Дар урфият “оби дари хона лой” мегӯянд. Мо Ҳошим Гадоро бузургманишу пурҳарф гуфта, писанд намекунем, аз ҷумла, худи ман ҳам баъзан аз ӯ мегурехтам. Чунки бо ӯ бисёр вохӯрдаем, зоҳиран аз худи мо фарқе надорад, ҳатто либосашу портфели кӯҳнааш. Вале вақте ки ман драмаи Ҳамлетро дар ватанаш ва бо забони модариаш тамошо кардам, дар тааҷҷуб беҳунарии амрикоиҳо Ҳошим Гадо ва Ҳамлети ӯро азимтарин саҳнаву бузургтарин актёр ҷилва дод. Ҳошим Гадо ҳамчун актёр ҳазор бор аз актёрони амрикоӣ боло аст.

Бозор Собир

Ҳошими ҷон!

Эдип падиди маънавияти Шумост! Шумо писари маънавии миллатед. Ҳарду баробар бузурганд!

 Гулрухсор

«Санъаткори бузурги халқи тоҷик Ҳошим Гадоевро бо рӯзи камолоти эҷодияшон, бо 50-умин солгарди умрашон, бо сарвари ҳақиқии санъати театрии нимаи дуюми асри XX гардиданашон (дар нимаи якуми асри XX чунин сарвари бемислу монанд Қосимов буд) аз самими қалб табрик мегӯям.

Олим ва санъаткори ҳақиқӣ шудан ғайратнокии олӣ, меҳнатдӯстии ҷонкоҳ, истеъдоду маърифатнокии баландтарин, садоқатмандии барҷастатарин ба касбу ҳунари худ, худқурбонкунӣ, қашшоқӣ, гуруснагӣ, эҳтиёҷмандӣ ба як бурда нон, ба либоси одӣ, бехонагии диагениро талаб мекунад.

Дар ҳама замонҳо, аз ҷумла дар даврони мо (гумон мекунам дар оянда ҳам) олим ва санъаткори боистеъдодтарин, эҷодкори бузурге ба мисли шумо дар зиндагии ҷории худ ҳеҷ гоҳ рӯзи некро, он тавре ки беистеъдодон, тамаллуқкорон, ғаммозон, хешу табордорон мебинанд, дида наметавонанд.

Дар санъати тоҷик шумо мактаби бузурги худро ба вуҷуд овардед, ки он аз як тараф давоми мантиқии таҷрибаи на он қадар бои Театри академӣ – драмавии ба номи Лоҳутӣ бошад, аз тарафи дигар, Москва театрҳои оламшумули он ва таълим аз сарварони донишкадаҳои  театрии он дар шаклофарии мактабатон мадади ниҳоят калон расониданд. Шумо аз он зумраи санъаткорони нави тоҷик ҳастед, ки доимо дар ҷустуҷӯ ва такомули услуб ва равияҳои нав ва тоза мебошед. «Ҷӯянда ёбанда аст» мегӯед ва ҳама вақт «девонавор» кофтукоби образ, характер, симо, либос, декоратсия, равшанӣ, мусиқӣ, овоз, оҳанг, ҳаракат, имову ишора, нигоҳу назар, сукут, хулоса одаму одамгариро давом медиҳед. «Девонагӣ»-и шумо ба ҳақир бисёр ва бисёр маъқул аст, чунки он ҷоҳу мансаб, рутбаю мартаба, қасру  кӯшк, дачаю истироҳатгоҳатон эҳдо намекунад.

Аз шумо ба мисли ягон-ягон артисти зӯракӣ Артисти Халқӣ насохтаанд. Шумо, Ҳошим Гадоеви азиз, мағз андар мағзатон, ақлу дилатон, рӯҳу эҳтиросатон, шууру тафаккуратон, буду шудатон барои Театр ва Кино ба олами вуҷуд омадаед».

  Соҳиб Табаров, узви

   вобастаи

     АИ  Тоҷикистон,

      ш.Душанбе, с. 1987.

“Ҳангоми тамошои «Ҷавонии Сино» (ин асар ба забони русӣ дар театри ба номи В.Маяковский ба саҳна гузошта шуда буд–ред.) бори аввал фаромӯш кардам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо роли Синоро мебозад. Синои ӯ гӯё Синои ҳақиқӣ ва зинда аст».

Сотим Улугзода, нависанда

«Анҷумани дуввум ва дусолагии Истиқлолияти Тоҷикистон шуда гузашт. Дар ин чорабиниҳо қариб аз 40 мамлакат вакилон иштирок доштанд. Дар қаторе, ки ман менишастам, гурӯҳи меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Фаронса, Ингилистон, Олмон, Амрико, Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра менишастанд. Дар тарафи дасти рости ман журналисти машҳури Фаронса хонум Мино, профессор Маҳмуди Буруҷардӣ аз Эрон менишастанд ва афсӯс номи дигар меҳмононро ёдоварӣ карда наметавонам. Ҳушу ёди ҳама ба сӯи саҳна, ба намоиши «Эдип» равона буд. Дар лаҳзае, ки чӯпон меояд ва изҳор мекунад, ки «ҳамсари ту  модарат аст ва фарзандонат бародарону  хоҳаронат ҳастанд ва худат шавҳари  модарат ҳастӣ», зери чашм дидам, ки меҳмонон ашк мерехтанд ва бо гиряи онҳо ман ҳам гиристам. Ё худ дар саҳнае, ки аз малика чӣ рақам будани шоҳ Лайро пурсон мешавад ва қариб монда буд, ки хонум Мино фиғон кунад. Ӯ тарки толор кардан мехост, дод мезад ва худро дар ҳамаи нақлҳои малика медид ва хусусан, мусиқӣ ҷаззоб буд. Вақти тарки толор карданаш ман ӯро доштам, вале худам ҳам мегиристам. Бештар гиряи ман барои завқи пасти тамошобини имрӯзаи тоҷик буд. Дар ҳамин хел фоҷиа медидам, ки баъзе ҷавонон ханда мекарданд. Ва он имрӯз ба ёдам омад, ки боре ҳамроҳи ҳунарманди овозадори тоҷик Маҳмуди Воҳид сӯҳбат доштам, Маҳмуд ҳамеша гиря мекард. Вай маро “оғо” гуфта муроҷиат мекард. Боре баъди тамошои “театри як актёр” аз эҷодиёти Хоҷа Ҳофиз, ман ба саҳна баромада табрикаш намудам ва Маҳмуд ба ман рӯй оварда гуфт, ки тамошобини имрӯзаро чӣ баҳо медиҳӣ?

Ва ман ҷавобаш додам: “Калимаи носеҳро носкаш мефаҳманд” ва Маҳмуд гирист…

Баъди анҷоми намоиши «Эдип» ман ба саҳна баромада ҳунарманди мардумӣ Ҳошим Гадоевро бо оби чашм табрик гуфтам. Ва тамошобинон ба ваҷд омада кафкӯбии дуру дароз карданд. Хулоса, ман аз Маҳмуди Буруҷардӣ ва хонум Мино пурсон шудам, ки ба ин ҳунарманд чӣ баҳо медиҳед? Онҳо изҳор карданд, ки мо дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон будем ва намоишҳои классикаи ҷаҳониро тамошо кардем. Ин хел ҳунарманди ҷозибанокро, нобиғаро бори нахуст дидем ва тамошо кардем. Ҳунарманд Ҳошим Гадоев, мо қатъиян хаёл кардем, ки дар саҳна қурбон шуд. Ва сад шукр, ки баъди якчанд лаҳза боз ба истиқболи тамошобинон баромад. Ва мо шукр гуфтем, ки ӯ зинда аст. Ва иншооллоҳ, то дер боз ин кайфият аз ёди мо берун намеравад. Аз Худои муттаол илтиҷо мекунем, ки солҳои сол ин ҳунарманди барҷаста соқу саломат бошад. Хоҳиш карданд, ки ҳамин эҳсосоти моро ба Ҳошим Гадо расонед. Ва ман бо як дилгармӣ хоҳиши онҳоро қабул намудам ва иҷро мекунам. Хонум Мино дар сӯҳбати хоса ба ман боз хотиррасон кард, ки минбаъд ба кадом кишвари дигаре сафар накунад, дар бораи ин ҳунарманди нобиға ва нотакрор қисса хоҳад кард».

   Одина Ҳошим, Ҳофизи

    мардумӣ, дорандаи ҷоизаи

    ба номи Рӯдакӣ, сентябри

    с. 1993.

«Офарида шудани образи Дон Жуан дар эҷодиёти артист Ҳошим Гадоев, ки қабл аз ин Тарталия, Фердинанд, Содиқ, Ҳоҷӣ Нӯъмон барин образҳои мураккабро иҷро карда буд, марҳилаи нав аст».

Аълохон Афсаҳзод «Зиндагӣ дар саҳна», «Ирфон», 1984.

«Ман асари худ «Шаби гирифтани моҳ»-ро аз саҳнаҳои бисёр театрҳо тамошо кардаам. Аммо образи Девона, ки Ҳошим Гадо офаридааст, аз беҳтаринҳост».

Мустай Карим, адиб

«Ҳар муаллим, агар дилаш сӯзад, коре мекунад. Ҳошим Гадо аз шумори ҳамин хел муаллимҳост. Мисолаш ҳамин этюди хурдакак, чӣ қадар фантазия… Ман ин бор ҳам аз эҷоди Ҳошим Гадо ҳайратзадаам. Асар дар ҳақиқат дархӯри замони мост».

 Низом Нурҷонов (Дар бораи таҳияи «Тӯда»

дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба

 номи Турсунзода),  «Ҷумҳурият», 27 августи  соли 1993.

 «Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар МХАТ Михаил Чеховро, дар Театри Хурди Маскав Остужевро, ҳамчунин актёрони машҳурро дар саҳнаи Инглистон бо шавқ тамошо кардаам. Вале ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадаам, мутаассир нагашта будам. Ман ба сифати санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам».

Соро ЭШОНТӮРАЕВА,

Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь