Вақте ки ректори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ моро ба як конфаронси илмию амалии байналмилалӣ даъват кард, гуфт, ки ин конфаронс дар куҳистони Артуч баргузор мегардад. Аммо ҳаргиз гумон намекардам, ки “Фароғатгоҳи куҳӣкуҳнавардии Артуч” дар баландии тақрибан дуним ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст.

– Мо барои сесад нафар ҷойи хоб ва хӯрок омода кардаем. Аз Ӯзбекистон 70 нафар олимони соҳаҳои гуногун даъват шудаанд. Меҳмонон дар баробари муҳокимаи мавзуҳои мадди назар аз табиати фусункори ин ҷо баҳраманд хоҳанд шуд,- гуфт Муаззамхон Ансорӣ.- Шом фаро расад, мебинед, ки ҳаво то чанд дараҷа сард хоҳад шуд,- илова кард ӯ.

Ба ҳарфҳои охири Муаззамхон Ансорӣ чандон эътибор надодам. Аз дилам гузашт, ки дар чунин моҳи саратон имкон надорад, ки мо хунук хӯрем.

Тибқи барнома дар майдони васеи фароғатгоҳ маросими ифтитоҳи конфаронс баргузор гардид. Он ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Барномаи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028”, ҳамчунин “Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир” бахшида шуд.

Аммо ҳавои сарди атроф баъди тулуъи офтоб оҳиста ҷисми аҳли анҷуманро дир-дир ларзонд. Дастандаркорони он маҷбур шуданд, ки  ҷомаву миёнбандҳоро ба меҳмонҳо тақсим кунанд. Нигорандаи ин сатрҳо низ аз сардии ҳавои шомгоҳон дарақ-дарақ меларзидам. Вақте ки навбати сухангӯӣ ба ман расид, гуфтам:

– Дӯстони арҷманд, шояд бори нахуст ҳамаи мо дар моҳи июл ин гуна сард шудани ҳаворо дида бошем. Бо ҷомаву дӯпӣ дар чунин конфаронси бонуфуз бори нахуст ширкат дорам. Гузашта аз ин, ягон бор ин теъдоди занҳои зиёди ҷомаҳои мардонапӯшро дар анҷуманҳои дигар надидаам.

Аксари иштирокчиёни конфаронс бо шавқ кафкӯбӣ карданд. Муаззамхон Ансорӣ, ки бори дигар меҳмононро хайрамақдам гуфт, маъзарат хост, ки пештар меҳмонҳоро аз чунин сард шудани ҳаво огаҳ накардааст. Вале чораҷӯӣ карда, ин миқдор ҷомаҳоро харидорӣ намудааст, ки ҳавои сардро ҷуброн хоҳад кард.

Ҳодисаи дигар аз ҷараёни конфаронси мазкур, ки дар хотирам нақш хоҳад баст, дидору мулоқот бо устод Акбари Турсон аст. Тафсилоти ин вохӯрии мо низ хусусиятҳои хоси худро дорад. Рӯ ба рӯ шудан бо ин шахси маъруф ва муътабар ҳаргиз дар гӯшаи хаёлам набуд. Солҳо боз навиштаҳои ин олимро аҳли илму адабу фарҳанг бо шавқ мехонанд. Суҳбати мо дар “Фароғатгоҳи куҳӣ-куҳнавардии Артуч” ба вуқуъ пайваст.

Зимни бозгашт аз сайри доманакуҳҳо марди мӯйсафедеро дидам, ки дар чашм айнаки сиёҳ танҳо сайру гашт мекард. Гоҳе таваққуф карда, ба ин тарафу он тараф разм меандохт. Чеҳраи ин мӯйсафед устод Акбари Турсонро мемонд, вале худ ба худ гуфтам, ки ин мӯйсафеди нисбатан қадпаст ва ҷуссааш хурд наметавонад он Акбари Турсон бошад!

Пеш ягон бор устод Акбари Турсонро надида будам, аммо ба баъзе аксҳои ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳояш назарам афтида буд. Таваккал кардаму назди мӯйсафед рафтам ва баъди салом оҳиста пурсидам:

– Бубахшед, шумо кистед?

-Ман? Як одами оддӣ,- бо табассуми аҷиб посух дод ӯ.

– Ман шуморо ба як кас монанд кардам.

– Он шахс кӣ будааст?

– Устод Акбари Турсон!

– Шумо вайро мешинохтед?

– Ростӣ, ягон бор худашонро надидаам.

Чеҳраи мӯйсафед аввал як сурати ҷиддӣ гирифт ва баъд бо тамкини ба худ хос гуфт:

– Ман ҳамонам, ки шумо мегӯед.

Баъд ханд-хандон ба ман разм давонд, ки чӣ мегӯям. Аз ин ҳол хурсанд шудам ва устодро оғӯш кардам. Боварам намеомад, ки ҷусаи хурди ҳамон Акбари Турсони бузургвор дар оғӯши ман аст. Зеро мулоқот он тараф истад, ҳамту як бор дар суҳбаташ иштирок кардан аз орзуҳои деринаи ман буд.

Эътироф мекунам, ба ин суҳбату мулоқоти фарди донишманд, маъруф ва хеле самимӣ, ки бароям комилан ғайричашмдошт ба вуқуъ пайваст, ҳаргиз омода набудам. Бо вуҷуди ин гӯшу ҳушро ба суҳбати вай равона кардам ва дар коғаз гоҳ-гоҳ барои худ ёддошт мегирифтам.

– Аввал мехостам, ки ба Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шавам. Аммо падарам гуфтанд, ки барои таҳсилкунонии ман дар ин шаҳри дури Маскав пул надоранд,- ба сухан оғоз кард устод.- Баъд ба олами илм рӯй овардам. Дар навиштани китобу мақолаҳо услуби хоси худро дорам. Кӯшиш мекунам, ки ҳодисаву воқеа ва фикру ақидаамро образнок ва фаҳмову сода нависам. Ҳатто борҳо шудааст, ки таъна задаанд ва гуфтаанд, ки маводи илмиро ин гуна наменависанд, аммо ман ҳамеша онҳоро инкор мекардам,- афзуд Акбари Турсон.

– Шумо бештар ба кадом забон навиштанро дӯст медоред?

– Рости гап, нисбат ба забони тоҷикӣ дар навишти мақолаҳову китобҳо забони русиро истифода мебарам. Барои он ки зимни ифодаи фикр тобишҳои маъноиро бештар ҷустуҷӯ кунам. Аммо дар забони русӣ ин кор бароям содаву осонтар аст,- тавзеҳ дод устод.

– Бо нависандаи маъруф Чингиз Айтматов чӣ гуна робитаҳои дӯстӣ доштед?

– Ин нависанда аз дӯстони наздики ман буд. Чингиз нависандаи оламиён аст. Вай алайҳи манқуртшавӣ бонги изтироб задааст. Манқуртшавӣ як падидаи кирмзадаи иҷтимоӣ мебошад. Ақли манқуртҳо кӯр ва хотираашон низ ҳамсони ҳамон мешавад. Онҳое, ки манқурт шудаанд, ба ҳамаи кору амал омода ҳастанд. На падару модари худро мешиносанд ва на бародару хоҳарро. Онҳо аз забони худ низ дур мешаванд,- гуфт устод.

Ба таъкиди Акбари Турсон, ин падида боз маъноҳои васеъ низ дорад. Сиёсати шӯравии собиқ ҳамин будааст, ки мардуми зиёд гузаштаашонро фаромӯш кунанд. Мувофиқи гуфтаи академики тоҷик, Ч. Айтматов боре зимни суҳбаташон шикоят кардааст, ки бархе аз қирғизҳо ӯро дӯст намедоранд ва ӯро эҳтиром ҳам намекунанд, чунки модараш аз аҳли тотортаборон мебошад. Акбари Турсон мегӯяд, барои ҳамин рӯзе дар як анҷумани доманфарох хитоб карда гуфт: “Эй қирғизҳо, шумо медонед, ки Чингиз Айтматов кист?!”.

– Баъди ин хитоб Чингиз Айтматов боз бештар дӯстам дошт ва ихлосманди ману корҳои илмии ман шуд. Ман дар атрофи ӯ тоторҳои авантюрист ё моҷароҷӯйро дарёфтам, ки одамони хуб набуданд. Инро ошкоро ба Чингиз фаҳмондам ва вай ин афродро аз худ дур ронд. Соли 1989 ба маносибати 50-солагии банда ӯ бароям як табрики видеоӣ фиристод. Он ҷо гуфтааст, ки дар ин синну соле, ки вайро ҳаст, ёфтани дӯсте мисли ман кори саҳлу осон намебошад,- хотироташро варақзанон гуфт устод.

Тавре Акбари Турсон тазаккур дод, ҳамсари Чингиз Айтматов боре аз суҳбати дурударози телефонии онҳо ба танг омадааст ва сахтакак шӯру валвала бардоштааст, ки ин чӣ беинсофист!? Он гоҳ Чингиз Айтматов ба занаш рӯй оварда, чунин гуфтааст: “Ту медонӣ, ки ин Акбар ҳамту одам не, вай дӯсти ман аст!?”.

– Барқарор шудани дӯстии ду кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистону Тоҷикистонро чӣ гуна баррасӣ мекунед?

– Қадру қимати ин иқдомоти сарварони ду давлатро тамоми мардуми ин марзу оламиён хеле хуб медонанд. Роҳҳо боз шуданд, равуо дубора аз сар гирифта шуд. Ширкат дар анҷуманҳои муштарк, дидору мулоқотҳо бо дӯстон, огаҳӣ аз бурду бохти ҳамдигар ва амсоли он маҳз ба шарофати ҳамин иқдоми ҷаноби Мирзиёев ва вокунишҳои мусбати Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд. Дӯстӣ сарчашмаи ҳар гуна бахту саодат аст.

– Шумо ба ин конфаронс даъватӣ ҳастед ва ё барои фароғат ба ин гӯшаи биҳиштосои Панҷакент омадаед?

– Ректори Донишкадаи омӯзгории Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ маро ба ин конфаронс ба ҳайси коршинос даъват карданд. Пеши ман эҳтироми он кас ҷойгоҳи хоси худро дорад. Масъалаҳои таҳти назари конфаронси муассисаш Донишкадаи омӯзгории Панҷакент барои ҷомеаи имрӯзаи мо хеле муҳим мебошанд, зеро ҳалли ин масъалаҳо Осиёи Марказиро қадам ба қадам ба сӯи пеш мебаранд. Баргузор шудани ин анҷумани олимону омӯзгорон дар чунин оғӯши табиати зебо низ яке аз омилҳои хеле муҳим ба шумор меравад,- изҳор кард Акбари Турсон.

– Таъсиси конфедератсияи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар базаи Донишкадаи омӯзгории Панҷакент аз тарафи Михаил Фёдоров – муовини дабири кулли Иттиҳодияи халқҳои Авруосиё низ пешниҳоди хубест. Зеро ин донишкада китобхонаи бойи электронӣ доштааст, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест. Ҳамчунин, дар базаи ин донишкада метавон омӯзиши забонҳои хориҷиро дар шакли фосилавӣ ба роҳ монд,, – гуфт академик Турсон.

Бо ин марди донишманд дар мавзуҳои зиёди фарҳангиву иҷтимоӣ суҳбат кардем. Вай кӯшиш мекард, ки саволҳоямро беҷавоб нагузорад ва аз ин хеле хурсанд мешудам. Дар ҷараёни ин конфаронс, ки чаҳор рӯз идома кард, борҳо шоҳид шудам, ки гуруҳ-гуруҳ олимони Тоҷикистону Ӯзбекистон ӯро иҳота гирифта, саволборон мекунанд ва бо диққати том гӯш ба ҷавобҳои ӯ медиҳанд.

 

Мирасрори ФАРҒОНӢ,

хабарнигори “ФАРАЖ”,

Тошканд-ПанҷакентТошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь