Ба истиқболи 77-солагии Ҳабибулло Файзулло
(Хотира аз писархонди Сотим Улуғзода)
15-уми марти соли 2022 шоири тавонои тоҷик зиндаёд Ҳабибулло Файзулло 77 сола мешавад. Мардуми бофарҳанги Олмон шахсони ба синҳои 66, 77, 88, 99… даромадаро ҳамчун ҷашни хотирмони он шахс қайд мекардаанд. Мо низ ҳаминро ба назар гирифта, ният кардем хотираҳои худро дар бораи дӯсти донишҷӯиям Ҳабибулло Файзуллоро рӯи коғаз орам. Дар ин бора бузургон гуфтаанд: Шитоб кунед, ки дер нашавад.
Ҳабибулло Файзулло дар факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) соли 1961 шомил шуда бошад, банда соли 1962 шомили ин даргоҳи муқаддас шуда будам. Ҳар ду дар як сол- соли 1966 ин донишгоҳи бароямон азизро хатм кардем. Сабаб чӣ буд, ки мо як вақт донишгоҳро хатм кардем? Аз соли 1963 дар асоси фармони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ моро, ки дар курси дуюм таҳсил мекардем ба таълими чорсола гузаронида буданд ва мо дар 4 сол, гуруҳи Ҳабибулло бошад дар 5 сол донишгоҳро хатм карданд.
Дар донишгоҳ бо Ҳабибулло қариб ҳаррӯз дучор меомадем, суҳбатҳо мекардем. Ман дар бораи таърихи Истаравшан нақл мекардаму ӯ дар бораи Ховалинг ва бо ифтихор дар бораи Саидаҳмад Каримови қаҳрамон нақл мекард. Ногуфта намонад, баъди хатми донишгоҳ ва як соли кор дар кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва адои хизмати ҳарбӣ, соли 1968 маро ҷонишини директории мактаби миёнаи умумии №5 ба номи А. Рӯдакӣ таъин карданд. Аввалин кори кардаам ин ҷамъоварӣ намудани маводҳо дар бораи қаҳрамони солҳои 20 ва 30-и асри гузашта Олим Почоеви уротеппагӣ буд. Дар ин ҷустуҷӯйҳо достони Саидаҳмад Каримов дар бораи қаҳрамониҳои Олим Почоев пайдо кардам ва онро то ҳол маҳфуз медорам. Мо қабри Олим Почоев, ки солҳои 1929 ва 1931 бо ду ордени «Байрақи сурхи ҷангӣ», ки он солҳо бо унвони қаҳрамонӣ баробар ба ҳисоб мерафт, обод карда номи дружинаи пионерии мактабро ба номи Олим Почоев гузоштем. Аз номи пионерони мактаби мазкур ба унвонии Саидаҳмад Каримов мактуб навишта, ба Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) даъват кардем. Ин шахс як ҳафта меҳмони уротеппагиҳо шуда буданд.
Тақдирро бинед, ки гуфтаҳои Ҳабибулло Файзулло нисбати Каримов Саидаҳмад, баъди 13 сол муяссарам гашт бо ин марди бузург вохӯрда, суҳбат кунам, амалӣ гашт.
Дар хотир дорам, ки соли 1967 ҳангоми дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор кардани Ҳабибулло Файзулло нахустин маҷмаии шеърҳояш бо унвони «Қатраи борон» аз чоп баромад ва худи ҳамон сол ӯро ба узвияти иттифоқи нависандагони СССР пазируфта буданд. Ин ҳодисаи нек ҳамаи мо ҳамкурсонро шод гардонида буд.
Соли 1971 ба ман ҳамчун корманди масъули горкомпартия хабар доданд, ки фардо Ҳабибулло Файзулло ба Уротеппа меояд, истиқбол гиред.
Ҳамон замон ба чойхонаи «Ҳавзи морон», назди чойхоначӣ Бобоҷон Пӯлодов, ки бо лақаби «Кали Бобо» машҳур буданд, рафта барои фардо тайёр кардани як оши палав бо гӯшти гӯсфанд ва равғани думба хоҳиш кардам.
Тахминан соатҳои 10 ё 11 рӯзи дигар Ҳабибулло ба горком омаданд ва мо чун дӯстони давраи донишҷӯӣ сахт ҳамдигарро ба оғӯш кашида вохӯрӣ карда, ҳолу аҳволпурсӣ намудем. Баъди каме суҳбат кардан дар ҳуҷраи корӣ меҳмононро барои як пиёла чой ба чойхонаи «Ҳавзи морон» таклиф кардам.
Ош хеле бомазза шуда буд ва мо бо иштиҳо онро тановул кардем. Баъди тановули хӯрок ва фотиҳаи неки дӯстон Ҳабибулло Файзулло ба ман суоле дод, ки «Ҳавзи морон» мегӯянду ман ягон морро дар ин ҷо надида истодаам. Шӯхиомез гуфтам, ки ҳамаи морон ба куҳ баромада рафтанду ба мо оби ширину оши палави бомаззаро монданд.
Ба хотири тасдиқи ин гуфтаҳо ба Ҳабибулло ривояти халқиеро нақл кардам.
– Аз рӯи баъзе маъхазҳо ин об гӯё аз кӯли «Ойдинкӯл»-и ноҳияи Шаҳристон меояд. Нақл мекунанд, ки чӯпоне ҳангоми аз оби «Ойдинкӯл» нӯшидан гӯё ассои қуббадораш ба оби кӯл меафтад. Чӯпон ассояшро кофта ба Истаравшан меояд ва аз одамон суроғ мекунад, ки ягон кас ассои қуббадореро ёфта бошад? Ба ӯ мегӯянд, ки дар чойхонаи «Ҳавзи морон» аз чашмае ассои қуббадор берун баромадааст ва ӯ ба чойхонаи «Ҳавзи морон» меояд ва аз чойхоначи ассояшро мепурсад. Чойхоначи мегӯяд, чи хел исбот мекунед, ки он ассои шумо аст. Чӯпон мегӯяд, қуббаашро тобед аз дохилаш ду тангаи тилло мебарояд. Баъди тофтани қубба аз даруни асо ду тангаи тилло мебарояд. Мардум бо ин исбот кардани мешаванд, ки он қақиқатан аз баландии 60 км аз «Ойдинкӯл» меояд. Ҳабибулло аз ин ба ваҷд меояду шеъре менависад. Баъди тановули хурок ва фотиҳаи неки дастархон, ако Бобоҷон бо як чойники чойи кабуд ба назди мо омада, ба Ҳабибулло гуфтанд.
-Меҳмонон, ин чойхонаи «Ҳавзи морон» таърихи хеле қадима дорад. Аз ин оби ҷонбахш шоир Зуфархон Ҷавҳарӣ бо шогирдонашон Ноилу Азизӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим ҷалил, Лоиқу Саидалӣ, Гулназар, Назирӣ, Суҳайли Ҷавҳаризода, Баҳодур Файзулло, Обидхӯҷа Лутфӣ, академикон Раҷаб Амонов, Аҳрор Мухторов, Собит Неъматуллоев, Хуршеда Отахонова, Ӯлмас Мирсаидов ва даҳҳо дигарон нӯшида, дар гирди он сӯҳбатҳои адабӣ барпо мекарданд. Ногуфта намонад, ки вақте устод Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳмизода, Убайд Раҷаб ҳангоми сафар ба Хуҷанд ба Ӯротеппа омада, дар ин чойхона дам мегиранду чой менӯшиданд. Баъди аз ҷой хестан устод Мирзо Турсунзода як қабза «пули ош» гӯён ба ман маблағе дароз карданд. Чанд бор рад карда бошам ҳам, Устод маҷбур мекарданд, ки пулро гирам. Оқибат маҷбур шуда ба Устод гуфтам, як сӯми Шуморо мегирам ва онро тӯмор карда, ба гарданам овехта, мегардам ва ҳоло ана ин ҳамон тӯмор нишона за Устод Мирзо Турсунзода гуфта, аз гарданашон бароварда ба Ҳабибулло нишон доданд. Ҳабибулло ба ако Бобо нигариста, аҳсан хонд ва дасташонро сахт фишурд.
Ҳабибулло аз ин нақл ба ваҷд омада, шеъре навишта буд, ки онро манзури шумо мегардонем.
ЧАШМАИ ШОИРОН
Чӣ ҷои барҳавое «ҳавзи морон»,
Бихонад чашмааш чун обшорон.
Бубинам Ҷавҳарӣ пири хирадманд,
Нишаста ба лабаш бо рӯйи хандон.
Сухан сеҳрасту шоир чун сипеҳр аст,
Дилаш дар сина чун меҳри фурӯзон.
Ба худ печидаву аз хеш рӯяд,
Миёни дӯстон чун ишқи печон.
Лаби он чашма Турсунзода омад,
Ки худ буд ошиқи ин чашмасорон.
Ғазал аз чашмаву аз дил бурун гашт,
Ба сони розҳои дардмандон.
Бувад ҳар қатра обаш нӯшдору,
Равон равшан кунад чун доруи ҷон.
23-уми феврали соли 1976 дар Ӯротеппа дорусоз Акбар Бобохӯҷаев китобхонаи шахсии худ «Кошонаи Саъдӣ»-ро на танҳо барои ҳамдиёронаш балки барои китобдӯстони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боз карда буд. Бо ҳамроҳии Ҳабибулло Файзулло ба ин маҳзани илм рафтем. Моро Акбарако хуш қабул карда, бо таърихи ташкилёбии китобхона ва роҳҳои гирд овардани китобҳо нақл карданд. Ҳабибулло китобхонаро тамошо карда, дар дафтари қайдҳо чунин навишт:
«Обод бимонад ба ҷаҳон хонаи Саъдӣ,
Ҳам соҳиби ин хонаю «Кошонаи Саъдӣ».
Баъди ба Душанбе рафтан он ду мисраъ ба 24 сатр табдил меёбад.
«Кошонаи Саъдӣ»
Худ даруни кулбае маъво гирифт,
Бо ҳама аҳлу аёли хештан.
Раф даруни хонаи ӯ ҷо гирифт,
Хонааш гардид маъвои сухан.
Рӯдакӣ дар базми шеъру шоирӣ,
Садри маҷлис асту солори хирад.
Чун сипаҳбудест Фирдавсӣ мудом,
Хун бирезад, ҷони Рустамро харад.
Бингарам, Хайём зери хаймае,
Бо ҳама авлод ҳампаймонааст.
Ҷомиву Айнӣ шуда меҳмони ӯ,
Лек Саъдӣ соҳиби кошонааст.
Аз «Гулистон» дастагулҳо бастааст,
Бар муборакбодии аҳли башар.
Бедил аз он бедилиҳо растааст,
Ақлро бахшида исёни дигар.
Гирди дунё гашта Турсунзода ҳам,
Сайр дорад андар ин кошона ӯ.
Бо ҳама ҷадди сипаҳсолори шеър,
Қарнҳо гардида ҳампаймона ӯ.
Марди соҳибзавқро бингар чӣ сон,
Давлати умр аз китоби шеър кард.
Пояҳои таърихи аҷдодро,
Бо тамоми наслҳо кафшер кард.
Бо шодравон Ҳабибулло Файзулло ба сӯи истгоҳи автомашинаҳои мавзеи Гули Сурх рафта истода будем. Ногоҳ ба мағозаи сару либос бо номи «Зебо», ки дар паҳлӯи рости роҳ буд, назараш афтод ва гуфт, Сайфулло, биё ба ин мағоза дароем, шояд бароям костюми хубе пайдо кунем.
Вориди мағоза шудем, моро мудири мағоза зиндаёд Бафо Почоев, ки марди хеле озодапӯш ва сӯҳбаторо буд, пешвоз гирифта, «хуш омадед, ба мағозаи мо гуфт» ва пурсид, чӣ хизмат кунам?
Ҳабибулло мақсади худро баён кард ва ман бошам акои Бафоро бо Ҳабибулло Файзулло шинос кардам. Дар кори савдо, акои Бафоро хеле чирадаст меноманд, бинобар як костюмро се маротиба аз таҳхона, ки як қисми костюмҳо он ҷо маҳфуз буданд, оварда нишон дод. Ба Ҳабибулло костюмҳо маъқул нашуданд ва мо аз он баромада сӯи истгоҳ равон шудем. Дар роҳ Ҳабибулло гуфт, Сайфулло ин акои Бафо ба мисли «артист» будааст, хост бо як костюм моро фиреб диҳад, аммо натавонист. Аз кори акои Бафо ман дар назди Ҳабибулло хеле хиҷолат кашида будам. Ба истгоҳи Гули Сурх расидем ва бинам ронандае интизори як нафар мусофир будааст. Ҳабибуллоро дар он савор карда, ба Душанбе гусел намудам. Баъди чанд муддат як шеъри Ҳабибулло Файзулло ба чоп расид, ки пурра ба Истаравшан бахшида буд, ки «Манзараи Истаравшан» ном дошт.
Байни талу ин теппаҳо,
Осори аҷдодон бубин.
Байни худу аҷдодҳо,
Вайронӣ, ободӣ бубин.
Ҳар хишти қасри бостон,
Чун саҳфаи таърих хон.
Ҳар як манори сарбаланд,
Чун пояи таърих дод.
Он Истаравшанзодагон,
Суғдони номовар буданд.
Сади раҳи лашкаркашон,
Чингизу Искандар буданд.
Ҳар як ҳунарманди далер,
Дар санг гулҳо коштанд.
Он санъати аҷдоди худ,
То қуллаҳо бардошанд.
Имрӯз он шаҳри куҳан,
Чун пири барнодил бувад.
Андар вуҷуди мардумаш,
Ганҷест танҳо дил бувад.
Ин охирин дидор будааст. Хабари дар садамаи нақлиёти дучор шуданашро 8-уми июни соли 1980 шунида, хеле андӯҳгин шудам.
Илоҳо ҷояш ҷаннат ва аз ҳавзи Кавсар сероб шуда бошад.
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигор,
Аълочии матбуот ва маорифи ҷумҳурӣ,
Аълочии бойгонии СССР,
барандаи чоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи А. Лоҳутӣ