Соли 1959 «Тоҷикфилм» филми бадеии «Қисмати шоир»-ро дар таҳияи коргардони маъруф Борис Кимёгаров ба навор бардошт, ки он аз рӯзгори ҳузнангез ва пурмуҷарои султони шеъри Аҷам Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳикоят менамояд. Бояд гуфт, ки бузургию тавоноии шоир дар экран бо рангҳои ба худ хос, бо сабки тоза ҷилвагар шуд, ки то имрӯз тамошобин аз филми «Қисмати шоир» як ҷаҳон маънӣ мебардорад.

Ин иқдоми некро соли 1973 Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коргардон Абдусалом Раҳимов идома дод. Ӯ симои олим, ҳодими намоёни давлатӣ, шоир, нависанда, мусиқишинос ва тарғиботчии шӯълавари ғояҳои озодандешии асри ХIХ Аҳмади Дониш (1827-1879) -ро ба экран баровард.

Сенарияи филми бадеии рангаю васеъ «Ситораи шабистон» ба қалами олим, адабиётшинос Расул Ҳодизода ва В. Максименко тааллуқ дорад, ки муаллифони сенария мавзӯъ, воқеъа ва ҳодисаҳоро дар асоси факту далелҳои таърихӣ навиштаанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар филм воқеаю ҳодисаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, фалсафию иҷтимоии маорифпарваронаи халқи тоҷик дар симои Аҳмади Дониш ва ҳамфикрони ӯ таҷассум гардидаанд.

Хушбахтона, таҳиягарони филм хусусиятҳои хоси филмро дар вақти ба навор бардоштан пайдо намудаанд, ки дар рафти тамошо эҳсос мешавад. Филм аз он ҷиҳат диққатҷалбкунанда ва тамошобоб аст, ки дар он ҳаёти ибратомӯзи Аҳмади Дониш- ситораи шабистони Бухоро пурра тасвир ёфтааст. Албатта, ба навор бардоштани ҳаёти Аҳмади Дониш бесабаб нест. Зеро дар давраи ҳукмронии сулолаи туркони манғит адабиёту санъати тоҷику форс мавқеъи пештараи худро аз даст дода буд. Аҳмади Дониш дар ин давра на фақат адабиёту санъати моро ба пояи пештарааш наздик овард, балки худаш асари гаронбаҳо аз худ мерос гузошт. Аз ин рӯ, дар филми «Ситораи шабистон» ҳаёти ибратомӯзи як шахсияти барҷаста ва нобиғаро дидан мумкин аст, ки дастовардҳои илмию ҷасораташ шоистаи эҳтиром ва омӯзиш аст. Зеро дар он ҳаёти як марди дурандеш ва фозил, ҳимоятгари манфиатҳои халқ инъикос ёфтааст. Муаллифони сенария ба охирин сафари Аҳмади Дониш ба Санкт-Петербург такя кардаанд. Ин ҷо сафари Аҳмади Дониш ба Русия бори дигар исбот кард, ки вай дар ақидаҳои пешқадами худ хато накардааст ва сохтори ҷомеа метавонад шуури мардумро тағйир дода, ӯро ба сӯи ҷомеаи бештар адолатпарвар ҳидоят кунад.

Коргардон ва таҳиягар Абдусалом Раҳимов дар интихоби ҳунармандон ба саҳланигорӣ роҳ надодааст. Ӯ ба нақши Аҳмади Дониш – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов, ба нақши Амир Музаффар – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷоновро даъват мекунад. Ҳунарпеша Маҳмудҷон Воҳидов худ медонист, ки ба Аҳмади Дониш монандӣ надорад. Аммо таҳиягари филм Абдусалом Раҳимов қудрати нақшофарии Маҳмудҷон Воҳидовро ба назар гирифта ба ӯ нақши Аҳмади Донишро медиҳад.

Дар филм аз симои зоҳирӣ ва андешамандонаи ҳунарпеша Маҳмудҷон Воҳидов маълум мешавад, ки ӯ ба офаридани образ ноил шудааст.

Ӯ, ки дар муҳити таассуби динӣ ва қашшоқии маънавию фарҳангии Бухоро тарбия ёфта буд, якбора пешрафти илм ва кашфиётҳои техникиро дида, барои худ олами нав ва шоистаро кашф мекунад.

Ин шаҳри калони зебо чашми Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидовро боз мекунад. Ӯ ҳамчун ҳунарпеша тавонистааст ҳайрату тааҷҷуби худро аз дастовардҳои фарҳангу илм баён созад.

Баъди бозгашт аз Русия Аҳмади Дониши Маҳмудҷон Воҳидов пасмондагӣ ва ҷаҳолати сохти иҷтимоӣ, маданию илмии кишвари худро мефаҳмад. Ӯ, ки дар сафараш аз пешрафти бузурги илму фарҳанг, техникаи умумиҷаҳонӣ огаҳӣ ёфта буд ва онро бо Бухорои ақибмонда қиёс мекард, орзу мекард кишвараш мисли Русия рушду такомул дошта бошад. Аз рафтор ва муносибати Аҳмади Дониш равшан маълум мешавад, ки мехоҳад дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвараш тағйиротҳои ҷиддиро ворид намояд, то мулкаш ободу мардумаш озод бошад. Ҳамин рӯҳияро актёр хеле устодона дар экран ба ҷо меорад, ки аз завқи баланд ва қобилияти олии ҳунарии артист дарак медиҳад.

Мо дар саҳнаи дигар Аҳмади Дониши Маҳмудҷонро дар дохили ароба мебинем, ки ӯ ҷониби Русия равон аст. Аз андешаю нигоҳаш маълум мегардад, ки дар пеши ӯ масъалаҳои зиёде ҳаст. Ӯ мехоҳад, ки бори дигар тартиботи давлатдорӣ, ободии кишвар, пешрафту тараққиёти фарҳанг ва техника, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва илмро аз наздик омӯзад.

Дар вақти тамошои филми бадеӣ аз симои ботинии ҳунарпеша равшан ба чашм меарасад, ки сафари Русия ҷаҳони навро барои ӯ кушодааст. Чунки ӯ дар сафар аз санъати мусиқӣ, театри халқӣ, корхонаҳои илмию саноатӣ, аз сохтани киштиҳои уқёнусгард, аз тарзи зиндагӣ ва расму русум ва одоби мардуми рус, аз занҳои озоду рӯйкушода, аз кӯчаҳои тозаю озода баҳра бардоштааст. Албатта, ин ҳама одами худшиносро аз хоби ғафлат бедор мекунаду нисбат ба разолату ҷаҳолати ҳаёт дар кишвари худ бо таассуф менигарад.

Аммо тамошобин ба ақидае меояд, ки баъди бозгашт аз дидаю шунидаҳои Аҳмади Дониш сиёсатмадорони кишвараш аз ӯ пурсон шуда, барои тағйироти ҷиддӣ ворид намудан дар ҳаёти сиёсию иқтисодии аморати Бухоро саҳмгузор мешавад. Ӯ дар яке аз саҳнаҳои филмаш ҳукуматдорони замони Аҳмади Донишро тавре тасвир мекунад, ки онҳо нисбати тақдири халқ бепарвоянд, аз тағйир додани сохти ҷомеа сахт метарсанд, садди роҳи тараққиёти кишваранд.

Ин ҷо мақсади коргардон равшан маълум аст, ки ҳукуматдорон бояд шахсони бофарҳанг бошанд. Ба доди мардум расида тавонанду дасти мадад дароз намоянд. Ҳукуматдорон бояд дар атрофии худ шахсони бомаърифат, олимон, донишмандон, мутафаккирони арзандаю одил ва фозилро ҷамъ намоянд. То мулкашонро озоду шоиста бубинанд.

Аз оғоз то анҷоми филм Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидов шахси солор, донишманд, бори вазнини рӯзгорро аз сар гузаронида, ба чашми тамошобин намоён мешавад, баҳри ободию адолат мубориза мебарад.

Дар филм аз симои ботинии қаҳрамон маълум мегардад, ки шиносоӣ бо ҳаёти маданӣ, аз ҷумла бо шахсони бомаърифат ва донишмандони пешқадами рус, ба олами маънавиёти Дониш такони тозае доданд. Агар дар вақти тамошои филм диққат диҳед, ҳамин гардиш ё таконро актёр хеле устодона ба ҷо меоварад, ки ин аз ҳиссиёти баланди актиёриаш дарак медиҳад. Маҳмудҷон Воҳидов актёре буд, ки ба грим (тағйри қиёфа), либос, ҳаракат, нигоҳ, мавзуният ва фикронии қаҳрамонаш диққати ҷиддӣ дода камбудиҳояшро сари вақт муайян намуда роҳи ҳалли онҳоро меҷуст.

Вохӯрии Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидов дар экран бо аҳли дарбор аҷиб аст. Дар ин саҳна аз нигоҳи чашмони бадқаҳронаи Маҳмудҷон Воҳидов маълум мегардад, ки ӯ нисбати ҷаҳолати амир ва аҳли дарбор ба ғоратгарию хунхории онҳо нафрат дорад. Аз фикрронӣ ва муборизааш равшан намоён аст, ки ҳар лаҳза ӯ бар зидди фисқу фуҷури амир ва аҳли дарбор мебарояд.

Маҳмудҷон Воҳидов актёре буд, ки воқеаю ҳодисаҳоро равшан ҳал карда, ба дунёи ботинии қаҳрамонаш омехта намуда, баъд онро  ба хатти таҳиягар мепайваст. Дар филм ҳолатҳои гуногуни қаҳрамон: ғазаб, афсӯсхӯрӣ, андеша ва муносибат устокорона зоҳир шудаанд.

Либоси қаҳрамонҳои асар мувофиқи аср, замон, табақа дӯхта шудаанд, ки зебо ба чашм мерасад. Ин ҷо бояд қайд кард, ки либосҳои Аҳмади Дониш: ҷома, хилъат, саллаи сафеди калон, мӯза ба Аҳмади Маҳмудҷон шинам аст. Либоспӯшии зиёиёни он давраи Бухоро дар образи офаридаи актёр хеле шинам ва дилкаш аст.

Яке аз саҳнаҳои ҷолиб ва тамошобоб ин вохӯрии Аҳмади Дониш бо Амир Музаффар мебошад. Ин ҷо тамошобин бо ҳунари ду ҳунарпешаи машҳур Ато Муҳаммадҷонов ва Маҳмудҷон Воҳидов рӯ ба рӯ мегардад. Ҳар ду ҳунарпеша оромона бо ҳам нигоҳ мекунанду пас лаҳзае бо ҳам масъалагузорӣ менамоянд. Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидов дар назди Амир Музаффар масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро пеш мегузорад. Ӯ доир ба сохти давлатдорӣ гуфтугузор мекунад. Амир Музаффар оромона ӯро гӯш дорад. Аммо қалбаш пур аз туғён. Аммо аз таҳти рӯй ва ҳолаташ маълум аст, ки ақоиди Аҳмадро намеписандад.

Дар ин саҳна таҳиягар Абдусалом Раҳимов ду қувваро бо ҳам муқобил гузоштааст, ки аз ҷиҳати сохт ва задухӯрди асар тамошобоб аст. Ин ҷо яке барои ободии кишвар ҷон мекоҳонад, ки халқаш озоду мулкаш обод бошад, аммо дигаре ба ин парво надораду фикраш бо айшу ишрат банд аст.

Дар рафти филм тамошобин муборизаи шиддатноки ду қувва, ду мафкура ва ду табақаи ҷамъиятро мебинад.

Хушбахтона, таҳиягари филм Абдусалом Раҳимов барои ғоя ва драматизми филм як ҷаззобияти ба худ хосро интихоб намуд, ки аз он таъсирбахшии филм зиёд гардидааст. Ҳар як вохӯрии Аҳмади Дониш бо зиёиёни рус дар филм пайиҳам омадааст, ки диққатро ба худ ҷалб мекунад.

Маҳмудҷон Воҳидов Аҳмади Донишро ҳамчун шахси бофарҳанг муаррифӣ намуда, дар ҳар вохӯрӣ бо донишмандони рус аз таъриху фарҳанги кишвараш бо ифтихор сухан мегӯяд. Ин ҷо симои маънавии халқи тоҷикро Аҳмади Маҳмудҷон бо пурдонию ҳозирҷавобӣ нишон медиҳад. Ӯро шахси сиёсатмадор ва фозилу некбин офарид, ки ҳамсӯҳбати худро тез бо андешаҳои пухта ба худ ҷалб мекунад.

Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидов дар коргоҳ ва кӯча ба ҳар чиз бо нигоҳи нек назар медӯзад. Аз ин рӯ, ӯ дар пеши ҳукуматдорон ва амалдорони рус обрӯю эътибор пайдо намудааст.

Саҳнаи дигаре, ки тамошобинро ба худ ҷалб мекунад, ин рафтани Дониш ба театр аст. Ӯ дар театр аз ҳунарварии ҳунарпешаи номии фаронсавӣ Аделина Поттӣ лаззат мебарад, ки ин нақшро Артисткаи халқии ИҶШС И. Вишневская иҷро намуда буд.

Дар вақти тамошо қаҳрамони Маҳмудҷон Воҳидов дақиқаҳо дар олами фикр ғӯтавар мегардад. Он лаҳза дар симои Аҳмади Дониш тамошобин шахси пешқадами замонро дармеёбад, ки на танҳо ба адабиёту санъати кишвари худ, балки ба санъати халқҳои дигар низ сарфаҳм меравад.

Дар театр Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидов аз санъати аслии ӯ ба ваҷд меояд, ҳатто дар вақти вохӯрӣ шеъри эҷод кардаашро ба хотири ҳунари асил ва соҳиби истеъдоди баланд буданаш тақдим мекунад. Бесарҳад будани санъати асил дар ин муносибат зоҳир мешавад.

Дар рафти тамошо аз симои ботинии Аҳмади Дониш маълум мегардад, ки дар вақти иҷрои нақш зебоӣ ва зебопарастии қаҳрамонашро кушодааст. Ӯ дар саҳнаҳои лирикӣ лирикаи қаҳрамонашро ба драма омехта карда, Аҳмади Донишро қаҳрамони лирикию драмавӣ тасвир менамояд.

Дар филм ҳунар ва истеъдоди бойи Ато Муҳаммадҷоновро бояд қайд намуд. Ӯ актёри бомаҳорат ва хушзавқ буда, образи Амир Музаффаррро бо сабки тозаи ба худ хос рӯи навор овард. Чеҳраи ин актёри маъруф ба тамошобин бо образҳои офаридааш дар кино ва театр шинос аст. Дар филми «Ситораи шабистон» Ато Муҳаммадҷонов образи Амир Музаффарро шахси ботаккабур, худхоҳ ва дур аз фарҳанг тасвир кардааст. Ҳатто Музаффари Ато Муҳаммадҷонов аз ҳеҷ гуна қабоҳату разолат рӯй намегардонад. Ӯ ба  намояндагони пешқадам, ки ободӣ ва озодии кишвар ва халқро меҷӯянд, ба чашми нафрат менигарад. Ӯ лаҳзаҳои вохӯрӣ бо Аҳмади Дониш бештар ба фикр фурӯ меравад ва бо баҳонаю найранг ақидаи худро пеш меорад. Баъди он ки Дониш аз Русия бармегардад, амир кӯшиш мекунад, ки аз ақидаҳои пешниҳодкардааш даст кашад. Ӯ дар ин саҳна бо киноя бо Дониш сӯҳбат мекунад.

Аммо Дониш ба ин носозгориҳо нигоҳ накарда, масъала мегузорад. Ва мегӯяд, ки ҳукуматдорон бояд додвару боинсоф бошанд. Мамлакатро аз рӯи илм ва бо ахлоқи нек идора кунанд, кулфату муносибатҳо наоваранд. Беҳтарин дастовардҳои илму фарҳангро қабул намоянд, тартибу низоми давлатдорӣ ва сиёсиро аз дигарон омӯзанд ва ҷорӣ намоянд. Музаффар бошад, ба гуфтаҳои Дониш эътибор намедиҳад, сари худро хам карда ба сукут фурӯ меравад.

Дар филм мусиқӣ ҷолиби диққат аст. Он ба қалами бастакорони машҳури тоҷик Ш. Сайфиддинов тааллуқ дорад, бастакор кӯшиш намудааст, ки дар вақти эҷод кардани мусиқӣ аз мақсади таҳиягар дур нашавад.

Чунки мусиқӣ дар кино ва театр яке аз шохаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Таҳиягар мусиқиро барои равшан ифода кардани мақсади қаҳрамон ва ё аз як саҳна ба саҳнаи дигар гузаштан ва барои пайваст кардани саҳнаҳо ва ё барои пурра кардани ҳолати қаҳрамонҳо истифода мебарад.

Таҳиягари филм созу навои тоҷикиро ба саҳнаҳо гардонида, онро барои шиддатнокии муҳокима ва ба маънии сухан тобеъ кардааст, савти классикӣ, аврупоӣ, русӣ пайванди амиқ доранд.

Дар вақти тамошои филм нақши дигаре, ки диққатро ҷалб мекунад, ин нақши Абулқосими сафир аст, ки муаллифони сенария Р. Ҳодизода ва В. Максименко муқобили Аҳмади Дониш гузаштаанд. Боиси ифтихор аст, ки Артисти Халқии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов нақши Абулқосими сафирро бо тамоми ҷанбаҳояш дар назди тамошобин кушодааст. Дар ҳақиқат, саҳнаҳое, ки Қосимов ҳунарнамоӣ мекунад, тамошобоб буда, хислати ӯ равшан ба назар мерасад.

Қаҳрамони Қосимов дар экран шахси ҷоҳил, пастфитрат буда, дунёи ботинии ӯ мисли амир ва дарбориёнаш тира, зоҳираш аз ботинаш дарак медиҳад. Дар филм манзара ва ёдгориҳои Бухоро ва Петербург оқилона, мувофиқи мазмуни порчаҳо, ба навор гирифта шудаанд, ки ин ёдгориҳои Бухоро тамошобинро ба муҳити ҳамон давр мебарад. Манзараҳо ба идеяи коргардон кӯмак намуда, рангубори филмро бойтар кардаанд. Дар саҳнаҳое, ки табиат сабт гардидааст, зебо ва реалистона ба чашм мерасаду барои кушодани мақсади асосии коргардон кӯмак менамояд ва мазмуни саҳнаҳоро пурра гардонда, ба тамошобин ҳаловат мебахшад.

Аз рафти сюжети филм маълум мегардад, ки идеяи коргардонро Маҳмудҷон Воҳидов хуб ҳазм намудааст, баъди сафар аз симои Аҳмади Маҳмудҷон маълум мешавад, ки ба вай Петербург таассуроти амиқ бахшида, ҷаҳонбинии ӯро васеъ кардааст. То ба анҷом расидани филм тамошобин ҳис мекунад, ки муборизаи Аҳмади Дониши Маҳмудҷон Воҳидов ба сохти фарсудаи аморати Бухоро равона шудааст. Муносибат ва рафтору гуфтори қаҳрамон аз ин хусус гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҳақиқат, Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидов ботинан тағйир меёбаду шавқу завқ ва майлу эҳтиром  нисбат ба мардум, ба фарҳанг дар дилаш фаввора зада дар чашмонаш медурахшад. Коргардон Абдусалом Раҳимов ва ҳунарпеша Маҳмудҷон Воҳидов тавонистаанд бо образи Аҳмади Дониш, зиндагии сахти аморати Бухоро, ҷаҳолат ва разолати онро нишон диҳанд.

Дар яке аз саҳнаҳо Аҳмади Дониши Маҳмудҷон Воҳидов танҳо сайр мекунад, аммо рӯҳафтода ва хаста наменамояд, агарчи худро дар ҷамъияти зулмбунёд ва ҷаҳолатпарвар танҳо мебинад, таъқибу фитнаагезиҳои душман иродаи матини ӯро шикаста натавонист.

Аз чашмони Аҳмади Маҳмудҷон Воҳидов дар экран равшан маълум мешавад, ки ӯ пешбарандаи афкори пешқадами сиёсиву иҷтимоист. Ақидаҳои маорифпарварии ӯ дар саҳна тоза баён ёфтаанд. Андешаҳояш дар саҳна маълум менамояд, ки нуқсону иллатҳои ҷамъияти замонашро ислоҳ кардан мехоҳад.

Ба андешаи мо, доираи муҳити адабию илмии он давра, ки  Аҳмади Дониш тарбия ёфта буд, норавшан мондааст. Агар муаллиф як-ду маҷлиси илмию адабии он давраро пешкаш мекард ва мавқеи Аҳмади Донишро баланд мебардошт, дар филм бадеият ва банду басти воқеаҳо нишонрастар ва ҷолибтар ба назар мерасид.

Қатъи назар аз ин камбудиҳо, филми «Ситораи шабистони Бухоро» яке аз филмҳои беҳтарини асри ХХ ба шумор меравад, ки симои бузурги гузаштагони халқи тоҷикро зинда карда, дар дили там ошобин ифтихору сарбаландӣ бедор мекунад. Ситораи шабистони аморати Бухорои тор Аҳмади Дониш симои барҷастаи замони худ буда, дурахши нури онро дар иҷрои Маҳмудҷон Воҳидов дидан мумкин аст. Ҳаққо, ки бузургонро бузургон зинда медоранд.

Рустам ВОҲИДӢ, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,

дотсенти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода,

мудири кафедраи Режиссура ва продюсерӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь