Дар як замоне дар як маконе барои нависандаи сатрҳо номаълум, обу хоку оташу бод ба ҳам омаданд, то бунёди ҷаҳон биёроянд ва кохи ҳастӣ ана дар ҳамон макон қомат афрохт. Ва баъд сурат гирифтааст пай дар пай воқеъоти ҷаҳон…

Саҳрои бепоён. Аз дур аҳён-аҳён қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳои Тиёншон ҷилвагар аст. Ин саҳро дар нокуҷое аз нокуҷоободи Тоҷикистону Чин ҷойгир аст. Ва дар ин саҳрои беохир ҳаври туман ба фазо мепечад. Ва дар дили шаб ҳаври туманпора сап-сафед як рӯшноие меофарад. Ин рӯшноӣ басо ваҳмангез аст. Чунон ки ҳатто дар дили далерони роҳ тарсу бим эҷод месозад. Ва дар ин шаби нимасапеду нимзулмонӣ се аспи бузургҷусса ба амри тасодуф шакл мегиранд. Садои шиҳаи асп дар фазо мепечад ва якбора хомӯшӣ аз байн меравад. Ва дар масофаи чор-панҷ метр дуртар аз аспҳо ногоҳ се тан ҷавони ҳузарб пайдо мешаванд. Шояд онҳо кайҳо аллакай дар ин ҷо буданд. Шояд ин ҷавонон соҳибони ҳамин аспҳо ҳастанд. Ин се тан дар миёни саҳро дар ҷунбуҷӯл ҳастанд. Онҳо заминро мекобанд. Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, бо вуҷуди дарақ-дарақ ларзидан ва аз ваҳми шаб бим бурдан, “боз ҳам чуқуртар” гӯён дар ковиш буданд. Аллакай зиёда аз як метр кофта буданд. Ва ногаҳ нӯги асбоби ковиш ба чизе бармехӯраду аз он ҷо шӯъла мепарад. Ва садои аҷиби фулуз мебарояд.

  • Ёфтааам – дод мезанад Рустам
  • Чӣ?!… Канӣ-канӣ, исто бинам – хам шуда бо дастонаш хокро аз болои фулуз тоза мекунад Ромин
  • Аниқ ҳамон аст, – такрор мекунад мӯйҳои дарози ба пушт хамидаашро бо ду даст қабза карда Сиёвахш…

Се тан якбора зӯр зада чизеро аз зери хок берун меоранд, ки ба сандуқи мураббаъи оҳанӣ шабоҳат дорад. Аз афташ он хеле вазнин аст, ки онҳо оҳу воҳгӯён базӯр бардошта зуд ба назди аспҳо меоранд. Ва аҷала карда рӯйи аспҳо савор мешаванд. Аллакай субҳ қариб ба дамидан оғоз мекунад ва парда аз шаби зулмонӣ бардошта мешавад. Ва яке аз ёрон сандуқро пеши худ мегирад. Онҳо аспҳоро химчакорӣ карда бо суръати тамом ба самти деҳкадаи “Харобобод” мешитобанд. Чангу дуд аз замин ба фалак мепечад. Онҳо бо як сурур ва шавқ чунон тез ҳаракат мекунанд, ки гӯё дар ягон пойга иштирок карда истода бошанд.

Деҳкадаи Харобобод тақрибан дар километри панҷуми ин саҳро воқеъ аст. Ин саҳро аслан Водии марг ном дорад. Аз қадимулайём чунин меноманд ва ба ин ҷо ҳанӯз қадами одамӣ нарасида буд. Ва ин се тан аз аввалинҳое буданд, ки ғайраташон боло гирифт ва ба ин ҷо омада буданд.

Аллакай Офтоб болои деҳкада нурпошӣ мекард. Издиҳоми бузурге дар майдони “Шӯрои бобоён”-и деҳкада ҷамъ омада буданд. Ин майдон аз ҳамон аввал чунин ном дошт ва касе намедонад барои чӣ. Вале маросимҳои хос аксаран дар ҳамин ҷо мегузаштанд. Асосан агар зуд ягон қарори қатъӣ баровардан даркор мешуд.

Се тан савора бо суръати тамом гарду чанг ба ҳаво хезонда, вориди майдон шуданд. Издиҳом ба такопӯ афтод. Сару садо баланд шуд. Ва ниҳоят оромии мутлақ ҳукмрон шуд. Гӯё ҳеҷ чизе нашуда бошад, ҳатто пашша пар намезад. Гӯё касе нафас намекашид. Ҳама гӯшу ҳуш буданд ва ба якдигар нигоҳ мекарданд. Ва ин се тан аз асп фаромаданд. Бе сару садо сандуқро дар миён гузоштанд ва онро кушоданӣ шуданд. Тавассути табар қулфи зангзадаро зада шикастанд ва ана акнун онро кушодан даркор буд.

– Ман мекушоям – бовиқор садо баровард Ромин.

– Не  – дод зад Сиёвахш

– Ман мекушоям – дод зад Рустам

 Онҳо ба ҳам дарафтоданд ва дар хуни якдигар кӯшиданд ва ҳар се захмӣ шуда ба по афтоданд. Аҷиб буд, ки касе аз аҳли ҳузур ба онҳо чизе намегуфт ва онҳоро халос намекард. Ҳамин дирӯзакак дар ин майдон издиҳом ҷамъ омаданд ва қарор бароварда шуда буд ва марде бо садои баланд қарорро эълон карда буд:

– “Шӯрои бобоён” қарор баровард: Ромин, Рустам ва Сиёвахш ба Водии марг барои ҷустуҷӯи сандуқи зари ниёгон фиристода шаванд.

Тибқи ривоёти калонсолони деҳкада ва сарварони “Шӯрои бобоён”-и деҳкадаи Харобобод гӯё дар ким-куҷои саҳрое бо номи Водии марг сандуқи пур аз тиллои Шоҳигарии Харобободиҳо нуҳуфта будааст ва то ҳанӯз касе онро пайдо накардааст. Ҳар касе суроғи он мерафт, лоҷарам мурдааш бармегашт ё беному нишон шуда мерафт. Ин маротиб Шуро қарор бароварда, ки гунаҳгоронро ба ҳамин минвол ҷазо диҳанд ва ба он ҷо бифиристанд. “Хоҳу нохоҳ мемиранд” фикр мекарданд онҳо. Вале ин навбат чунин нашуда буд. Онҳо зиндаву солим баргаштанд ва акнун байни ҳам меҷангиданд. Чаро? Чун ин се тан ошиқи зори бонуи зеботарини деҳкадаи Харобобод – духти худи Сарвари “Шӯрои бобоён” буданд. Малика духтари бениҳоят зебое буд. Ҳар се ҷавон ба танҳоӣ ба ӯ изҳори ишқ карда буданд ва аз содиқии худ мегуфтанд. Ин дар тамоми деҳкада овоза шуд ва духтарро бо ин “гуноҳи нангин” ана ҳамин саҳар пеш аз омад-омади се ҷавон дар пешорӯи тамоми мардуми деҳкада кушта буданд. Ана акнун навбати се тан ҷавон буд. Барои инҳо дигар ҳила фикр карда баромаданд. Водии марг! Вале чӣ тавре фаҳмидед, аз ин имтиҳон гузаштанд. Дар ин деҳкада қарори охирин аз Шуро буд. Шӯрои бераҳм! Дигар гапи касе намегузашт. Мардум ҳам ба ин Шӯро эътиқод доштанд ва ҳама кору бори деҳкада аз рӯйи қонуниятҳои ҳамин Шуро сурат мегирифт. Мардум ҳама гӯё ҷисми бидуни рӯҳ буданд ва аъзоёни Шуро, ки ба бераҳмӣ ҳамто надоштанд, ин ҷисмҳои берӯҳро идора мекарданд. Вақте ҷавонон тани беҷони маъшуқаи зебои худро дар хоку хун ғалтида диданд, аҳд карданд миёни ҳам наҷанганд.

– Дигар байни ҳам ҷангидани мо маъное надорад – оҳиста пичиррос зад бо ашки сӯзон Рустам.

– Бале – тасдиқ карданд ҳамроҳонаш.

Онҳо оҳиста бархоста наъра заданд ва сандуқро кушоданд. Ҳама чашму ҳуш ба онҳо буданд. Аз даруни сандуқ ба ҷойи зару тиллои гуфтаи пирони деҳкада як варақи фарсуда баромаду халос. Рустам хам шуда онро гирифту хонд: “…Агар ишқ набудӣ дар дили инсон, ӯ ҳамон обу хоку оташу бод аст.”

 Дар само раъду барқ хурӯшид ва боди сахт аз самти кӯҳҳои Тиёншон, аз самти водии марг дамид ва оташ дар ҷони “Шӯрои бобоён” афтод. Се тан ҷавон тани беҷони ба хоку хун олудаи маъшуқи худро бардошта ба асп савор шуданду самти водии марг андаруни туманпораҳо нопадид шуданд. Онҳо ба “Шӯрои бобоён”-и деҳкадаи Харобобод нафрин хонда буданд ва рӯҳи аҳримантабореро аз қаъри замин фаро хонда буданд. Ҳама издиҳом парешон шуд ва қиёми азиме сар шуд ва миёни ду қувва мубориза сар шуд: Яке ҷонибдорони Шӯрои бобоён буду дигаре ҷонибдорони Шӯрои ҷавонон… Оқибати ин ҷанги хунин чӣ шуд, касе намедонад. Вале тӯфони бузурге хосту деҳкадаи Харобобод ҳамагӣ чун хок аз рӯйи замин рӯфта шуд.

  Сӯфизода Сироҷиддин,

 Телефилм-2024

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь