Дар адаби форсӣ бо номи Абуннаҷм Аҳмад ибни Қавс ибни Аҳмад, мутахаллис ба Манучеҳрӣ шуҳратёр аст. Аксари манбаъҳо куняи ӯро Абуннаҷм навиштаанд. Ашъори зиёду зебое бо мазмуни табиат дорад, ки бо чунин тасвирпардозиҳои устодона бо лақаби «шоири табиат» машҳур шудааст. Муҳаммади Авфӣ қудрати ҳофиза ва заковату бадоҳагӯияшро ситудааст. Манбаъҳо ҷойи вафоташро дар Ғазнин ва соли вафоташро 1040/41 тахмин кардаанд, аммо кай зода шуд ва даврони наврасияш чӣ гуна тай шуд, дақиқ нест. Гӯиё баччагияш дар Домғон гузаштааст. Пас аз таҳсили улуму фазоил ба Гургон омад ва муддате дар оғози кор дар дарбори Фалакулмаъолӣ Манучеҳр ибни Қобус ибни Вашмгир ибни Зиёр (ҳукмр. 1012–31), аз хонадони Дайламиён, ки дар Гургон салтанат мекард, ба сар бурд ва ба ҳамин ҷиҳат тахаллуси «манучеҳрӣ»-ро ихтиёр кард. Худ дар қасидае низ ному насабашро чунин гуфта:

Бар ҳар касе латаф кунаду бештар лутф,

Бар Аҳмади бин(н)и Қавси бин(н) Аҳмад кунад ҳаме!

Дар се қасидаю як мусаммат амир Абуҳарби Бахтёрро, ки солҳои 1026–28 аз сӯи Манучеҳр бар Қумас ҳукм меронд, мадҳ кардааст. Бахтёр, ки амири наҷибу суханвар буд, шояд ӯро ба дарбори Манучеҳр раҳнамун карда бошад. Аммо аз ашъори Манучеҳрӣ дар мадҳи Манучеҳр зоҳиран чизе намондааст ва дар сиҳҳати ду қасидаи ӯ, ки гумон мерафт, дар мадҳи ин амир бошад, шубҳа ҳаст.

САЙР Ё САРГАРДОНИИ ШОИР АЗ ДАРБОРЕ БА ДАРБОР

Манучеҳрӣ пас аз марги Манучеҳр ба Рай рафт ва аз он ҷо (тақр. соли 1033) ба Ғазна, ба дарбори Султон Масъуд омада ва он ҷо ҷойгоҳи дархур ёфт ва то поёни умр дар Ғазна зист. Ба таъкиди Байҳақӣ, шоир худ ишора дорад, ки пеш аз лашкаркашии Масъуд барои фурӯкаш кардани як исён, дар коргоҳи ӯ ҳузур дошта ва ӯро ситудааст. Бархе манбаъҳо ӯро аз шоирони Султонмаҳмуди Ғазнавӣ донистаанд (Авфӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Аминаҳмади Розӣ). Ва бархе зикр кардаанд, ки дар дарбори Муҳаммад Масъуди Ғазнавӣ (ҳукм 1030–41) мансаби тархонӣ доштааст, ки ҳар ду хатост, зеро ӯ чанд сол пас аз марги Маҳмуд (1030) ва поёни давлати кӯтоҳи Муҳаммад ба Ғазнӣ рафтааст. Аммо аз он ки Унсуриро ситудаву устоди хеш донистааст (дар қасидае ба номи «Луғзи шамъ»), на ба он маънист, ки ӯ шогирди Унсурӣ будааст. Зеро Манучеҳрӣ солҳо пеш аз вуруд ба Ғазна дар Табаристону Рай шоире озмуда будааст ва мадҳи Унсурӣ эътирофе ба тақаддуми фазли ӯ мебошад (Бертелс ва Зарринкӯб). Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуъаро», Ҳидоят дар «Маҷмаъу-л-фусаҳо» навиштаанд, ки Манучеҳрӣ шогирди Абулфараҷи Сагзӣ, шоири маъруфи қарни 10 будааст. Сагзиро устоди Унсурӣ ҳам донистаанд.

ДАР ШИНОХТИ ШЕЪРИ МАНУЧЕҲРӢ

Манучеҳрӣ аз аввалин шоирони форсӣ буд, ки ашъораш аз сарояндагони араб таъсири фаровон доштааст. Аз шеъраш пайдост, ки забону адабийёти арабро низ ба хубӣ фаро гирифтааст. Зикри номи адибон, қасидаҳову китобҳои маъруф, тазмини ашъор ва тақлид аз мазмунҳои шеъри араб дар сухани Манучеҳрӣ гувоҳ аз таъсирпазирии ӯ ба адабиёти араб аст. Ғайр аз ин, таваҷҷуҳи ӯ ба Қуръону ҳадис низ машҳуд аст. Истеъмоли калимоти арабии беш аз ҳадди ниёз фаҳми шеъри ӯро то ҷое мушкил кардааст. Дар қисми мадҳии қасидаҳои шоир ибораву таъбирҳои суннатии мураккаб кам нестанд. Махсусан дар қасидаҳои дар пайравии шоирони араб суруда, Манучеҳрӣ калима ва ибораҳои арабиро бештар ба кор бурдааст, ки ин боиси то дараҷае ноҳамвор баромадани забони ин қисмати эҷодиёти ӯ гардидааст. Ва аз ин назар силки баёни ӯ имрӯз андаке шигифтангезу бегона ба назар меояд. Дар гуфтори Фаррухӣ, ки аз ҳамзамонони ӯст, метавон як содагии бепирояеро мушоҳада кард, ки ёдовари забони рӯшану ноби деҳқонони Хуросони он замон аст. Аммо забони Манучеҳрӣ аз ин содагӣ дур аст. Ӯ калимаву таркибҳои тозиро бедареғ ба кор мегирад. Ба он ҳадд, ки гоҳо луғатҳои истифодакардаи ӯ дар сосори ҳич кудом аз ҳамзамононаш дида намешаванд. Гуфтаи ифтихоромези шоирро – «Ман басе девони шеъри тозиён дорам зи бар» – набояд гизофу ғулувв пиндошт. Зеро гоҳ дар як қасида беш аз сӣ шоири арабро силсила мекунад ва ном мебарад ва гоҳ дар як байт аз чанд қасидаи арабӣ сухан мегӯяд. Ҳарчанд чунин риволи адабӣ на чандон вижаи дарбори адабии Сомонӣ ё Ғазнавӣ будааст ва ин арабидонии шоир баёни ӯро то ҷое душвору дағал ҷилва додааст, вале бо ин вуҷуд, барои муҳити зиндагии шоир печидаву душворфаҳм набудааст. Чиро ки вазирону давлатмардони Хуросон бештарашон ба арабӣ ошно будаанд. Соҳибқаламоне сутург – Абулфатҳи Бустӣ ва Абунасри Утбӣ ва Бунасри Мушкон – аз нависандагону шоирони пурмояи дарбори Ғазна, назму насри бадеъи худро арабӣ таълиф мекарданд. Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасани Маймандӣ – вазири Оли Ғазна, яке аз мураввиҷони забону адабийёти араб дар ин даргоҳ буд. Ва амирзодагони Ғазна низ худ аз забону адабийёти араб бархурдор буданд. Ҳатто (ба ёддоши муаллифи «Таърихи Байҳақӣ»), Бусаҳли Зузанӣ Масъудро бо ашъори тозӣ меситуд ва шерафканиҳои ӯро бо қасоиди арабӣ таҳният мегуфт.

ОСОРИ МАНУЧЕҲРӢ ВА САБКИ СУХАНВАРИИ Ӯ

Манучеҳрӣ дар шеър пайравӣ сабки хуросонӣ, суханаш сода ва услубаш басо равон аст, аммо ашъораш мукаммал дастрас нашудааст. Мероси адабии фароҳамшудаи ӯ (57 ғазал, 11 қитъа, 6 рубоӣ ва байтҳои нотамом) муштамил бар ашъорест, ки дар қолиби ғазал, қасида, мусаммат, қитъа ва таркиббанд суруда шуда ва мавзуоте чун ситоиш, васф ва хамрияро дар бар мегирад. Ашъораш маъмулан дар ду сабк аст: тағаззулу таълифоти айёми ҷавонӣ ва дигаре мадҳу ситоиши султонҳову бузургони боргоҳи шоҳӣ. Зимнан, мадҳи дарбориён аз русуми маъмули шоирии он замон будааст. Дар қисми тағаззули қасидаҳо манзараҳои зебои табиат, фаслҳои сол, масъалаҳои ишқу ошиқӣ, май ва майгусорӣ хеле ҷолиб тасвир шудаанд. Дар чанд тағаззулаш шоирони арабро бо муваффақият ва эҷодкорона пайравӣ кардааст. Ӯ аз шоҳону паҳлавонони Эрони бостон ва тавсифи ҷашнҳои бостонӣ, монанди Садаву Меҳргон низ бо иҳтирому ифтихор сухан меорад. Шинохти шоъир аз мусиқӣ бисёр амиқу барҷаста аст ва зикри зиёди номи навоҳо, созҳову мусиқидонҳо дар шеъраш гувоҳи ин маънист. Вуҷуди порае истилоҳоти нуҷумӣ, монанди «саъду-с-суъуд», «ҳақъа», «саъду-л-ахбия» низ нишони ошноии шоир бо ин дониш аст. Аз илми пизишкӣ низ огоҳӣ дошт ва дар шеъри худ аз вожаҳои хосси ин донишҳо баҳра мебурд.

Дар шеъри ӯ тахайюли фарох унсури аслӣ аст. Тавсифи дақиқи табиату маҷолиси базм ва хамрийясароӣ афкори зиндагидӯстонаи ӯро рангинтар сохтаанд. Тасвирҳои шеърияш ғолибан ҳосили таҷрибаи шахсӣ буда, заминаи аслии чунин тасвирҳо табиат аст. Аз ин ҷост, ки доктор Шафеъи Кадканӣ Манучеҳриро бузургтарин шоири табиатгарои забони форсӣ номидааст. Аз замзамаи Наврӯзу гулбези баҳори хуррам гирифта, то биёбони хушку сӯзон ва хазонрезу барфу борони зимистон, бо жолаву селу амсоли он дар ашъори ӯ мутаҷаллист. Манучеҳрӣ ишратталаб, дӯстдори шаробу айши мудом буд. Дар баробари зебоиҳои табиат ӯро нишоту фараҳи зиндагӣ ба илҳом овардааст ва орзуҳову хосторҳои хешро дар зиндагӣ шоду озод ба назм мекашад.

Ишқе, ки Манучеҳрӣ дар тағаззули қасидаҳо аз он сухан гуфта, ҷисмонӣ аст ва мақоми маъшуқ дар он воло нест. Паёми шеъри ӯ ғанимат шумурдани умр ва парҳез аз чуну чирои фалсафист. Аммо шикасти умедҳову орзуҳо ӯро ба беэътибории ҷаҳон мутаваҷҷеҳ мекунад, ба ҷаҳони пурозор, ҷаҳони фиребсору нопойдор:

Ба ҳар кор кардам туро озмоиш,

Саросар фиребӣ, саросар зиёнӣ.

В-агар озмоям-т сад бори дигар,

Ҳамонӣ, ҳамонӣ, ҳамонӣ, ҳамонӣ!

Нигоҳи Манучеҳрӣ ба ҷилвазори табиати дилрубову фаттону анбарин саршори ишқу дӯстдорист ва табиат ҳам пешорӯи чашмони ин маҷзуби беқарораш ноз мекунад бо сабзазору боғу бӯстонҳои ҳазоррангу мунаққашу ҷашнӣ, ки ғулғули тарабангези парандагони он суруши пурсуруре бар ин ойнанбандони пурэъҷозу шоду зебо танин андохтаанд. Тавсифи ҳунармандонаи ин рангҳову ин оҳангҳо аз қалами адибе ба ҷилову садо дар-омадаанд, ки дар ҳунари мусиқиву наққошӣ ҳам дасти боло дорад. Овои мурғон ба гӯши шоир нағмапардозии хунёгарони мумтоз аст; қаҳқаҳаи кабк овози ноқусро ба ёд меоварад ва ин садои шорак (майна) нест, нағмаи сантур аст ба гӯш мерасад. Садои фохта нолаи най аст – нафире аз дуриҳо ба умеди дидорҳо ва садои батт (мурғобӣ) ба ёди шоир танини танбур аст. Ин ҳама ҷӯшу хурӯшро амвоҷи рангҳо боз ҳам зеботару дилфиребтар ба таҷаллӣ овардаанд…

Навбаҳор омаду овард гулу ёсумано,

Боғ ҳамчун Тиб(б)ату роғ ба сони Адано.

Осмон хайма зад аз бираму дебои кабуд,

Мехи он хайма ситоки суману настарано!

Бӯстон, гӯйӣ, бутхонаи Фархор шудаст,

Мурғакон чун шаману гулбунакон чун васано!

Бар кафи пойи шаман бӯса бидода васанаш,

Кай васан бӯса диҳад бар кафи пои шамано?!

Кабк ноқусзану шорак сантурзан аст,

Фохта нойзану бат(т) шуда танбурзано!

Пардаи Рост занад нору́ бар шохи чанор,

Пардаи Бода занад қумрӣ бар норвано.

Кабк пӯшида ба тан пираҳани хаззи кабуд,

Карда бо қир мусалсал ду бари пираҳано.

Пӯпаки пайкӣ нома зада андар сари хеш,

Нома гаҳ боз кунад, гаҳ шиканад бар шикано!

Фохта рост ба кирдори яке лаъбгар аст,

Дарфиканда ба гулу́ ҳалқаи мушкин расано…

МУСАММАТҲОИ МАНУЧЕҲРӢ

Манучеҳрӣ дар адабиёти форсӣ ҳамчун ихтироъкори навъи шеърии мусаммат машҳур аст, зеро нахустин намунаҳои мусаммат дар девони ӯ дида мешавад ва аз устодии худ дар ин навъи шеър ифтихор мекунад:

Товус мадеҳи Унсурӣ хонад,

Дурроҷ мусаммати Манучеҳрӣ!

Манучеҳрӣ, чунон ки гуфта омад, дар васф (ба вижа, дар мусамматҳояш) маҳорат дошт, аз ин рӯ, ӯро дар миёни шоъирони қасидагӯйи аҳди Ғазнавӣ мумтоз донистаанд. Баъдан Ломеъии Гургонӣ ин сабки кори ӯро дунбол кард. Ҳамчунин, дар шеъри Манучеҳрӣ ишқ ба зиндагӣ ва тавсифи зебоиҳои он ҷойгоҳи баланд дорад, ба таъбире, ишқ ба зиндагӣ дар саросари ашъори ӯ мавҷ мезанад. Бештари ин мусамматҳо мазмуни воҳиде дорад. Васфи хазон ва достони разу разбон дар ҳамаи онҳо такрор мешавад. Таъсири хамрияи Рӯдакӣ низ дар як қисмат аз мазмуни ин ашъор маҳсус аст. Дар қасидаи Рӯдакӣ – Модари май, достони падид омадани шароб бо баёни шоирона омадааст:

Модари майро бояд бикард қурбон,

Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон.

Ва Манучеҳрӣ ҳам, гӯиё Рӯдакиро дар ин боб такор мекунад. Аммо ин такрори мазмунро бар шоир хурда наметавон гирифт. Дар ғазалу қасидаи форсӣ, ба таври умум, чунон ки соҳибназарон овардаанд, тақрибан ҳамеша мазмунҳо такрор мешаванд.

Мусамматҳои Манучеҳрӣ дар шакли мусаддасанд. Дар аксари онҳо мисраъҳои ҳар банд, ба ҷуз мисраи охир, ҳамқофия шудаанд. Мисраи охирини бандҳо то поёни шеър низ ба як қофия (ааааас, бббббс, ввввве…) омада, бандҳоро ба ҳам мепайванданд. Дар девони Манучеҳрӣ навъи дигари мусаммат низ дучор меояд, ки дар он ҳамаи шаш мисраи ҳар як банд ҳамқофияанд (аааааа, бббббб, ввввв…). Мусамматҳои Манучеҳрӣ асосан дар васфи баҳор, хазон, ангур, маю соқӣ ва таҳнияти ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада буда, аксар ба мансабдорон ва шахсони бонуфузи давр (Масъуд ибни Маҳмуд, Абуҳарб Бахтиёр Муҳаммад, Абурабеъ ибни Рабеъ ва Муҳаммад ибни Носир) бахшида шудаанд. Ва аммо –

МАДДОҲӢ

Бештари мадҳияҳои Манучеҳрӣ ба Масъуди Ғазнавӣ ихтисос дорад ва шоир гоҳ зимни мадҳ ба бархе аз ҷангҳову ҳаводиси рӯзгори ӯ ишора кардааст. Манучеҳрӣ ба ҷуз султонони Ғазанавӣ, ҳамчунин ба чандин соҳибмансабони дарбор қасидаҳо бахшидааст. Вижагии умдаи мадҳияҳои ӯ омехтани тасвири табиату мадҳи мамдуҳ ба якдигар аст. Бештари қасидаҳои мадҳии ӯ бо тавсифи дақиқи табиат шуруъ мешавад ва гоҳ муқаддимаи қасида бахши аъзами онро дар бар мегирад. Мушобиҳати мазмунҳои мадҳӣ дар боби мамдуҳони мухталиф вижагии дигари мадҳияҳои ӯст. Манучеҳрӣ аксари мамдуҳонро ба шуҷоъат, саховат, адолат, ҳунару кордонӣ ситудааст.

Манучеҳрӣ, бино бар дидгоҳи муҳаққиқон, дар мадҳ низ ифрот кард ва монанди Фаррухӣ ғолиби амирони дарбори Ғазнавиро ситуд. Аммо ташбибҳо дар қасидаҳои мадҳияш (овардани абёте дар зикри ишқу ҷавонӣ ё васфи табиъат дар ибтидои қасида) аз ҳар ҷиҳат бар қисмати мадҳ фузуниву бартарӣ дорад. Аз санъатҳои бадеӣ, монанди саҷъ, таҷнис, лаффу нашр, ҷамъу тақсим, зуқофиятайн, тард ва акс ва ҷуз инҳо моҳирона истифода бурдааст. Аммо соҳибназароне чун Фурӯзонфарр ва Забеҳуллоҳи Сафо дуруст таъкид кардаанд, ки чун дар ашъори Манучеҳрӣ вожаҳои арабӣ фаровон аст, забони шеъри ӯ устувории забони Унсурӣ ва рӯшании бепирояи забони Фаррухиро надорад. Пуркорбурдтарин баҳри арузӣ дар девони ӯ рамал аст. Дар баҳрҳои ҳазаҷ, музореъ, мутақориб, муҷтас ва мунсареҳ низ табъ озмудааст.

Девони М. бори нахуст дар соли 1868 ба кӯшиши Ризоқулихони Ҳидоят ҷамъоварӣ ва чопи сангӣ шуд. Дар соли 1886 ба ҳиммати Козимирский (ховаршиноси лаҳистонӣ) бо ҳавошӣ, таълиқот ва тарҷумаи матн, дар Порис ба чоп расид. Як бор ҳам ба кӯшиши Муҳаммади Наҳовандӣ дар соли 1940 дар Теҳрон ба мунташир шуд. Чопи интиқодии он нахустин бор дар соли 1948 ба ҳиммати Муҳаммад Дабири Сиёқӣ сурат гирифт ва пас аз он бо таваҷҷуҳ ба бозёфту тавзеҳу ташреҳ ва тасҳеҳоти аллома Деҳхудо ва баъзе ҳадсҳои устод Фурӯзонфарр борҳо мунташир шуд. Ин чоп шомили қасоид, қитъаот, мусамматот, рубоиёт, дубайтӣ, абёти пароканда ва дар маҷмуъ 2815 байт аст. Охирин намунаи девони ашъори ӯ шомили 2817 байт бо тасҳеҳи Азизуллоҳи Ализода дар Теҳрон соли 2012 мунташир шуд. Ин ҳам як намунае аз ашъори Манучеҳрӣ:

Наврӯзи Бузургам бизан, эй мутриб, имрӯз,

Зеро ки бувад навбати Наврӯз ба Наврӯз,

Барзан ғазале нағзу дилангезу дилафрӯз,

В-ар нест туро, бишнав в-аз мурғ биёмӯз,

К-ин фохта з-ин гавзу дигар фохта з-он гавз,

Бар қофияи хуб ҳамехонад ашъор.

Кабкони дарӣ ғолия дар чашм кашиданд,

Сарвони сиҳӣ абқарии сабз хариданд.

Бодомбунон миқнаъа бар сар бидариданд,

Шоҳиспарамон чине дар зулф кашиданд,

Тӯтибачагонро салаби сабз буриданд,

Шалвораки бо пойчаҳои табаривор.

О. Шакурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь