Чи хеле, ки шоҳид будем дар кишварамон ҳафтаи синамоӣ бо иштироки ҳунармандон, коргардонҳо ва роҳбарони киностудияҳои чанде аз кишварҳои Осиё ва дунё шуда гузашт. Маҳмадсаид Шоҳиён роҳбари Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ки пешбарандаи ин чорабинии муҳими фарҳангӣ буд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти унвони “Синамоҷашнвораи якуми Байналмилалии Душанбе -“Тоҷи Сомон” дар сатҳи баланд баргузор намуд. Ҷашнвора ба 120-солагии аввалин ҳунарманд ва поягузори синамои миллии тоҷик, Ҳунарманди мардумии СССР Комил Ёрматов бахшида шуда ва ҳамчунин ба ин муносибат ҳамоише ҳам баргузор гардидаву китоби навиштааш “Бозгашт”-ро дубора чоп ва ҳадяи идонае намуданд. Дар синамоҷашнвора меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Арманистон ва ғайра иштирок доштанд. Дар ҷашнвора аз байни 200 дархости пешниҳодшуда 70 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 18 филми ҳунарии пурра ва 8 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмун сазовор дониста шуда буд. Маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии ҷашнвора дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи баланди ҳунарӣ бо сабту аксгириҳои хотиравӣ баргузор гардид. Тамошои филмҳо ҳамарӯза дар кинотолорҳои Кохи Наврӯз, Кайҳон-Ашан, Сиёма-мол, Зебуннисо ва Ватан пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Меҳмонҳо бошанд аз Душанбе-шаҳр, шаҳри Ҳисор, шаҳри Турсунзода, шаҳри Норак ва шаҳри Ваҳдату дараи Ромит дидан намуда, мафтуни табиати дилфиреби Тоҷикистон ва анъанаҳои мардумӣ гардида, ҳамчунин дар суҳбатҳояшон ин ҳамаро гуфта гузаштанд. Яъне тайи панҷ рӯз Душанбе-шаҳр фазои хуби идонаи синамоӣ дошту меҳмонҳо рӯҳбаланд ва тамошобинону иштирокдорон ҳамагӣ шоду масрур. Ниҳоят шоми 19-ум маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ сурат гирифт. Барои баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон ҳакамони байналмилалӣ даъват шуда буданд, ки наминатсияҳо иборат буд аз:

“Шоҳҷоиза” барои беҳтарин филм; Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон”;

Ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор”; Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”; Ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”; Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ-кӯтоҳ”; Ҷоизаи махсуси ҳакамон; Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография”.

Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография” муносиб дониста шуд ба Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Гурдофарид Сайрам Исоева. “Шоҳҷоиза”-и ҷашнвора бошад ба филми ҳунарии “Роҳ”-и коргардон Носир Саидов ва Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” ба филми “Додараки фариштаҳо”-и Умедшоҳи Мирзоширин насиб дониста шуду боқимондаи наминатсияҳо ба филмҳои дигарон насиб гардид… Ба ташкилкунандаҳои ин ҷашнвора, ки тантанаи хуби синамоиро барои сокинони пойтахт ҳадя намудаву дар ин миён аз дидани чандин филмҳои хуби ҷаҳонӣ баҳравар гардиданд ҷаҳони сипос ва бо умеди давомёбии ин кори НЕК…

Ба поси хотири роҳкушоиҳои соҳаи синамои тоҷик.

Абдураҳим Ҳоҷибоев – Раиси Совети Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон баъди 16-уми октябри соли 1929 Раиси Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон интихоб шуд (1929-1933).

Қарор оиди пурзӯр кардани муассисаҳои маориф ва маданият дар ҷумҳурӣ:

  1. Шурӯъ кардани шӯъбаи Кинои тоҷик дар назди Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон
  2. Ба шӯъбаи Кинои тоҷик вазифадор карда шавад, ки то моҳи октябри соли 1929 бюрои фото-кино ташкил карда кинохроникаю филмҳои маданӣ тайёр намоянд.
  3. Ба Комиссариати халқии маориф супориш дода шавад, ки ба шӯъбаи Кинои тоҷик биное бунёд намоянд.
  4. Ба кормандони шӯъбаи кино В.В.Кузин, А.Шевич, Н.Гезулин супориш дода шавад, ки расми кушодани роҳи оҳани Душанбе-Термиз, Съезди 3-юми фавқулодаи ШКХ Тоҷикистонро сабт намоянд.
  5. Ба рафиқон Махалов, Анваров, Дадобоев ва Нисор Муҳаммад супориш дода шавад барои харидани киноаппарат, ҷойи хоб ва музди меҳнати коргарон мусоидат намоянд.
  6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба КМ ВКП ва Бюрои Осиёи миёнагии КМ ВКП пешниҳод карда шавад.

ШКХ рафиқ Ҳоҷибоев,

23-юми марти соли 1929

Ёди фарзанди фарзона ва ҷонфидои меҳан Абдураҳим Ҳоҷибоев, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Комил Ёрматов, Барис Кимёгаров, Тоҳир Собиров ва ғ. барои ҳамешагӣ гиромӣ бод!

Тоҳири НАЗАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь