Дар миёни кору зиндагӣ, тамринҳо дар театри Лоҳутӣ, дарс дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо ва дублаи филмҳо ва сабтҳои телевизиониву радиоӣ ва ғайраву ғайра, ки ҳамагӣ, то ҳадде, аз мутолиаву такрор кардан низ вобастаанд, ҳамчунин китобҳои ҷолиб бо дасти худи муаллифонаш ҳадя мешаванд ва гоҳ аз дӯкону бозор ҳам китобҳои ҷолиб харида мешаванд ва дар як гӯшаи мизи корӣ болои ҳам зам мегарданд, яъне интизор мешаванд, «кай моро мехонда бошад?», ман ҳам пайт мепоям, то фурсати муносиб пайдо карда, ин китобҳоро мутолиа бинмоям. Дар ин миён китобҳое низ ҳастанд: ҳамин, ки рӯи дастат биомад, туро бетоқат месозанд, даст аз ту барнадоранд, то даме ки хонда поёнашон наоварӣ.

Манзурам ҳамин, ки чанд китоби устод Рабизода ба дастам бирасид. Мисли собиқаҳо онҳоро бетоқатона варақ мезадам. Навиштаҳо пуропури маънӣ буданд, лаззатбахшу нотакрор. Калом пур аз таҳлил, пур аз ҳикмату натиҷагириҳои мӯъҷизабор. Фаразан китоби «Миллате мезист дар рӯи замин» бисёр пардаҳои торикро аз рӯзгори куҳан бардошта, онҳоро барои мо рӯшантар месозад. Аз мутолиа дармеёбӣ, парвозу уфтоданҳое, омаду ноомадҳое, фарозу нишебиҳое дар таърихи пурпечи миллати азизи мо зиёди зиёд буда. Миллати дар тӯли ҳазорон сол талхиву ширинии рӯзгорро зиёд чашида. Басо пораҳои мулкашро ва кишварашро аз даст дода, басо фарзандони наҷибашро бегонагон ба маҳв расонида. Ниҳоятан ба истиқлолияти деринтизор расида, инак ин миллати арҷманд. Ва истиқлолияти наврасидаро мисли гавҳараки чашм гиромӣ бидорад, бо баҳои ҷон дифоъгараш бишавад.

Қиссаҳо ва китоби «Миллате мезист дар рӯи замин» таъкидгари ҳамин шуда. Агар мо онро бихонем худро ва миллати худро бештар шиносем, вуҷудамон пур аз маъниву ифтихор бишавад. Рисолати ҳар китоб низ бояд инсонро ва дунёро ва миллатро шинохтан бошад.

Дар китоби дигараш бо номи «Се қиссаи таърихӣ» устод Рабизода ишора бад-он дорад: гӯяндаи нахустин фасонаҳои тамсилию ривоятии «Ҳазору як шаб», яқинан, реша дар муқаддамтарин шаҳристонҳои миллати мо дорад, шояд аз Саразми бостон бошад. Ва қиссаи нахусти ин китоб низ аз Шаҳрзоди афсонагӯ ривоят мекунад.

Қиссаи Куруши Кабир ва Томирисро низ муаллиф бо нигоҳу услуби тамоман наву ҷаззоб офарида, ки ин тураш гӯё то ҳол набуда.

Қиссаи севуми китоб аз ишқи пурисёну пуртӯфону пурпечи зани амир – Бибихонум бо меъмори мадрасасозаш нақш шудааст.

Баъди мутолиаи чунин китобҳо дилам хост тамос бигирам ҳамоно бо Рабизода бо сипосу шукри афзуне. Вале дастам нарафт, яъне ба худ гуфтам: ин кам бошад. Баъд гуфтам як паёмаки пур аз меҳру ихлос бинависам ва боз биандешидам: ин ҳам кам бошад.

Ниҳоятан ба қароре биомадам: муҳаббату ихлосамро боиси заҳматҳои пурмашаққати адиб дар эҷодгарӣ дар чанд саҳифаи сафед сабт бисозам.

Ба фикр фурӯ рафтаму симои азизи устодро пеши назар овардам ва ҳамоно суолҳо пешорӯям бархест: «Дар бораи Рабизода чӣ метавонӣ бинависӣ? Оё шахсияташро мешиносӣ? Агар аз ин зовия, бе китобҳою бе асарҳои нашр карда ва бе филмҳои рӯи навор овардааш сӯи шинохти шахсияташ биравӣ, мусаллам аст, устодро намешиносӣ. Тӯли солҳои ошноӣ дар кадом як маросими рӯнамо аз кадом асар, ё дар анҷоми кадом намоиши театрие ва дар кадом саҳну роҳравҳо бо ҳам гарму ҷӯшон салому дуруд гуфтаед, чанд ҷумла радду бадал кардаед, бо ҳамин устод аз пайи кору ташвиши худ рафта ва ту бошӣ аз пайи кору ташвиши худ шудаӣ…».

Чунин суолу андеша дар вуҷудам ба гардиш омада.

Пас ба худ гуфтам: охир ман устодро намешиносам! Бо устод сафари ҳунарие ба дохил ё буруни марз надоштам. Ботаассуф иқрор шавам, ки дар ҳеҷ як филмномаи он кас нақш наофаридаам. Ҳатто баҳси эҷодӣ ҳам миёни мо ба вуқӯъ нахеста, то шахсияти устодро аз ҷиҳатҳои дигар бишносам.

Ва боз андеша буду суолҳо. Суоле, ки магар эҷодгарро фақат дар сафар шиносанд? Магар худи эҷоди ҳар эҷодгар кофӣ нест барои шинохтану донистани вай? Магар китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» муаррифгари Абдурофеъ Рабизода ва нубуғи ӯ набошад?

Замони таълифу чоп шудани ин китоб ман мудири кафедраи маҳорати актёрии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон будам. Он солҳо дар дафтари мудири кафедра китобхонае арзи ҳастӣ карда, иборат аз асарҳои ба завқи ман вобаста. Шогирдон одат карда буда аз китобхона китоби дилхостаро гирифта, мутолиа намуда баргардонанд. Дар ин китобхонаи кӯчак зиёда аз панҷсад нусха китоб ҷамъоварӣ шуда. Китоби дӯстдоштании ҳамаи мо, албатта «Эҷод чист? Эҷодгар кист?»-и Абдурофеъ Рабизода гардида буд.

Дар он замон ба ҳайси мудири кафедраи маҳорати актёрӣ то ҷое, ки дастам мерасид, талош варзидам ин асар дастури таълимии донишҷӯён бигардад, яъне ба мисли китоби дарсӣ бишавад. Вале ба хоҳиши ман баъзе мартабадорҳои донишгоҳ монеъгарӣ ба миён овардан хоста, ҳарчанд китоб аз даст ба дасти донишҷӯён гузашта, бо варақҳои хӯрдаю порашудааш ҳанӯз содиқона хизмат мекарда ва асари аз ҳама писандидаи донишҷӯёни ҳунаромӯз шуда. Ҳоло низ чунин монда. Эй кош китоби дарсӣ, ё дастури таълимӣ гаштани чунин асари арзандаю шоиста имрӯз ҳам дубора такрор биёбад. Зеро чунин асар раҳнамои беҳтарин аст барои наврасону навҷавонон, ки рӯ ба ҳунари нафис меоваранд. Охир бачаҳо бо василаи ин асар дар рӯ ба рӯи нобиғаҳои башар ва умдатарин пораи рӯзгор ва осорашон қарор мегиранд, ки онҳоро Рабизода бо як тарзи аҷиб қаламкашӣ карда ва аҷибтараш он, ки барои аксари он сюжасозӣ карда, ки на ҳар пажӯҳишгар чунин тавонад. Ҷавонон бо ин китоб ба даргоҳи нобиғагон, паёмбарон, шоирону нависандагон, рассомону бастакорон ва сӯфиён ва олимон ва ҳатто бузургони ашрофу адён ворид мешаванд, аз он ҷо дасти тиҳӣ берун намеоянд, ки ин барои эҷоди ояндаашон басо зарур аст.

Чун ин тур китоб арзи ҳастӣ карда, барои ҳамагон азиз шуда, пас бояд муаллифашро мухлисон бишносанд ва ман низ бештар шинохтаам бо ҳамин васила. Гумони ғолиб аст, шинохтаам устоди дақиқандешаи ҳикматёрро. Ҳамин тур китоби дигараш «Миллате мезист дар рӯи замин» афзалиятҳои зиёд дорад ва моро барои мо ва миллатро барои ҳар якеамон мешиносонад. Яъне моро эҷодгари ватаншинос мегардонад.

Хуллас ҳамсафар будан кори бад нест, аммо вақте чунин китобро сари даст мегирию ба мутолиа шурӯъ мекунӣ, пеши назарат муаллиф бо ҳазор тобишу рангҳо ҷилванамо мешавад.

Устод ҳамон эҷодгаре бошанд, ки он касро ҳамчунин дарёфтаам аз китоби дигараш бо номи «Афсонаи бозор ва сари эҷодкор». Эҷодгаре, ки «ба сари андешае қарор гирифта: барои фурӯхтан ба бозори ҷаҳон чӣ бояд барорад. Балки ягон чиз барорад, ки ба колои дигарон шабеҳ набошад. Охир вай эҷодгар асту колои мебаровардааш нотакрор битобад бояд, нодир бошад бояд, оригиналӣ ҷилва кунад бояд, яъне аз матои дигарон фарқияти кулл дошта бошад.

Он эҷодгар, ниҳоятан, ба хулосае омада: аз сари пурилҳоми эҷодгар дида колои нодир ва нотакрор ва беҳамто набошад. Зеро мағзи сари эҷодгар истеъдод дорад, маҳорат дорад, ба ин мағз аз фалаки азим анвору илҳом мерасад, аз ин мағзи эҷодгар манша мегирад ҳар чизи беҳтарин, ки то ин ҳангом офаридааст башарият…».

Устодро аз миёни ҳамин қиссаҳои навиштаю чопкардаи худшон бештар пайдо мекардам, ки ба ҷуз ҳунар ва ба ҷуз эҷод чизи дигар надоранд, ки матои асосиашон ҳамон ва ба ҷуз сари эҷодгарӣ, колои дигар барои фурӯхтан надоранд…

Ва дар китобҳои дигари устод боз меояд: «Эҷодкорони бузург бадбахтони бузург ҳам будаанд» ё «асарҳои саодатовари бузурги беҳамторо офаридаанд аслан бадбахтони бузург, ки далелҳои таърих гувоҳанд».

Дарк кардам, устод барои саодатманд шудани дигарон фаъолият дорад, дарди ботин кашида, рӯи дунё зиндагӣ намуда ва талош варзида ва асосаш асарҳои арзанда пешкаши мо карда.

Пас устодро мешиносанд. Чунон ки ман шинохтаам. Ӯ ҳамонест, ки медонамаш ва медонанд ҳамагон. Ҳамонест, ки борҳо бо шикастҳо рӯ ба рӯ омада, ранҷҳои беҳад ва беҳади зиндагӣ аз сар гузаронида, маъноҳои зиндагиро амиқтар дарк намудаву дар синаи бирёни худ пазонида, ба дараҷаи ҳикмат расонида, пасон ба мо – ҳаводорони эҷод зоҳир намуда.

Яъне дар нигоштаҳои Рабизода ғайри муҳаббату самимият ғунҷида боз дили ҷароҳатдидаву лахт-лахти эҷодгаре, ки баъди садсолаҳо низ эҳсос мешавад.

Яъне дили устод андаруни нигоштаҳояш ниҳон асту ба ояндаҳои дур бирасад чунин.

Аз умқ ва ҳошияи китоби вай дарёфтаам ва шинохтаам, ки агар муаллиф дард намедошт, пас ин гуна асарҳои ҷолибро чи тур ба миён меовард?

Яъне Рабизода (Шераки Ориён) эҷодгарест, ки дар офаридаҳояш бо тадбиру рой бошад ва баробари ҳамаи ин, мисли ҳама эҷодгарони дигар барои кушодани мушкилиҳои рӯзгори хеш баъзан ҳайрон мемонад…

Асли ин ҳикматро аз китоби худи ӯ меоварем, ки ба ҳамаи эҷодгарон дахл дорад: «Аҷаб чорадону бечора аст эҷодгар. Эҷодгаре, ки дар нигоштаҳош садҳо қисмат меофарад, садҳо гиреҳро мекушояд, соҳибқисматро ба қуллаи баланди мақсуд мерасонад ва ин мушкилкушоӣ ва ин чораю тадбир намунаи ибрат мешавад барои хонанда ё бинанда ва ё сомеъ.

Вале эҷодгаре, ки дар офаридаҳояш бо тадбиру рой бошад, баъзан бечора аст дар зиндагӣ, бечора аст барои кушодани мушкилаҳои хеш, бечора аст барои кушодани одитарин гиреҳ. Бечора аст баъзан дар таъмини рӯзгори худ.

Хуллас, баъзан қисмати худро офарида наметавонад эҷодгари қисматофар, қисмати худро сохта наметавонад эҷодгари қисматсоз!

Чорадону бечора аст эҷодгар…».

Аз тарафи дигар шинохтам: вай эҷодгарест, ки дар нигоштаҳош ҷурму нуқсони худашро ислоҳ кардан мехоҳад. Яъне эҷодгарест, ки дар зиндагии гирдгардон «пажмурдагиҳои худро ба шукуфоӣ, побастагии худро ба растагӣ, сокитии худро ба парвоз, оҷизии худро ба тавоноӣ, ноумедии худро ба умед, нокомии худро ба комронӣ, ғуссаҳои худро ба фараҳ» бадал додан мехоҳаду метавонад. Ва нидояш чунин аст: «Пас асли маро аз эҷоду офаридаҳои ман дарёбед, чеҳраи ҳаққонии маро он ҷо бубинед, маро аз он ҷо, яъне аз эҷодиёти ман бишносед!…».

Ва ӯро чунин шинохтаам.

Ва устод ба эҷодгар тавсия медиҳад: «Чизе ба миён биовар ва ба тасвир бикаш, ки ақаллан аз як умри худат дарозтар умр бубинад».

«Аслан ҳамон фардро асил мешуморанд, ки сиёху сафедро ба халқ нишон дода тавонад».

Пас, устод, ман шуморо мешиносам! Амиқи амиқ мешиносам! Бо василаи китобҳои шумо бо шумо басо сафарҳо доштаам ба қаъру умқи таърих дар қиссаҳои «Ҳазору як шаб»-атон.

Ҳамроҳ қиссаҳои Шаҳрзодро шунидаем ману шумо.

Сари бе тани Курушро ҳамроҳи Томирис аз ташти пур аз хун рӯи каф гирифта, берун овардан хостаем.

Ҳамроҳ бо Бибихонум аз пайи ишқ шуда ба мавзеи Нимдона кӯч бастаем.

Бо шумо дар бару канори шумо калламанораҳои аз сари бобоёни мо сохтаи македониҳову арабҳо, муғулҳо, манғитиҳо ва русҳоро дидаем.

Сари буридаи Деваштичро бо шумо ҳамроҳ ба синаи худ пахш кардаем ва аз марги Мансури Ҳалоҷ, Ҳилолӣ, Абӯмуслими Хуросонӣ, Туғрали Нақибхон ва садхои дигар шеван бардоштаем.

Ҳамроҳи шумо дар муқаддамтарин шаҳри маъдангудозони ҷаҳон – Саразм зистаем ва аз Маликаи чорагари он ифтихор кардаем.

Яъне ҳамроҳ бо китобҳои шумо.

Ана чаро, навиштаҳои шумо, устод, бо забонҳои инглисӣ, русӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чиноӣ, ҳинду, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, олмонӣ, арманӣ, гурҷӣ, испаниву арабӣ, хуллас ҷамъулҷамъ бо зиёда аз чил забони хориҷӣ тарҷумаву нашр шуда ва ана барои чӣ ба шумо ҷоизаҳои байналхалқӣ насиб гардида.

Асарҳои зиёди шумо шиносномаи на танҳо шумо, ҳамчунин шиносномаи миллати ман шуда дар арсаҳои азимтаре, ки шумою ман баринҳо ва мову мо баринро шиносад олами кабир. Шиносад ҳамчу тоҷики тоҷдор.

Пас шуморо шиносем, устод! Зиёд мешиносем. Охир, шумо ҳамон эҷодгари огаҳ ҳастед, ки нигоштаҳотон пуропур бошад аз ватанхоҳӣ, вуҷудатон лабрез бошад аз меҳанпарастӣ, моломол бошад аз хуни пурифтихори ориёӣ. Ҳамин тавред шумо, устоди азизи мо Абдурофеъ рабизода, яъне Шераки Ориёно.

Ман шуморо мешиносам, устод. Ва гумон мекунам миллат ҳам шуморо пайваста хоҳад шинохт, дар нубуғи шумо як нубуғи дигари миллати худро хоҳад шинохт.

Акнун ҳамчу охирбаст меоварам пораи дигар аз навиштаҳои шуморо, ки аз фидокории шумо дар роҳи эҷоду эҷодгарӣ таъкидгар бошад. Дар он ҷо аз номи шумо меояд:

«Бубахш маро, ай зиндагӣ, ки зиндагиамро ба ту набахшидаму бахшидам бештару бештар ба роҳи эҷодгарӣ.

Бубахш, зиндагибахши дигар, модарам, ки дар батнат маро офаридиву ба дунёи рӯшан овардӣ, вале ман аз ту дур рафтам, ба дунёи эҷодгарӣ омехтам ва бештари вақт паҳлуи ту набудаму макон ихтиёр доштам паҳлуи авроқу қалам.

Бубахш маро, ёраки азизам, ки муҳаббатамро камтар нисор кардам барои ту, балки бештари онро нисор намудам баҳри эҷоду эҷодгарӣ.

Худамро ҳам нисор кардам ба эҷодгариву акнун чизе намонда барои худам.

Пас маро бубахш, умри азиз, охир туро, ки барои зиндагӣ кардани ман пешкаш шуда будӣ, нисор кардам ҳамагӣ ва ба пуррагии пуррагӣ ба эҷоду эҷодгарӣ…

Бахшида метавонанд магар ҳамагӣ маро?…

Бахшида метавонанд магар?

Хуллас ҳарчи доштам бахшидаву нисор кардам ба эҷоду эҷодгарӣ, вале худи эҷод умри ба ӯ бахшидаи маро магар давом дода метавонад? Умру талошу фидокориву муҳаббати маро, ки қариб ҳамаашро бахшидаам ба вай, ба эҷод. Ва умри маро давом дода метавонад магар маҳсули эҷодии ман, ки барои ба миён омадани он худро ба пуррагӣ нисор кардаам?…».

Натиҷагирӣ ҳамин, ки Рабизода ба ҳар ноомадҳояш низ эҷодгари баиқбол ҳаст. Ва худаш таъкид карда: «Ба ҳар ҳол то ҳадде ризомандам, ки ҳарчи доштам бахши эҷодгарӣ карда ва ба ивазаш чизе рӯида, ки пешкаши шумо шуда. Яъне пешкаши шумо шуда дар шакли асарҳою нигоштаҳою тасвираҳо ва орзуномаҳо ва дилномаҳо. Ва дар он ҳама зиндагии ман, дуоҳои модарам, муҳаббати дилбарам ва ҳама чизи покизаи дигару дигар, ки нисорашон кардаам, таҷассум ёфта ва шояд назаррабо шуданашон аз ин бошад… Ба ҳар ҳол ризомандам, ҳарчи доштам бахши эҷодгарӣ кардам, ба ивазаш чизе рӯида, ки пешкаши шумо шуда дар шакли асарҳою китобу андешаву тасвираҳо…».

Аммо ин ғановати тайёрро, ин ганҷи ройгонро мо ҳанӯз пурра қадр кардаем магар ва ин дорамиҳои таппа тайёрро ҳанӯз каф-каф гирифта барои дорамии худу фарҳанги худу маънавияти худ ва имрӯзу ояндаи худ мавриди истифода қарор додаем магар? Яъне осори Рабизодаро?…

Бале, ақаллан ҳаминро бояд шинохта бошем ва дониста бошем мо мардуми ҳаммиллати Рабизода…

Қурбон СОБИР,

профессор, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь