1

Он замон, ки Институти забон ва адабиёт бунёд гузошт, тадриҷан шуъбаҳои нав пайдо шудан гирифтанд. Агар шуъбаҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик ва фарҳангшиносӣ бо маводи пешину қадимии худ кор мекардагӣ бошанд, шуъбаҳои забону адабиёти шифоҳӣ аз байни халқ бояд мавод ҷамъ меовард ва ҳамзамон маводи ҷамъ овардаашонро таҳқиқ менамуданд. Зеро ба забону ашъори шифоҳӣ дар асрҳои миёна кам таваҷҷуҳ менамуданд. Бинобар ин, ҳам дар ин шӯъбаҳо кор душвориҳои зиёд дошт, мавод ва фонди илмӣ ба вуҷуд овардан зарур шуд. Раёсати Институт дар раҳбарии хусусан устод Носирҷон Маъсумӣ ҷойгиршавии тоҷикони Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои тоҷикнишинро ба нақшаи гирифта, аввал ба омӯзиши лаҳҷаву шеваҳои тоҷикони Осиёи Марказӣ ва маърифати маънавии онон пардохт. Кормандони шуъбаҳои диалектология (мудир О.Ҷалолов, баъд Р.Ғаффоров) ва фолклори тоҷик (мудир Р.Амонов) давра ба давра мавод ҷамъ меоварданд. Коре мекарданд, ки ҳам дар лаҳҷа ва ҳам дар сабти ашъори мардумӣ табиати гуфтугӯӣ ва лаҳни мардумиро бе тағйир навишта ва сабт намоянд. Дар ин кор ҳар ду шуъба баробар саҳмгузор мешуд. Ҳоло маводи бо ташаббуси кормандони ин шуъбаҳо ҷамоварӣ шуда, хазинаҳои бузурги маърифати маънавии халқу миллатамонро ташкил медиҳанд, ки дар Институт нигаҳдорӣ мешаванд.

Устод Айнӣ солҳои бистум то аввали солҳои сиюм дар конференсияҳои дар атрофи забони тоҷикӣ дар Тошканду Бухоро, Самарқанду Сталинобод гузаронида шаванда, хусусан ду тоифаи мардумонро даъват менамуданд: яке онҳое, ки сирф бесавод буда, табиати забони (лаҳҷаи) худро бе тағйир, нарезондаю начаконда гуфта метавонанд ва дигар муаллимоне буданд, ки бештар ба забони гуфтугӯӣ, умумияти лаҳҷаҳо ба вуҷуд оварда, сухан мегуфтанд. Дар ин шӯъбаҳо аслан ба табиати забони (лаҳҷаи) мардумони бесавод зиёд диққат дода, фарқи байни лаҳҷаҳо ва табиати ашъори халқиро равшан менамуданд.

Ҳар ду шуъба экспедитсияҳо ташкил карда, маводи бисёри зарурӣ ба даст дароварда, мавзӯъҳои илмии худро таҳқиқ ва корҳои илмии назаррас иҷро менамуданд. Кормандон гурӯҳ-гурӯҳ ба экспедитсияҳо мерафтанд. Кормандони шӯъбаи лаҳҷашиносӣ Ғаффор Ҷӯраев, Субҳон Атобуллоев, Мансур Маҳмудов, Баҳром Бердиев ва дигарон дар раҳбарии Обид Ҷалолов як ҳайат ҷудо карда, маводи зиёди лаҳҷаҳои тоҷикони Варорудро деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр гашта, таҳия менамуданд. Ҳамаи тоҷиконеро, ки дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Кирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар ноҳияҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мезистанд, ба рӯйхат гирифтаву нақшаҳои сафар кашида, мавод ҷамъ меоварданд. Ҳатто Ғаффор Ҷӯраев, М.Маҳадов, Мансурхон Маҳмудов ва дигарон аз ин шуъбаҳо дар Афғонистон ҳамчун мушовири сиёсӣ фаъолият карда, бо лаҳҷаву ашъори шифоҳии тоҷикони ин кишвар шуғл меварзиданд. Яъне инҳо шахсоне буданд, ки ба қадри кори худ расида, касби худро дӯст дошта, дар пайи ҳифзу ҳимояаш буданд, ба масъалаҳои гуногуни лаҳҷаҳои Вароруд даст зада, бо ҷон ба таҳқиқаш мекӯшиданд.

2

Солҳои шастум, он замон, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷ.Т. Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Муллоҷон Фозилов, Носирҷон Маъсумӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҷаб Амонов, Расул Ҳодизода, Абдуқодир Маниёзов, Арзуманов, Капранов, Шарофиддин Рустамов, Лариса Демидчик, Атахон Сайфуллоев  дар сари қудрати илми филологӣ фаъолият менамуданд, як гуруҳ ҷавонон ба кор гирифта шуданд, ки дар байни онҳо Мансурҷон Маҳмудов ҳам буд, вай аз аввал табиати озодона сухан гуфтан, бо ягон лутф касеро хандондан, дар дили мардум шодию сурур ба вуҷуд овардан, бо овози баланд хушнудию хурсандӣ изҳор намудан дошт. Дар қалби ӯ муҳаббату садоқат ва фараҳ меҷӯшид. Агар як миқдор ҷавонон сарпаноҳ надошта,  аз роҳҳои дур ба кор омада, дар иҷора нишаста, бо маоши кам ғарқи андешаҳо мешуданд, вале вай аз ин ҷиҳат парво надошт, медонист, ки муваффақият зуд ҳосил намешавал, барои ба ҳар кор пирӯз шудан арзанда хидмат кардан лозим аст. Баҳузур аз пайи омӯхтану таҳқиқ намудани илми шевашиносӣ мешуд. Шояд боз сабабҳое буданд, ки ин ҷавон чунин сифатҳои дилрабо дорад. Дар оилаи муаллими хизматнишондодаи мактабҳои ҷумҳурӣ ба балоғат расида, раҳбари идора хешу табораш буд, дар Ҳисори Шодмон зиндагонӣ карда, аз волидон кӯмак мегирифт. Ин омилҳо шояд ҳар каси дигарро ҳам ба озодагию шоистагӣ медаровард. Вай ба ҷамъоварии мавод аз ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдату Файзобод шурӯъ намуда, ҳатто маводи кори дипломии донишгоҳиро ба ин минтақа бахшида, баъд ба дигар маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ шуғл варзидааст.

Дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ин ҷавон донишмандони забардаст Ш.Ҳусейнзода, Баҳоваддинов, Н.Маъсумӣ, М.Эркаев, Д.Тоҷиев, Ҳ.Каримов ва дигарон сабақ омӯхта, завқашро ба илм афзуда буданд. М.Маҳмудов дар Институти илмии тадқиқотии забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ба кор қабул шуда, решаҳои нав ба ҳаракат омадаи маънавиаш зуд ба ҷунбиш даромада, қаду бар гирифта, мустаҳкам мешуданд. Фазилатҳои нави илмиаш дар шуъбаи лаҳҷашиносӣ торафт нашъу намо меёфт. Дар раҳбарии В.Л.Успенская дар мавзӯи “Лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияи Китоб” (1971) рисолаи илмӣ навишта, зуд соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ шуд, баъд дар ин роҳ шоху тана пайдо намуда, торафт устувор мегардид. Ба кори илмии ӯ аз донишмандони таҳҷоӣ ва марказҳои илмии Русия мақолаву тақризҳо навишта, яке аз беҳтарин таҳқиқоти илмӣ муаррифӣ карданд.

Ғайр аз ин, вай дар баробари ҷамъоварии мавод боз асарҳои таҳқиқӣ навишта, мақолаву китобҳои зиёде ба нашр расондааст. Ӯ хусусан дар таҳияи луғатномаҳо, пайдо намудани беҳтарин дурдонаҳои халқии тоҷикони Осиёи Марказӣ мутахассиси пурзӯр гардид. То имрӯз ба қалами ӯ ва баъзе ҳамкасбон “Луғати шеваҳои ҷанубӣ” (дар ҳамқаламии Ҷӯраев, 1971; нашри 2 ,1997), “Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро” (дар ҳамдастии Б.Бердиев, 1989), “Луғати шеваҳои забони тоҷикӣ” (дар ҳамқаламии Ғ.Ҷӯраев, иборат аз ду ҷилд, 1997), “Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева” (дар ҳамдастии Ғ. Ҷӯраев ва С.Қурбонов, 2017),  “Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон” (дар ҳамқаламии Ғ.Ҷӯраев, О.Қосимӣ, М.Маҳадов, дар ду ҷилд, 1997) “Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” (дар ҳамдастии Ғ.Ҷӯраев, Б.Бердиев, 2012, нашри 2, 2017) ва дигар даҳҳо асару садҳо мақолаҳо навиштааст. “Фарҳанги масодири забонҳо” сазовори “Ҷоизаи Мавлавӣ” гардидааст. Ҳамкасбон, хусусан шогирдон барои он ки ба хатоҳо роҳ надиҳанд, “Дастуруламали ҷамъоварии луғати шевашиносии забони тоҷикӣ” (дар ҳаммуаллифии Ғ.Ҷӯраев ва Т.Мақсудов, 1982) таҳия кардаанд. Устод М.Маҳмудов “Феҳристи адабиёти шевашиносӣ” (ҳамроҳи С.Хоркашев, 2010), “Китобномаи адабиёти шевашиносӣ”, 2020  низ таҳия кардааст, Ин шахс дар кору кирдор, махсусан дар ҷамъоварии мавод ва таҳқиқ, дар пайдо намудани беҳтарин калимаҳои форсии тоҷикӣ, ҳамчун дурру гуҳар дар ҷамъоварӣ ва таҳия намудани ин осори бебаҳо дар қатори дигар устодони соҳа яке аз беҳтарин муҳаққиқ шинохта мешавад.

М.Маҳмудов алҳол умедвор аст, ки лаҳҷаҳои тоҷикони вилоятҳои Сурхондарёву Қашқадарёро аз ҷиҳати илми шевашиносӣ ҷамъбаст карда, рисолае ба унвони “Системаи феъли лаҳҷаҳои шимол” таҳқиқ менамояд. Ба ин муносибат вай силсиламақолаҳои зиёде ҳамчун сифати феълӣ, масдар, феълҳои таркибӣ, феълхои таркибии феълиҳолӣ, феъли ҳол дар шеваҳои шимолӣ, асосҳои феъл, замони ҳозираи муайян, баъзе вижагии феълҳо, пешванду пасванди феълсоз ва ҳоказо ба табъ расондааст.

Аз луғатномаҳои лаҳҷавии Мансурҷон Маҳмудов калимаҳои зиёд ба забони адабӣ ворид шуда, онро мукаммал мегардонанд. Устод Айнӣ дар Луғати нимтафсилии худ навишта буданд, ки вай як қисми онро аз китобҳои кӯҳна дастрас карда бошад, қисми дигарро аз забони зиндаи халқ чинда гирифта, барои адибони ҷавон армуғон додааст. Фонди луғавии забони тоҷикӣ аз калимаҳои зебою пурмаънои дар миёни халқ нуҳуфта, ки М.М. ва ҳамкорону ҳамдастонаш ҷамъоварӣ кардаанд, торафт ғано гирифта, ҷилоҳои тоза, ҳусн ва тароват пайдо менамояд. Забони тоҷикии форсӣ аз онҳо  мешукуфад, ривоҷу равнақи тоза мегирад.

Ӯ ба гурӯҳҳои этникии курду балуҷ, тату толиш, кирмоншоҳию мӯсавӣ… гӯишҳои эронии Бухоро низ машғул шуда, пайваста бо лаҳҷаҳои миллӣ ҳамаи шаҳру вилоятҳои Осиёи Марказӣ, то Эрону Афғонистон, Қафқоз, Молдавия, Украина сафар карда, аз ҳаёти забонҳои мазкур, урфу одат ва суннатҳои мардумии онҳо мақолаҳо навишта, хотираҳои пурарзиш дорад, ки метавонад ҳамаро дар сифати ёддошти илмӣ ва хотираҳои сафар баён намояд. Дар бораи забонҳои бошқирдӣ, қазоқӣ, қалмоқӣ, қароқалпоқӣ, қирғизӣ, туркӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ васеъ маълумот дошта, мақолаҳои ҷудогона навиштааст.

Дар бораи шоири инқилобии рус Демян Бедний, шоири ӯзбек Ғафур Ғулом, 80-солагии В. Куйбишев, панҷ-шаш мақола ба устоди раҳнамо, олим ва омӯзгор Л.В. Успенская,  М.Оранский, В.Г.Ахвледиани, дар бораи С.Улуғзода, Н.Маъсумӣ, Д.Тоҷиев, Раззоқ Ғаффоров, Миср Эшниёзов, А.Сангинов, Ғаффор Ҷӯраев, Маҳрам Файзов, Давлатбек Хоҷаев, Фарҳод Зикриёев, Ш.Кабиров, С.Атоуллоев, С.Воҳидов, Абдусалом Абдураҳимов, Назаров, Мадиброҳим Норматов,  Сулаймон Алиев, Зуҳуриддин Юсуфов ва бисёри дигарон, дар бораи баъзеҳо гаштаю баргашта, дубораю чанбора ва силсиламақолаҳо навиштааст.

Сафарҳои хидматӣ ба чумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Белорусия, Украина, ҷумҳуриҳои Назди Балтика, ҶИ Афғонистон, ҶИ Эрон, Иттиҳоди Аморати Араб, Фаластин, Исроил, Амрико, қариб тамоми шаҳру вилоятҳои Русияро гаштааст. Узви Конфедератсияи байналмилалии Иттиҳодияи журналистон, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, ходими пешбар, узви Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёт, узви сексияи илмии забоншиносӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаи сотсиалистии соли 1975, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), барандаи Ҷоизаи Мавлавӣ (1999), академики АИ педагогии Федератсияи Русия (2009) мебошад, Соҳиби Ифтихорномаву нишонҳои гуногуни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶИ Афғонистон мебошад.

Мансурҷон Маҳмудов ба синни мубораки 80-солагӣ тайёрӣ дида, дар таҳия намудани “Фарҳанги шеваҳои шимолӣ” ва ба охир расондани рисолаи илмии навбатӣ кӯшиш менамуд, китобҳои нави худро ба нашр омода мекард, вале мутаассифона, ба он рӯзҳои шарафманд нарасида, аз олам чашм пӯшид. Ёдашон бахайр!

Шоҳзамон РАҲМОН,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь