– Рафиқон, ба фикрам чунин рафти кор дигар моро қонеъ карда наметавонад. Майдабозӣ бас, биёед ба хубӣ таракаро, эҳ мебахшед, тақсимоти ҷойҳою мансабҳоро аз нав дида бароем.

– Муҳтарам Раис, дигаронро намедонам, вале шахсан ман аз ҷойи ҳозираам розӣ ва…

– Биёед монеде,  понздаҳсол шуд, ки нуқтаҳои қассобонро дар ихтиёр дореду ҳар рӯз «кордатон дар болои равған» аст, вале дигаронро низ ба назар гирифтан даркор ва тавре пешниҳод шуд, тақсимоти навро бояд амалӣ кард.

– Фаҳмо, мебахшед, тақсимот бошад тақсимот, гапи шумо шавад.

– Хайр, ба овоз мемонем. Ҳама розӣ? Канӣ киро ба кадом нуқта гузоштан даркор?

– Аз рӯйхат хондан гиред, худаш фаҳмо мешавад.

– Дуруст, дуруст, майлаш, ба бозори «Корвон» киро масъул таъин кунем?

– Бозорзодаро!

– Чаро?

– Номаш зебанда!

– Нашуд, намешавад. Бозорзода дар чанд бозор буд, кораш маънӣ накард, аниқтараш якаш ду шуд, лекин дигаронро фаромӯш кард. Ӯро бо маслиҳати Раёсат ба беморхонаҳои марказӣ масъул мекунем, канӣ бинем, боз чӣ гап мешавад. Бозорзода, баъди маҷлис бо кафшу калӯшат ба ҷойи нав!

– Фаҳмо, чи хеле ба ҳамагон маҳқул бошад,  ман розӣ.

– Илоҷи дигар ҳам надорӣ…

– Ба ҷояш ба бозори «Корвон» Қаноатзодаро таъин мекунем. Худаш марди сахӣ, қаноатпеша, дар бозори «Саховат» пухта шуд. Ягон пешниҳоди дигар ҳаст?

– Қаноатпеша гуфтеду мондед…

– Чӣ гап? Равшантар гап занед!

– Рафиқ Раис, охир ин Қаноатзода куҷояш қаноату кадом кораш қаноатмандона шуд? Ӯро вориси Қорӣ-ишкамба гӯед мешавад, ба ростӣ чанд маротиба корам афтод, ҳатто як нон ҳам надод. Шикамаш, ки сер бошад, парвои кас намекунад. Ман шахсан зид, овоз намедиҳам!

– Қаноатзода, ба ин далели раднашаванда алҳол чизе гуфта намешавад, ҳоло ба ту ҷойе нест, аммо номзадиат дар навбат меистад.

– Чӣ илоҷ….

– Ин хел бошад, ба бозорҳо Хаскашовро муваққатан масъул мемонем, канӣ бинем, ки хаса бо панҷшоха мекашад ва ё бо ҷувол… Пухта кор кун, ҳаққи бародаронро фаромӯш накун!

– Фаҳмо Раис, ягон нафарро бенасиб намемонам, таъмини ҳаққи бачаҳо ба ӯҳдаи ман.  Раҳмат ба бовариатон!

– Хайр инаш ҳам шуд, ба шоҳроҳу роҳҳои муҳим киро таъин кунем?

– Сафари Мусофирпурро!

– Чаро?

– Охир ин мусофир доимо дар қад-қади роҳу пасткӯчаҳо ва хиёбонҳо сафаракӣ шуда, аллакай аз тамоми сирру асрори ин соҳа бохабар аст.

– Оббо, ана ин хел мутахассисон ба мо даркор. Дигарон розӣ?

– Розӣ, лекин шартҳои ҷамъияти мардонаи моро фаромӯш накунад.

– Ҳамаашро медонам, риоя мекунам, мо аз дастархони мардонаи шумо нон хӯрдагӣ.

– Ин самт ҳам соҳиб ёфт. Боз кадом нуқтаҳои муҳим монданд?

– Роҳи оҳану аэропорт…

– Ҳа гуфтагӣ барин, ба роҳҳои оҳан Маҳкамиро монем чӣ?

– Чаро?

– Сахтирода, сахтгир…

– Чиро сахт мегирад? Боз мисли масъули пешина ҳамаро шарманда накунад?

– Биёед, монед э, як дафъа сахт кардем, ки сабақ ба ҳамаамон шуд… Дигар хато намекунем ва ин кас он чи ки шумо дар назар доред – пораро не, балки корро сахт мегирад. Дар ин кор ӯ аллакай худро нишон дода, байни ҳамкорон мақомеро соҳиб гаштааст. Худам кафолат медиҳам, ки боваринок фаъолият мебарад.

– Ин хел бошад масъала ҳал.

– Ба фурудгоҳ бо назардошти мавқеи бонувон якбора Саёҳату Сайёраро бо дастаашон мегузорем ва боварӣ дорем, ки ба зудӣ сафарҳои кориро афзуда, бо дигар нуқтаҳои лозимӣ дар тамос шуда, корро ҷоннок мекунанд.

– Майлаш, мо розӣ.

– Боз кадом нуқтаи муҳим бе масъул монд?

– Боғҳои фарҳангию маданӣ.

– Чӣ?! Ба ин ҷо ягон хоҳишманд ҳаст?

– Ҳаст, марҳамат писари раҳматии муаллим Нур Ҳикматиро монед.

– Оббо, писари ҳамон муаллим аллакай бо мо ҳамроҳ шудааст?

– Хеле шуд, вай ҳам касби падариро хор накунам гуфта… дар ин замона дигар бо ин маошу… хеле шуд, ки ҳамкасби мост…

– Ба ростӣ, нафаҳмидам, афсӯс. Бачаҳо бесавод намемонанд?

– Не, вай бачаҳалок бо мо ним баст кор мекунад, рӯзҳои дигар кори асосиашро давом дода истодааст, дар ин масъала коммунисти “честний”.

– Ин хел бошад, бе ягон гап ӯро ба ҷойҳои гуфташуда тезтар гузоштан даркор. Дигар масъулон ҳарчи метавонанд ба ӯ ёрии иқтисодӣ расонанд! Аҷаб замонае…

– Боз кадом ҷойҳо монд?

– Ҳамин комбинатҳои коркарди гӯшту пӯст, ширу қаймоқро ба Гадозода диҳем чӣ мешавад?

– Не, не, ин корҳо барои Гадозода нест, онро ба Талабуф медиҳем. Вай талаб карда ҳамаро зада мегирад, фоидааш ба ҳамагон бештар мерасад…

– Хайр, боз кӣ бенасиб монд?

– Табаров, Ҷорубзода, Қамчинов ва Поргиев…

– Хайр онҳо ҳоло ҷавону камтаҷриба, ҳоло дар навбат истода, маҳорати касбиашонро такмил диҳанд, ана баъд мебинем. Рафиқон, ҳоло биёед тезтар паси кор шавем, ки фарроши боғ кампири Басбӣ омада истодааст, боз табъи ҳамагонро вайрон мекунад… Кай ин бо мо ҳамроҳ мешуда бошад?!

– Ҳа сакалтуҳо боз дар ин ҷо ҷамъ шудед? Хезеду тезтар аз ин ҷо дафъ шавед!

– О, илтимос бе ҳақорат, охир мо танҳо моҳе як маротиба ҷамъ мешавем-ку? Ин хел бадмуомилагӣ чӣ даркор? Охир ҳамаи мо…

– Фаҳмидан намехоҳам, тезтар гум шавед. Тавба, аз дасти ин гадоҳои шаҳр ба дод омадем э, ҳатто кор карда намешавад… Калонҳо куҷоро нигоҳ мекунанд? Ман ҳайрон. Шумо чӣ?!

Сабзаали АСОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь