вомедорад. Дар ҳақиқат сухани печидаи Бедил забони андешаҳои жарф ва нуҳуфтаест, ки барои сайр кардан дар саҳрои фикри баланди ӯ бояд роҳи душворгузари нуктасанҷиро паймуд. Шеърҳои Бедил ба сони рӯди пурталотуми баҳорист, ки хонанда ҳамчун як шиновари вижа дар баробари чирамандӣ ба ҳунари шиноварӣ бояд шуҷоати онро дошта бошад, то аз ҷазабаи бархӯрди сангҳои зери об ва садои ҳавлноки мавҷҳои пайдарҳами саркаш биму ҳаросе надошта бошад.

Муҳаммад Холиқ яке аз он сухансанҷони камёфте мебошад, ки биму ҳароси гирдобҳои шеъри Бедилро пушти сар карда, бо як шуҷоат хешро ба синаи мавҷҳои ғазалҳои он Ҳазрат афкандааст ва метавон гуфт ба соҳили мурод расидааст. Бо баҳраварӣ аз ғазалҳои пурпечу хами ин тоҷикгуфтори фарҳехтаи Ҳинд, дар сухансароиҳояш гулеро аз гулҳои рангоранги рози Бедил чидааст. Ҳамин аст ки як силсила ғазалҳои ӯ бо рангҳои олами ирфони Бедил даромехта, хаёлро ба вожаҳои бедилонаи ба сукут ишора дошта, мебаранд.
Муҳаммад Холиқ дар яке аз таълифоти худ унвонии «Таҳорати дарё», бисёре аз офаридаҳояшро бо бардошт аз ғазалиёти Бедил рангомезӣ намуда, ба василаи корбурди таркибҳои розомези шоири замони куҳан, ба шеъраш оҳанги тавзеҳӣ бахшидааст. Бад-он гуна ки дар мақтаъи ғазале мехонем, «Сахт душвор аст Бедил тарки хоби субҳидам», шоир гӯё барои тавзеҳи паҳлуҳои дигари ин ибора, гуфтааст:

Дасти абрии фалак бар гардани маҳ чун ҳамел,

Чун варақҳо шуд ғазалгардон китоби субҳидам.
Бин ҳилол аз рӯшанӣ сархам гузашт аз бурҷи арш,
Бар саволи тори шаб рӯшан ҷавоби субҳидам.
Ва дар ҷойи дигар аз вижагиҳои каломи Ҳазрати Бедил маънӣ бардошта, бо як биниши густурда ҷӯшу хурӯши ҳастиро бо ҷилваҳои дигари дарё намоёндааст; ба ёд оварем, ташбеҳоти Бедилро, ки мавҷи дарёро бо зулфи душиза, ба гунаи «Насим шона кунад зулфи мавҷи дарёро» ва ё «Рӯзу шаб гирдобро аз мавҷ ханҷар дар гулӯст.» Ва дар ин ҷо дидгоҳи Муҳаммад Холиқро пеши рӯ меоварем, ки гӯё ташбеҳоти он Ҳазратро идома мебахшад:
Имтиёзе қатра аз дарё надорад дар мизоҷ,
Хешро гум карда ё дарё ба фикри ҷустуҷӯст.
Мешавад мурдоб дарё бе дамиданҳои мавҷ,
Чашми мавҷ аз сангтозиҳо ба сахтӣ рӯбарӯст,
Ин тани обии дарё нест бе гирдоби мавҷ,
То ба дарёҳо ки рафт аз хеш ҳар рӯде, накӯст.
Воқеан, ин ғазалро, ҳамчунон офаридаҳои дигари Муҳаммад Холиқро набояд тақлиде бар осори Бедил донист. Ғазалҳои шоири ба камоли эҷодӣ расида хеле ҳунармандонаанд ва бинишу нигариши тозае мебошанд, ки шоир андешаҳои нобро дар ҳикматҳои куҳан ҷой додааст. Агар ба адабиёти ҳазорсолаамон жарфтар бингарем, хоҳем дид ки алоқамандиҳои ҳамаи сарояндагони адаби дарӣ ғолибан ба бозтоби ҳамон отифаҳое будаанд, ки дар замони Рӯдакиву Фирдавсӣ, ё Саъдиву Ҳофиз пеши дидор оварда мешуданд ва то имрӯз васфи ҳамон арзишҳо идома дорад. Ба истилоҳи рӯз, калидвожаҳое, ки имрӯз шоир дар сурудаҳояш ба кор бурдааст, ҳамон тавсифҳое мебошанд, ки аз замони берун омадани Одаму Ҳавво ба рӯйи Замин ва гирифториҳояшон ба махмасаҳои рӯзгорон, то ҳоло идома дорад. Чунончи: оташи сӯзону хокистари безабон, дарёву шикасти мавҷҳо, обу ҳалқаҳову чашмҳо, шамъу ашку нолаи зор, захми хору неши каждум, шишаву ойинаву дил ва монанди он садҳо таровишҳои хаёлангези сухан. Аммо ҳунари шоири чирасухан дар он аст, ки аз ин вожаҳои куҳан, дасатгуле дуруст кунад, ки зебову гӯёву шево ва бикру тару тозаву дастнахӯрда бошад. Бӯйи руҳнавози сухани ноб аз он дастагул чун оҳанги мавзуни най оҳиста-оҳиста берун омада, хонандаву ниюшандаро маст кунад. Ҳунари Муҳаммад Холиқ ҳам дар ҳамин аст, ки он вожаҳои дар синаи шеърпарастон ҷой доштаро либоси зебои нав пӯшонда, тавоноии сухани тоҷикиро бори дигар бознамоён сохтааст. Чуноне ки дар ин сурудааш аз таъбири «кӯза ва қадаҳ», ташбеҳи бикру ҷолиб офаридааст:
Пешдаст аз кӯзаҳо дасти ба даст ин соғар аст,
Кӯза бо пирии худ пеши қадаҳ хам мешавад.
Ва ё кошонаи сояро хуршед тафсир кардан, яке аз таркиботи маҷозии зебое ба нигар мерасад:
«Дар сафар аз по нишастан ҳиммати мардона нест»,
Рафт ҷавҳар ҳар гаҳе з-ойина гар, фарзона нест.
Соя ҳам бар рӯйи хок аз сар ниҳодан, муҳтарам,
То ки хуршед аст рӯшан, соя бе кошона нест.
Пажуҳишгарони адабиёт шеваи суханороии Ҳазрати Бедилро, идомаи «сабки ҳиндӣ», номида, бад-ин сон услуби сухани имрӯзаи шоирони форсигӯро, дар чаҳорчӯбаи «шеъри нав», «шеъри озод» ва ё «шеъри тасвирӣ» ва монанди он маҳдуд карданианд. Вале ба гумони мо шеъри Мирзо Бедил фаротар аз сабки ҳиндӣ мебошад ва ин аст, ки дар суханони бисёре аз сарояндагони адабиёти замони нави Эрону Тоҷикистон, аз ҷумла дар сурудаҳои Фурӯғ Фаррухзод ва Суҳроб Сипеҳрӣ, чун дар шеъри Муҳаммад Холиқ, шеваи гуфтори он Ҳазрати ҳиндустониро метавон пай бурд. Ба хотири устувории нуктаи дар боло оварда, ба саволи ҳазорсолае менигарем, ки онро Бедил дар Деҳлӣ, Ҳофиз дар Шероз ва Ахавони Солис дар рӯзгори мо навиштаанд. Ва он савол муаммоест ба гунае, ки магар инсон аз биҳишт танҳо барои пайдо кардани нон бурун шудааст? Ҳофиз гуфтааст: «То обурӯ наравадам нон намерасад». Муҳаммад Холиқ ин сарводаи Ҳазрати Бедилро пеши дидор оварда, ҳалли муамморо аз роҳи шикасти нафс дарёфтааст:
«Куҷо алвони неъмат з – ин бисот осон шавад пайдо,
Ки одам аз биҳишт ояд бурун, то нон шавад пайдо.»
Қаноатпешаро қонеъ кунад як дона гандум ҳам,
Чу хӯрда ҳар ду гетӣ, нафси бад товон шавад пайдо.
Чунин ба нигар мерасад бархе сухангустарони замони мо, ки бо пеша кардани осонпазирӣ ҳунари баланди нуктасанҷиро матоъи фарсуда меангоранд ва рӯ ба соданигорӣ ниҳода, шеърро ба сатҳи «сухани қофиядор», вале бе дарунмояи жарфи фалсафӣ, бидуни ҷавҳари шеър, ки бо коргирӣ аз тамсилҳои зебо, омода мешавад, фурӯд оварданианд. Аммо шоири чирасухан, Муҳаммад Холиқ бо корбурди тамсилҳои нобу андешазои хеш, хонандаро ба ҷилваҳои дарунии шеър ва гоҳе ба сукут ихтиёр кардан вомедорад. Бо ин ки гаҳе хомӯширо фарёди ногуфтаҳои хеш мешуморад, Аллома Бедилро «Худои сухан» хондааст:
Дар иртифои ҳар ғазалат маънии нав аст,
Бешак, шудӣ худои сухан дар ҳама макон.
Умре намоз бар сухан овардаӣ ба меҳр,
Бо боли шеър рафтаӣ бар ҳафт осмон.
Дар поён мехоҳам арз бидорам, ки пайдост дар зеҳни шоири тавоно Муҳаммад Холиқ ногуфтаҳои дилпазире нуҳуфтаанд, ки мо хонандагони сурудаҳояшон орзумандем онҳоро берун бароварда, ба сухани ҳазорсолаи тоҷикӣ, дарёфтаҳои нави хешро биафзоянд.

Зафар Мирзоён, аъзои Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь