(Шинохту бардошти Фарзонаи Хуҷандӣ аз шахсу шеъри устод Рӯдакӣ)
Таваҷҷӯҳ ба адабиёти гузаштаи форсу тоҷик, чеҳраҳои барҷаста, симоҳои ҷаҳонии он яке аз ҷиҳатҳои рӯшан дар дастури кору эҷоди шоири тавонои тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ ба шумор меояд. Дар воқеъ, ин ишқу муҳаббат ва бастагӣ, ки аз ҷониби як шоири пешрави бо сабку салиқа ва роҳу равиши хос дар шеъри муосир зоҳир мешавад, шоире ки аз мактаби шеъри мудерни ҷаҳони муосир гузашта ва дар айни замон аз пешкистватони милии ин мактаб аст, бисёр муҳим ва маънии амиқе касб мекунад. Зеро бисёр шудааст ва дар ҳамаи адабиёти форсизабон, ки шуарои модернсабк ва навгаро баробари эҳтироом ба гузашта, ба он назари интиқодӣ ва камгирона доштаанд ва ё аз равишу тарзи тафаккур ва диди бадеии эшон интиқод ба амал баровардаанд. Ва ҳам шудааст, ки аз назари як шоири муосирбин паҳлуҳо ва маҳосини осори шуарои гузашта аз диди тоза кашфу муаррифӣ гардидааст, ки аҳамияташ на камтар аз як пажуҳиши илми маҳсуб мешавад. Ва Фарзона аз ин дастаи дувум будааст, яъне муносибаташ ба гузашта, ба қавли хоксоронаи худаш, «муридона». Аммо бояд гуфт, ки инро наметавон чун иродаи таассубомез ва волаву шайдоии ифротӣ ҳамл кард. Муносибати Фарзона ба гузашта огоҳона, омӯзанда ва муҳаққиқона мебошад.
Аввалан, онро метавон ба сифати арзи эҳтироми як меросбари арзанда, ки ба салафони худ эҳтироми ошиқона дорад маънӣ кард. Дигар кӯшиши дарку баҳо ба он ҳама бузургӣ ва эъҷози сухан ва авомили ҷовидонагии ин бузургон.
Фарзона ба кулли бузургони илму адаби форсу тоҷик эътиқоду эҳтиром дорад, вале дар ин миён устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Бедил барояш бисёр арҷманд мебошанд ва албатта дар сархайли ин бузургону фарзонагон устод Рӯдакӣ меистад.
Рӯдакӣ бо ӯ аз хонавода бо талқини падар ҳамроҳ будааст ва тавассути хотироти модар маълум мешавад аз бобояш Абдураҳим Ҳоҷибоев, ки қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»-ро бо роял месуруд, Рӯдакӣ дар ин хонадон хеле бармаҳал ворид гаштаву ҳузур дошта ва соҳибэҳтиром низ будааст. Ва бисёр аҷиб аст, ки ин сурудро Ҳоҷибоев бо хоҳиши Нусратулло махсум, месарояд. Аммо Дар воқеъ, ин бисёр муҳим аст, ки қасидаи мазкури Рӯдакӣ дар байни ду сарвари вақти Тоҷикистон, онҳое ки барои расидан ба истиқлоли воқеии он талош доштанд ва ин асари Рӯдакӣ дар замони онҳо байни душманони миллати тоҷик, бахусус пантуркистон, сару садоҳои идеологӣ ва сиёсӣ барангехта буд, шӯҳрат дошт ва шояд эшонро дар роҳи миллигароӣ ҳидоят ва илҳом мекард. Ва ҳатто метавонад он яке аз баҳонаву сабабҳои аз мақомоти олӣ барканор шудан ва ба Маскав таъбид гардидани онҳо низ ҳамин ҳисси миллатгароӣ (далели ба нашр расидани «Намунаи адабиёти тоҷик» бо шеъри мазкури устод Рӯдакӣ) бошад. Аммо дар нақли Фарзона, ин шеър имрӯз акнун барои эшон баёнгари эҳсоси ғурбату дурӣ аз Ватан гардида, ки бо тзӯр аз дидори он карда шуда буданд.
Аммо ба қадре, ки Фарзона худро бештар мешиносад ва ворид ба таҳсил ва олами шеъри форсӣ мегардад, наздаш манзаллати Рӯдакӣ меафзояд ва барояш Одамушшуаро ба масобаи бунёнгузори аз шеъру шоирии форсӣ ва саромади ин адабиёти ҷаҳонгир ҷойгоҳи хосае пайдо менамояд. Ин эҳсосро ӯ дар ёддоште, ки дар бораи шабонарӯзи «пурмоҷаро»-е, ки аз сафари ба Душанбе доштааст, нигошта, ки дар айни саргардониву нокуҷоиҳо ва мушкилоти ҷойи зист, ба сараш зиёрати ҳайкали Рӯдакӣ мезанад. Аз ин андеша ҳарчанд аз ҷониби дугонаҳои воқеъгарояш чун «махлуқи аз сайёраи дигар омада» мазаммат мешунавад, вале он гувоҳ бар мавҷуд будани муҳаббати хоссае ба Рӯдакӣ дар зершуури ӯст. Дар ҳақиқат рӯзи дигар ин кор амалӣ мешавад. Дар замини он рӯзу шаби пурташвиш ба зиёрати устод Рӯдакӣ рафтану дар пояи ҳайкали эшон аз ашъори ӯ байтбарак кардан ва рӯдакихонӣ оростан маънии тозае касб менамояд: яъне бар сахтӣ, дуруштӣ, нобасомонӣ ҳатман зебоӣ ғолиб меояд, балки дар паҳлуи мушкилоти обу нону ҷойи зист, боз арзишҳое мисли шеъри Рӯдакӣ вуҷуд доранд, ки дунёи маънавии ҷавонон ва ҳамзамононро поку мубарро медоранд ва нишонаву заминае ҳастанд, ки наслҳоро ба ҳам мепайванданд, онҳоро барои ба асли худ баргаштан, ҳофизаи худро барқарор кардан, дарёфтану шакл додани ҳуввияти хеш имкон медиҳанд. Дар ин маврид ҳам шеъри Рӯдакӣ:
Бахту давлат, ки пешкори туанд,
Нусрату фатҳ пешёри туанд.
фатҳу нусрати бахше аз ҷавонони ҷӯяндаву ҳуввичтхоҳи кунунӣ ва хосса Фарзонаро бозгӯ мекунанд.
Аммо дар шеъру эҷодиёти Фарзона низ Рӯдакӣ ва ашъори вай мақоми арзандае дорад. Ин ҳам бисён муҳим аст, ки дар ду маҷмӯаи аввали Фарзона – «Тулуи хандарез» (1987) ва «Шабохуни барқ» (1989) ҳануз аз Рӯдакӣ сухане нест, аммо Фирдавсӣ ҳузур дорад ва аз вай илҳом шудааст(шеъри «Такроре барои худ ё ангезае аз «Шоҳнома»). Аммо ба андешаи банда ин кор ҳам чун пайравӣ аз устодон, бахусусч устод Лоиқ, бояд анҷом ёфта бошад. Куллан Фарзона дар ин ду маҷмӯа дар садади ёфтани равиши худ ва садои хоси худ санҷиши бомуваффақияти қалам мекнад, то баъд аз ин мавқеи худшиносии шоирӣ ба шоирон ва шеъру шоирӣ, адабиёт ва намояндагони он муносибати худро муайян намояд. Ва оғози ин амал силсилаи шеърҳои «Паёми ниёгон» будааст.
Нахустин ёдкарди ҷиддии Фаврзона аз Одамушшуаро низ дар ин силсила сурат мегирад ва он шеърест бо унвони «Рӯдакӣ». Силсилаи мазкур фарогири чеҳраҳои «пайғамбарони Аҷам» – нобиғаҳои шеъру адаби форсӣ ва форсинависон, хосса онҳое мебошад, ки дар худшиносии ҳуввияти ориёӣ ва бедории мардуми фосизабон саҳми муассире доштаанд ва шоир масъулияте ба уҳда гирифтааст, ки охирин васият ва рози дили онҳоро «бар ворисони пунбабагӯш» бирасонад. Бинобар ин ғараз танҳо ёдкарде аз ин бузургон набуда, балки дар мисоли шахсу шаҳомат ва кору мароми онҳо ба насли кунунӣ, ки гирифтор ғафлат ва фаромӯшии ёду ҳофизаи таърхӣ мебошанд, ёдрас кунад, ки чӣ рисолату масъулияти таърихӣ ва миллӣ доранд. Дар ин силсила бояд гуфт, ки дар иртибот ба тақозои замони бедориҳои миллӣ дар байни мардуми тоҷик аз пешкисватон ва нобиғаҳои миллатгарое чун Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Хайём, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Бедил, Иқболи Лоҳурӣ ба сухан оварда, Фарзона худ низ ба ин васила ба иҷтимои Тоҷикистон мепайвандад ва дар ин маврид муттакояш сарманшаи маънавии миллат аст. Ва албатта аввалсухани ин ғафлатзудоиву ҳушёрдиҳандагон устод Рӯдакист, ки аз шӯҳрату тавонмандии нахустин давлати тоҷикон – Сомониён, даврони растохези Аҷам ва оғози пуршукӯҳи забону адаби форсӣ ёдовар мешавад:
То Бухоро ҳамраҳи рӯди Зарафшон омадам,
Аз парешонӣ гурезон сӯи Сомон омадам.
Аз паёми гарми ман чашми Бухоро боз шуд,
Баски чун хуршед бо чашми чароғон омадам.
Дар Аҷам Наврӯз буду офтобе мешукуфт,
Тахти Сомон пойдору давлаташ бедор буд.
Давроне буд, ки шеъри Рӯдакӣ ба сони хун дар «шарёни мардум» ҷорӣ ва бо малоик ба «авҷи анҷум» бол кушода буд. Аммо ногаҳон ба давлатдории тоҷикон «зилзила афтод» ва «душман чашму чароғи моро хомӯш кард». Ва инак Рӯдакӣ Бухороро ба сӯи он рӯзҳо мехонад ва орзӯ дорад, ки шеъри вай имрӯз «ворисони тундравро сӯи фардо мебарад» Ҳамон манбаъ, саҳ. 339-340). Шеър куллан гирди мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ, Сомониён, Зарафшон ва Бухоро мечархад ва он бо Рӯдакӣ ва Зарафшон оғоз ёфта, бо таъкиди пайванди шеъри вай тавассути ин рӯд бо Бухоро низ меанҷомад. Паёми шоир низ орзуи эҳёи Бухоро чун мадҳи фарҳанги тоҷикӣ, шеъри Рӯдакӣ ва куллан огоҳӣ, бедорӣ ва худшиносии миллат аст.
Иродати Фарзона ба устод Рӯдакӣ то он ҷост, ки минбаъд дар суханрониҳо ва мақолаву ёддоштҳояш хеле зиёд руҷӯъ ба шеъри устод менамояд, онро ба сифати мисол, далели фикру андеша ва мӯҳтавову мазмуни онҳо (эпиграф) истифода мекунад. Масалан, дар мақолаи «Хуҷастаномаи Наврӯзӣ», ки дар мавзӯи Наврӯз ва табрикоти наврузист, байти устод:
Омад ин навбаҳори тавбашикан,
Парниён гашт боғу барзану кӯй.
– оғозбахши он гардидааст, ки ҳамзамон се оғозро фаро мегирад: оғози мақола, оғози сол, оғози шеъри форсӣ – Наврӯзи он, ки бо шеъри Рӯдакӣ фурӯзон шудааст. Аммо байти Рӯдакӣ, ки мавриди иқтибос аст, бисёр содаву зебо ва воқеӣ буда, дар айни замон ҳолати инсону табиат ва инқиолботи наврӯзро фаро гирифтааст. Дарвоқеъ дар бораи шоҳид (эпиграфҳое), ки Фарзона чи дар мақолот ва чи дар ашъораш мавриди истифода қарор медиҳад ё интихоб менамояд ва ё ба сифати мисоли таъйидкунандаи андешаҳояш иқтибос мекунад, ҳаминро метавон гуфт, ки аз ҳама бештар ба устод Рӯдакӣ истинод кардааст.
Дар иртибот бо эпиграфҳо метавон гуфт, ки онҳо як навъ аз тазмину истиқбол аз андешаҳо, мӯҳтаво ва шеъри Рӯдакӣ мебошанд. Аз ҷумла, Фарзона дар пайравӣ ба мӯҳтавои байти машҳури Одамушшуаро:
Бо сад ҳазор кас танҳоӣ,
Бе сад ҳазор кас танҳоӣ,
– шеъре таълиф карда, мафҳуми танҳоиро тавзеҳ медиҳад. Дар нигоҳи ӯ танҳоӣ хоси инсон, воситаи худдаркӣ, бо худ будан, худии худро шинохтан аст, ки «Бо ҳазорон ошное, ҳамсадое, ҳамнавое Мондаам дар ҷумла дунё боз ман танҳову танҳо». Яъне танҳоӣ на ба маънои инзиво, худпарастӣ ва одамбезорӣ нест, балки як ҳолати табии равони инсон, ҳолати мушаххас ва дар айни замон таъйидкунандаи ҳастии шахс аст. Нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов низ ин шеърро дар румони «Рӯзе, ки дарозтар аз қарн аст» мавриди истифода қарор додааст. Аммо пайравии Фарзонат ба Рӯдакӣ дар истиқболи муҳтаво сурат гирифтааст.
Бомаврид аст, ки ин ҷо як нуктаи дигарро дар қазияи Фарзона ва Рӯдакӣ ёдовар шавем. Бисёр муҳим аст, ки дар андешаву шеъри Фарзона Рӯдакӣ бо устод Лоиқ, ки дар рӯзгору кору ашъори шахси муассир аст, иртибот мегирад, зеро:
Ӯ посдори дурри дарӣ, лафзи Рӯдакист,
Ё Раб, барор, он чи таманнои Лоиқ аст.
Ва боз дар ҳар мавриде, ки сухан аз шеър ва намояндагони адабиёт меравад, боз ҳам Рӯдакӣ дар зеҳни ӯ ҳузур дорад ва ҳатман аз ӯ ёд мешавад ва ё дар меъёри шеъри вай дигарон санҷида мешаванд. Масалан дар мавриди таваҷҷуҳи Амир Хусрав ба мусиқӣ ва асбобҳои мусиқӣ ҳатман сухану Рӯдакӣ ба ёдаш мерасад ва назари ӯро дар мавриди таваҷҷӯҳу ишқи вай мисол мезанад, ки:
Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,
Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз.
Ва сипас таъкид мекунад, ки Амир Хусрав низ назари Рӯдакиёна дорад:
Назмро илме тасаввур кун ба нафси худ тамом,
К-ӯ на мӯҳтоҷи самоъу савти хунёгар бувад.
В-ар кунад мутриб басе ҳун-ҳуну ҳон-ҳон дар самоъ,
Чун сухан набвад, ҳама бемаънию абтар бувад…
Ба андешаи банда, ин таваҷҷуҳи зиёдро бояд сабабе бошад, чаро ки агар ба тарзи баён, таркиби сухан ва сабки нигориши Фарзона амиқ назар афканем, бо он ҳама кор гирифтан аз имконоти шеъри наву арӯзи озод ва сафеду мансур, куллан услуби модернита, ӯ дар вожаороӣ ва вожасозӣ ва тарзи баён асосан дар заминаи сабки хуросонӣ устувор аст (таълиф мекунад), ки бунёнгузори он устод Рӯдакист. Ва шояд бесабаб нест, ки аввалин маҷмӯи мукаммали шеърҳои худро, ки дар се ҷилд мураттаб шудаву як марҳалаи халлоқияти вайро ҷамъбаст менамояд, зери унвони «Қатрае аз Мӯлиён» (2003) ба чоп расонид, ки ба андешаи банда мазмуни рамзие дорад ва ӯ аз табори Рӯдакӣ ва шуарои Мовароуннаҳр будан ва идомаи шеъру сабки вай дар замони нав бо фарогириҳои ғаномандии наверо гувоҳӣ медиҳад.
Ҳаминтавр ин амал як кори огоҳона ва баёнгари роҳу равиши Фарзона дар сабки нигориш бошад. Дар воқеъ, ҳарчанд Фарзона аз маъниҳои тасаввуфӣ, рамзиву киноии ирфонӣ ва тасвирҳои истиорӣ истифодаи зиёд ва бомуваффақият мекунад, аммо дар кулл ӯ шоири маснӯӣ, мавҳумхаёл ва имҳомгуфтор нест, балки фикру андеша ва паёмаш хеле рӯшан дар пирояи наҳифу нафиси ҳунарии сода ифода мешавад ва худ чунин шеърро чи дар сабки ҳиндӣ ва чи чи дигар сабкҳо меписандад. Ба қавли худаш «наҷибтарин, бешабеҳтарин, волотарин чакомаҳо чӣ басе содаву бепироя ва маъсуму урён чун субҳ гуфта мешаванд. Дар ин маврид аз шеъри Бедил мисол мезанад ва ҳамчунин аз устод Рӯдакиро ёд мекунад, ки фармуда:
Дилам чу арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ соӣ зери кӯҳе арзанеро.
Сипас меафзояд: «Чӣ ҳуруфи сода! Сода чун нигоҳи духтарони навраси рустоӣ, рӯшан чун ҳақиқат ва сеҳрангез чун вуҷуди фаришта, одӣ чун ҷомаи дарвеш. Аммо ҳамин дарвеши якқабо дар даруни худ ҳазор офтобро тулӯъ дорад».
Аммо дар силсилаи шеърҳои дигари Фарзона, ки ба устод иртибот мегирад, шеъри «Бухоро» мебошад ва натиҷаи кашиши таърихӣ, фарҳангӣ ва адабист, балки хунӣ ва ҳуввиятист, ки шоир сафари тақвимии (ҷадвалии) худро бо як ҷасорати расмиятшикан аз Хева ба Бухоро тағйир дода, он ҷо фурӯд омадааст, зеро:
Хуни ман медиҳад овоз: Бухоро! Бухоро! Бухоро!
Омадам. Сӯи оғозгоҳи рӯшани худ.
Ҷониби матлаи хуршеди ориёӣ.
Меваи маърифат хоҳад дод боғи ИсмоилиСомонӣ.
Ва дар ин шеър низ дар заминаи таърихи Бухоро аз Рӯдакӣ ёд мешавад. Ҳам мавқеи он дар ин таърих ва ҳам ҷойгоҳи шеъри вай дар бедории фикри миллии мардуми имрӯзи Бухоро таъкид мешавад:
Рӯдакӣ рӯд менавозад,
Тулъи “Дониш”-и Сино паёми субҳ мерасонад.
Хоҷаи Нақшбанд мерақсад.
Айнии тозаҷавон шеъри нахустинашро
Дар маҳфили орифонаи Садри Зиё мехонад.
Эй Бухоро! Эй муғаннии пири нобино!
Дар садои мунаввари ман,
ишқро мебинӣ?
Ёд дорӣ? Ман барои ту
Нимашаб шеъри Рудакӣ хондам.
– Маст шудам – гуфт як бухороии ҳушёр,
– Ҳушёр шудам – гуфт як бухороии маст.
– Эй масту ҳушёр! Беэътибор мангар бар омаду рафтани норӯшани ман.
Шеъри мазкур дар мавридаш дар рӯдакиномаи Фарзона таҳти унвони «Дил дар шикани нома» (2008) низ ҷой дода шудааст.
«Дил дар шикани нома», ки баргирифта аз мисраи Рӯдакист, як навъ хотироти омехта ба андешваҳои зиндагии ҳаррӯза, руҷӯъҳо ба таърихи дуру наздик ва муқоисаву таҳлил ва таҳкиқи шеъри Рӯдакӣ ва зинадгӣ, шӯҳрату ибрати он қарор гирифтааст. Аслан ин асар дар шакли нома ба устод Рӯдакӣ таълиф шудааст ва гӯё муаллиф ҳамроҳ бо Рӯдакӣ ва кӯмак гирифтан аз шеъри ӯ дар бораи таърих, адабиёт, сарнавишти тоҷикон,зинадгии имрӯза ва гоҳо ормонҳои пешорӯи он ба андеша меравад, сӯҳбат мекунад, мисол меоварад, ташреҳ менамояд, натиҷагирӣ мекунад ва мантиқан гуфтмоне (дисскурс) байни замонҳо барқарор мешавад. Ва ин гуфтмон ё номаи гуфтмон аст, ки барои фарогир шудани мавзӯъу масоили бисёр, воқеаҳои мухталиф – моҷароҳои хурду бузург ва гоҳо дурушти зиндагии сахтгир ва гоҳи дигар хеле муҳим, аз зиндагии муқаррарӣ ва фоҷиабори хонаводагӣ то таъриху сарнавишти шахсиятҳо ва миллат ва ғайраву ва ҳоказоро фаро мегирад, ки дар ҳама ҳолат аз Рӯдакӣ шоҳид меоварад ва бо ӯ дар сари мусоҳиба аст: яъне Рӯдакӣ мусаввиби ин гуфтмон аст ва дар айни замон Рӯдакӣ меъёри баҳо ва қазоватҳо ба неку бади зиндагии муосир ҳам ҳаст.
Ташна шудам, ки омадам, ташнаи оби Мӯлиён,
Ҳодии роҳ ханда зад: Гуфт, ки «ҷӯйбор ку!?»…
Зиёда аз он, дар ин асар ҷанбаи илмӣ ба тору пуди нақли Фарзона омехта, нақду андешаҳои ӯро дар бораи муҳимтарин хасоиси шеъри Рӯдакӣ фаро гирифтааст. Масалан, баррасӣ ва тавсифи хеле аз мавзӯъот, ки дигарон камтар мутаваҷҷеҳи он шудаанд, амсоли ному сифоти дарахтон, васфи Офтобу абр, асбобҳои мусиқӣ, номҳои манотиқи Хуросон ва дигар амокин, тавсифи Наврӯзу урдубиҳишт ва гулу гулистон ва ғайра, ки чандомадашон дар шеъри Рӯдакӣ зиёд аст, ба Фарзона барои баёни ақидае дар бораи шоири ошиқи зебоиҳои табиат ва зиндагидӯст, шоду шодиофар, дунёдидаву соҳибтаҷриба, кунҷкову зебоназар будани устод имкон додаанд. Дар нома анқариб 200 мисраъ шеъри Рӯдакӣ ба кор гирифта шудааст, ки баёнгари назари мукаммали муаллиф ба эҷодиёти устод ва дақиқу боэътимод будани андешаҳояш мебошанд. Дар ин замина дар мақола пусишу посухи аҷибе бо тавзеҳаш омадааст, ки шинохти Рӯдакиро аз диди Фарзона мукаммал менамоянд:
Аслан Рӯдакӣ ринд аст ё порсо?
Дар чашми ман ринд аст.
Зоҳид аст ё ошиқ? – Бешак ошиқ!
Сугвор аст ё масрур? – Бешак масрур.
Кӯр аст ё бино? – Ҷовидон бино!
Ва тавсифи Рӯдакӣ бисёр аст, аммо он аз забони шоири пешрави шеъри муосир маънии дигаре касб мекунад ва ба ҳақиқати ин тавсифҳо бовар мекунем, зеро натиҷаи мутолиаи дақиқ ва фурӯ рафтан ба жарфои шеъри устод мебошад: «Устод! Шумо ҳатман бояд сиришти уқобӣ дошта бошед. На, ғалат гуфтам. Бунияти Шумо офтобист. Вақте мардум шуморо мебинанд, мутмаин мешаванд, ки буданашон дар ин сарочаи ғафлат мӯҳтаво дорад, зеро дар ин дунё касеро доранд, ки хуршедтар аз хуршед аст ва вақте кас ба он хуршеди заминӣ менигарад, сардию зулумоти вуҷудаш сутурда мешавад… Мардум чакомаҳои аҳуроии Шуморо мехонанд ва дармеёбанд, ки бо ин мисбоҳи ҳидоят ба кадом самт бояд гароиш кард». Ва як нуктаи муҳим аз ин рӯдакинома ҳамоно мусоидат ба тасмимгирии ҳамзамонон, аз ғафлату бадбахтӣ ва бефикрӣ ба худдаркиву худшинохтагии милливу таърихӣ ҳидоят кардани онҳост.
Ба ин маънӣ, таҳлилу тасвир ва баррасиҳои Фарзона шоири шеъри имрӯзи тоҷикӣ дар бораи шахсият ва шеъри устод Рӯдакӣ сухани тоза ва дақиқу боэътимод дар шинохти ин шоири «бо бунияти офтобист».