Соли ҷорӣ тавассути нашриёти «Шарқи озод» китоби «Қаламрави ёдҳо»-и рӯзноманигор ва донишманди шинохтаи кишвар Ҷумъахон Темурзода иқболи чоп ёфт. Он аз панҷ қисм иборат буда, пешсухан ва 30 мақоларо дар бар мегирад. Сарсухани китоб, ки бо хомаи муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-Хайринисо Юсуфӣ тааллуқ дорад, роҳро барои вуруд ба дунёи навиштаҳои муаллиф ҳамвор менамояд. Хонанда аз ин сарсухани кӯтоҳ, аммо пурғунҷоиш ба мазмуну мундариҷаи китоб, ғояи асар, мақсаду мароми муаллиф ва назари мунсифонаи Ҷумъахон Темурзода ба воқеаву рӯйдодҳои зиндагӣ ошно мешавад ва ба хубӣ мефаҳмад ва эҳсос менамояд, ки манбаи илҳоми нигоришоти Ҷумъахон Темурзода асосан корномаву корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар- Эмомалӣ Раҳмон будааст. Ҳақ бар ҷониби муаллифи пешгуфтори китоб аст, ки мегӯяд: «Ҷумъахон Темурзода аз ҷумла таҷрибаи сулҳоварию сулҳофарии сарвари Тоҷикистони тозаистиқлолро тавсиф намуда, такрор ба такрор зикр менамояд, ки ба даст омадани сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон на танҳо барои миллати заҷркашида, балки барои кишварҳои ҳамҷавор, минтақа ва ҳатто тамоми аҳли башар аҳамиятнок ва тақдирсоз буд. Саҳлангорию бепарвоӣ ва ғафлату бетарафӣ дар кори хомӯш кардани оташи даргириҳои Тоҷикистон метавонист дар як муддати кӯтоҳ тамоми Осиёи Миёнаро ба вартаи оташи бунёдсӯз кашида, дар ҷисми сайёраи Замин дарду доғ ва ҷароҳатҳои тоза зам намояд».
Мақолаи нахустини китоб «Пешвои мо» дар бораи хидматҳои бузурги Президенти Тоҷикистон барои миллату кишвар қисса менамояд. Муаллиф дар ин нигориш дар бораи мақоми Пешвои миллат, нақши бузурги он кас дар таъмини амнияти кишвару минтақа, рушди илму адабу фарҳангу маориф ва соири корнамоиҳои Пешвои миллат изҳори назар карда, дар мақолаи «Пешво ва рушди илм» чунин пешниҳоди арзанда ва саривақтӣ менамояд: «Хеле бамаврид мебуд, ки унвони аввалин академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат лоиқ дониста шавад. Хидматҳои ин абармарди таърихи навини худшиносии миллӣ на камтар аз аллома Бобоҷон Ғафуров буда, китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагори миллат» сазовор ба ин унвони пурифтихори миллӣ мебошанд».
Муаллиф дар мақолаи «Ҳамосаи ориёӣ» оид ба Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: Аз дирӯз то имрӯз» ақидаи хешро баён дошта, аввал порае аз шеъри Алимуҳаммади Муродиро меорад:
Ориннасабе, ки ор дорад, бодо,
Бар асли худ ифтихор дорад, бодо.
Гул баҳри ҳимояи худу гулбуни худ
Чун ханҷари тез хор дорад, бодо!
ва баъд Масъуди Сипанд «Ман Ориёиям»-ро меорад:
Аз насли офтоб,
Аз шаҳди моҳтоб,
Аз авҷи қуллаҳои сарафроз,
Хуршед нурро дар чорсӯи синаи ман ҷо мезанад:
Ман ориёиям, ман ориёиям!
Гузашта аз ин, вай дар бораи ормонҳои миллӣ сухан ронда, Президенти кишварро ҳамчун эҳёгари тамаддуни ориёиён мавриди таъкид қарор медиҳад. Хусусан, дар бораи шеъри ватандӯстонаи Масъуди Сипанд, ки ба Президенти кишвар бахшидааст, боҳарорат сухан мегӯяд. Ба қавли ӯ, «устод Масъуди Сипандро кулли хонандагони тоҷик шоири қаламрави хеш медонанд… Шоири ватансаро худро порае аз ориёи бузург медонад. Ӯ ҳама мушоҳидаҳо ва бардоштҳои худро аз Тоҷикистон дар китоби «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» он қадар бо самимият ва муҳаббати зиёд рӯи саҳфа овардааст, ки хосса хонандаи ватанхоҳи Тоҷикистонро ба чашми дили устод Масъуди Сипанд дидан мехоҳад. Шоири ватансаро дар сурати Тоҷикистони азиз ва мардуми фархундафоли он меҳани азизаш Эронро мебинад, Эрони ориёиро, Эрони ормонҳои Ориё ва бо сӯзу дард нишони Ориёи бузургро дар Тоҷикистон дарёфта. Тантанаҳои бошукуҳи ҷашнҳои ориёӣ, амсоли Наврӯзи Сосонӣ, Сада, Меҳргон ва даҳҳо ҷашнҳои дигарро баробари мардуми тоҷик ҷашн гирифта, худро порае аз Ориёи бузург дониста, мардуми тоҷикро ҳамкешу ҳамоин ва ҳамшаҳрии асили хеш медонад. Ҳамин дид ва нигоҳи хирадмандона дар Тоҷикистони азиз дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари тамаддуни ориёӣ дида, шеъри «Ман ориёиям»-ро ба ӯ бахшидааст».
Дар мақолаи «Ифтихори дурӯғин» аз рафтори беҳувиятону бегонапарастон, ки бисёре аз онҳо номи баланди зиёӣ, олим, адиб, рӯзноманигор, муаллим, донишҷӯро доранд, аммо дар кӯи бетафовутӣ қадам мезананд ва ба ҳодисаву рухдодҳои кишвар, минтақа ва ҷаҳон, таҳаввулоти аср аз паси парда менигаранд ва ҳамчун тамошобин муносибат менамояд, ба сиёсати давлат, барномаҳои милливу адабию фарҳангию сиёсии он ҳамовозӣ наменамоянд, ҳеч гуна масъулияти шаҳрвандӣ, миллӣ, ватандӯстона ҳис намекунанд, аз афзудани номҳои бегона-«Шуайб, Маъмун, Умия, Унноб, Қутби Увайс, Ҳамод, Ҳалуа, Хадича» ва ғайра изҳори нигаронӣ намекунанд, балки ба насабсозию лақабсозӣ иштиғол варзида, худро ҳамчун хоҷаву муллову эшон, саидзодаву сӯфию ориф муаррифӣ менамоянд, бо дареғу афсӯс сухан мегӯяд ва ба эшон метозад. Ҳамин гуна ҳолати зиёиёни моро муаллиф мунсифона ба риштаи тасвир кашида, нақли як дӯсти замони донишҷӯиашро меорад, ки ҳангоми шинос кардани олимони мо ба меҳмонони хориҷа яке аз онҳо ба ӯ таъкид менамояд ва ҳушдор медиҳад, ки вай ба ҷуз аз доктор будан, боз ҳоҷӣ ва сайидзода ҳам мебошад. Чунончӣ, ӯ дӯсти муаллифро ислоҳ карда мегӯяд: «Домулло фаромӯш карданд, ки ман ғайри доктори илм будан ҳоҷӣ ва сайидӣ мебошам. Ин ислоҳ ва иловаҳои доктори илм меҳмонҳоро бисёр нороҳат ва нофор намуд, ки меҳмонон то охир дигар ягон ҳарф нагуфтанд. Шояд, онҳо гумон карданд, ки дар ягон масҷид ва ё маҳфили мазҳабӣ бошанд. Ин аст тафаккури баъзе аз олимон ва донишмандони имрӯзаи тоҷик. Охир, зиёрати Хонаи Худо ҳаққи ҳар як мусалмон дар доираи тавоноии худаш мебошад. Ман сайидӣ, ман ҳоҷӣ, ман писари ҳоҷӣ, ман писари эшон-ин унвонҳо дар Тоҷикистон ба касбу ҳунар табдил ёфта, сарманшаи эҳтиром ва даромаду эътибор қарор гирифтаанд. Магар онҳо шарм намедоранд, ки бо кару фар аз ин суннатҳо истифода мебаранд? Мо ба ин фаҳмиш то куҷо хоҳем рафт?».
Ҷумъахон Темурзода дар мақолаи «Истиқлолият ва андешаи миллӣ» низ ин дарди бедавои зиёиёну олимону адибони моро, ки кӯр-кӯрона ба дину диёнат муносибат менамоянд ва зери таъсири сиёсатҳои бегона ва хоҷагони хориҷӣ кору амал мекунанд, ба қалами таҳрир мекашад ва симои авомфиребонаи эшонро, ки хатари ҷиддӣ ба амнияти кишвари мо доранд, ифшо менамояд. Масалан, ӯ мегӯяд: «Роҳбари муаззами кишвар борҳо ба таъкид аз мардуми хеш ва раҳбарияти сохторҳои қудратӣ даъват намуданд, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, марзу буми хешро дар баҳои ҷони худ дифоъ намоянд. Аммо бо таассуф метавон гуфт, ки баъзе аз гуруҳҳои ифротгарои исломӣ зери ниқоби дини мубини Ислом, бо амри хоҷагонашон миёни мардум таблиғоти хатарзои мазҳабӣ мебаранд, ки оқибати онҳо фоҷиабор мебошад. Оё касе боре аз ин хоҷаву эшону сайидиҳо мепурсад, ки аз унвонҳои баланди илмӣ, аз номзади илм, доктори илм, академик чӣ зарурат дорад, сӯистифода намоянд. Хуб мебуд, ки «ин олимони шинохта»-ро аз ин ба баъд мутобиқи рутбаҳои динӣ ва кунияи қавмии арабиашон барои кор ба масҷид бифиристанд. Ин ҷо ҳақ ба ҷониби Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, ки хеле хуб фармудаанд:
Як кафш бувад барои як пой,
Як дил нашавад ду меҳрро ҷой.
Пас, хуб мебуд, ки ин ҳоҷӣ-докторҳо, ҳоҷӣ-профессорҳо ва ҳоҷӣ-академикҳо даргоҳи пуршарафи роҳбарии мактабу донишкада ва донишгоҳу вазоратхонаҳои кишварро мардоновор тарк намоянд ва бо хотири дастгирии сиёсати хирадмандонаи Раҳбари муаззами кишвар муаззинӣ ва раҳбарии масоҷидро бар дӯш бигиранду кишварро аз хатарҳои глобалии динию мазҳабӣ наҷот бахшанд».
Мақолаҳои «Ливои дӯстӣ», «Парчами иттиҳод», «Муждаи васл», «Хонаи сулҳ», «Таҳдидҳо бар сулҳ», «Дардошнои сулҳ», «Асрори ваҳдат», «Сароби орзуҳо», «Муқовимат бо худхоҳон», Таъбири хоб», ки дар ҳамин бахш, яъне бахши аввали китоб ҷой дода шудаанд, ба мо ҳушдор медиҳанд, ки мо бояд худшиносу худогоҳ бошем, истиқлолияти миллиро, ки бо мушкилоти зиёд, пойфишорию ҷонфидоии фарзандони шоистаи миллат ба даст омадааст, бо дандонҳо ҳифиз намоем, нагузорем, ки бадхоҳони дохиливу хориҷӣ кишвари моро бори дигар ба гирдоби ҷангу ҷидолҳо бикашанд ва амнияту бехатарии мардумро халалдор созанд. Мо бояд зери парчами истиқлол, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муттаҳид шавем, пояҳои истиқлол ва давлатдории худро мустаҳкам намоем ва аз муваффақиятҳои худ, ки дар тӯли 30-соли истиқлолият ба даст овардем, дифоъ намоем, зеро истиқлол бузургтарин неъмат барои миллати мо маҳсуб мешавад. Беҳуда шоир нагуфтааст:
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Ҷумъахон Темурзода дар қисми дувуми китоб, ки аз мақолаҳои «Овои ёдҳо», «Шиҳоби эътибор», «Хуршедмақом», «Хирадафрӯз», «Оинаи илм», «Қадамҷои илм», «Оинаи хаёл», «Маърифатпаноҳ» фароҳам омадааст, роҷеъ ба кору пайкори аҳли илму фарҳанг, аз ҷумла Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ, Абдулғани Мирзоев, Рашид Каримович Раҳимов, Ҳабибулло Саидмуродов, Талбак Назаров, Абдураҳмон Одинаев, Саъдулло Раҳимов, Табаралӣ Абдулло Ҳабибулло, ки парчамбардорони эътибори миллат ва давлати тоҷикон мебошанд ва ҳар кадом аз онҳо мувофиқи қудрату имкони хеш ба илму фарҳанги кишвар саҳм гузоштанд, ба некӣ ёд менамояд. Хусусан, пешниҳодҳои муаллиф, ки дар поёни мақолаҳо омадаанд, қобили дастгирӣ мебошанд. Чунончӣ, пешниҳоди вай дар бораи олими бузург Абдулғанӣ Мирзоев хеле муҳим ба назар меояд. Ба қавли ӯ, «номи пурифтихори абармарди таърихи адабиёт ва фарҳанги миллат академик Абдулғанӣ Мирзоев зеби даҳҳо мактабҳои пешрафтаи кишварро доштаву дорад. Идрорпулии Мирзоев дар тамоми факултетҳои филологияи тоҷику форсии донишкадаву донишгоҳҳои кишвар мебояд бошад. Он вақт мо метавонем, ки аз ифтихори милливу ватанхоҳиву вантандорӣ аз минбарҳои пурэътибор овози худро баланд намоем ва Пешвои миллатро пайравӣ намуда, ҳама амалҳои ватанхоҳиву ватансозиашонро аз сидқ ва ихлосу поктинатӣ дастгирӣ намоем. Шояд баъди хондани ин сатрҳо мардум худ баҳои воқеиро ба фаъолияти илмиву тадқиқотии ин нобиғаи адабиёти тоҷик гузоранд. Ва сангу хасрӯбаҳое, ки садди роҳи эътибораш гардидаанд, аз рӯи поки эътибораш бардошта шаванд».
Қисми савуми китоб, ки дар бораи зиндагии арбобони сиёсӣ ва номвари кишвару миллатамон Абдулаҳад Қаҳҳоров, Маҳмадулло Холов, Комил Ёрматов, Худоназар Маҳмадназаров, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Асомиддин Насриддинов маълумот медиҳанд, мақолоти зеринро дар бар мегиранд: «Фарёди ёдҳо», «Дардошно», «Наворҳои ҷовидона», «Фарёди розҳо», «Хирмани ёдҳо», «Фарёди солҳо». Дар ин бахш ҳамаи мақолаҳо ҷолиб ва хонданианд, аммо мақолаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ҷолибтару хонданитар аз соири мақолаҳо мебошад. Хусусан маълумоте, ки доир ба фарзанди ӯ-олимаи ҷавонмарг Назира Қаҳҳорова дода шудааст, хеле риққатбор аст. Онро наметавон бидуни эҳсосу ҳаяҷон хонд, зеро ин олима дар авҷи камолоти эҷодӣ, дар синни 40-солагӣ моро бидруд гуфт ва марг ин саъдипажуҳи мумтозро аз миёни мо бурд, аммо ному осораш бо мо монд, ки монд. Ба қавли муаллиф, «ӯ модар, муаллима, тарбиятгар, мушфиқ, меҳрубон ва мубаллиғи осори хирадмандонаи суханофари ин миллати куҳанбӯнёд ва ин хиттаи гурдзо буданд. Фоҷиаи ӯ фоҷиаи фарҳанг ва миллат буд. Инро шоири зиндаёд устод Бозор Собир бо ашки ҳасрат ба мо, донишҷӯёни он замон иброз намуда буд. Устоди зиндаёд бо ашки гулугир номи поки Назираро мегирифту мегуфт:
Ҳамон рӯзе туро бар теппаҳо бурданд,
Бароят дилсиёҳу сарнагун будам.
Ҳама мардум сияҳ пӯшида аз берун,
Валекин ман сияҳпӯш аз дарун будам.
Ахири чиллаи фасли зимистон буд,
Ки дар чилсолагӣ рафти ту аз дунё.
Сари наъши намозият намоз омад,
Чу Хизре мӯсафеди барф аз саҳро.
Бароят дар бадан кардам сафед, охир
Тамоми устухонамро ба вовайло.
Саропо дар сари соли ту пӯшидам
Чу пӯшоки сафеде мӯсафедиро.
Қисми чаҳоруми китоб фарогири мақолаҳои «Қадамҷои шоир», «Сиришти ёдҳо», «Қаламроҳи ёдҳо», «Сабзқалам», «Марҳами дил», «Хирмани розҳо» буда, дар хусуси шоирони маъруфи мо ҳикоят мекунад. Шоироне чун Назри Яздон, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Тулқин Хоҷа, Муҳтарам Ҳотам, Абдулқодири Раҳим, ки дар адабиёти мо ҷойгоҳи вижа барои худ касб кардаанд ва хусусан зиндаёд Ғоиб Сафарзода, ки дар ҷавонӣ ба таври фоҷеаомез ҳалок гардид, аммо бо ашъори волову ватандӯстонааш умри ҷовидона пайдо кард ва мавриди васфи шоирони пешсафу хайрхоҳону ҳамсолони худ, аз ҷумла Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва ғайра, қарор гирифт. Воқеан, инҷониб, ки яке аз мухлисони шеъри ин шоири ҷавонмарг мебошам. Лиҳозо, ҳар гоҳ, ки номи ӯро мешунавам, ин ғазали зебои ӯ ба ёдам меояд ва онро бо оҳанг, оҳанге, ки шодравон Бурҳон Неъмат (бародари Баҳодур Неъматов) эҷод карда буду мехонд, зери лаб замзама менамоям:
Агар хоҳӣ, маро ёбӣ, зи роҳи рост ҷӯён шав,
Маро дар ҷӯши баҳри зиндагӣ маъвост, ҷӯён шав.
Чу дар як қуллаи мақсад наёбӣ нақши пои ман,
Бубинӣ, қуллае дар пушти он пайдост, ҷӯён шав.
Агар хоҳи бифаҳмӣ, бо кадомин раҳ равонам ман,
Зи роҳи рӯд, к-он рӯ ҷониби саҳрост, ҷӯён шав.
Агар санҷиданам хоҳӣ ба саҳни гирудори сахт,
Бубинӣ, байни майдон як сари болост, ҷӯён шав.
Агар хоҳӣ бидонӣ кистам ман, аз куҷоям ман,
Зи байни мардуме, ки ҳомии дунёст, ҷӯён шав.
Ниҳоят, қисми панҷуми китоб, ки дорои чаҳор мақола мебошад, ба синамогарону овозхонони пуровозаи тоҷик ихтисос дода шудааст. Мақолаи аввал, ки «Як мушт орзу» унвон дорад, ба ҳаёту фаъолияти ҳунарпешаи мумтози театр ва кино София Тӯйбоева бахшида шудааст. Мақолаи дувум роҷеъ ба фаъолияти эҷодии Артисти халқии РСС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Б. Кимёгаров қисса менамояд. Мақолаи савум ба рӯзгору фаъолияти Артисти Халқии СССР Ҷӯрабек Муродов бахшида шудааст. Мақолаи «Овози розҳо» ба ҳунарманди маҳбуби кишвар, зиндаёд Зафар Нозим иртибот мегирад. Пешниҳоди ӯ дар ин бахш дар бораи ба навор гирифтани филми ҳуҷҷатие доир ба устод Зафар Нозим аз назари фарох, хайрхоҳонаву мунсифонаи муаллифи китоб ба мо хабар медиҳад. Ба қавли ӯ, «хеле хуб мебуд, ки аз фаъолияти ҳунарии устод Зафар «Филм-консерт»-и ҳуҷҷатие ба навор гирифта мешуд. То ояндагон аз наздик ба ҳунари воқеӣ ва асолати ҳунарманд ошно бигарданд. Навори сафарҳои ҳунарии устод ба Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Масква, Киев дар бойгонии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои он кишварҳо ҳанӯз маҳфуз дошта шудаанд. Мо метавонем, ки бо ёрӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз онҳо дар филм истифода намоем. Ин кори хайр эътибори миллат ва давлат буда, соликони роҳи пурэътибори ҳунар бо муҳаббат ва садоқат ба халқу Ватана хидмат хоҳанд намуд».
Хулоса, китоби «Қаламрави ёдҳо»-и рӯзноманигору зиёии маъруфи кишвар Ҷумъахон Темурзода пур аз ёдҳои хонданӣ аст, ёдҳое, ки ифтихор меофаринанд, моро бо чеҳраҳои мумтози миллат, ки ба халқу кишвар хидмати содиқона кардаву мекунанд, ошно месозанд. Муҳимтар аз ҳама, маводи судманд барои ифтихор ва худшиносии миллӣ, ки имрӯз барои мо муҳим мебошад, медиҳанд. Лиҳозо, мо бесаброна нашри китоби дувуми Ҷумъахон Темурзодаро интизор мешавем ва аз забони шоир ба ӯ мегӯем:
Васфи истиқлол кун аз рӯи шавқ,
Эй суханпарвар, забонат лол нест.
Ҷамолиддин САИДЗОДА