«Ҷавҳари Айнӣ: дастранҷи пажӯҳишҳои айнишиносӣ» (Хуҷанд: СИ Файзибоев ММ «Меъроҷ», 2023. – 346 с.) маҷмуаи мақолаҳои адабиётшинос ва мунаққид, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод (Аъзамов Субҳонҷон Баҳромҷонович) мебошад, ки мақолаҳои таълифнамудаи бист соли охири муаллифро дар бораи устод Садриддин Айнӣ дар бар мегирад.

Субҳони Аъзамзод дар се даҳсолаи охир яке аз чеҳраҳои намоёни илми адабиётшиносии тоҷик маҳсуб ёфта, дар бахшҳои гуногуни адабиётшиносӣ ҳузури фаъол дорад. Номбурда дар солҳои охир аз муҳаққиқони пуркор ва сермаҳсул шинохта шудааст. Дар фосилаи бист соли охир (аз соли 2003 то соли 2023) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 7 китобу рисола ва маҷмуаи мақолаҳо, таҳия ва нашри 14 сарчашма ва китобҳои илмӣ, 20 маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ва дар нашрияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳудуди 300 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва публитсистии ӯ ба чоп расидаанд. Ҷойи шодмонист, ки ин теъдоди боло боис ба коҳиши сифат нашуда, балки ҳусни таваҷҷуҳ ва амиқрафти илмиро бозмегӯянд. Доираи мутолиот ва огоҳиҳои муҳаққиқ аз илми филология, ҷараёнҳои адабӣ, шеваю равишҳои нави таҳқиқу баррасӣ, назариёти ҷадиди адабӣ ва навъҳои тозаи илми нақд ба ӯ имкон фароҳам овардаанд, ки шахсият ва осори аллома Садриддини Айниро аз нигоҳи нав баррасӣ намояд. Он чи аз мутолааи маҷмуаи мазкур аён мегардад, ин аст, ки нақди Субҳони Аъзамзод нақди саҳеҳу омӯзанда ва солиму маърифатомӯз аст. Айни замон муҳити адабии мо, аз ҷумла айнишиносии тоҷик башиддат ба чунин нақд, ки ҷавҳари осори бадеӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ, ҳунарӣ, сиёсии адибонро ба дурустӣ баён мекунад, ниёз дорад. Дар сурати кулл, адабиёт ва ҷомеаи адабӣ ба нақди касбию ҳирфавӣ ва мунтақидони соҳибназару мактабдидае ба монанди Субҳони Аъзамзод нисбат ба ҳар амри дигар ниёзи бештар дорад. Маҳз нақди адабии солими чунин мунтақидон ба шинохти дурусту солим ва рушду инкишофи осори ҳунарии асил замина гузошта, роҳи минбаъдаи онро таъин мекунад ва баръакс адами чунин нақд ба ривоҷи осори камарзишу ғайриҳунарӣ, ки дар атрофи шахсият ва осори Садриддини Айнӣ гуфта мешаванд, шароит фароҳам оварда, нигоҳи солими ҷомеаро камранг намуда, хонандаро аз асолати падидаҳо дур мекунад. Мутаассифона, ин гуна нақд на танҳо боиси таназзул ва шинохти корномаи адибон мегардад, балки завқу салиқа ва зеҳни мунаққидони ҷавони алоқаманд ба адабиёт ва нақдро низ заиф менамояд.

Маҷмуаи мавриди назар аз чаҳор боб: «Сарчашмаҳои фикрӣ, нақди сиёсат ва замон» (боби аввал) – шомили 3 мақола, «Мероси адабӣ ва дидгоҳҳои нақди адабӣ» (боби дувум) – фарогири 10 мақола, «Нақди осори айнишиносӣ» (боби сеюм) – ҳовии 4 тақриз, «Дар ҳалқаи ҷонпайвандии устод Айнӣ» (боби чаҳорум) – дарбаргирандаи 3 мақола иборат аст. Бояд қайд намуд, ки маҷмуа, инчунин, аз пешгуфтори муфассали ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илми таърих, профессор Аюб Усмонзода, сарсухани муаллиф, ки ҳукми як мақолаи алоҳидаро дорад ва замимаҳову феҳрасти мақолаву суханрониҳои муаллифро манзури хонанда менамояд. Дар маҷмуъ, китоб дар шакли банду басти ҷолиб аз пешгуфтору муқаддима, бобу замимаҳо ва феҳрасти мақолаву суханрониҳо то маълумот дар бораи муаллиф мураттаб шудааст.

Муаллиф дар қисмати аввал, ки «Сарчашмаҳои фикрӣ, нақди сиёсат ва замон» унвон гирифтааст, мақолаҳоеро ҷой додааст, ки мавзуи онҳо муносибати устод Садриддини Айнӣ ба рӯйдодҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву адабии ибтидои асри ХХ, талошҳои пайвастаи устод Айнӣ ҷиҳати расидан ба ормонҳои рушди адабиёту матбуот ва мактабу маорифи тоҷик будааст. Аз ҷумла, муаллиф дар ин бахш аз осори арзишманди устод Айнӣ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Таърихи Инқилоби Бухоро» (аз ӯзбекӣ тарҷумаи Р. Ҳошим), номаҳои гуногуни устод Айнӣ, матбуоти даврии солҳои 20-30-юми асри ХХ на танҳо далелу рақамҳо меорад ва манзараи умумии масъалаҳоро равшан месозад, балки моҳияти онҳоро ба қадри тавон мекушояд. Ҳамчунин, мунаққид дар мақолаи «Садриддин Айнӣ – роздон ва румузшиноси сиёсат», ки такмили мақолаи «Устод Айнӣ – роздони сиёсати Шарқ» (Шафақ, 18-уми апрели соли 2020, №13-14, с. 5) аст, ба масъалаҳои назари сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатгароӣ, самтгирии сиёсӣ ва паҳлуҳои ҷолиби афкори сиёсатгароёнаи устод Айнӣ таваҷҷуҳ кардааст.

Субҳони Аъзамзод дар мақолаҳои ин қисмат ба масъалаҳое, монанди сарчашмаҳои афкори интиқодӣ ва дар ниҳоят инқилобии тоҷикони Фарорӯд дар охири асри Х1Х ва аввали садаи ХХ андеша ронда, нақши рӯйдодҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию мадании олами Ислом, зуҳури матбуоти форсӣ ва туркию тоторӣ ва русиро дар ин замина ҳамчун ҷанбаи таърихии масъала бознигарӣ ва таҳқиқ менамояд. Ҳамчунин, дар баррасиҳои дар ин қисмат Субҳони Аъзамзод ба масъалаҳое, аз қабили паёмҳо ва дарунмояи осори устод Айнӣ таваҷҷуҳ намудааст. Дар маҷмуъ, дар мақолаҳои сершумори Субҳони Аъзамзод нуктаҳои муҳимми осори Садриддини Айнӣ ва ҷанбаҳои таърихию иҷтимоии онҳо, нигоҳи тоза ба рӯзгор ва мероси илмии Садриддини Айнӣ ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин навъи муносибат аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки бо гузашти беш аз сад сол қисме аз андешаҳо перомуни ин марҳалаи адабиёти тоҷик зери суол қарор гирифта, моҳияти онҳо ғайриилмӣ ва муғлақу дур аз воқеияти таърихию сиёсии солҳои мавриди назар баррасӣ мешаванд. Илова бар ин, муаллиф осори устод Айниро аз нигоҳи доманаи мавзуъ, замони шаклгирии нақду адабиётшиносии тоҷикӣ ба доираи баррасӣ гирифта, онро «беҳтарин намунаи таҷассуми зинаҳои шакл ёфтани миллати тоҷик дар садаи Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ба ҳисоб меоварад, «ки бо вежагии амиқназарии таърихӣ, паҳнои ҷомеашиносӣ, умқи иҷтимоъгароӣ аз дигар осор тафовут дорад».

Дар боби дувум – «Мероси адабӣ ва дидгоҳҳои нақди адабӣ» мунаққид коркард ва истифодаи истилоҳҳои таърихии «форсӣ» ва «тоҷикӣ», «форс-тоҷик», баҳси мероси адабӣ дар замони шуравӣ, ҷанбаҳои интиқодии «Намунаи адабиёти тоҷик» ва баҳсҳо перомуни арзишҳои он ва масъалаҳои зиёди дигари айнишиносиро ба баҳс кашидааст. Субҳони Аъзамзод дар ин бахш ба баррасии масъалаҳои муҳимми адабиёти шуравии тоҷик пардохта, ҷузъитарин падидаҳои замонро ба мушоҳида гирифтааст. Қисмати қобили мулоҳизаи дидгоҳҳои мунаққид дар ин боб андешаҳо дар хусуси мероси адабии тоҷикӣ-форсӣ дар солҳои 30-40-уми асри ХХ мебошад. Муаллиф бар мабнои таҳлилу баррасӣ ва мушоҳидаҳои хеш ба хулосае омада, ки коркарди истилоҳи таърихии «форсӣ-тоҷикӣ» аз ибтикори ҷолиби диққати адабпажӯҳони охири солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-уми садаи ХХ аст, ки он як марҳалаи дигари эронгароии тоҷикии даврони шуравӣ ба ҳисоб рафта, дар саргаҳи ин муборизаҳо устод С. Айнӣ ва намояндагони мактаби равшангарии тоҷикӣ саҳми назаррас доранд. Ҷолиби диққат он нуктаро метавон ба ҳисоб овард, ки Субҳони Аъзамзод барои таҳлили бештари мавзуъ аз осори илмию адабии устод С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), машваратҳои илмии ӯ дар таълифи сарсухани китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940), таълифоти анҷомдодаи Садриддин Айнӣ дар масъалаҳои мубрами адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ, забоншиносӣ ва ҳунарпажӯҳӣ ва номаҳои ӯро дар солҳои 30-40-уми асри ХХ маъхази муҳим ва мадраки дасти аввал мешиносад. Ин нукта на танҳо дар мақолаҳои «Садриддин Айнӣ ва назарҳо оид ба истилоҳи «форсӣ» ва «тоҷикӣ» (солҳои 20-30-юми садаи ХХ)» ва «Садриддин Айнӣ ва баҳси мероси адабӣ (солҳои 30-40-уми садаи ХХ)» амалан иҷро шудааст, балки муҳаққиқ онро дар кори таҳқиқ меъёри асосӣ қарор додааст. Ба назари мо, дар ин баҳс чеҳраи Субҳони Аъзамзод ба унвони як фарди соҳибназар, ки перомуни масъалаҳои адабиётшиносӣ ва меъёрҳои шинохти он диди хосси худро дорад ва дар бисёре аз масоил барои дарки дурусту солими зуҳуроти меъёргузори сиёсати шуравӣ дар нисбати адабиёти тоҷик дидгоҳҳои тозаву нави худро ироа медиҳад, намудор мешавад. Аз ҷумла, самтгириҳое, ки аз ҷониби устод Айнӣ ва дигарон дар солҳои 30-40-уми садаи ХХ шудаасту имрӯз дар адабиётшиносии мо баҳои мухталиф мегиранд, андешаҳои баёнкардаи Субҳони Аъзамзод, ки дар маҷмуаи мавриди назар фароҳам омадааст, қобили қабул буда, барои шинохти дурусту солим ва дарки паёмадҳои он метавонад меъёри хуб бошанд. Дар маҷмуъ, ин боб ба аҳли таҳқиқ ва нафароне, ки ба рӯзгору осори устод Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои адабиётшиносӣ дар солҳои 20-50-уми асри ХХ таваҷҷуҳи зиёд доранд, судманд ва пурманфиат аст. Чандин матлаб дар китоб моро бо далелҳои наву ҷолиби рӯзгор ва осори устод Айнӣ ошно месозад.

Дар боби севум «Нақди осори айнишиносӣ» тақризҳо ба рисолаҳои илмии анҷомдодаи муҳаққиқон ҷой дода шудаанд, ки тайи чанд соли охир ба сомон расида ва муаллиф ба сифати муқарриз ибрози назар намудааст. Ин боб далели равшан аз ҳузури фаъоли муҳаққиқ перомуни нақди таҳқиқоти айнишиносист.

Дар боби чаҳорум «Дар ҳалқаи ҷонпайвандии устод Айнӣ» аз хусуси яке аз шогирдони устод Айнӣ – Лутфуллоҳи Бузургзода (1909-1943), пайванди хонаводаи устод – бастакори маъруфи тоҷик, яке аз саромадони операи Шарқ Мухтор Ашрафӣ (1912-1975) ва духтари С. Айнӣ – олим ва санъатшиноси намоён Лутфия Айнӣ (1934-2015) сухан рафтааст, ки аз нигоҳи фарорафт ба масъалаҳои фарҳангу маънавият ҷолиби диққат мебошад.

Дар охир лозим медонем, ки ба бархе мазият ва нукоти барҷаставу қобили таваҷҷуҳи китоби мазкур, ки дар маҷмуъ, ба тамоми мақолоти китоб марбут мешавад, ишора намоем:

  1. Муҳтаво, муҳокима ва хулосаву натиҷагириҳои илмӣ, ки дар тамомии мақолаҳои китоб дар мавридҳои мушаххас ироа шудаанд, дорои арзишанд. Дар ҳеҷ мақолаи китоб умумигӯӣ ба назар намерасад ва муаллиф аз ҳукмҳои камбор ва ғайритаҳлилию ғайримантиқӣ парҳез мекунад.
  2. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар мақолаҳои муаллиф оид ба устод Айнӣ ба унвони меъёр мушоҳида мешавад, таҷдиди назар ба масъалаҳои муҳимми таърихи адабиёт ва нақди адабии садаи ХХ, хосса нигоҳи тоза ба рӯзгор ва мероси илмии Садриддини Айнӣ мебошад. Ин сифот Субҳони Аъзамзодро чун айнишиноси фаъол ва ворид ба асосҳои назарии мавзуъ, сарчашмаҳо ва дарки масъалаҳо, муҳаққиқи соҳибназару мактабдида муаррифӣ менамояд.
  3. Мунаққид зимни нақду баррасии масъалаҳои таърихи адабиёти тоҷик дар солҳи 20-50-уми асри ХХ ҳадафи зиёдеро пайгирӣ карда, аз ҷумла ҷойгоҳи сарчашмаҳои форсӣ ва туркию тоторӣ ва русиро равшан мушаххас менамояд, фаъолияти илмии устод Айниро чун як марҳалаи махсуси рушд ва инкишофи адабиётшиносию нақди адабии тоҷик ба ҳисоб меоварад, ба таҷзияву таҳлил ва шиносондани марҳалаҳои гуногуни адабиёт ва илми адаби тоҷик дар замони шуравӣ мепардозад, нуқтаи назари илмиашро дар баҳси мероси адабӣ равшан ва мушаххас менамояд. Ин фазилат мақолоти китобро пурбор гардонидааст.
  4. Мунаққид дар аксари мақолаҳо ба кашфи муаммоҳои адабиёти замони шуравӣ ва таҳлили рӯйдодҳо, нақду назар ва андешаҳои устод Айнӣ дар бознамоии муаммоҳои сиёсии замон пардохтааст. Дар ҳамаи мақолаҳо кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки масъала ва нуктаҳои нав ба миён гузошта шаванд. Хосса, дидгоҳҳои устод Айнӣ оид ба «назари истихфоф»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ба шеъри устод Рӯдакӣ, қиёси «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) бо «Намунаи адабиёти Эрон» (1922), истифодаи бамавқеи номаҳои адибону донишмандон кӯшиши нисбатан тоза аст.
  5. Яке аз бахшҳои қобили мулоҳизаи ин маҷмуа андешаҳои ироакардаи Субҳони Аъзамзод перомуни баҳси мероси адабии форсии тоҷикӣ дар солҳои 30-40-уми асри ХХ аст. Бо таваҷҷуҳ ба чашмандозе, ки мунаққид дар таҳлилу баррасии баҳси мазкур ба кор мебарад, барои хонанда шинохт ва биниши тозае аз ин падидаҳо ироа медиҳад ва паёмҳое аз онҳоро мушаххас менамояд. Мавсуф андешаҳои худро тибқи назарияҳои адабӣ ва далелу пешниҳоди мисолҳо аз сарчашмаҳои дараҷаи аввал ба тарзи қонеъкунанда бо мухотаби худ дар миён мегузорад.
  6. Дар маҷмуъ, муаллифи маҷмуа оид ба масъалаи ҳуқуқи тоҷикон ба мероси адабӣ, нуқтаи назари шарқшиносон дар мавриди адабиёти форсӣ номида шудани адабиёти классикӣ, ваъзи баррасии масъала пас аз Инқилоби Октябр, баъди ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таълифи асари Садриддини Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ва сипас ба майдон омадани китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) таваққуф карда, андешаҳои ҷолиберо баён намудааст.
  7. Мақолаҳои маҷмуа барои муҳаққиқони айнишинос ва ҳамчунин барои он касоне, ки мехоҳанд ба омӯзиши осори илмии устод Айнӣ машғул бошанд, метавонанд чун намунаи беҳтарини баррасии илмӣ ва таҳқиқ хидмат намоянд.

Дар иртибот баробари муҳассаноти мазкур дар китоб баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки зикри онҳо шояд ба фоидаи кор бошанд:

  1. Нахуст дар мавриди номи китоб. Агарчи мунаққид дар аксари мақолаҳо кӯшиши расидан ба асли масъалаҳоро дорад ва то ҷое муваффақ низ шудааст, аммо дар интихоби номи китоб, ба назари мо, андеша бояд кард. Яъне унвони китоб бо муҳтавои он бояд мутобиқат ва мувофиқат кунад. Зеро таъбири «Ҷавҳари Айнӣ» моҳиятан хеле пурвусъату доманадор аст ва, дар айни замон, наметавон корномаи устод Айниро бо як китоб ҷавҳаркушоӣ намуд.
  2. Дар китоб ҷо-ҷо ғалатҳои имлоӣ, ҳазфи ҳуруф дар калимаҳо, ба ҳам часпидани вожаҳо ба чашм мехӯранд.
  3. Агарчи муаллиф дар охири китоб феҳрасти 36 мақолаву 19 суханронии худро дар бораи устод Айнӣ аз матни Осорномааш зикр менамояд ва хонандаро бо корҳои дар самти айнишиносӣ анҷомдодаи хеш ошно менамояд, вале дар феҳраст тартиби хронологӣ риоя намешавад ва дар он рақамҳои тартибии «Осорномаи Субҳони Аъзамзод» (Хуҷанд, 2021. – 240 с.) оварда шудааст, ки ба назари мо, чандон матлуб наменамояд.

Дар охир таъкид кардан заруру бамаврид аст, ки ин китоб аз дастовардҳои муҳимми айнишиносии солҳои охири Тоҷикистон буда, онро метавон ба сифати як падидаи бисёр фараҳбахш ва таҳқиқоти тоза дар ин ҷода ба ҳисоб овард. Китоб бар мабнои меъёрҳои илмии писандида навишта шуда, дастранҷи хуби пажӯҳишҳои айнишиносии мунаққид ва адабиётшинос Субҳони Аъзамзод ва ҳусни таваҷҷуҳи ӯ ба рӯзгор ва мероси илмии Садриддини Айнӣ мебошад, ки дар заминаи пажӯҳишҳои чандсолаи муаллиф ба вуҷуд омада, ба муносибати 145-солагии устод ба табъ расидааст.

Абдулҳай МАҲМАДАМИНОВ,

доктори илмҳои филологӣ, профессор,

 Лутфуллоҳи ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь