Ба хотираи рӯзноманигори оташисухан Хушбати Ҳайдаршо

Дар солҳои 80-уми қарни гузашта озодфикриҳои хомакӣ, ки онро «демократияи ваҳшӣ» меномиданд, оғоз гардида, дар солҳои 90-ум бошад, ба авҷи аъло расид. Дар ин давра, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ пош хӯрд, тамоми давлатҳои ҷудошударо алангаи «демократияи ваҳшӣ» фаро гирифт.  Ин алангаи сӯзон қишри аз ҳама ҳасоси ҷомеа- ҷавононро ба коми худ кашид. Ҷавонони аз асли мақсади душманону бадхоҳони миллати тоҷик  ноогоҳ дар ҷомеа фазои носолимро бо кӯмаки саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ таъсис дода, заминаи мустаҳками идеологиро ба дасти наҳзатиҳои ифротӣ ва нимчамуллоҳои бесаводу кӯчагӣ доданд.

Ин идеологияи тарҳрезишудаи наҳзатиҳои ифротӣ ҷавононро   ҳамчу яроқи тавоно истифода бурда, фазои носолими таҳримшударо таъсис бахшиданд. Саркарда ва аъзоёни ташкилоти террористии  наҳзати исломӣ  тамоми манфиатҳои ватану миллат, фарҳанги миллиро зери по намуда, манфиатҳои диниро пеша карданд. Дар рӯзномаҳо пайваста афкори носолим, андешаҳои зидимиллиро  интишор мекарданд, ки он алангаи ҷанги дохилиро боз ҳам бештар мекард. Дар ин давраи барои миллат фалокатбор  ин ташкилоти террористии  наҳзатӣ ба исломикунонии ҷомеа  бо нишондоди бегона пардохтанд, ҷавонони аз сиёсат буруну ноогоҳро дар руҳияи  идеологияи нави исломгароӣ  тарбия мекарданд. Бо дасти хунхрони наҳзатӣ дар он замон садҳо фарзандони ҳақталоши миллат бераҳмона кушта шуданд. Аз ҷониби саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ истифода бурдани дини ислом ҳамчун яроқ баҳри ноил гардидан ба мақсадҳои тарҳрезшудаи «хоҷагони хориҷӣ» барои оммаи аз сиёсат бехабар ягона  воситаи  иғвои сиёсиро барангехтан буд.

Маҳз бо ҳамин васила мардуми ноогоҳ аз мақсадҳои муғризонаи ин наҳзатиҳои хунхор, онҳоро   ба майдонҳо кашида, байнашон низоъ барангехтанд.  Бо ҳамин роҳ террористони наҳзатӣ дар Тоҷикистон заминаҳои нахустини маҳалчигиро таъсис дода, барои ба ҳадаф расидан фазои ҷанги шаҳрвандиро созмон доданд.

Дар чунин лаҳзаҳои барои Ватан зарур фарзандони дилогоҳи миллат барои чеҳраи манфури ин афроди манфиатҷӯро  кушодан ба мубориза бархостанд, ки дар қатори ин фарзандони меҳандӯст, саҳми рӯзноманигори оташинсухан Хушбахти Ҳайдаршо низ кам набуд. Ӯ монанди ситораи рахшону пурҷилое буд, ки бо  дурахши хеш дар он замони тираву тор, ки разолат бар адолат ҳукм дошт ба дилҳои  муштоқон ва ватандорон нур бахшид. Нури ӯ нури сухан буд сухане, ки ватандоронро ҳидоят бар ватандорӣ дошт ва натарсидаву наҳаросида сиру асрори ин наҳзатиҳои хиёнаткорро фош менамуд ва ҷавононро ба сӯи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ раҳнамун месохт.  Дар бисёр мақолаҳояш бо исрор мардумро барои мубориза ба муқобили ин душманони миллат даъват мекард.

Хушбахти Ҳайдаршо  31-уми январи соли 1959 дар деҳаи дурдасти Ускроғи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна бо баҳои аъло, ба яке аз машҳуртарин муассисаҳои таҳсилоти олии давр – шуъбаи забони арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд ва онро бо мувафақкият хатм намуд. Барои ҷавононе мисли Хушбахт, ки ташнаи озодии фаъолият ва эҷодиёт буданд, имкониятҳои зиёде ба вуҷуд омада буд ва ӯ фаъолияташро аз вазифаи мудири шуъба оғоз намуда, баъдан котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) фаъолият кардааст.

Хушбахти Ҳайдаршо дар кори нависандагӣ низ даст дошт.  Аз ҷумла, повести ҳуҷҷатии Х.Ҳайдаршо «Сиёҳ ва сафед», силсилаи «Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон» (Душанбе ирфон 1990), ки дар он сухан  аз тақдири яке аз аввалин журналистони ҷумҳурӣ – муҳаррири рӯзномаи  «Ҷавонони Тоҷикистон» Насрулло Абдуллоев меравад, аз истеъдоди нависандагии ӯ хабар медод. Муаллиф вазъи сиёсии он давра, муборизаи беамони риёкорони динию дигар душманони сохти шӯравиро ба муқобили равшанфикрони солҳои 30-юм дар мисоли Нусратулло Абдуллоев возеҳ ва воқеъбинона кушодааст.

Бахси Хушбахт бо  ин бадхоҳону душманони миллат дар хусуси манфиатҳои миллӣ ва динӣ байни ҷавонон таассуроти неке бахшид. Мақолаҳояш яке паси дигаре дар матбуоти даврӣ нашр мешуданд.  Хушбахт дар мақолаҳояш ошкоро симои ин наҳзатиҳои манфурро, ки хатари парокандагиро пеш меоварад, ба омма нишон медод.   Ӯ барномаҳои сиёсиии ташкилоти террористии наҳзатиро сиёсати ниқобпӯш меномид ва пайравону лаганбардоронро низ хушдор месохт, ки ин роҳи пешгирифта хатост зеро дин дар ҳеҷ давру замон ҳомии манфиатҳои миллӣ буда наметавонист.

Хушбахт ҳамеша сулҳу ҳамбастагиро дар он шароит  муфид ва  ба нафъи миллат медонист. Ӯ дар ҳамон давраҳо мегуфт, ки манфиати миллӣ бояд аз ҳама манфиатҳо боло бошад, Дар ин ҷода низ наҳзатиҳои ифротӣ ӯро душмани дин элон карда, ин суханашро муқобили дини ислом нишон доданд. Маҳз аз ҳамин сабаб онҳо дар расонаҳои зархаридашон ӯро «рӯзноманигори дарборӣ, душмани демократия, рӯзноманигори бадтарини сол» эълон доштанд. Қабл аз соли 1989 – 1990 Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ӯро ба унвони «Рӯзноманигори беҳтарини сол» сазовор донист. Ӯ дар рӯзноманигорӣ равиши наверо эҷод кард, ки он писанди тамоми хосу ом буд ва чун журналисти мубориз шӯҳратёр гардид. Аз ин лиҳоз мехостанд, ки ин маҳбубиятаро аз дили мардум дур созанд.

Ӯ хурсанд буд, ки он солҳои наҳс  мегузаранду ҷавононро ба воситаи ин сабақҳои таърихӣ ба худогоҳиву худшиносии миллӣ ҳидоят мекунад. Ӯ  эҳсос мекард, ки замона маҳз фош кардани мақсади он разилони маҳалпарасту курситалаб, он нимчамуллоҳои қаллобе, ки воқеяти Шӯравӣ доираи нуфузашонро танг карда буд, он душманоне, ки аз тақсиму пароканда гаштани Тоҷикистон манфиат меҷустанду ба кӯмаки ҳаммаслакони хориҷии худ умед мебастанд, талаб мекунад.  Дар он замон барои ватандорони асил, барои онҳое, ки барои тақдири миллат бетараф будан наметавонистанд, мубориза бурдан ҷони худро бохтан буд.

Саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ баҳри нобуд кардани Хушбахти Ҳайдаршо чораҳо меҷустанд. Борҳо гирифтори фишору лату кӯб гардид, вале аз роҳи мубориза даст накашид, ин палидони наҳзатӣ ҷасорати ин рӯзноманигори матиниродаро шикастан натавонистанд, зеро ҷон доданро дар роҳи миллат аз хомӯшии разолатпарвар беҳтар медонист. Оқибат 19 майи соли 1994 ин қасдашон амалӣ шуд. Дили бузургу ҳақиқатталоши Хушбахти Ҳайдаршоро панҷ тири  қотилони наҳзатӣ аз задан бозмонд. Он субҳи кафанпӯш барои дӯстону ҳамқаламонаш хабари номуборак овард.

Рӯҳи поки Хушбахти Ҳайдаршо дар Ватан парвоз мекунад, вале хунхорони наҳзатӣ, ки дар қатли ӯ даст доштанд, ҳама бенавоянду ғурбатнишин. Ин аст, қонуни нонавиштаи зиндагӣ. Ин аст, қонуни подоши амал. Сад афсӯс, ки дурахши ин ситора дар қутби адабиёти муосири тоҷик фақат лаҳзае ҷило дода тавонисту халос. Вале дурахши ситораи Хушбахт дар осмони дили миллат абадӣ ҷило хоҳад дод.

 Пайшанбе Шоҳзода,

сармуҳаррири рӯзномаи “Ватан”-и ноҳияи Ванҷ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь