(чанд андеша оид ба ашъори Сергей Есенин ва шоири тоҷик Султон Шоҳзода)

Дар адабиёти ҷаҳонӣ аз қадим таъсири мутақобилаи эҷодиёти адибон мушоҳида карда мешуд. Ин анъанаи адабӣ таърихи қадима дорад ва мисоли аёнии онро дар таъсири эпоси миллии мардуми порсизабони ҷаҳон «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба адабиёти ҷаҳонӣ масалан, «Палангинапӯш»-и Шота Руставелӣ метавон мушоҳида кард. Таъсири боризи ашъори Хайём, Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдии Шерозиро низ ба эҷодиёти шоирони аврупоӣ ва рус дар мисолҳои фаровон дидан мумкин аст. Ин таъсир имрӯз низ эҳсос мешавад ва ҳатто дар ин хусус садҳо саҳифа мисол овардан мумкин аст.

Шоири маъруфи рус Сергей Есенин, ки дар синни ҷавони заҳри марг чашида буд, ҳанӯз аз солҳои 20-уми асри пор ба шоирони тоҷик, аз ҷумла Пайрав Сулаймонӣ шинос ва таъсиргузор будааст. Шоири боистеъдоди мо Пайрав Сулаймонӣ, ки мисли Есенин дар ҷавонӣ ҷоми шаҳодат нӯшид, бо лирикаи ҷаззобу шевои адабиёти рус мисли ашъори Есенин ошно буд ва ҳатто илҳом мегирифт.

Есенин ба шоҳкориҳои адабиёти форсӣ, хосатан “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, Хайём, Шайх Саъдӣ ва Ҳофиз таваҷҷуҳи хоса дошт, ҳатто бо номи «Савтҳои форсӣ» силсилаи назмии худро эҷод намуда буд.

Солҳои 60 ва 70-уми асри пор ашъори Есенин ба шоирони ҷавону навқалами мо, ки аз охири солҳои 50-уми асри ХХ зери таъсири шоирони навпардози порсизабон мисли Нимо Юшич, Аҳмади Шомлу, Нодири Нодирпур ба шеъри нав, бо истиллоҳ мудерн, ки ибтидои асри ХХ аз адабиёти аврупоӣ ва хосатан, фаронсавӣ ва англисӣ ба адабиёти нави порсӣ «кӯчида» буд, таъсири амиқе гузошт. Ашъори Сергей Есенинро солҳои 1950-1990 дар ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқию мухтор, вилоятҳову округҳои миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам бо забони русӣ ва ҳам забони аслиаш мутолиа мекарданд. Шеъри Есенин зери оҳанги мавзуну эҳсоси ватандӯстиву ишқу муҳаббат ба зодгоҳ, ватани маҳбуб, падару модар, бешаю ҷангалҳои анбӯҳи руси нопайдоканор, ишқи заминӣ ифода ёфта, то андозае хонандаро ба тарафи худ мекашад. Нависандаи ин сатрҳо таъсири назми ҷовидонаю ватандӯстонаи Есенинро аз замони наврасию мактаббачагию навҷавонии хеш хуб эҳсос намудааст ва ин дӯстдории Сергей Есенин ва ашъораш ба хаёлам хоси тамоми мардуми шӯравӣ ва хосатан ҷавонону наврасони даврони шӯравӣ низ буд. Таъсири Есенинро дар ашъори устодон Лоиқу Бозор, ки дар тарҷумаи ашъори Есенин нақши меҳварӣ доштанд, ҳамчунин ашъори Гулрухсор ва дигар шоирони навпардози солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳоло бошад оиди таъсири ашъори Сергей Есенин ба эҷодиёти шоири ҷавонмарги тоҷик Султон Шоҳзода ибрози ақида хоҳем кард. Султон Шоҳзода соли 1943 дар ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ таваллуд ёфтааст. Умри нисбатан кӯтоҳ дида, соли 1995 вафот кард. Муаллифи маҷмӯаҳои «Чашмаи Носир», «Ману борон», «Ошёни уқоб», «Сояи кӯҳ», «Паррандаҳои кабуд» ва «Афсонаи баҳор» аст.

Султон Шоҳзода солҳои 60-уми асри пор мактаби миёна ва баъдан донишгоҳро хатм намудааст. Ин давраи авҷи шӯҳрати Сергей Есенин буд. Таъсири ашъори дар замони ба истилоҳ «оттеппел»-и хрушёвӣ, ки як давраи муваққатии суст гаштани сензураи болшевикӣ-сталинӣ буд ва эшон то андозае майли ошкорбаёниву демократӣ доштанд, ҷавононро фаро гирифта буд. Таъсири он баъди ҳукумати вақти Никита Хрушёв солҳои зиёд дар адабиёти сермиллати шӯравӣ боқӣ монд. Гарчанде маҳдудкунии сухани озоди қишри навпардозу бедордили аҳли зиё, аз ҷумла шоирону нависандагон аз миёнаҳои солҳои 60-уми асри пор аз ҷониби партноменклатураи болшевикӣ шурӯъ гашта буд, лекин баъдан то охири пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низ пурра натавонистанд, ки ин эҳсоси бедорию озодбаёниро дар адабиёти шӯравӣ ва эҷодиёти адибони миллӣ, ҳамчунин ифтихори миллии дар замони «хрушёвӣ» пайдогаштаро нисбати забону миллату хоки аҷдодӣ пешгирӣ намоянд. Он замон ашъори Сергей Есенин, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо миллионҳо нусха нашр мегашт (масалан, танҳо соли 1972 аз ҷониби нашриёти «Правда»-и Маскав 2 миллион нусха ба нашр расида буд), ба навқаламону шоирони ҷавон сахт таъсиргузор будааст. Таъсири Есенин ба ашъори Султон Шоҳзода низ ба хубӣ мушоҳида мешавад. Барои ин мутолиа ва таҳлили танҳо маҷмӯаи «Афсонаи баҳор»-и шоир, ки соли 1994 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, басанда аст. Дар ин маҷмӯъа бахши алоҳида ва ё силсилае ҳаст бо номи «Илҳом аз Есенин», ки он саропо аз меҳру муҳаббати шоир Султон ба Есенин аст. Султон Шоҳзода дар шеъри «Муғаннии русто» чунин менигорад:

 Шоири рус, муғаннии русто,

 Гар ба Эрон надошт ҳеҷ сафар.

 Бо хаёлоти шоиронаи худ,

 Зи дили мулки Форс кард гузар.

Ин ҷо шоир Султон Шоҳзода «Савтҳои форсӣ»-и Есенин илҳом гирифта, ин сатрҳои самимиро эҷод намудааст. Есенин орзӯи сафар ба Эронро дошт, кӯшишҳои чанддафъаинаи ӯ (тибқи бархе аз маъхазҳо шоир шаш маротиба кӯшиши рафтан ба Эронро кардааст) оиди боздид аз сарзамини шоирпарвару фарҳангӣ натиҷа надоданд. Қайд бояд кард, ки эҷоди силсилашеърҳои «Савтҳои форсӣ» натиҷаи се сафари Есенин ба Гурҷистон ва Озарбойҷон мебошад, ки 15 шеърро дарбар мегирад.

Шоир Султон Шоҳзода дар як шеър чунин менигорад:

 Ӯ нарафту надид Теҳронро,

 Лек нӯшид бодааш дар ҷом,

 Дар тарабхонаҳош мерақсид,

 Бар ҳавои рубоии Хайём.

 ***

 Кард аз шеъри форсӣ эҳсос,

 Сӯзиши шамъу марги парвона,

 Аз дили шеъри форсӣ дарёфт,

 Дилбареро ба номи Шоҳона.

Баъди хондани ин сатрҳо, ба хотири кас беихтиёр сатрҳои навиштаи Есенин меоянд:

Фурӯ биншаст акнун дардҳоям,

 Наёзорад диламро шум ҳазён.

 Даво бахшам кунун дар чойхона,

 Ба дарди хеш аз гулҳои Теҳрон.

***

 Ту эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман,

 Чу фарзанди шимолам ман, аз ин боб

 Дилам хоҳад бигӯям васфи саҳро,

 Ҳам аз ҷавдорзори зери маҳтоб,

 Ту эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман,

 ***

 Дар кишвари шоми заъфаронӣ

 Дар боғ ба ҷилваанд гулҳо.

 Савте бисарой ёри ҷонӣ,

 Савте, ки суруда буд Хайём,

 Дар боғ ба ҷилваанд гулҳо.

Сергей Есенин дар дар силсилаи «Савтҳои форсӣ» чи хуш гуфтааст:

 Ту гуфти Саъдии оқил,

 Фақат аз сина мебӯсид,

 Худоро, сабр кун охир,

 Зи ман ҳам он тавонӣ дид.

Султон Шоҳзода дар шеъри «Бӯсаи шоир», ки онро метавон ҷавоб ба шеъри Есенин номид, чунин менигорад:

 Аз азал синаи Есенин дошт,

 Дили пурозору пурэҳсос,

 Пар кашид мурғи бӯсаи шоир,

 Аз Рязони рус то Шероз.

Есенин дар «Савтҳои форсӣ» навиштаи хубе дорад:

 Ҷуръатам беҳосил андар роҳи ишқ,

 Баҳри чӣ, баҳри кӣ мехонам суруд?

 Гар надорад рашк Шоҳона, чӣ суд?

 Баски он дарвоза во кардан нашуд,

 Ҷуръатам беҳосил андар роҳи ишқ.

 Султон Шохзода дар шеъри худ бо номи «Шеъри боронӣ» ба ин шеъри дар силсилаи «Савтҳои форсӣ»-и шоир Есенин ҷойдошта гӯё чунин ҷавоб гардонидааст:

Фасли боронҳои бисёре аз ин дунё гузашт

 Монд аз Шоҳона дар дилҳо фақат дарди басӯз.

 Лек аз табъи Есенин бар замини қалби мо

 Шеъри боронии гавҳардори ӯ резад ҳанӯз.

Сергей Есенин дар ашъораш аз зебосанами порсигӯй зиёд ёд карда ва ҷойе гуфтааст:

 Бипурсидам зи саррофе ман имрӯз,

 Ки мебахшам ба сӯме нимтуманро,

 «Чӣ сон гӯям бари Лайлои зебо

 Ба форсӣ ман каломи «ошиқам»-ро?»

Султон Шоҳзода дар шеъри «Корвони шеър» чунин сатрҳо дорад:

Аз дили шеърҳош духтари форс

Ба дари қалби ман занад ангушт.

Ба ҳавои таронаи Шероз

Дили ман маст меравад арғушт.

Бисёр мавзӯъҳои интихобкардаи Султон Шоҳзода ба мавзӯи шеърҳои Есенин монанданд. Масалан, шеърҳои «Сапеда медамад болои ағба», «Баҳори ҷангал», «Абрҳои тирамоҳӣ», «Андешаҳо дар танҳоӣ», «Пайроҳаи ҷангал», «Мактаби ишқ», «Тешаи падар» ба мавзуи ватан, модару падар, ёди зодгоҳ, табиат, фаслҳои баҳор, тирамоҳ, зимистон, ишқу муҳаббат бахшида шудаанд.

Масалан, шоир Султон Шоҳзода дар шеъри «Обҳои тирамоҳӣ» чунин гуфтааст:

 Тирамаҳ зардинарӯ аст,

 Чун матои зарди шоҳӣ

 Тирамаҳро месароянд,

 Обҳои тирамоҳӣ.

Есенин бошад дар шеъри «Тирамоҳ»-и худ чунин иброз доштааст:

Аз шамоли ёли сардаш,

 Беша меларзад саросар,

 Барг мерезад ба ҳар кӯй,

 Барг мерезад ба ҳар дар.

Сергей Есенин дар як шеъри худ бо номи «Мо фонием, меравем аз даҳр оқибат» манзараи зодгоҳашро чунин тасвир кардааст:

 Эй тӯсҳои хуррами анбӯҳи ҷангалӣ!

 Эй даштҳои хурраму гулпӯш водиҳо!

 З-он пештар, к-аз ин ҷаҳон рахти сафар кашам,

 Гӯям тамоми дарди худ як лаҳза бо шумо.

Ҷои дигар шоир чунин тасвир мекунад:

 Ҳавои Рус боронист,

 Заминаш бӯйи каҳ дорад.

 Ман аз рӯзаш намегӯям,

 Шабаш як пора маҳ дорад.

Дар ин маънӣ Султон Шоҳзода низ дар шеъри «Пайроҳаи ҷангал» чӣ хуш овардааст:

 Чун теғаи кӯҳ, ки дод бар ман

 Дар шеър каломи аввалинро,

 Чун мисраи сабз ҷангалам дод

 Пайроҳаи сабзи ҷангалиро.

Дар шеъри «Помир» Султон Шоҳзода чунин овардааст:

 Дар назаргоҳи шоиронаи ман,

 Абрҳои ту шеър меборанд.

 Ҳар гули санги ту гули шеър аст,

 Қӯҳҳои ту шеързоронанд.

 Нисбати табиати зодгоҳи хеш шоир Султон гуфтааст:

 Шаҳдара нури махмалӣ дорад,

 Об дар ҷӯй мекунад ғул-ғул.

 Бишкуфад аз ҳавои маҳтобӣ

 Дар чаманзори синаи ман гул.

Бубинед, Есенин бӯйи замини ватанашро ба бӯйи коҳу алаф, накҳати растаниҳои хушбуй ва шабашро ба пораи моҳи зебо монанд мекунад. Шоири мо бошад, як гӯшаи ватанро ба нури махмалӣ ва ҳавояшро моҳтобӣ меномад.

Ин ҷо беихтиёр мисраи Мавлои Рум «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» ба хотири кас меояд, зеро ҳамдилию ҳамнавоии шоири тоҷик бо шоири рус боиси эҷоди силсилашеърҳои пурэҳсоси худшиносию ватандӯстӣ гаштаанд.

Дигар мавзӯе, ки ин ду шоирро бо ҳам тавъам мегардонад, ёду хотираҳои кӯдакию навҷавонӣ дар деҳ ва дудмони хонаи падарист. Ин мавзуъ махсусан дар ашъори Сергей Есенин бисёр ҷонгудозона бо муҳаббату хотираи гарм таҷассум  ёфтааст. Ҳарду шоир хонаи падарӣ ва айвони онро бо як хотираи ғамангез ва меҳру муҳаббату пазмонии фавқулода ба риштаи тасвир кашидаанд.

Сергей Есенин дар шеъри «Хонадони падарӣ омадаам», сари ин мавзуъ чунин ибрози андеша дорад:

Хонадони падарӣ омадаам,

 Деҳаро менигарам, бетоб аст.

 Тумани ҷингиламӯйи пурнам,

 Дар паси бому дари ӯ хоб аст.

Ҷойи дигаре дар шеъри «Ин кӯча ба ман шинос бошад» чунин гуфтааст:

 Ин кӯча ба ман шинос бошад

 В-ин кулбаи пасти бемаҷолаш,

 Ҳам тори пахоли бомгӯша

 Болои даричаи кашолаш.

Шоир дар овони хело навҷавонӣ ба хотири хондану зиндагиро беҳ сохтан зодгоҳу хонаи падарӣ, деҳаи Константиновои губернияи Рязанро тарк намуда, баъдан дару девори хонаи падариро бисёр ёд менамуд ва сари ин мавзуъ пайваста бармегашт. Ин сатрҳо аз қалби пурэҳсосу овараю дур аз кулбаи падарии шоир гувоҳӣ медиҳанд:

 Ба дари хонаи чӯбии падар истода,

 Хостам, шодӣ кунам, лек дилам шуд гирён.

 Пеши ин хонаву айвону саги пушти дараш,

 Мурданӣ омадаам гӯё ман аз гирди ҷаҳон.

Шоир Султон Шоҳзода низ ба ин мавзӯъ на як бору ду бор баргаштааст. Ӯ низ овони паррончак шудан ва рафтан аз ошёни падарро бо нигоҳи шоирона пурдарду бомуҳаббат ёд намудааст. Масалан, дар шеъри «Шабе, ки модарамро хоб дидам» аз хонаи падарӣ чунин ёд овардааст:

 Хоб дидам, ки кулбаи сангин

 К-аз падар буду дар Бадахшон буд.

 Боз шуд ҷойи хобу зиндагиям,

 Хонаи бачагии ман он буд.

Дар шеъри «Сарои Баҳор» шоир аз деҳаи азизаш ин тавр ёд мекунад:

Деҳаи хурди ман – Сарои Баҳор,

 Ки бувад дар миёни сафи кӯҳ,

 Гӯйӣ як пора осмони кабуд

 Рост афтодааст дар кафи кӯҳ.

Сергей Есенин дар шеъри «Мактуб ба модар» гуфтааст:

 Пас аз ин об накун аз ғами ман

 Дилу ҷону ҷигаратро модар.

 Куртаи кӯҳнаи рустоӣ ба тан,

 Набаро бар сари раҳ бори дигар.

Султон Шоҳзода дар шеъри «Бемодарӣ» чунин менигорад:

 Он бӯсаҳои нарм, ки бигрифтӣ аз рухам,

 Дар гирди шаъми тифлиям парвонаҳо шуданд.

 Парвонаҳои тифлии ман бо пари тунук

 Монанди тифлиҳои ман, аз ман ҷудо шуданд.

Сергей Есенин ба ёди падар чунин сатрҳоро иншо намудааст:

 Сари ҳар шоми сияҳ ман ғамгин,

 Одами гумшудае меҷӯям,

 Аз паси буду набуди дерин,

 Ашк дар дида дуо мегӯям.

Шоир Султон Шоҳзода низ дар ашъораш аз падари хеш ёд намудааст. Чунончи дар шеъри «Падари ман ба ёди ман омад» навиштааст:

 Боз омад баҳору дар гӯшам

 Боди форам тарона мегӯяд….

 Сабза дар боғи мо зи нав рӯид,

 Падари ман дигар намерӯяд.

Сергей Есенин чун шоир оиди шеъру шоирӣ табиист, ки мисли дигар шоирон назару андешаи худро дорад ва доир ба ин мавзӯъ дар шеъре бо номи «Гар ба ҳамин ҳаёт бимонӣ» мегӯяд:

 Гар ба ҳукми ҳаёт бишморӣ,

 Шоирӣ чист? Шоиро, донӣ?

 Боядат дил кунӣ дусад пора,

 То дили мардумон шукуфонӣ.

Султон Шоҳзода низ доир ба мавзӯи шеъру шоири нигоштаҳо дорад. Ба ин шеъри «Шеър даркор, шоирӣ даркор» мисол шуда метавонад:

Зиндагонӣ агарчи ширин аст,

 Лек дору надорҳо бисёр,

 Ҳар нафас баҳри зиндагӣ кардан

 Шеър даркор, шоирӣ даркор.

Дар бораи зимистон, тирамоҳ ва баҳор ҳарду шоир шеърҳои олиҷаноб сурудаанд. Аз ҷумла дар шеъри «Баргрезону баргрезон аст» шоири рус чи хуш гуфтааст:

 Баргрезону баргрезон аст,

 Мекашад оҳи сарду фасли хазон…

 Дили моро кӣ мекунад хурсанд?

 Ғами моро кӣ мехӯрад, ёрон.

Сергей Есенин ҳамчун шоири лирик ба мавзӯъи ишқу ошиқии самимию заминии инсон арҷи зиёд гузоштааст ва ин мавзӯъ дар ашъораш нақши мондагор дорад. Чунончи мегӯяд:

Эй ёри азиз, паҳлӯям шин,

 То чашм ба чашми ту нишинам.

 Хоҳам зи нигоҳи гарму ширин,

 Туғёни дили туро бубинам.

Ҷойе дар як шеъраш аз маҳбубаи замони навҷавони хеш, ишқи даврони навҷавонии худ бо ҳасрат чунин ёд овардааст:

Ман дар дили ту агар намондам,

 Дар синаи ман ту гаштаӣ гум.

 Пайванд намешудаст одам,

 Шуд манзили мо диёри мардум.

Устод Султон Шоҳзода низ дар мавзӯи ишқу ошиқӣ ва ёди ёри меҳрубон навиштаҳои зиёд дорад ва сари ин мавзуъ чи хуш сароидааст:

 Ту зиндаву ман ба паноҳи ту зиндаам,

 Аз тоби шӯълаҳои нигоҳи ту зиндаам.

 Ранги сафед рамзи ҳаёт аст, гуфтаанд,

 Аммо ки ман ба мӯйи сиёҳи ту зиндаам.

Ӯ низ аз нахустин ишқи ҷавонию маҳбубааш мисли Есенин дар як шеъраш бо номи «Ту зи ман вақти гули фасли баҳорон рафтӣ» чунин ёд кардааст:

 Тарк гуфтӣ ману шеъри ману овози маро,

 Бе ту аз боми дилам чакраи хуноба чакад.

 Мо ҷудоему ҷудоему ҷудоем ҳанӯз

 Шираи умри маро ишқи ту аз дур макад.

 Аҷибии муқоисаи ашъори ин ду шоири деҳқонзода ва ҷавонмарг дар он аст, ки ҳарду шоир аз шоири машҳури рус Юрий Лермонтови ҷавонмарг дар ашъорашон ёд намудаанд.

Сергей Есенин дар шеъри худ бо номи «Номае барои хоҳар» аз Лермонтов чунин ёд кардааст:

Саша буд хушрӯю хушгап,

 Қадбаланд андомлоғар,

 Қади Лермонтови шоир,

 То ба китфаш буд баробар.

Султон Шоҳзода дар шеъри «Шаҳдара нури махмалӣ дорад» чунин овардааст:

 Абр маҳтобро раҳо созад,

 Пур шавад синаам зи нури нав,

 Абр дар баҳри осмон тобад,

 Ҳамчу бодбони Лермонтов.

Дар навиштаи ҳарду шоир ёд аз ёру дӯстону шоирон шудааст. Сергей Есенин ба хотири Брюсов, Чагин Мариенгоф ва дигарон шеърҳо дорад. Дар шеъри «Ба хотираи Брюсов» шоир чунин сатрҳоро иншо намудааст:

 Мо ҳама меравем бо навбат,

 Ба ҷаҳони хамӯшу бефарёд.

 Хуб донам, валек то бошад,

 Рус моро набарорад аз ёд.

Шоири ширинсухани мо Султон Шоҳзода низ ба хотираи ходимони фарҳангу шоирон мисли устодон Абулқосим Лоҳутӣ, Акашариф Ҷӯраев, Мӯъмин Қаноат, Маҳмудҷон Воҳидов ва шоири ҷавонмарг Ҳабибулло Файзулло шеър гуфтааст. Дар шеъри «Ба ёди Ҳабибулло Файзулло» шоири чунин сатрҳоро иншо намудааст:

 Дар ин базми наврӯзии дилфиреб,

 Ту бераҳмии марги инсон бубин,

 Ки вақти дурахши ҳунар асту лек,

 Ҳунарро таги хок яксон бубин!

 Иқрор бояд шуд, ки шеърҳои Султон Шоҳзода дар бораи зодгоҳ, сарзамини аҷдодӣ, ватанпарварӣ мисли ашъори Сергей Есенин бо садоқати зиёд, меҳру муҳаббати хосаи шоирона навишта шуда, ба дили хонандаи хушзавқ зуд ҷой мегиранд. Ҳам дар ашъори Есенини бузург ва ҳам Шоҳзодаи соҳибистеъдод ба зиндагии мардуми деҳа, пайроҳаи молчаронӣ, фаслҳои сол, зимистони пурбарфу сард, роҳҳо ва дарёҳо, май ва майгусорӣ ва дигар мавзӯъҳо шеърҳо суруда шудаанд, ки ин қаробату наздики ашъори онҳо шигифтангез низ ҳаст. Дар ашъори Сергей Есенин оиди асбобҳои мусиқии талянка, гитор низ сатрҳои шеърӣ мавҷуданд ва дар эҷодиёти Султон Шоҳзода низ оиди асбобҳои мусиқии гитору рубобу най шеърҳо мавҷуданд. Ин то андозае аз табиати бисёр хуши фарҳангпарастию наздикии рӯҳи онҳо ба савту оҳангҳои ҷаззоб башорат медиҳад ва ин андешаи рӯҳӣ ашъори лирикии онҳоро ҷаззоб менамояд.

Шоири мо бо нишонаи арҷ гузоштан ба ин шоири маъруф сайри зодгоҳи ӯ намудааст. Дар ин хусус шеъре дорад бо номи «Шабе дар зодгоҳи Есенин» ва он ҷо равшан аз муҳаббати худ нисбати ашъори ин шоири зебопараст гуфтааст:

 Канори Ока як дам хоб рафтам,

 Шудам аз шир-шири шаббода бедор.

 Шунидам нағмаи шевою бинам,

 Ба ман шаббош мехонад сафедор.

 ***

 Дили ман пур зи овози Есенин,

 Ба ман шеъри варо хонанд мурғон.

 Агар фарзанди кӯҳистонӣ бошӣ,

 Барои ман суруди кӯҳҳо хон!»

Тарҷумаи устодонаи ашъори Султон Шоҳзода бо забони русӣ, хосатан бахши «Илҳом аз Есенин» метавонад дар доираи васеи хонандагони русзабон ва дӯстдорони ашъори Сергей Есенин дар Русия ва дигар кишварҳо аз истиқболи гарм бархӯрдор гардад. Ба гуфти устод Мирзо Турсунзода, тарҷумаи русии достони «Мавҷҳои Днепр»-и Мӯъмин Қаноат миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта шӯҳрати адабиёти моро дар сатҳи Умумиттифоқ як дараҷа боло бурда буд. Шеъри имрӯзаи моро низ метавонад ин ашъор лоақал дар бархе аз кишварҳои ИДМ муаррифӣ кунад. Шахсан ман ба ин шак надорам.

Варқаи ЗАЙНИДДИН,

Узви ИЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь