Бахшида ба 88-солагии Театри тоҷик ва 60-солагии фаъолияти эҷодии яке аз ҳунарпешаҳои мардумии театри тоҷик Марям Исоева санаи 7-уми ноябри соли 2017 чорабинии фарҳангию фароғатии идона дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ баргузор гардид.

Маҳфили фарҳангӣ бо ровигии ҳунарманди халқии театри тоҷик Ортиқ Қодир ҳусни оғоз ёфт. Дар ин маҳфил вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода, шоир Гулназар Келдӣ, ҳунармандони театру кино, устодону шогирдони соҳа ва мухлисону ҳаводорони театр ҷамъ омада буданд.

Нахуст сухани ифтитоҳӣ ба вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дода шуд. «Ман ифтихормандам, ки воқеан дар ин рӯзи нек, рӯзи касбии театр ҳамаи шумо инҷо омадед. Дар ин толор ҳама чеҳраҳои шиносро мебинам, собиқ вазирон, ҳунарпешагон ва мухлисони ҷавонро мебинам, ки ин ифтихори мост. Соли 2017 барои театр соли пурфайзу бобарор буд. Ҳунармандони мо имсол бештар аз 35 драмаи навро рӯи саҳна оварданд. Ман суханро ба дарозо намебараму дар ин рӯзи нек тамоми ҳунармандон, устодон, драматургонро ба рӯзи ҷашнашон табрику муборакбод мегӯям»,- гуфт вазир.

Қисмати расмии маҳфил бо супоридани чанд медалу ифтихорнома ба ҳунарпешаҳои театри тоҷик аз тарафи Шамсиддин Орумбекзода ба охир расид. Аз ҷумла, ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Умеди Субҳоналӣ, ҳунарпешаи Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Малика Калонова, овозхони хор Нилуфар Абдуллоева, ромишгари оркестр Абдуманон Қурбонбоев ва дигарон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Қисмати муфассали фарҳангии барнома бо композитсияи адабӣ дар иҷрои ҳунарпешагони театри ба номи А. Лоҳутӣ оғоз гардид, ки ба нафарони иштирокгар эҳсосоти тоза мебахшид. Дар ин равиш низ саҳнаи “Ҳақиқат чист?” дар иҷрои Марям Исоева ва шогирди ӯ, ки доир ба ҳақиқате, ки ҷавон мехоҳад бифаҳмад ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд, ки он ҳақиқат маҳз худи “модар” аст, чӣ хеле ки дар намоиш нишон дода шуд, ҳамаи тамошобинонро тасхир кард. Пас аз ин маҳфили идонаро ҳунарпешаҳои Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо намоишномаи шодбошии худ ба модари саҳнаи ҳунар Марям Исоева бахшиданд.

Лаҳзае, ки барои тамоми дар толор будагон ҷолиб ва басо таъсиргузор менамуд, саҳнаи “Модари якчашма” ба шумор мерафт, ки дар иҷрои худи Марям Исоева ва шогирдони ҳунар ба ҳозирон пешкаш гардид. Дар навбати дигар саҳнаи табрикотии ҳунарпешагони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа низ бахшида ба Рӯзи теари тоҷик ва ҳунарманди асилу нотакрор ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, ҳунарнамоӣ ва саҳнаҳои шодбошӣ дар иҷрои ҳунармандони Театри тамошобини навраси “Аҳорун” ба номи М. Қосимов, Театри драмавии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии “Лӯхтак”-и шаҳри Душанбе ба бинандагон хуш омад. Дар ин маврид низ паёми Марям Исоева ба аҳли санъаткорону тамошобинон ироа гардид ва ҳамаро барои иди театри тоҷик ва ҳунари ҳунарпешагон табрику таҳният намуда, ба онҳо рӯзгори осоишта ва обод орзу кард.

Таассуроти худро Аловуддин Абдуллоев, ҳунарманди халқии театри тоҷик доир ба чорабинӣ чунин изҳор дошт: «Он нафаре, ки ба арзишҳои фарҳангӣ арҷ мегузорад, фарди ватандӯсту фарҳангшинос маҳсуб меёбад. Агар ҳамин хел таҷлили идҳо ва гузаронидани чорабиниҳо зиёд шавад, ба завқи тамошобинон таъсири мусбат мерасонад. Бешубҳа, имрӯз 60-солагии фаъолияти эҷодии Марям Исоева, яке аз модарони баруманди саҳнаи тоҷик, дар сатҳи хеле хуб сурат гирифт».

Некқадам Шоҳназаров бошад, афзуд: “Имрӯз, чӣ хеле ки дидем, ҷашни фарҳангӣ хело ҳам рӯҳафзо буд. Имрӯз ҳама ҳунармандони театр ид доранд ва низ фаъолияти эҷодии Марям Исоева бо як омадани Рӯзи театр як ҷашни бузургест. Ин шахсияти баҷаста зиёда аз 100 нафар шогирдонро дар равияи ҳунармандӣ тарбия кардаанд. Инчунин, тамоми ҳунармандони тетри тоҷикро ба муносибатии 88-солагӣ табрику муборак мегӯям. Биёед, дӯстон, ҳамеша дари театр барои шумо боз аст ва беҳтарин намоишҳои саҳнавӣ шуморо интизоранд».

Воқеан, барномаи фарҳангӣ дар фазои хуб пешкаши бинандагон гардид ва низ дар охири ҷашн аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ ба актрисаи тоҷик Марям Исоева як даста гули идона тақдим карда шуд.

Мубориз, Фирдавс Холов, Шифои Дӯст, Бахтинисо Шамсиева, Юсуфҷон Бердиев, Дилором Доробшоева,

Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь