Хосияти Зарафшонӣ бо маҳорати нотакрор ва ҷолиб чун ситорае дар осмони санъати касбии тоҷик дурахшон аст. Ин ҳунарманди соҳибзавқ, собиқадор ва писандидаи мардум, ки наздик ба чил сол аст, умри бобаракати худро сарфи хидмат ба ҳунар ва аҳли завқ намудааст, дар ривоҷу равнақи санъати овозхонӣ хидмати шоиста дорад.

Ӯ бо сурудани таронаву ғазалҳои ҷолибу пурмазмун, таҳияи барномаҳои рангорангу дилчасп ва сафарҳои бешумори ҳунарӣ ба дилу дидаи ҳаводорони санъати овозхонӣ ва созу наво роҳ ёфтааст. Истеъдод ва маҳорати баланди сарояндагӣ, кӯшишу талош ва ҷустуҷӯву заҳмати пайваста, завқи интихоби матну оҳанги хуб ӯро аз сарояндагони маҳбуб гардонид.
Ин бонуи ҳунарманд аз ибтидои солҳои 80-уми асри бист бо сабку услуби хос ва овози буррову форами табиӣ ба дунёи ҳунари сарояндагӣ омад.
Хосияти Зарафшонӣ 10-уми октябри соли 1960 дар деҳаи Гузари боди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1982, баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода, дар ансамбли «Зарафшон», ки роҳбариашро Ҳунарманди халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов бар дӯш доштанд, ба фаъолияти эҷодӣ оғоз менамояд.
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ӯ аз наздик бо санъаткорони маъруф М.Боқиева, З.Нозимов, Н.Абдуллоев, Ш.Муллоҷонова, Ғ. Валаматзода, Ҳ.Назаров ва дигарон шинос шуда, аз ҳунару маҳорати онҳо баҳраҳо бардоштааст. Воқеан ҳам, ӯ аз хурдсолӣ овози ширадору дилнишин дошта, сурудҳоеро ба забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар бо маҳорати том замзама мекардааст. Ва дар баробари овозхонӣ, ӯ маҳорати хуби оҳангсозӣ низ доштааст.
Соли 1988, ӯ роҳбари бадеии дастаи «Ҷавонӣ» интихоб мешавад.
Бону Хосият тӯли солҳои овозхониаш ба матни зиёда аз сад шеъру ғазалҳои шоирони муосиру классики тоҷик оҳанг бастааст. «Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро» аз Ҳофизи Шерозӣ, «Ватан» аз Бозор Собир, «Метарсам» ва «Шарм аз Худо накардӣ» аз Лоиқ Шералӣ, «Падар», «Ташнаи оби Зарафшон» аз Махсум Олимӣ ва дигар таронаҳо қабули хотири ҳаводорони созу навои ӯ гардидаанд.
Миёни ҳаводорони санъати асили мо нафаре нест, ки Хосияти Зарафшониро ҳамчун сарояндаи хушадо ва мутриби хушнаво написандида бошад. Ҳунари волову табииаш ба мухлисон ҳаловат бахшида, дастгирии ҳаводорон ӯро ба эҷоди таронаву оҳангҳои нав ба нав сафарбар менамояд.
Дар баробари он, ки ҳурнару маҳорати баланду дилрабо дорад, дар зиндагӣ ӯ як зани хоксору фурӯтан аст.
«Дар бораи хулқу атвор ва ҳунари Хосият сухан ронда, камбудиву нуқсонҳояшро ёфтан душвор аст, – иброз доштааст боре Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳамкори ӯ Муслима Боқиева. – Ӯ ба зиндагӣ муносибати ҷиддӣ дошта, хушхулқу зиндадилу шӯх; дар кор ботамкину бонизому матинирода аст».
Бартарии ҳунари ин ҳунарманд боз дар он аст, ки ӯ дар баробари овозхониаш асбобҳои мусиқиро моҳирона менавозад.
Истеъдоди Хосияти Зарафшонӣ дар сурудани таронаҳои «Шашмақом» ҳам фавқулодда аст. Таронаҳои «Савти калом», «Талқин», «Қашқарча», «Соқинома», «Уфари савти калом» (иборат аз панҷ қисм), «Муғулчаи дугоҳ», «Чоргоҳ», «Сегоҳ», «Муноҷот» ва дигаронро моҳирона иҷро карда метавонад.
Хосияти Зарафшонӣ дар ҳайати устодони санъати тоҷик намунаҳои беҳтарини санъати моро дар Австралия, Афғонистон, Яман, Олмон, Исроил, Миср, Дания ва дигар давлатҳо пешкаш кардааст.
Ин зани эҷодкору заҳматкаш, устоду мададгори ҳунармандони ҷавон ва ҳамкори ғамхор, дар байни мардум обрӯю эҳтироми хосса дорад.
Барои хизматҳояш дар инкишофи санъати тоҷик бону Хосият бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (соли 1991), Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон (соли 2006), Ордени «Шараф» (соли 1999) ва бисёр ифтихорномаҳою мукофотҳо қадрдонӣ шудааст.

Озар ДЕҲЗОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь