Дар яке аз ҳамоишҳои бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешуд, садри маҳфил, адабиётшиноси тавонои тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода вақте суханро ба номзади илми филология Шарифҷон Тоҷибоев медоданд, ӯро “адабиётшиноси пухта” гуфта, муаррифӣ карданд. Ин баҳои профессор Абдунабӣ Сатторзодаро сазовор шудан на ба ҳар як муҳаққиқи адабиёт муяссар мешавад, зеро аҳли илму адаб хуб медонанд, ки устод қабл аз он ки як ҳарфро ба забон биёранд онро борҳо дар тарозуи табъи сахтгирашон бар мекашанд… Ва агар нек биандешем Шарифҷон Тоҷибоев ба ин баҳои устод Сатторзода арзанда ҳам ҳаст, зеро номбурда, беш аз 30 сол аст, ки ба адабиёт сару кор дорад.

Баъди хатми факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (дар миёна адои хизмати ҳарбӣ), аз соли 1992 сарнавишти ӯ ба кории илму таълим пайванд шуд. Тайи ин солҳо ба ҳайси мудири кабинет, муаллим, сармуаллим, дотсент, мудири кафедраи адабиёти классикӣ, ҷонишини декан ва декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекунад. Аз соли 2014 ба ин ҷониб муҳаррири масъули маҷаллаи илмию назариявии “Номаи Донишгоҳ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Дотсенти кафедраи адабиёти классикии ҳамин муассиса аст.

Шарифҷон Тоҷибоев замоне ба майдони адабиётшиносӣ ворид шуд, ки дар Хуҷанд бо ҳузури устодон Абдулманнони Насриддин, Атахон Сайфуллоев, Матлубаи Мирзоюнус ва Носирҷон Салимӣ муҳити созгори илмӣ ба вуҷуд омада буд. Нақду адабиётшиносӣ дар Хуҷанд бо талоши ин устодон равнақ ёфта, масоили бунёдии адабиёт мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор гирифт. Хуҷанди имрӯза, ки яке аз марказҳои муҳташами илмӣ, махсусан, илми адабиётшиносӣ аст, мадюни заҳматҳои ин устодон мебошад, ки ҳар яке соҳибмактаб ҳастанд.

Маҳз дар ҳамин фазои созгор Шарифҷон Тоҷибоев ба тадриси адабиёт ва таълифи рисолаи илмӣ камар баст. Ҳамчун муҳаққиқи адабиёт камол ёфт ва соли 1998 дар мавзуъи “Тавсиф ва масъалаҳои танзими фарҳанги тавсифоти назми классикии форсу тоҷик” рисолаи номзадӣ дифо намуд, ки он соли 2020 ба нашр расид.

Сабаби дер нашр шудани ин рисоларо аз Шарифҷон Тоҷибоев пурсидам. Эшон достони аҷиберо нақл кард: “Ин рисола гум шуда буд. Баъди тақрибан 20 сол онро аз китобхонаи Маскав пайдо ва харидорӣ карда ба дасти чоп додам”…

Маълум мешавад, ки баъди таълифи рисолаи номзадӣ муаллиф онро дар ду-се нусха мошиннавис мекунад. Нусхаҳои заруриро ба Шӯрои илмӣ ва КОА медиҳад ва нусхаи охирин ва ягонаи хешро дар нақлиёти ҷамъиятӣ гум мекунад. Чун он солҳо имконияти техникӣ мавҷуд набуд, нусхаи асл ва таҳрирхӯрдаи кор дар дасти муаллиф маҳфуз номонда буд. Ҳамин тавр, нашри рисола таъхир мешавад ва бо гузашти солҳо муаллиф онро пайдову бидуни таҳрир нашр намуд.

Рисоли “Тавсиф ва масъалаҳои танзими фарҳанги тавсифоти назми классикии форсу тоҷик” аз се боб таркиб ёфта, ба таҳқиқи яке аз воситаҳои тасвиру баён – тавсиф бахшида шуда, сайри таърихӣ, дараҷаи омӯзиши анвою роҳҳои истифода, арзиши бадеиву ғоявӣ, имконоти тасвирию эксприссивӣ ва услубиву семантикии он дар мисоли маводи назми классикии форсу тоҷик, хоса “Шоҳнома”и Фирдавсӣ баррасӣ гардидааст. Зимнан, дар китоби мазкур масоили танзими фарҳанги тавсифотии назми классикии форсу тоҷик, зарурату аҳамият ва принсипҳои таснифи он мавриди чашмандози илмӣ қарор ёфтаанд.

Муаллиф дар натиҷаи таҳқиқи мавзуи мавриди назар ба хулосаи зерин расидааст: 1) Тавсиф аз адабиёти шифоҳӣ ба адабиёти хаттӣ гузаштааст; 2) Тавсиф на танҳо дар адабиёти асримиёнагӣ, балки дар адабиёти пешазисломӣ ҳам ривоҷ ёфта, дар “Авасто”, “Дарахти асурик”, “Ёдгори зарирон”, “Корномаи Ардашери Бобакон” ва ғ. барои ифодаи фикру тақвияти иддао кор бурда шудааст. 3) Муаллиф дар идома оид ба анвои тавсиф суҳбат карда, истифодаи онро дар “Шоҳномаи” Фирдавсӣ мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Ӯ ба чунин хулоса расидааст, ки Фирдавсӣ дар ҳамосаи хеш барои тарсими чеҳраи хотирмон ва чашраси қаҳрамонони асар дар мусовӣ ба дигар санъатҳо аз тавсиф ҳам зиёд исмтифода кардааст. Муҳаққиқ ба чунин натиҷа расидааст, ки тавсиф дар “Шоҳнома” чун аносири муҳими тасвирсозу маънигаро хизмат мекунад.

Хуб медонем, ки сухансанҷони мо бинои шеърро ба чаҳор аркон – лафз, маънӣ, хаёл ва санъат устувор донистаанд. Истифодаи санъатҳои бадеӣ яке аз унсурҳои асосии шеър аст. Муҳаққиқон то ба имрӯз 300 навъи санъати шеъриро муайян кардаанд. Бо вуҷуди он ки доир ба шеър, сохтори он, санъатҳои бадеӣ ва ғ. рисолаҳои сершумор таълиф шудааст, вале санъати тавсиф дар алоҳидагӣ мавриди пажӯҳиш қарор нагирифта буд. Шарифҷон Тоҷибоев аз нахустин муҳаққиқонест, ки ба ин кор камар баст ва дар баробари ин масоили танзими фарҳанги тавсифотии назми классикии форсу тоҷик, зарурату аҳамият ва принсипҳои таснифи онро мавриди баррасӣ қарор дод. Гарчанде, ин рисола дер нашр шуд ва муаллиф онро баъдан таҳриру такмил накардааст, дар зоти худ асари арзишманд ва тақҳқиқоти муҳим аст.

Шарифҷон Тоҷибоев баъди дифои рисолаи номзадӣ дар адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ пурсамар кор мекунад. Рисолаву мақолаҳои таълифкардааш, аз ҷониби аҳли илм сазовор пазироӣ мешаванд.

Чун номбурда, дар баробари муҳаққиқи хуб будан, донандаи хуби забонҳои дигар аст, барояш имкон фароҳам меояд, ки пайваста дар ҳамоишҳои илмии берун аз кишвар иштирок ва суханронӣ карда, ҳам бозёфтҳои хешро рӯнамоӣ бикунад ва ҳам илми тоҷикро сазовор муаррифӣ намояд.

Шарифҷон Тоҷибоев мухлиси театр ва ҳунари асил аст. Пайваста спектаклҳои Театри Хоҷа Камолро тамошо ва бо дарки баланд нақду баррасӣ мекунад. Умед дорем, ки ӯ дар оянда ба таҳқиқ ва нақди театр бештар машғул хоҳад шуд, зеро феълан кишвари мо ниёз ба онҳое дорад, ки пайваста дар бораи театр фикр кунанд ва нависанд.

Шарифҷон Тоҷибоев боғпарвар ва гулпарвари гулдаст ҳам ҳаст. Акси боғи сарсабз ва гулҳои шукуфону рангорангашро борҳо дар саҳифаи Фейбсук дида, ҳаловат бурдаем. То он ҷое медонам, муаллими хуб низ мебошад ва эҳтироми шогирдонашро ба даст овардааст.

Феълан Шарифҷон Тоҷибоев дар айни авҷи камолоти эҷодӣ қарор дорад. Машғули таълифи рисолаи докторӣ, тарбияи шогирдон ва ҷустуҷуҳои нави эҷодӣ аст. Дар ин ҷода ба ӯ барору комёбӣ мехоҳем.

О. Нозир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here