Ба риштаи ҳуқуқ дохил шуда, аз идомаи таҳсил даст кашидан, ба кас аҷиб менамояд. Вале барои қаҳрамони мо, ки майл ба санъат, ба рақс дошт, ҳеҷ аҷобате надорад.

Имомбердӣ Имомбердиев мегӯяд, аз аввал эҳсос мекард, ки барои саҳна зода шудааст. Аз ин рӯ, баъзан дар танҳоӣ, зери навои мусиқӣ ба арғушт мерафт ва рақс мекард.

Ӯ дар суҳбат бо мо аз дунёи ин ҳунар, шебу фарози он, сӯхтану сохтан, нигоҳи ҷомеа, бархӯрди назар, дарёфти мавқеъ ва нақшаву ниятҳояш қисса кард.

Нияти нек-ними давлат

Рақсҳои гуногуни қаҳрамони моро метавон аз бархе шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кард. Чун пас аз ҳунарнамоӣ онҳоро ба маъраз мегузорад, то мардум бинанд ва баҳо диҳанд.

Ҳоло ӯ дар бахши хореография таҳсил мекунад ва нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзад. Гарчи баъзан ба мушкилӣ дучор мешавад, лек ҳамаро бо таҳаммул пушти сар месозад.

-Аз хурдсолӣ ҳавас доштам, гоҳ-гоҳ рақс мекардам, аммо ҷиддӣ қабул намекарданд. Пас аз хатми мактаб масъалаи интихоби касб пеш омад, ин ҷодаро пешниҳод кардам. Аҳли оила зид баромаданд, зеро дар авлоди мо санъаткор набуд,-мегӯяд Имомбердӣ.

Пас аз чунин бархӯрд, бо хоҳиши хонавода ҳуҷҷатҳояшро ба риштаи ҳуқуқ супорид. Аммо баръакси интизорӣ, баъди аз имтиҳон гузоштан, ба донишгоҳ ҳозир нашуд.

-Чунин муносибат, албатта, вокуниши аҳли оиларо ба миён овард, аммо онҳоро мӯътақид кардам, ки дар соҳаи худ ҳатман ба ҷое мерасам,-ёд овард ҳамсӯҳбати мо.

Баъди ин, ҳарчанд муддате ба омӯзиши забон машғул шуд, аммо аз рақс даст накашид. Кӯшиш кард, машқ намуд ва билохира ба Донишкадаи фарҳанг ва санъат дохил шуд. Чун ин боргоҳи ҳунар маркази асосии омода кардани мутахассисони касбӣ буд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, чун бори нахуст ба ин ҷо омад, аз он чи дид, ба ҳайрат афтод. Зеро бо нафароне вохӯрд, ки нисбат ба ӯ дорои маҳорату малакаи бештар буданд.

-То ин дам гумон мекардам, ки зебо мерақсам ва аз техникаи он ба хубӣ огоҳам. Аммо вақте ҳамсабақони худро дидам, боварӣ ҳосил кардам, ки ҳеҷ чизро намедонам. Чунки рақси онҳо аз ҷиҳати касбият то андозае баланд буд,-бо хушҳолӣ ба ёд овард вай.

Ҷидду ҷаҳд ва машқҳои батакрор боиси он гардид, ки роҳи Имомбердӣ боз гардид. Ӯро дар чорабиниҳои мухталиф барои иҷрои рақсҳои миллӣ таклиф мекарданд.

-Бори аввал дар саҳна рақси “Бухороӣ”-ро иҷро кардам, ки ҳеҷ аз ёдам намеравад. Фикр кардам, ки ҳамаи нишастагон ба ман нигоҳ мекунанд ва камбудиямро меҷӯянд. Дилам сахт ба тапиш омад,тарсидам, ки ягон ҳаракати ноҷо накунам,-иброз дошт ӯ.

Пас аз ин, бовариву эътимоди қаҳрамони мо нисбати ҳунару маҳораташ бештар шуд. Минбаъд дар вақти ҳунарнамоӣ чандон ба эҳсос дода намешуд, ба тарс роҳ намедод. Аммо ҳамеша кӯшиш мекард, ки барои аз вазъити ногувор баромадан омода бошад.

-Боре ҳангоми иҷрои рақс нохост афтидам ва хушбахтона, зуд аз вазъ берун шудам. Устодонам сарзаниш накарданд, баръакс камбудиамро гуфтанд ва чанд тавсия доданд. Ин дарси хубе шуд, ки то охири умр аз гӯшаи хотираам намеравад,-изҳор дошт вай.

Ӯ аз устодон Искандар Музаффаров, Файзулло Каримов, Сафарбегим Боронбекова изҳори сипос кард, ки роҳкушоӣ карданд ва дасти ӯро дар ин ҷода рост намуданд.

“Дунёи рақс нотакрор аст”

Имомбердӣ мегӯяд, барои рақси хуб ба саҳна гузоштан мусиқӣ нақши калидӣ дорад.  Аз ин рӯ, вай пеш аз ҳама он мусиқиеро интихоб мекунад, ки ба дилаш наздик бошад.

-Мусиқиро бо тамоми ҳастӣ бояд эҳсос кард. Он бояд дар вуҷуди шумо туғён кунад. Ғулғулаеро ба миён орад, ҷисму ҷонатонро беқарор созад, раъша давонад,-мегӯяд ӯ.

Вақте мусиқӣ дилнишин нест, ҳунарманд наметавонад бо тамоми ҳастӣ бирақсад. Рақси ӯ хушк, берӯҳ ва мисли сохта мебарояд ва инро бинанда ба хубӣ дарк менамояд. Барои қаҳрамони мо мусиқии шӯх писанд аст, зеро ҳаракати бисёрро талаб мекунад.

-Борҳо шудааст, бо зарурате зери навои мусиқие рақс кардаам, ки писандам набуд. Ин гуна рақсҳо танҳо ба хотири вақт ва ё аз вазъият баровардани касе буд,-иброз дошт вай

Ҳоло қаҳрамони мо аз ӯҳдаи иҷрои рақсҳои миллӣ, аврупоӣ, ҳиндӣ ва ғайра мебарояд.  Вале бештар рақси минтақаи Бадахшонро ба хубӣ иҷро мекунад, чун худ зодаи инҷост.

-Дар аксари чорабинҳо низ хоҳиш мекунанд, ки маҳз рақси бадахшонӣ иҷро кунам. Албатта, инро ба назар мегирам, аммо мегӯям, ки ман рақси миллиро иҷро мекунам. Зеро рақси бадахшонӣ ҷузъе аз рақси миллии тоҷикӣ аст,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Интихоби шарик дар рақси дунафарра аз масъалаест, ки пешорӯи ҳунарманд меистад. Онҳо бояд ҳам аз лиҳози қад ва ҳам аз лиҳози намо ба ҳамдигар мувофиқат кунанд.

-Масалан, дар рақси дунафара духтар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз писар баланд бошад.  Шарикон бояд наздик бошанд, то якдигарро дарк карда тавонанд,-мегӯяд Имомбердӣ.

Ба андешаи ӯ, дар байни шарикон бояд забоне, ки танҳо худи онҳо мефаҳманд, вуҷуд дошта бошад, то аз аввали ҳунарнамоӣ то анҷоми он бо ҳамдигар дар иртибот бошанд.

-Баъзан вақт ман ё шарикам ба иштибоҳ роҳ медиҳем ё ягон ҳаракати ноҷо мекунем. Мо ҳамдигарро бо имову ишора тавре огоҳ мекунем, ки бинанда пайхас намекунад. Дар аксари маврид, ҳаракати шарикон ба ҳамдигар монанд намешавад, ки иштибоҳи ҷиддӣ нест, вале аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо хуб машқ накардаанд,-мегӯяд вай.

Қаҳрамони бо барои ба чунин хатоӣ роҳ надодан ҳар рӯз бо шарикаш машқ мекунад ва кам иттифоқ афтодааст, ки онҳо дар саҳна ба ин ё он иштибоҳ роҳ дода бошанд.

Иродаи мустаҳкам-оғози муваффақият

Ҳарчанд рақс ин як навъи санъати амалӣ аст, аммо на ҳама онро дарк карда метавонад. Аз ин рӯ, онҳое, ки ба ин самт шуғл меварзанд, мавриди назари ҷомеа қарор доранд. Дар хусуси онҳо дар кӯча, саҳна ва ҳатто шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд  мекунанд.

-Албатта, баъзан вақт ҳангоми ҳунарнамоӣ аз толор суханҳоеро мешунавам, ки ба иззати нафс мерасанд, аммо аз нишон додани эҳсоси худ худдорӣ мекунам, чун барои як-ду нафар шуда, набояд бо тамоми нишастагон қаҳрӣ кард,-мегӯяд Имомбердӣ.

Ба андешаи ӯ, шахсони ҳунарманд ва санъаткор набояд ба ҳар чи таваҷҷуҳ кунанд. Ин метавонад иродаи онҳоро шиканад ва боиси ботамом аз саҳна рафтанашон гардад.

-Баъзан зери наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам, суханҳои қабеҳу ноҷо менависанд, зуд онҳоро пок мекунам ва дигар аҳамият намедиҳам,-иброз дошт вай.

Ӯ зикр кард, ки агар дар ягон ҷо дар хусуси ӯ ё ҳунараш ягон сухани қабеҳ зананд, дигар ҳеҷ гоҳ даъвати ба он ҷо рафтанро қабул намекунад ва розӣ намешавад.

Ҳоло Имомбердӣ ният дорад, ки дар оянда ба синамо рӯ оварад ва дар ин самт низ қувваозмоӣ кунад. Ӯ мегӯяд, ки рақс ва синамо ин ду соҳаи ба ҳамдигар наздик аст.

-Бояд гӯям, шахсоне, ки ба рақс шуғл меварзанд, аз мутолиа то ҷое дур мешаванд. Аз ин рӯ, ҳоло дар вақтҳои фориғ аз машғулиятҳои асосӣ ба хондан машғул мешавам. Асарҳои бадоеӣ мехонам, то захираи луғавиам бой ва нутқам бурро шавад,-мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо ба он бовар аст, ки маҳорати раққосиаш ба вай имкон медиҳад, то дар ин ҷода низ мавқеи худро пайдо кунад ва саҳми хешро дар рушди синамо гузорад.

-Аслан, мо, ҷавонон иқтидори бузургеро доро ҳастем, ки агар онро дар самти зарурӣ истифода барем, чӣ қадар корҳои муҳимро метавонем ба анҷом расонем,-илова кард ӯ.

Амони МУҲАММАД

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Куллахои баланди Саньат хохонам бародари азиз дусти бехтарин.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь