Аз 15 то 19 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи кинои тоҷик Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” доир мегардад. Ҳамзамон, ба ифтихори аввалин коргардони кинои тоҷик Комил Ёрматов ин ҷашнвораи байналмилалӣ бахшида мешавад, ки аз рӯи маълумоте, ки роҳбари “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ба мо ироа кард, бахшида ба ин фарзонафарзанди миллат бо иштироки киношиносони хориҷиву ватанӣ мизи мудаввар доир мегардад.

Чӣ тавре, ки Маҳмадсаид Шоҳиён ба суоли ин ки то оғоз ҷашнвораи байналмилалӣ рӯзҳои ба шумор мондааст ва омодагӣ дар кадом сатҳ аст, чунин посух дод:

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо дастгирӣ ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 03.05.2023, №14888 (26)   дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027,  бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе   Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон”-ро   баргузор менамояд.

Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” дар асоси  банди 2.2 Протоколи маҷлиси Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Кумитаи тадорукот таъсис дода шуд. Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” тасдиқ ва аз ҳисоби мутахассиони касбӣ гурӯҳи эҷодӣ таъсис дода шуда, корҳои омодагӣ идома доранд.

Ба қавли роҳбари “Тоҷикфилм” ҳадаф аз ин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ пеш аз ҳама, дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу  тамаддуни  тоҷикон, шаҳри гулҳо – Душанбе ба ҳисоб меравад.

Чӣ тавре, ки иттило дода шуд, филмҳо барои озмунҳои Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” интихоб гардиданд.

Дар робита ба баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» бо дарназардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ  дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Комиссияи интихоби филмҳо дар ҳайати Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», раиси Комиссияи интихоби филмҳо;

Аъзоён:

Ғайбуллозода Толиб, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»; Сӯфизода Шодимуҳаммад, директори китобхонаи ба номи Индира Гандии АМИТ; Заур Дахте, наворбардор; Абдурофеъ Рабизода, филмноманавис; Маҳмадулло Табаров, киношинос; Тилло Некқадамов, киношинос; Зоҳир Сайфулло, киношинос… Назар Назаров, сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», котиб таъсис ёфта, дар муддати як моҳ филмҳои пешниҳодшуда аз кишварҳои Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Маҷористон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Канада, Туркия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Беларус, Молдова, Фаронса ва  Тоҷикистонро барои озмунҳои Синамоҷашнвора мавриди баррасӣ  қарор доданд. Ҳамин тавр, аз миёни 200 дархости пешниҳодшуда 75 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 9 филми ҳунарии кутоҳ барои иштирок ва рақобат дар  озмунҳои Синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд.

Барои баҳодиҳӣ ва муайян намудан ғолибон Ҳакамони байналмилалӣ даъват карда мешаванд. Ҳакамони байналмилалии Синамоҷашнвора аз ду гурӯҳ: ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва  кӯтоҳ  иборат буда,  бо қарори Кумитаи тадорукот дар ҳайати муътабартарин филмсозон, муннақидон, пажуҳишгарони фарҳанги  синамоӣ  ва намояндагони санъати синамо таъсис дода мешавад. Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва филмҳои кӯтоҳ 3 нафар  ҷалб карда мешаванд.

Ҳакамони озуни филмҳои ҳунарии пурра: Алӣ Ҳамроев (Ӯзбекистон, Русия, Италия); Умеш Меҳра (Ҳиндустон); Саноат Азизова (Тоҷикистон); Маҳдӣ Фард Қадирӣ (Эрон); Шекеров Бекбулат (Қазоқистон).

Ҳакамони озуни филмҳои ҳунарии кутоҳ: Телнов А.Н.(Русия); Полякова В. (Беларус); Табаров М. (Тоҷикистон); Матчанов М. (Ӯзбекистон).

Гуфта мешавад, ки дар ин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ  ҷиҳати муаррифии  санъати  кино ва соҳаи фарҳанги кишварҳои иштирокчӣ ва бо мақсади дар сатҳи баланд ва пуршукӯҳ баргузор гардидани Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” синамогарони маъруф, санъаткорон, коргардон ва ҳунарпешаҳои маъруфи кино ба ин  чорабинии байналмилалии синамоӣ аз кишварҳои Осиё ва Аврупо даъват  карда шуда, ар ин самт омодагиҳо идома доранд.

Дар бораи ҷоизаҳои Синамоҷашнвора чунонки гуфта шуд: 1. Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ; 2. Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон”; 3. Ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор”; 4. Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”; 5. Ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”; 6. Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ”; 7. “Ҷоизаи махсуси ҳакамон”; 8.”Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин”.

Ҳамзамон, Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография”, таъсис дода шудааст.

Таҳияи Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь