Театр ва шинохти ҳунарманди театр, бархӯрдорӣ аз адабиёту санъат фарҳанги фардии ҳар як инсонро баланд бардошта, ӯро дар ҷомеа ашхоси фарҳангӣ мегардонад. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо муассисаҳои фарҳангии театрҳои касбӣ фаъолият мекунанд, ки бо ба саҳна гузоштани асарҳои баландмазмун мардумро ба роҳи рости ҳаёт талқин менамояд.

Пас, баҳо додан ба ҳунари ҳунармандони театру синамо аз он сарчашма мегирад, ки то чӣ андоза нақшҳои офаридаашон ба ҳиссу дарки тамошобин таъсир мерасонад ва мавриди писанди онҳо қарор мегирад. Дар саҳнаи театр ҳунармандони зиёде фаъолият менамоянд, ки ҳунари баланди онҳо марзи театрро убур карда ба майдони синамо доман паҳн намудааст. Лекин дар ҳар ду ҳолат рисолати ҳунарманд ба як самт нигаронида шудааст, ки ин ҳам бошад тарбияи насли наврасу ҷавон аст. Агар ба таърихи намоишномаҳои театру синамо назар афканем, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова пеши назар падидор мегардад. Ин намо дар симои зоҳирии зан-модари тоҷик, ки дар ботини хеш сабру таҳаммул, некӣ ва накӯкориро қарор дода, ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғиб менамояд, зуҳур меёбад. Театр воситаи тарбияи маънавии ҳар як шахс дар ҷомеа ба шумор меравад, ки дар он меҳнати шабонарӯзӣ ва қурбонии ҳунарманд дар касби худ дида мешавад.

Театру синамо ҳамчун воситаи тарбияи насли инсоният аз қадим пайдо шуда, дар ҳар марҳилаи рушди он рӯи саҳна ва майдони синамо  ҳунармандоне нақшофарӣ кардаанд, ки новобаста ба гузашти солҳо имрӯзҳо аз тамошои ҳунари онҳо баҳравар мегардем, андеша меронем, муҳокима мекунем ва ба чунин хулоса меоем, актёри театру синамо касе шуда метавонад, ки маҳорати баланд ва завқи беандоза ба касби худ дошта бошад. Мактаби ҳунарӣ дар самти таёр кардани актёрҳои касбӣ, агарчи беш аз як аср фаъолият дошта бошанд ҳам, лекин ҳунари касби актёрӣ дар мактаби тоҷик заминаи чуқуртар дорад, яъне дар саҳнаи театру синамои тоҷик «гулҳои худрӯй» рӯида гулбоғи театрро шукуфону муаттар сохтаанд. Мушаррафа Қосимова аз шумори он занони  ҳунарманди театр ва кино мебошад, ки бо ҷаззобияти нақшофарӣ дар дили мардуми тоҷик ҷой гирифтааст.

М. Қосимова дар фаъолияти беш аз нимасраи худ дар театр ва синамо нақшҳои асосӣ ва эпизодиро хеле барҷаста бозидааст. Драматургия дар театр аз мавзӯъҳои ҷовидона аст, ки Мушараффа Қосимова ба воситаи нақшҳои офаридааш дар ботини ҷавонон тарзи муносибат, рафтору гуфтор, зебоӣ, муҳаббат ба диёр, эҳтироми ҳамдигар, эҳтироми падару модар, покӣ ва садоқатмандӣ, баландҳимматӣ, ҷавонмардӣ , фидокорӣ, нексириштию накукорӣ, ҳисси ифтихори миллиро бедор сохта онҳоро  дар рӯҳияии хештаншиносӣ тарбия менамояд.

М. Қосимова 19 декабри соли 1918 ба дунё омадааст. Аз оинаи таърих зиндагиномаи ин зани ҳунарпеша барои ҳамагон маълум аст, зеро дар он замон ҳодисаю воқеаҳои баамаломада дар Тоҷикистон таъсири худро ба ҳаёту зиндагии ӯ расонда буд. Бо камол ёфтани Мушаррафа Қосимова саҳнаи театру синамои тоҷик авҷи дигар гирифт. «Аввалин нақши ӯ Ассия аз намоишномаи «Оршин-мол-олон» буд. Нақши Мария Антоновнаро аз намоишномаи «Муфаттиш»-и Гогол бозид, ки дар аввал барояш душвор буд. Охир, ӯ дар зиндагӣ як шахси тамоман дигар аст. Ин қадар нозу карашма ва хислатҳои зишту қабеҳро чӣ тавр дар ниҳоди худ ҷой кунонад. Муҳаммадҷон Қосимов устоди саҳнаи тоҷик ҳам борҳо ӯро таъкид мекард: “Дар саҳна ончунон бозӣ кардан даркор, ки худи зиндагӣ бошад”. Ҳамин таъкид роҳнамои кори эҷодиаш дар тамоми умр гардид. Дигар, вақте ки ба саҳна мебаромад, тасаввур мекард, ки байни мову тамошобин як қадам роҳ аст. Ба ин минвол, нақшҳои асосию таъсирнокро ӯ ба иҷро мерасонд.

Соли 1989 дар таърихи санъати театри тоҷик Театри анъанаҳои миллии тоҷик «Гаҳвора» ба фаъолияти худ оғоз бахшид, ки ба он санъатшинос Малика Ҷӯрабекова асос гузошта, онро роҳбарӣ мекард. Дар аввалин намоиши театри «Гаҳвора», ба қавли муҳаққиқон, «М. Ҷӯрабекова барои санъати қадимаи ниёгонамонро бо тамоми нозукиҳояш ба мардум пешкаш намудан, меҳнати зиёде  кардааст. Махсусан, суруди «Алла», ки дар иҷрои Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова иҷро шуд, писанди мардум гардид». Мушаррафа Қосимова дар намоишномаи С. Улуғзода «Гавҳари шабчароғ» нақши яке аз занҳои соддаи хонашинро хеле хуб иҷро кардааст. Симои зоҳирии ин зани фарҳангӣ гӯё барои театр офарида шуда бошад. Ҳунармандоне, ки бо ӯ шиносоӣ ва ҳамкорӣ доштанд, хотираҳои худро ёдовар гардида, гуфтаҳои моро тақвият мебахшиданд.

«Ман дар саҳнаи театр нақши яке аз актрисаҳои машҳури гурҷӣ – Елена Гуриелиро аз намоишномаи «Ворисон»-и Чихаидзе мебозидам. Нақше, ки ман меофаридам, зани калонсол, мӯи сараш сафед буд. Чун ман ҷавон будам ва мӯи сари ман сиёҳ буд, пардозгар (гримёр) барои сафед кардани он заҳмати зиёд кашид, лекин ба мақсад мувофиқ намеомад. Лозим донистанд, ки аз мӯи сари Мушарраффа Қосимова барои ман парик (мӯи сари сунъӣ) тайёр кунанд. Ӯро розӣ кунондем ва Юра Губаненко, париксози театр аз мӯи он барои ман мӯи сари сунъӣ сохт ва бо он нақшро иҷро кардам. Нақш ҳам аз намуди зоҳирӣ ва ҳам ботинан хубу таъсирнок баромад. Симои зоҳирии Мушаррафа Қосимова табиатан барои нақши модар мувофиқ буд, аз ин рӯ, бештар ӯро барои бозидан нақши модарро медоданд. Он кас нақшро хуб бозӣ мекарданд, ки имрӯзҳо ҳам мухлисон аз он ёдовар мешаванд». Ин хотирае буд, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Раҷабгул Қосимова ба мо баён доштанд.

Мушаррафа Қосимова дар намоишномаи «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аввалин нақши «Модар»-ро бозидааст. Ин нақш барояш зиндагию дунёи рангини модаронро кашф намуд. Мушаррафа Қосимова дар фаъолияти ҳунарӣ-ҳирфаии худ зиёда аз 35 нақши модарро ба иҷро расонидааст, ки дар аксари онҳо модари мушфиқу меҳрубонро симоофарӣ кардааст. Ба ин тариқ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон М. Қосимова дар саҳнаи театр нақшҳои Латофат аз намоишномаи «Тӯй»-и С. Ғанӣ (соли 1958), Баҳор аз намоишномаи «Ҳаёт ва ишқ» -и Ф. Ансорӣ (соли 1958), Марианна аз намоишномаи «Қиссаҳои модар»-и М.Горкий (соли 1968), Модар аз намоишномаи «Беватан»-и С. Сафаров (соли 1970),  Бӯстонбибӣ аз намоишномаи «Модарони азиз»-и А. Қаҳоров (соли 1972), Булбул аз намоишномаи «Тарсончакҳо»-и Ғ. Абдулло, Ш.Қиёмов, М. Рабиев (соли 1978), Фармонбибӣ аз намоишномаи «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад (соли 1982) бозидааст. Дар ин нақшҳо симои ӯ тимсоли модари дилсӯзу мубориз ва ташнаи ҳаёт, барҳамзанандаи душвориву монеаҳои ҳаёт ва покдил таҷассум ёфтааст.

Мавриди таваҷҷуҳи махсуси мухлисони намоишномаҳои телевизионии солҳои 80-уми асри гузашта қарор гирифтани намоишномаи телевизионии «Дидор» аз рӯи асари Бобоҷони Икром, ки дар он Мушаррафа Қосимова нақши модар, Ҳотам Нуров нақши писар, Савринисо Сабзалиева нақши келин, Бурҳон Раҷабов, Ортиқ Қодиров, Латофат Барзӯева нақши ҳамсояҳоро иҷро мекарданд, дар он буд, ки ин спектакл аҳамияти хоссаи тарбиявӣ дошт ва аҳли ҷомеаро ба эҳтироми якдигар даъват менамуд. Мазмуни асосии намоишнома аз он иборат буд, ки модари танҳо фарзанди ягонаи худро тарбия намуда, соҳибкасб ва оиладор кардааст. Фарзанд барои адои вазифаи худ зиндагиашро дар шаҳр мегузаронад ва модари яккаю танҳояш дар деҳа мемонад. Муҳаббати самимии аҳли деҳа ва ҳасояҳо модарро ба зиндагии деҳот одат кунонда буд. Модар фарзандашро, ки Абдуҷабборҷон ном дошт, хеле пазмон мешавад. Бо гузашти солҳо фарзанд ба дидрбинии модар меояд. Модар ба пешвози фарзанд мебарояд, бо меҳру муҳаббат навозиш карда, сару рӯи ӯро силлазанон то ҳавлии худ меорад. Аз нӯшу неъмати дар бисоташ дошта ба пеши ӯ мегузорад ва ҳар лаҳза хоҳиш мекунад, ки аз таъомҳои пухтааш тановул кунад. Меҳри азалии фарзандӣ Абдуҷабборро намегузорад, ки модарро танҳо дар деҳа гузорад. Барои давоми умри худро дар иҳотаи келину набераҳояш гузаронидан, ӯро розӣ ва бовар мекунонад, ки ҳамроҳаш ба шаҳр назди келину набераҳояш равад, онҳо аз меҳмон шудани ӯ хушҳол мешаванд. Модар розӣ мешавад ва ҳамроҳи писараш ба шаҳр меравад. Дар шаҳр келинаш ба ӯ эътибор намедиҳад, ба меҳрубониҳои хушдоманаш дағалона муносибат мекунад. Модар бо баҳонаи пир шудани хумораш ва ёд кардани ҳамсояҳояш аз писараш хоҳиш мекунад, ки ӯро ба хонааш – ба деҳаи азизаш назди ҳамсояҳояш барад. Боре ҳам аз муносибати дурушти келинаш пеши писараш лаб намекушояд.

Писараш ӯро ба деҳа меорад ва модар аз молу матои дар сандуқ доштааш барои ҳамсояҳояш савғо мегирад. Ҳамсояҳои муштоқи дидор ба дидорбинии кампир меоянд. Кампир аз зиндагии писару келинаш таърифи зиёд карда, ба онҳо савғоҳои худро медиҳад. Ҳамсояҳо хушҳол мешаванд. Баъди ҳафтае модар бемор мешавад ва аз дунё мегузарад. Фарзандаш баъди ҳафтае воқиф гардида, ба хонашон меояд, ки дигар аз он суде нест.

Фаъолияти ин ҳунарпешаи бомаҳорат дар кинои тоҷик назаррас аст. Ӯ дар филмҳои бадеӣ ва бадеӣ- телевизионӣ «Дохунда» (соли 1956), «Дӯсти ман Наврӯзов» (соли 1957), «Нисо» (1966), «Одами даркорӣ» (соли 1967), «Хатти парвоз» (филми телевизионӣ, соли 1971), «Як ҳаёт кам аст» (соли 1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (соли 1980), «Муфаттиш ва ҷинояткор» (соли 1981), «Бозгашт» (1989), «Дарди ишқ» (соли 1989), «Ашк ва шамшер» ( силсилафилми 4-сериягии телевизионӣ, соли 1991), «Марди мутааллиқи ду зан» (соли 1991), «Фаришта» (соли 2010)» ҳунари худро санҷида, комёб гардидааст. Маҳорати баланди касбии ин ҳунарпеша фазои эҷодии ӯро васеъ гардонид ва ӯ дар филмҳои «Бачагии Насриддин» дар киностудияи ба номи М. Горкий (соли 1974), «Шикасти  афғон»  дар студияи  «Ленфилм» (соли 1990) низ даъват шуда, нақш офаридааст.

«Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таърихи адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад» ин суханронӣ, ки дар мулоқот бо занони мамлакат 7 марти соли 2007 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида буд, дар ҳаёти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова ба мушоҳида мерасад ва бо шахсияти ӯ алоқамандӣ дорад. Зеро ӯ дар баробари фаъолияти ҳунарпешагӣ тарбияи фарзандонро хуб ба роҳ монда, ба соҳаи фарҳанги тоҷик ва саҳани театр Мумтоз Усмонов, Фаррух Қосимов, Хуррам Қосимов, Сабоҳат Қосимова (келинаш), Фирдавс Қосимов (наберааш)-ро овард, ки имрӯз асарҳои басаҳнагузоштаи онҳо ва нақшҳои бозидаашон тарғибгари адабиёту санъати тоҷик гардидаанд.

Мо гуфта наметавонем, ки ҳами истеъдоди ин ҳунарпешаи мумтоз комилан истифода шуда бошад. Вале он нақшҳое, ки мо номбар кардем, нишон медиҳанд, ки Мушаррафа Қосимова дар радифи  беҳтарин ҳунарпешагони  Тоҷикистон қарор гирифтааст ва дар симои ӯ ҳар як тоҷикистонӣ модари меҳрубони худро дида ва мебинад.

Мутаассифона, фавти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова, ки 2 апрели соли 2019 ба вуқуъ пайваст, талафоти гароне дар соҳаи театри миллӣ буда, ҷомеаи театрӣ ва фаъолони мадании тоҷикро нигарон сохт. Аммо хотираи неки ин ҳунарманди зиндаёд ҳамеша бо мо хоҳад монд. Ин аст, ки зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Мушаррафа Қосимова намунаи ибрати инсони наҷиб, меҳрубон ва самимӣ буда, хотираи дурахшонаш дар дили ҳаводорони санъату ҳунари тоҷик абадан боқӣ мемонад.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

омӯзгори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь