(Бардошти мухтасар аз маҳфили илмию адабии “Бузургдошти Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таърихи 20-уми май)

Шеърро дар маҷмуъ маҳсули тафаккуру тахайюл ва илҳому эҳсос гуфтаанд ва дар таърихи башарият аз ин падидаи ҳунарӣ дида ҷаззобтару ҷолибтару зеботару гуворотар василае барои ба шӯру шавқ ва андешаву отифа овардани одамӣ, гумонам, кашф накардаанд. Ҳамин шеър аст, ки инсон зебоиву таровати зиндагиро беҳтару амиқтар дарк мекунад ва майлу рағбаташ ба олами улвӣ, ба дунёи орзуву омоли неку созанда бештар мегардад. Дар фарҳанги миллии мо шеър зиндагист ва зиндагӣ шеър аст, яке дигареро поку муназзаҳ ва комилтар мекунад…

Шеъре, ки дар он гармии эҳсос ва андешаи тоза аз дидгоҳи фарох ба олами ашё, тасовири наву зебо, неруи баланди баён бошад, ба қалбҳо ҷо мегирад ва агар фаразан, дастрасӣ ба китоб набошад ҳам, аз даҳан ба даҳан, аз сина ба сина миёни мардум сайр мекунад ва ба сони хуршед анвори пурфайзи хешро саховатмандона ба одамон мепошад.

Аммо аз шеър то шеър фарқ аст ва як меъёри шуҳрату камоли шоир ва шеъраш ҳамин аст, ки ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ “дар саҳифаи рӯзгор бимонад, дар забонҳо қироат бишавад, онро дар сафинаҳо бинависанд ва дар мадоин бихонанд…”. Ин навъи шеър ҳамон шеъре метавонад бошад, ки дар он ҳунар ва балоғати калом бошад, шеваи баёни нотакрор дар он эҳсос бишавад.

Устодони каломи бадеъ Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ аз силсилаи ҳамин навъ шоироне буданду ҳастанд, ки шеърашон мудом дар гардиш аст, мисли гардиши санги осиёб, ки то донаи гандуме ҳаст, мечархаду мечархад ва маҳсул медиҳад. Агар бо як байт имкони нишон додани ҳунари эҷоди ин шуарои дар гуфтани сухани бадеъ неруманд мумкин бошад, пас, ҳамин байти Ҷомии бузургвор муносиби ҳоли онҳост:

Адиби оқилу комил касе бувад, ки сухан,

Бафикр гӯяду кам гӯяду наку гӯяд…

Мардуми тоҷик аслан шеърпарваранд ва ба қадри шеъри комилу шоирони баркамолашон мерасанд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамин навъ қадршиносии шоирон ҳамасола эҳсос мешавад. Вақти зинда буданашон устодон Қаноату Лоиқ ҳамеша ба донишгоҳ ташриф меоварданд ва маҳфилҳоро бо ашъори тозаэҷодашон гарм мекарданд. Акнун, ки миёни мардум ҷисман нестанд, аммо бо ташкили нишасту маҳфилу конфронсу суҳбатҳои хосса онҳоро ёд мекунанд, аз фазилату камоли шеърашон суханрониҳо мешавад.

Бо ташаббуси факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ ва кафедраи масъул, яъне кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ соли ҳаштум аст, ки маҳфили “Лоиқхонӣ” баргузор мешавад, ҳамасола ба ифтихори зодрӯзи Муъмин Қаноат низ ҷамъомади илмию адабӣ барпо мегардад… Имсол ҳарду маҳфил муттаҳид карда шуд ва дар як рӯз, яъне рӯзи 20-уми май бо унвони “Бузургдошти Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ” ҷумла ҳаводоронашро ба як сарой – Донишгоҳи миллӣ овард.

Якҷо кардани ин ду маҳфил мантиқ дошт: модом ки ин бузургон дар як рӯз чашм ба олами ҳастӣ кушудаанд, бигзор мардум дар як ҷо, дар як маҳфил аз онҳо ёд кунанд, оромгоҳи ҳардуро, ки дар як макон аст, зиёрат ва ашъори нобашонро бихонанд…

Ҳамин тавр, субҳи рӯзи 20-уми май мухлисони шеъри ин устодон аввал ба оромгоҳи Лучоб рафтанд, бо худ гулу гулдастаҳо бурданд ва хеле шеърхонӣ ҳам карданд. Баъдан, расо соати 10-и рӯз қисмати илмии ин маҳфил оғоз шуд.

Маҳфилро раиси донишкадаи забону адабиёт профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз карда, аз хасоиси шеъри гуворои ин шоирони  тавоно, анъанаи қадима доштани ёдкарди ин бузургон дар факултаи филология, ҳамеша дар дарсҳои тахассусӣ таҳқиқ ва таълим дода шудани осори ин шоирон изҳори назар намуда, сипас ба раиси Донишгоҳи миллӣ профессор Қобилҷон Хушвахтзода сухан доданд.

Гардонандаи маҳфил мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент Қарори Муҳаммадизода буданд, ки дар миёни суханрониҳо таассуроти хешро аз осори ин бузургон иброз доштанд ва аз таърихи таҷлили маҳфилҳои адабӣ бахшида Муъмин Қаноат ва Лоиқ мухтасар гуфтанд.

Бемуҳобо, мо, устодону муаллимон ва донишомӯзони донишкадаи забону адабиёт ё ба таври маъмул – факултаи филология, хеле сарфарозем, ки раиси Донишгоҳи миллӣ, доктори илми иқтисод, профессор Қобилҷони Хушвахтзода ҳамеша дар тадбирҳову  маҳфилҳои адабии мо иштирок мекунанд ва сухан мегӯянд.

Майлу завқ ва рағбату муҳаббаташон ба шеъру шоирӣ ва умуман фарҳангу ҳунар хеле зиёд аст. Аз ибтидо то интиҳои чунин нишастҳо менишинанд ва агар пешниҳоде ё андешае, ки дахолати раёсатро тақозо кунад, мешунаванд ва филфавр андешаашонро изҳор мекунанд. Пеш ин гуна набуд, мутаассифона. Намояндае аз раёсат фиристода мешуд ва бо ҳамин тамом. Ё агар шахси аввал меомад (гоҳ-гоҳе ва хеле кам), ба ҷуз панҷу даҳ дақиқа зиёд наменишаст…

Дар ин маҳфил Қобилҷони Хушвахтзода на сухани ифтитоҳӣ, ончунон ки маъмул аст, балки маърӯза карданд, аз бузургии ин ду устоди шеър, аз таҷассуми худшиносиву худогоҳӣ дар осори ин фузалои шеър бо мисолу андешаҳо сухан гуфтанд.

Фаразан, ин суханашон: “…дар осори ин ду шоири донишманд ва шахсияти фарҳангӣ масоили худшиносии миллӣ, пурсиши он ки аз куҷо омадаем ва чӣ бояд кард, ки бақои ному ҷойгоҳ дар таърих дошта бошем, чун хатти сурх мегузарад. Ҳар яке аз ин ду суханвари фарҳехтаву соҳибқареҳа худро масъули буду набуди фарҳанги миллат меҳисобиданд ва сухан аз сарнавишти пурмоҷаро ва талху ширини ин сарзамин мегуфтанд. Ҳарду ин фарзонагони миллат дар як марҳалаи таърихи начандон дури кишвари мо сарбаландона зистанд ва ҳамтақдири миллат буданашонро бо ашъори мондагорашон собит кардаанд…”.

Ва пораи дигари гуфторашон: “…дар шеър ифода кардани маънӣ ва андешаҳое, ки ҳама тору пуди ҳастии иҷтимоӣ, ахлоқиву маънавӣ ва сиёсии миллатро фаро бигирад, аз даврони устод Рӯдакӣ ба мо мерос мондааст ва ин анъанаро устодон Қаноату Лоиқ бо шеваҳои хоси худашон идома доданд. Бузургии инҳо, ба андешаи мо, дар ҳамин буд, ки зиндагиро дар шеър ва дар шеър зуҳури зиндагии як миллатро бо ҳама шебу фарозаш медиданд ва аз ин ҷиҳат хидмати бузурге барои пойдориву ҷовидонагии миллату давлат кардаанд…”.

Ё ин пораи суҳбаташон: “…бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳама суханвароне, ки имрӯз дар арсаи адабиёт доди сухан медиҳанд, ҳамагӣ аз мактаби таҷрибаи Муъмин Қаноат ва Лоиқ баҳра гирифтаанд ва мудом ба осори эшон арҷ мегузоранд. Агар фаразан, ашъори ба ин ду шоир бахшидаи суханварони ҳамзамон ва баъдиро ҷамъ оварем, шояд даҳҳо ҷилд китоб шавад. Ҳамин аст, натиҷаи номи нек ва ҳамин аст фарҳанги муҳаббат дар тамаддуни мо…”.

Дотсенти кафедра, адабиётшиноси маъруф Боймурод Шарифзода дар мавзуи “Ҷанбаи иҷтимоии шеъри Лоиқ Шералӣ” маърӯза карданд. Устод Шарифзода, ки дар илми шеършиносӣ донишу таҷрибаи вофир дорад, ашъори иҷтимоимазмуни Лоиқро хеле жарф ба таҳлил гирифта, ҷанбаи ҳунарии ин ашъорро бо мисолҳои фаровон собит карданд.

Бешак, ин маърӯза дар лоиқшиносӣ сухани наву тоза буд ва итимнон дорем, ки шакли мукаммали онро дар матбуот ё маҷаллаҳои тахассусӣ хоҳем хонд.

Маърӯзаи дувум бо унвони “Ҳамосасарои Ватан (ҳунари шоирии устод Муъмин Қаноат дар эҷоди шеъри ҳамосӣ)” ба уҳдаи банда буд. Мо асосан ба достонҳои устод Қаноат муроҷиат кардем ва тибқи имкону тавон дар доираи ин мавзуъ андешаҳои хешро мухтасар баён доштем. Ба ҳозирин бештар муқаддимаи гуфтори банда писанд омад, зеро дар он сухан аз қадршиносии бештари ин устоди сухан мерафт. Устод Қаноат парвардаи ҳамин донишгоҳ, яъне Донишгоҳи миллӣ буданд ва ҳамеша аз устодони ин боргоҳи илм бо муҳаббат сухан мегуфтанд. Масалан, ҳамин ҷумлаашон дар таърих сабт шуда: «Ман калиди дониш, рамзу ирфон, калиди ишқро дар Донишгоҳ пайдо кардам».

Банда пешниҳод кардам, ки ба хотири ҳамин ҷумлаи пурмеҳри устод Қаноат ба ягон сохтори адабии Донишгоҳи миллӣ номи неки он кас гузошта шавад. Ҳамчунин нусхаи осорхонаи ӯро дар Донишгоҳи миллӣ овардан кори хайр хоҳад шуд, ҳамчунин курси махсуси қаноатшиносӣ дар таркиби реҷаи таълимии факултаи филология айни муддаост…

Чанд донишҷӯ дар интиҳои маҳфил аз осори ин шоирон шеърхонӣ карданд.

Дар умум, маҳфил басо зебо гузашт, чун худи устодони сухан – Муъмин Қаноат ва Лоиқ дар шеъру шоирӣ зиндагии зебое пушти сар кардаанд…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь