(Ёднома ба солгарди равоншод Устод Гулназар)

… Шаб, оромии шаб, андеша, руҷӯъ, хомӯшӣ, хомӯшии хомӯшиҳо, нобарорӣ, нобарории хома, навмедӣ, навмедии умед, маъюсӣ, маъюсию хастагӣ, тапишу беқарории қалб, ибтидо, ибтидои хома, тақ-тақи соат, ки садои пойи вақт асту моро ҳӯшдор месозад, зи ҳар лаҳзаи қимати умри гузарону гузаштаистода, тақ-тақ ва ниҳоят барори хома, ё ки ёднома ба солгарди шодравон Устод Гулназар…

Паси ашкони шашқатор хондани «Ёдномаи Гулназар» бо қалами нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо «Кӣ буд, набуд, афсона шуд», ба худ чунин адешаронӣ намудам:

«Худоё баъди мутолиаи ёдномаи нависанда, ки ба шоири халқии Тоҷикистон муаллифи суруди миллӣ равоншод Устод Гулназар хомаронии ҳузнангезу ашкрезон намудаанд, шояд қаламронии банда, баҳудаю беҳуда бошад?… Шояд…!Шояд…! Ки медонад?».

Аммо паси чанд лаҳзаи фикрию ашкӣ ба худ чунин ибтикори амал намудам, ки ҳар чи бодо бод ақидаҳои кӯчаки хешро ба мутолеагарон пешкаш намоям, то шояд хонандае барои ин сатрҳо ёфт бошаду бошад… Худоё омин!

Ба ҳамин минвол ҳарчи бодо бод, таваккал бар Худо карда, қаламфарсоиямро идома додам. Пеш аз он, ки дар бораи шодравон Устод Гулназар лаҳзаҳои нотакрорашонро чун ёднома барои хонандагон паём диҳам, суханони навқаламон Фотима ва Шириншоҳро, ки пеш аз марг Устод Гулназар китобчаи шеърҳои онҳоро таҳрир намуда будаанду хабари шуми марги Устод Гулназарро шунида, бо ашкони шашқатор чунин гуфтаанд, айнан рӯи сафҳа меорам: «Шеъри мо бесоҳиб монду монд!».

Ё чанде пеш дар кати чойхонаи «Роҳат» чойнӯшӣ нишаста будам, ки якбора дӯсти собиқадорам суратгири бомаҳорати тоҷик Нурулло бо тахаллуси Сармаст, омада наздам нишаст ва мо тахмиман муддати ду соат суҳбати маҳрамона намудем.

Зимни суҳбатамон бо эшон сухан дар бораи шеъру шоирии шодравон Устод Гулназар рафт дар охирсуҳбат Сармаст чунин суханони таърихии хешро ҷиддӣ ва бо қатият иброз намуд:

«Зиҳӣ як нафар тоҷике, ки ҳар субҳ нуҳ миллион ҳамватанашро ба по мехезонад, вале ӯ хӯд ба хоби абадӣ рафтааст…!».

Кунун фурсате фаро расид, ки чанд лаҳзаҳои нотакрорри ёдномаи солгарди шодравон Устод Гулназарро ба мутолеагарони гиромӣ пешкаш намоям.

Шоирон дар гумбазӣ афлок, бас гардиш кунанд,

Олимон бо дарки маънӣ, эй басо варзиш кунанд.

Шарифи Гулзод

Лаҳзаҳои нотакрор

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар!

Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар.

Мирзо Турсунзода

Шоир шудану ба мартабаи баланд расидан ба ҳар кас муяссар намегардад. Ин танҳо ба онҳое муяссар мегардад, ки назари ҳақ расида бошад. Устод равоншод Гулназар шояд аз зумраи чунин шоиронест, ки назари ҳақ ба он кас расидааст. Азбаски ман бештар бо аҳли фарҳанг аз наздик ошноӣ дорам, мехоҳам чанд лаҳзаҳои нотакрори худро баён кунам.

Боре ҳамроҳи чанд нафар дар ҳузури устод Ҷӯрабек Мурод ҳамсуҳбат шудем. Сухан дар бораи шоирони имрӯза рафт. Устод Ҷӯрабек дар охири сухан чунин гуфтанд: «Росташро гӯям, Гулназар пас аз Лоиқ дар радифи ӯ меистад». Акнун мехоҳам чанд лаҳзаеро, ки бо эшон будам, рӯи коғаз орам.

Лаҳзаи аввал

Аёдати устод Гулназар

Тахминан аввали моҳи июни соли 2004 буд, баъди кор ба нақлиёти мусофиркаше, ки ба тарафи маркази шаҳр мерафт нишастам. Ҳангоми нишастан дӯсти деринаам Гулмуҳаммад Оймаҳмадовро дидам. Пас аз вохурӣ ва авҳолпурсии якдигар дӯстам ба ман гуфт, ки Шарифҷон, медонӣ, Гулназарро ҷароҳӣ намудаанду дар беморхонаи Қарияи Боло хоб аст.

Баъди чунин суханони дӯстам ман таклиф кардам, ки биёед, ҳардуямон ба дидорбинӣ меравем.

Дӯстам ба фикри ман розӣ шуд ва мо дар истгоҳи Қарияи Боло фаромада, ба дидорбинии устод Гулназар раҳсипор шудем. Тақрибан ним соат бо устод ҳамсуҳбат шудем. Зимни суҳбат устод як лаҳзаи фаромӯнашавандае нақл кардаанд, ки мазмунаш чунин аст:

Вақте ки маро ба аробача бор карда, ба сӯи хонаи ҷарроҳӣ мебурданд, дар сарам ҳар гуна фикрҳо дар бораи зиндагӣ омад. Ҳамин лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ будаанд, ки инсонро ба ҳар гуна фикрҳо водор мекунанд. Чанд соату дақиқа ҷарроҳӣ гузашт, дар хотирам нест. Вақто ки ман чашмамро кушодам, дидам, ки аллакай субҳ дамида истодааст. Якбора илҳом омаду чунин мисраҳо худ аз худ пайдо шуданд:

Сад шукр, ки субҳ медамад, ман ҳастам,

Торикии зуъм мерамад, ман ҳастам.

Як шохаи навниҳол дар ҳавлии мо,

Аз бори шукуфа мехамад, ман ҳастам.

Ман аз фурсат истифода бурда, коғазу қаламро гирифтаму ин мисраъҳоро навиштам. Хулоса, пас аз дидорбинии устод Гулназар мо аз беморхона баромадему чанд соати дигар сифатҳои хуби инсонӣ ва хоксории ин шоири маҳбуби халқро ёдоварӣ кардем.

Лаҳзаи дуввум

Шумо Гулназар не! Шумо Бобои ман!

Чандин сол пеш драматург шодравон Султон Сафаров бемор шуданду ман ба зиёраташон ба беморхонаи Қарияи Боло рафтам. Ҳангоми дохили беморхона шудан шахсе Шарифҷон гуфт, ба ақиб нигарам, устод Гулназар! Пас аз салому алейк ба дидорбинии номбурда рафтем. Тахминан як соат хамроҳи устод Гулназару Султон Сафаров суҳбат кардем. Баъди аз беморхона баромадан бо Устод Гулназар дар чойхонаи назди беморхона муддати ду соат суҳбат намудем.

Дар ҳамин ҷо ман мехоҳам як нақли худи устод Гулназарро ба хонандагон пешкаш намоям. Устод зимни суҳбат чунин гуфтанд:

Шарифҷон, медонед, ман як рӯз бевақттар аз кор ба хона омадам ва ҳангоме, ки вориди хона шудам, наберачаи хурдсолам давида омада, бобоҷонгӯён ба ман салому алейк кард. Баъди аҳволпурсӣ, мо бо ҳамдигар суҳбат кардем. Азбаски набераам маро фақат «Бобо» гуфта, фарёд мекунад, бинобар ин, номамро он қадар нағз намедонад. Ниҳоят дар рафти суҳбат ӯ ба ман чунин гуфт: «Бобоҷон, имрӯз мо дар боғчаамон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод»-ро хондем, ки шеъри Гулназар будааст. Ман табассумкунон ба набераам гуфтам, ки ҷонаки бобош, бисёр нағз, охир ин шеъри ман аст. Дар ҷавоб набераам ба ман чунин гуфт: «Бобоҷон ин шеъри Шумо нест! Ин шеър шеъри Гулназар аст!» Ман боз ба лаҳни кӯдакона гуфтамаш, ки охир ҳамон Гулназар манам. Вай бошад, дар ҷавоб чунини гуфт: «Шумо Гулназар не!» «Шумо – бобои ман»! Ман чанд лаҳза аз суханони набераам хушнуду хушҳол шудаму хандидам…

Лаҳзаи саввум

Туф кун мулча (муҳра) меёбӣ!

Тахминан аввали моҳи марти соли 2015 буд, ман ҳамроҳи устод аз Иттифоқи нависандагон сӯи коҳи Ваҳдат пиёда раҳсипор шудем. Дар роҳ писарбаччае тахминан чор – панҷ сола давида омад ва пешпо хурда, ба замин афтод. Ман тез рафта, ин кӯдакро аз замин бардоштам, либосҳояш хоколуд шуда буданд ва бинияш каме хун ҳам шуда буд. Ҳамин вақт устод Гулназар омада ба писарбача чунин гуфтанд: «Бачаҷон, туф кун, мулча (муҳра) меёбӣ!» Писарбача ба замин як-ду бор туф кард ва мо ҳардуямон писарбачаро дилбардорӣ карда, бинии хунолуди ӯро тоза намудему баъд ба нақлиёт шинонидем ва боз роҳамонро давом додем. Зимни суҳбат устод Гулназар ба ман чунин гуфтанд: «Шарифҷон, медонед, барои чӣ ҳамин ҳикмати халқиро калонсолон ба бачаҳо мегӯянд, ки туф кун, мулча (муҳра) меёбӣ!». Ман дар ҷавоб не гуфтам. Устод Гулназар ҷавобан гуфтанд, ки аввал ин, ки барои таскини дили кӯдак, ки дили кӯдак хурсанд шавад. Дуюм ҳангоме, ки кӯдак ба замин туф мекунад, туфи ӯ ба хок афтода мисли мулча (муҳра) кулӯла мешавад, ки худи кӯдак онро мебинаду хурсанд мешавад. Барои ҳамин ин ҳикматро ба кӯдакон калонсолон мегӯянд. Росташро гӯям баъди суханони устод Гулназар маънои ин ҳикмати халқиро баъдан ҷуқуртар дарк кардам.

Лаҳзаи чаҳорум

Оё медонед, кӣ…?

Тахминан рӯзи чаҳордаҳуми июни соли 2016 буд. Пас аз кор соатҳои 17:00-и бегоҳӣ хостам дар чойхонаи «Роҳат» каме дам гираму хӯроки шом намуда, пасон роҳ сӯи кошонаи хеш раҳсипор шавам.

Дар ин асно аз ақиб шахсе Шарифҷон гӯфт, ба ақиб нигарам Устод Гулназар! Аз диди Устод Гулназар шоду мамнун шудам. Ниҳоят паси салому алейк ба Устод ман таклиф намудам, ки Устодҷон, биёед ба чойхона даромада, ҳамроҳ як пиёла чойнӯшӣ кунем.

Хулоса, Устод сухани маро не нагуфта, мо ҳамроҳ вориди чойхонаи «Роҳат» шудем. Пешхизматамон Майсарабонуйи қашангу зебои чойхона, ҳамзамон ин олиҳайи бофарҳангу хирадманду зебои Худодод дар ҳамон солҳо сарварии ҳамаи пешхизматони чойхонаи номбурда буд. Пешхизматамон Майсарабону бо хӯрокҳои лазизу бомаззаи ин чойхона ва суҳбату табассумҳои ҷозибаноки хӯд ману устод Гулназарро шоду мамнун намуд.

Хулоса, мо ҳамроҳи Устод Гулназар тахминан ду соат ҳамсуҳбат будем, зимни суҳбат Устод ба ман рӯ оварда, чунин суханонро иброз намуданд, ки ҳеч гоҳ ин гуфторашон аз лавҳи хотиротам фаромӯш нашудаанду намешаванд ва ман дарҳол дафтари хотиротамро бароварда аз устод хоҳиш намудам, ки бори дигар ин гуфторатонро такрор намоед, то ман онҳоро ба дафтари хотиротам нависонам. Устод бори дувум чунин ёдоварӣ намуданд:

«Шарифҷон оё медонед, ки чаро модарон фарзандони худро ҳамеша ба тарафи чап мегиранд? Ҷавобан ба Устод гуфтам, ки не, намедонам! Ин тавр, ки бошад ба ман гӯш доред! Ва ёдовар шуданд, ки донишмандон собит кардаанд, ки тифл ҳанӯз дар батн ба тапиши дили модар одат мекунад ва чун ба дунё меояд, пайваста ҳамон тапишу ҳамон садоро меҷӯяд. Ҳар вақт, ки модар ӯро ба тарафи чапи қафаси сина зер мекунад, тифл осуда мешавад, ором мегирад ва ба хоби роҳат меравад…»

Паси шуниди ин суханони пур зи ҳикмат аз даҳони Устод Гулназар ба рости сахт ба фикру хушие фӯру рафта, худ ба худ гуфтам: «Бисёр ҳикмат шунидааму хондаам, аммо ин ҳикмати пур зи ганҷро аз даҳони Устод Гулназар бори аввал мешунавам…».

Лаҳзаи панҷум

Ашки Устод Гулназар…

Пагоҳӣ. Рӯзи офтобии 24-уми июли соли 2014 буд, банда сӯи чойхонаи таърихии «Роҳат» раҳсипор шудам то бубинам дустонам дар чӣ ҳоланд…

Ҳангоми вориди чойхона шудан нигоҳам ба дӯсту бародари деринаам шогирди Устод Ҷӯрабек Мурод, Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Саидмирзойи Нарзизода афтод. Баробари дидӣ ин бародархонд, дар куртаи шодӣ нағунҷидам ва рост сӯи акои Саидмирзо шитобидам.

Инак, банда ҳамнишину ҳамсуҳбати бародархондам акои Саидмирзо… Паси аз чанд лаҳзаи суҳбат ин бародар ба ман чунин ибрози ақида нумуданд: «Шарифҷон, Устод Ҷӯрабек Мурод дар рӯзҳои наздиктарин шаби эҷодӣ доранду овезаашонро бо расми хубашон баровардему зери расмашон дар овеза номи хубу гуворо гузоштан лозим, номе мебояд, ки ба Устод хос бошад».

Банда чанд лаҳзае ба фикр фурӯ рафта, сипас ба акои Саидмирзо чунин ибрози ақида изҳор намудам: Акои Саидмирзо, ба Шумо маслиҳати судманде медиҳам! Агар Шумо розӣ бошед? Саидмирзоҷон гӯшу ҳуши худро ба банда нигаронид. Ман чунин иброз намудам, агар майли хоҳиш дошта бошед, биёед ба Устод Гулназар занг мезанем ва аз Устод маслиҳати судмандеро мепурсем, шояд ин гиреҳи сарбастаи мо кушода шавад. Хушбахтона, акои Саидмирзо розигии худро изҳор намуданд. Мо якҷоя ба Устод Гулназар занг задем ва аз Устод маслиҳати судмандеро пурсон шудем. Устод Гулназар ҷавобан гуфтанд, ки Саидмирзоҷону Шарифҷон ман дар ошхонаи назди иттифоқи нависандагон нишаста хӯрокхӯрӣ дорам, агар вақтатон бошад, ба наздам ташриф оред, мо якҷоя маслиҳат мекунем ва Худо хоҳад дар зери овезаи расми Устод номи хубе мемонем то ҳамаи мухлисон ва бинандагон номи овезаро хушпазироӣ намоянд…

Хулоса, мо бо таклифи Устод Гулназар роҳ сӯйи ошхонаи номбурда гирифтем.

Раҳораҳ банда аз телефонии дастиам, ки тахминан 12-соат сабтҳои Устод Ҷӯрабек Муродро дар хотирааш дорад, мондам то куфти роҳро барорему ҳам роҳро наздик кунем.

Ҳини ворид шудан ба ошхонаи номбурда, дидем, ки Устод Гулназар дар мизи хӯрокхурие танҳо нишаста, интизорӣ омадани мо будаанд. Мо мӯсиқии телефонро паст намуда, бо ҳамроҳи Устод Гулназар вохурии гарму ҷушони бародаронаю меҳрубонона намудем.

Тахминан муддати се соат бо ҳамроии Устод суҳбати самимона ва хотирмон намудем. Дар рафти ин суҳбат Саидмирзойи Нарзизода аз Устод Гулназар бори дигар хоҳиш намуд, ки Устод Ҷӯрабек Мурод ба наздкӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доранду лавҳа бо расми Ҷӯрабекако тайёр аст, аммо Устод номгузории онро ба Шумо вобаста кардаанд то ин ном ба мухлисон ва бинандагон мақбул бошад…

Дар ҳамин асно телефони дастии банда, шеъри «Оҳ, модар, ҷон модар»-и бо қалами Эраҷ Мирзо эҷодшудаву онро Устод Ҷӯрабек Мурод чунон бо нозукии ба худ хос саройидаанд, ки беихтиёр ашкони Устод Гулназару мо равон шуд ва устод аз киссаи шимашон дастрӯймолашонро бароварда, дидагонашонро пок намуданд ва мо аз дидӣ ин манзара лаҳзае хомӯширо ихтиёр намудем.

Сипас, Устод Гулназар бо як эҳсоси баланд «Оҳ» гуфта, ёдрасӣ мо шуда гуфтанд, ки Ҷӯрабекҷон солҳои охир, бахусус солҳои ҷанги шаҳрвандӣ азобҳои зиёде кашиданд. Ба мисли Абӯали ибни Сино, ё ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки аз дасти ҳасудони замонааш дар охири умр нобино шуда буд ва ба мисли Борбади Марвазӣ, ки ҳокимони манҳуси араб панҷаҳояшро бибриданд устод Ҷӯрабек ранҷҳо кашидаанд.

Лекин ба бахти тоҷикону миллатамон Устод Ҷӯрабекҷон, ки боиси пешравии фарҳангӣ тоҷикону Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошанд, зинда монданд…

Паси ин суҳбати мондагор мо каме хомӯш мондем… Ҳамин вақт мусиқии телефони дастиам, шеъри «Ватан»-и Устод Мирзо Турсунзодаро, ки устод Ҷӯрабекҷон месароиданду ҳини сурудхонӣ ба мисраи «Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур» расиданд, якбора Устод Гулназар ба ваҷҳ омада оҳ, оҳ ёфтам, ёфтам-гӯён бо лаҳни ба худ хосу гувороашон ба мо рӯ оварда, гуфтанд: «Дар зери овезаи Устод Ҷӯрабекҷон чунин номгузорӣ монда шавад! «Ҳамеша бо Ватан будам…»-тамом, зеро ин ном ба таърихи худи Ҷӯрабекҷон низ вобастагӣ дорад… Як вақтҳо овоза шуда буд, ки гӯё Устод ба хориҷа гурехта мераваду дигар бар намегардад. Аз ин лиҳоз, ин сарлавҳаро ман ба он хотир гузоштам, ки ӯ то ба ҳол ягонҷо нагурехтаасту ва ягонҷо рафтанӣ ҳам нест ва ҳамеша бо Ватани маҳбубаш буду ҳаст ва мемонад…».

Паси ин суҳбати хотирмон, хоса Саидмирзо Нарзизода ба Устод Ҷӯрабек Мурод занг зада, шодбошӣ гирифт ва гӯширо ба Устод Гулназар дод то ба Устод ҳамсуҳбат бошанд. Дар рафти суҳбати телефонӣ Устод Гулназар ба Устод Ҷӯрабек чунин суҳбати мондагор намуданд: «Ҷӯрабекҷон Шумо ҳеч вақт худатонро ошуфтахотир нагиред, зеро ҳамаи он шеърҳое, ки ба оҳанг кашидаед дер ё зуд ба китоби барҷастаи ҷаҳонии «Шашмақом» ворид хоҳанд шуд. Шумо фарҳанги зиндаи тоҷиконед, ҷовидон дар таърихи мусиқии классикии тоҷикон ҳастеду мемонед…».

Лаҳзаи охирон

Суҳбати вопасин бо Устод Гулназар

Агар хато накунам 25-уми июли соли соли 2020 буд. Тахминан соатҳои 9:00 пагоҳӣ ба Устод Гулназар сим задам. Паси гудоки телефони дастӣ устод лаббай садои Шуморо гӯш медиҳам-гӯён ҳамсуҳбат шуданд. Ҷавобан гуфтам, Устодҷон ман Шарифи Гулзод… Ҳа, Шарифҷон Шуморо шинохтам ва ба гуфтори Шуморо гӯш медиҳам.

Сараввал аз авҳоли саломатии Устод пурсон шудам ва изҳор намудам, ки худатонро аз ин касалиҳо эҳтиёт намоед Устод ҷавобан бароям шодбошии хубе доданд ва боз изҳор намуда, гуфтанд, ки тамоми маслиҳатҳои табибонро риоя намуда истодаам. Худо хоҳад, мо аз ин касалиҳо эмин ҳастем. Паси суҳбати телефонӣ бо Устод Гулназар худоҳофизӣ намудем. Бо гузашти чанд рӯз тахминан 7-уми августи соли 2020 пас аз кор ҳини аз назди Иттифоқи нависандагон гӯзаштанам бо устод Меҳмон Бахтӣ вохӯрӣ намудем, баъди вохӯрию салому алейкамон аз ман авҳоли саломатии Устод Гулназарро пурсон шуданд. Ман ҷавобан гуфтам, ки чанд рӯз пеш суҳбати телефонӣ доштем, аз саломатиашон бароям шодбошии хубе доданд. Устод Меҳмон Бахтӣ ба ман гуфтанд, ки Шумо хабар надоред, Гулназарро ба беморхона бо касалии коронавирус чанд рӯз пеш хобониданд. Паси шуниди ин хабари шуму ногаҳонӣ, ба ростӣ, ки лаҳзае дар ҷоям шах шуда мондам ва ба Устод Меҳмон Бахтӣ аз ин ҳолати бехабармониам хиҷоладмандона ҷавоб додам, ки ҳатман аз авҳоли устод хабаргир мешавам.

Хулоса, ба Устод Меҳмон Бахтӣ хайрухуш намуда, зуд телефони Устод Гулназарро аз телефони дастиам кофта ёфтам ва паси ду бор гудоки пайиҳам бо Устод Гулназар, якбора худашон гӯширо бардошта лаббай садои Шуморо (дар равиши суҳбатамон аз овози Устод хастагии беҳолона бармало аён буд) гӯш медиҳам гуфтанд. Ман бошам ба Устод худро муаррифӣ намуда, аз саломатиашон пурсон шудам, дар ҷавоб устод ба ман суханони таърихии вопасини худро ёдрас шуданд, ки ҳеч вақт ман онҳоро фаромӯш нахоҳам кард: «Шарифҷон, маро табибон зери табобати қатъӣ гирифтаанд. Худо хоҳад ба наздики шифо меёбам, лекин ин дард дарди бад, гузаранда ва вазнин будаасту худатону фарзандонатонро эҳтиёт кунед- гуфта маро таъкид намуданд. Ҷавобан ба Устод гуфтам, ки устодҷон ман аллакай ин касалиро аз сар гузаронидам ва вазнинҳояшро низ медонам, духтури табобатиам ҷияни худатон Шоирахон Келдиева буданд. Дар ҷавоб ба ман изҳор намуданд, ки Шарифҷон ҷиянам духтур Шоирахон ҳоло хабаргириам меояду ман зери назорати табибон қарор дорам. Худо хоҳад ба наздики сиҳат мешаваму аз бемористон баромада, боз суҳбатҳои хубу гуворо мекунем. Пасон ба устод гуфтам, ки устодҷон худатонро эҳтиёт кунед ҳамааш хуб мешаваду дард мегузарад… Вопасин сухани Устодро аз гӯши бо калимаҳои Раҳмату… Ташаккур шунидам…».

Мо аз куҷо донем, ки ин охирин суҳбатамон бо Устод Гулназар будаасту худашон гирифтори дарди марговар, аммо ғами дӯстону бародаронро мехурдаанд…

Ин буд вопасин суҳбатамон бо равоншод Устод Гулназар рӯҳашон шоду ҷойяшон ҷаннат бошад… Омин!

Дар охиргуфтори ин ёднома сугиеро барои солгарди марги Устод Гулназар, ки бо ашкони шашқатор охирон рӯзи видоъ эҷод намудаам, рӯи сафҳа меорам, то ба ихлосмандони эшон барги сабзе бошаду бошад… Шояд…

Қалам бигристу гуфто…

(Сугӣ ба Устод Гулназар…)

Аё Устод, ба умрат чӣ хатар рафт,

Дареғо, ки зи бар ҷону ҷигар рафт.

Пас аз Лоиқ ту будӣ лоиқи мо,

Фиғону сад фиғон дурру гуҳар рафт.

Зи фавтад Тоҷикистон дар азо шуд,

Бигуфто гирясон он шоҳасар рафт.

Суруди миллатат шуд фахри тоҷик,

Ҳама халқи ҷаҳон гуфт: «Тоҷи сар рафт».

Дамида субҳу гуфто, ки саҳар рафт,

Қалам бигристу гуфто Гулназар рафт.

13.08.2020 охирон рӯзи видоъ бо Устод Гулназар!

Пешниҳоди хонандаи нахустин…

Ҳини ба охиррасонии ин ёднома бахшида ба солгарди Устод Гулназар шитобон роҳ сӯи чойхонаи «Роҳат» раҳсипор гардидам, то шиносеро ёбам, ки ин маводро мутолеагар бошад…

Дар ҳол нигоҳам ба дӯсти деринаам, нависандаи маҳбуби халқ, рӯзноманигор Мансури Суруш афтиду хурсандона ин маводи тозаэҷоди худро ба ин дӯстам дастрас намудам, то ӯ аввалин хонанда бошаду бароям шодбошие диҳад…

Паси мутолиаву ба охиррасонии ин ёднома дӯстам бо ашкони шашқатори худ чунин пешниҳоди мушаххасро иброз намуд: “Шарифҷон, меарзад, ки ду мисраи охири сугие, ки дар бораи устод ҳаст:

Дамида субҳу гуфто, ки саҳар рафт,

Қалам бигристу гуфто Гулназар рафт-ро ҳатман ба санги мазори устод ҳаккокӣ кунанд, зеро имрӯз дар асл, қалам зи дасти марги устод Гулназар додгӯёну гирёну гирёну гирён аст, имрӯзу фардову пасфардоҳои дигар…”.

Чунин буд пешниҳоди аввалин хонандаи ин ёднома…

Ин буд чанде аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ман бо устод равоншод Гулназар.

Шарифи ГУЛЗОД,

аълочии маориф, омӯзгорӣ дараҷаи олӣ, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь