Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз зумраи беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нахустин маротиба 24 майи соли 1965 ҳамчун “Техникуми индустриалӣ-омӯзгории шаҳри  Душанбе ба фаъолият шуруъ намуда, 4 майи соли 2000 ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе табдил дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, №630 “Дар бораи иваз намудани номи омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ба литсейҳои касбии техникӣ, техникум ва омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳо” ва бо фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.11.2012, №2514 Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе табдил дода шуд. Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дорои Шаҳодатномаи ИА № 0000858 аз 01.06.2018 ва Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2017, АУ № 0002215 оиди шинохти давлатӣ ва ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ буда, муассиси он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, ки фаъолияти муассисаи таълимиро ба танзим медароранд, амалӣ месозад. Дар коллеҷ 120 нафар омӯзгорону кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 4 нафар номзади илм, 7 нафар аълочии маориф, 4 нафар унвонҷӯ, 4 аспирант, 15 нафар муаллими калон, 37 нафар ассистентон мебошанд.

 

Факултаҳо ва шуъбаҳои коллеҷ

Дар коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе факултетҳои муҳандисӣ-омӯзгорӣ, технология ва иқтисодиёт ва кафедраҳои саноатию сохтмонӣ,  автомобил ва мошинсозӣ, гуманитарӣ, табиию риёзӣ, кафедраи технологияи иттилоотӣ ва дизайн амал мекунад.

Тибқи сохтори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, ки соли 2018 аз  ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С., дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, шуъбаи таълим, шуъбаи ҳисобдорӣ, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи хоҷагидорӣ, шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ,  шуъбаи кор бо ҷавонон ва шӯрои занон, бахши идоракунии сифати таҳсилот, бахши таҷрибаомӯзӣ, бахши робитаҳои хориҷӣ, бахши илм, бахши умумӣ, маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ ва маркази тестӣ фаъолият мекунанд.

 

Ихтисосҳо

Дар коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисосҳои зерин муҳассилин ба таълим фаро гирифта мешаванд:

2- 430103 «Таъминоти барқ»;

2-080101-31 Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ);

2-080101-01 Таълими касбӣ (мошинсозӣ);

2-080101-05 Таълими касбӣ (сохтмон);

2-080101-38 Таълими касбӣ (саноати сабук);

2-700431-Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот;

2-020602-Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ;

2-270131.23-Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм;

2-690101.06 -Меъмории ландшафтӣ;

2-080101.42-Таълими касбӣ (таъминоти техникии корҳои кишоварзӣ);

2-490101.05-Технологияи маҳсулоти қаннодӣ.

Айни замон дар коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои номбурда 1005-нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 415 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 590 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.

 

Синфхонаҳои муҷаҳҳазгардонишуда

Дар муассисаи таълимӣ 34 синфхона, 3 озмоишгоҳ, 10 устохонаи таълимӣ, 1 китобхонаи электронӣ, 1 синфхонаи лингафонӣ, 1маркази қабули имтиҳонҳо, 2 синфхонаи компютерӣ мавҷуд мебошад. Инчунин синфхонаҳои таълимии «Забони тоҷикӣ», «Математика», «Таърих», «Педагогика», «Психология», «Химия», «Автомобил», «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Таъминоти барқ», «Конструксияи биноҳо», «Сохтмони саноати шаҳрвандӣ», «Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ», «Технологияи информатсионӣ», “Туризм”,-«Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот», «Энергетикаи умумӣ», «Техникаи барқӣ» ва ғайра бо маводҳо ва таҷҳизотҳои таълимӣ таҷҳизонида шуда, ба талаботи  нақшаву барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯй мебошанд. Бахшида ба эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соли 2018 дар муассисаи таълимӣ синфхонаи «Ҳунарҳои мардумӣ» барои ихтисоси саноати сабук-дӯзандагӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, гулдӯзӣ ташкил карда шуда, бо  дастгоҳҳои хурди адрасбофӣ, қолинбофӣ ва матоъу аёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.  

  

Маҳфилҳои фаннӣ

Дар муассисаи таълимӣ барои баланд бардоштани тафаккури зеҳнии донишҷӯён  маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд. Таҷриба нишон дод, ки чунин маҳфилҳо дар сайқалдиҳии малака ва истеъдоди донишҷӯён нақши басо бузург доранд. Маҳфилҳои мазкурро метавонем дар ин мақола номбар кунем:

1. Аз фанни математика “Математикони ҷавон”;

2. Аз фанни таърих “Таърихшинос”;

3. Аз фанни забони русӣ “Русское слово”;

4. Аз рӯи ихтисоси мошинсозӣ “Техникони ҷавон”.

5. Маҳфили “Дӯстдорони китоб” .

Дар баробари ин дар муассисаи таълимӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳфилҳои “Марворид” (коркард бо муҳра), маҳфили “Гулдаст” (коркарди ришта бо истифодаи чангак)”ва маҳфили “Гулдӯз  қуроқдӯз” амал мекунад. Дар маҳфилҳои амалкунанда зиёда аз 80 донишҷӯён ҷалб карда шудаанд. 

Бояд қайд намуд, ки маҳсули дастони донишҷӯён ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дар якчанд намоишҳо, аз ҷумла дар чорабиниҳои гуногун бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ба намоиш гузошта шудааст.

 

Фаъолияти китобхонаи коллеҷ

Китобхонаи муассисаи таълимӣ аз 1 толори хониш барои 40 ҷойи нишаст, 1 қироатхона ва як китобхонаи электронӣ бо 15 ҷойи нишаст, ки бо шабакаи интернет пайваст аст иборат мебошад. 

Миқдори умумии китобҳо-15016 ададро ташкил дода, танҳо дар соли ҷорӣ ба фонди китобхона 1067 китобҳои умумитаълимӣ, тахассусӣ ва бадеӣ, 270 ҳазор китобҳои электронӣ, 127 ҳазор маводҳои электронӣ аз қабили видеодарсҳо, аудиодарсҳо, презентатсияҳо ворид карда шуданд. Донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ ҳамарӯза аз китобхона фаъолона истифода мебаранд.

 

Хобгоҳ

Коллеҷ дорои хобгоҳи замонавӣ буда, бинои асосии таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Аз он ҷумла, дар бинои асосӣ ва хобгоҳ дару тирезаҳои куҳна ба дару тирезаҳои муосир иваз карда шуданд. Инчунин системаи барқгузаронӣ ва рушноидиҳанда, қубурҳои обгузар, нуқтаҳои зиддисӯхтор, фаршу шифти бинои асосӣ ва хобгоҳ таъмиру рангубор гардиданд. Дар қатори ин барои беҳтар намудани шароити зисти донишҷӯён дар бинои хобгоҳ хоҷатхона, хонаи шустушӯи либос, ҳамом, ошхона ва хонаи маишӣ бо таъмири замонавӣ ташкил карда шуд. Ин хонаҳо бо асбобу таҷҳизотҳои лозимӣ аз қабили обгармкунаки барқӣ (термекс), мошинаҳои ҷомашӯӣ (автомат), плитаҳои барқии муосир, яхдон, тафдонҳо, инчунин лавозимоти ҳоҷагӣ таъмин гардиданд.

Дар муассиса як нафар донишҷӯ (ятими кул) таҳсил мекунад, ки аз ҷониби маъмурияти муасиса ба ӯ пайваста ёрии пуливу молӣ расонида мешавад.

 

Таҷрибаомӯзӣ яке аз муҳимтарин бахши касбомӯзӣ

Яке аз вазифаҳои муҳими муассисаи таълимӣ ин баланд бардоштани сифати таълим ва ҳамзамон боло бурдани савияи дониши амалии донишҷӯён мебошад. Барои дар  амал тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯёни муассисаи таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, корхонаю ташкилотҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои  таълимӣ, истеҳсолӣ, технологӣ, омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Дар соли ҷорӣ шартномаҳои ҳамкорӣ 40 ададро ташкил  медиҳад, ки яке аз пешравиҳои қисми таълим дар муассисаи таълимӣ ба шумор меравад.

Инчунин барои гузаронидани дарсҳои, амалӣ, таҷрибавӣ ва КМДРО   устохонаҳои дуредгарӣ, кафшергарӣ, харротӣ, дӯзандагӣ, нақлиёти автомобилӣ ва озмоишгоҳҳои технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ, қаннодӣ, таҷҳизотҳои сардкунанда ва системаи ҳавотозакунӣ бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонида шудааст

 

Дастовардҳо дар соли  2018

Муҳассилини Коллеҷ дар олимпиадаҳо ва чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳурӣ ва берунӣ ширкат варзида, борҳо ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд. Намунаи беҳтарини ин гуфтаҳо WEB-Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба рушди ВЕБ сайт дар Коллеҷи гуманитарии шаҳри Петропавловск (Қазоқистон) аст, ки донишҷӯёни факултети технология ва иқтисодиёт дар он ширкат варзида, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд. 

Дар самти густариши равобити илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ муассиса бо муассисаҳои хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад ва соли ҷорӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дар ҳайати 20 нафар дар ВЕБ-олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзида, соҳиби сертификатҳо гардиданд.

Бояд махсус қайд кард, ки аз ҷониби директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе н.и.п., дотсент Алиев Алишер Ҳикматуллоевич дар муассиса ба рушди варзиш диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар коллеҷ муҳассилин на танҳо ба варзиш ҷалб мегарданд, балки як қатор донишҷӯёни коллеҷ дар мусобиқаҳои варзишии дохил ва берун аз кишвар иштирок намуда, натиҷаҳои хубро ба даст овардаанд. Донишҷӯдухтарони коллеҷ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии тирандозӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар байни донишҷӯёни гуруҳҳо, факултаҳо мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили тенниси рӯи миз, шашкаю шоҳмот ташкил гардида, ғолибони ин мусобиқаҳо аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ бо пешниҳоди дастовардҳо дар Форуми якуми ҷумҳуриявии илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ”, ки санаи 10.11.2018 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал ва дипломҳо гардиданд. 

Донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии дохил  ва хориҷи кишвар  низ борҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Мисоли ин ҷои якуми Мирзоев Рамазон-донишҷӯи гуруҳи 21 аст, ки аз 10 то 15.09.2018 дар шаҳри Қазоқистон баргузор гардид ва аз намуди варзиши “Тэквандо ВТФ” ҷои 2-юмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра ва ифтихорнома гардид. 

Алиев Суҳроб бошад, дар Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтирокорони наврас ва ҷавонон” иштирок намуда, соҳиби диплом, Сайҷалолов Раҳмуддин дар мусобиқаи варзишии чавгонбозӣ дар вилояти Суғд ҷои 1-ум ва дар вилояти Хатлон ҷои 3-юмро ишғол намуда, соҳиби ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардидааст. Абдуллоев Мустафо донишҷӯи гуруҳи 23 дар мусобиқи варзишии гӯштингирӣ дар ВМКБ ҷойи 3-юм, дар вилояти Суғд ҷойи 3-юм, дар Душанбе-2 ҷои 1-умро ишғол намуда соҳиби медал, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ гардид.

 

Ба ҷои охирсухан

Омӯзиш ва сайри яксоатаи мо дар коллеҷ нишон дод, ки муассиса  мутахассисонро маҳз барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамчун устои таълими истеҳсолӣ омода мекунад ва дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад ва барои таҳсил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Донишҷӯён метавонанд аз майдончаи варзишӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ройгон истифода баранд ва донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар коллеҷ таҳсил менамоянд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Интихоби дурусти касб кафолати соҳибкасб гардидани муҳассилин мебошад. 

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дорои сомонаи худ буда, он бо ин нишонӣ: www.KMOD.tj  ҳамеша дастрас ва фаъол аст. Дар сомона маълумоти зарурӣ барои коршиносону довталабон ва донишҷӯён ҷой дода шудааст. Қабули довталабон ба коллеҷ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва рамзи он дар ММТНПҶТ 516 мебошад.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь