Салом, эй рафтанат ташрифи дигар,

Салом, урдубиҳишти тозаву тар.

Салом, эй кофару эй ринду бутсоз,

Мусулмонии мо бо ту шуд оғоз.

Салом, эй Лоиқи имрӯзу фардо,

Салом, эй шоири хуршеду дарё.

Салом, эй мӯҳтавои ишқу ҳастӣ,

Бимон бо соғари саршори мастӣ.

Бимон, моро ватандорӣ биомӯз,

Саводи хештандорӣ биомӯз.

Дуруд ба рӯҳи падари бузургвор ва шоири миллату муҳаббат. Дуруд ба посдорандаи фарҳанги форсу тоҷик ва пайғомбахшандаи ҳазор насли ояндаи бани инсон Лоиқ Шералӣ. Имрӯзҳо миллионҳо ҳаводори шеъру адабиёт ва гавҳаршиносони сухану санъат, ҳуввияту хештаншиносӣ, пайравони ойини инсоният, адолату садоқат ёде аз солумри 83-юми ин абармарди таърих мекунанд. Шукр бар офаридгори бемислу монанд, ки қисме аз ҳаёти ин шоири маҳбуби машриқзамин ва ному осори эшонро бо ман пайванд кардааст. Ҳоло қатрае аз меҳру самимият ва камоли ҳамнишиниямро мехоҳам ба ёд орам.

Шиносоии аввалини ман бо Устод Лоиқ Шералӣ, ки баъдан бароям пири роҳи ҳақиқат ва раҳнамои роҳи санъату самимият шуда буданд, ин тавр сурат гирифта буд.

Соли 1975 ба деҳаи мо – Ғусар омаданд ва мо хонандагони синфҳои 7-8 аз паси мошини шоир давидем. Устод то хонаи бародарашон – Қоришариф рафтанд. Қоришариф дар баробари он ки ба мо аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфтанд, ҳамчунин шикастабанди маъруф ҳастанд. Дар хонаи муаллим модари шоир Бибӣ Зуҳро ба пешвоз баромаданд. Пас аз мошин фаромадан, устод бо мо як-як салом карданд, ҳолпурсӣ карда, аз таҳсиламон пурсон шуданд. Шодии моро ҳадду канор набуд. Мо барои изҳори шодмонии худ мошини устод Лоиқро бо оби мусаффои ҷӯй шустем. Бо ҳамин робитаи рӯҳониву маънавии мо бо устод оғоз ёфт. Нишастҳову маҳфилҳо ва шеърхониҳои устод дар соҳили Зарафшон ҳанӯз пеши чашмонам аст. Дар бораи шеърҳои нотакрори устод бисёриҳо гуфтаанду навиштаанд. Ҷилд-ҷилд асарҳои пажӯҳишӣ ҳастанд. Аммо кори мо оҳанг бастан ба сурудҳои шоири зиндаёд буд. Ашъори устод болу пари оҳанг ва сурудҳои ман гаштаанд. Сурудҳои “Ҳасрат”, “Панди дигар”, “Дар соҳилам ҳанӯз”, “Модар надоштаст”, “Ин ҷаҳонам мондааст”, “Сӯзишгаҳи инсон”, “Гузашт умрам…” ва садҳо шеърҳои баландмазмуну намакинро ҳама медонанд, ки банда оҳанг бастаам. Вақте суруди “Ҷавонӣ рафт”-ро сурудем, маҳбубияту ҷаззобияташ аксари минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказиро гирифт, гӯям ҳам хато намешавад. Дар хонаи устод аз шаб то домони саҳар менишастем. То дили шаб устод шеър мегуфтанду ман месурудам. Он рӯзҳову шабҳои нотакрорро ёд кунам, дилам гум мезанад, чашмонамро ашк ғарқ мекунад.

Бешак, бароям равшангари роҳи фардо ва падари маънавиву ҳодиву раҳнамоям буданд. Дар аксари маҳфилҳоям иштирок кардаву бароям фотеҳаву дуоҳои фаровон додаанд. Як дуояшон ҳеҷ аз хотирам намеравад.

Додаракам Афзалшо,

Хизмати ёрон бикун.

Ман Офтобборон кардам,

Ту сурудборон бикун!

Ёдам ҳаст, ки як шаб фарёд зада, бо фараҳмандӣ хитоб карданд: “Афзал! Бачем, “генеальный” шеър иншо шуд, гӯш кун:

Шишаи мо санги хоро бишканад,

Хомии мо пухтаҳоро бишканад…

Гардани гардуни гардон бишканем,

Пеш аз он ки гардани мо бишканад!

Ин ва даҳҳо шеърҳои дигар дар шоҳидии ман эҷод шудаанд. Ёди Бибӣ Зебунисо ба хайр бодо! Ин зани бузургу соҳибдил, ҳамсари устод Лоиқ барои шоир хидматҳои бедареғ кардаанд. Ҳазорон меҳмонҳои шоирро ба хушӣ пазируфта, нону намак карда, гуселондаанд. Шабҳои дароз ҳамрозу ҳамдами шоир буданд. Ин хел занҳо дар ҳаёт кам вомехӯранд. Ба андешаи ман, як сабаби муваффақияту барори устод дар ҳама ҷода ҳамин ҳамсарашон буданд. Устод одами басо самимӣ, ростгӯй ва якқавл ва дар садоқату пос доштани арзишҳои инсонӣ ягона буданд.

Устодону ҳамқаламонашон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киромро ба ҷон эҳтиром мекарданд. Аз хомакашону олимони ҷавонтар, яъне ҳамсолу ҳамнаслонашон ба Файзуллоҳ Ансорӣ, Сорбон, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғойиб ва Акбар Абдулло эҳтиром доштанд. Аз сарояндаҳои он замон маъруфу имрӯз ҳам дӯстдоштанӣ Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Муродбек Насриддинов ва даҳҳо сарояндагони асили тоҷикро гӯш медоданд. Ёдам меояд, ки рӯзе бо хоҳиши устод дар сабукравашон сабти сурудҳои нағзу пурмағзи Одина Ҳошимро гузошта будам. Ҳар гоҳ гӯш дода, лаззат мебурданд. Азбаски шахсияти обрӯманд, шоири донишманд ва забондону луғатдон буданд, ҳама пиру ҷавон ва ҳатто сиёсатмадорони варзида низ эҳтиромашон мекарданд ва ба ҷон мехостанд, ки дар маҳфилу сӯҳбатҳояшон Лоиқ барин шоири овозадор ширкат варзад.

Машъал бишавед дар шаби зулмонӣ,

Сӯзед, ки олам бишавад нуронӣ.

Бар як худи Хуршед гарон аст, охир

Бар олами бекарон нурафшонӣ.

Шеърҳои аввалини устод Лоиқ бо дард, бо маъно ва дилнишин буданд. Рӯз ба рӯз ному ашъори шоир шуҳрат пайдо мекард, оламгир мешуд. Ва рафта-рафта тамоми тоҷикони асил ва форсизабонони ҷаҳон устодро шинохтанд ва ба ашъораш бовару эътимод ва муҳаббат пайдо карданд. Устод Лоиқ борҳо гуфтаанд: “шеърҳои ман ҳамон шеърҳои гумшудаи устод Рӯдакист!”

Барои устод Лоиқ маҳаллу макону мавқеъ аҳамият надошт, он кас Инсонро мепарастиданд, ҷону дилашон, ҷигарашон аз ғаму дард ва каму костии одамон ранҷ мекашид, ҳар куҷо хории забону фарҳангро бинанд, ба дод меомаданд, шӯрида мешуданд, дар ғами фардои миллат қатра-қатра чун шамъ об мешуданд. Худашон бисёр бо сӯзу гудоз фармудаанд:

Дар ғами номуси миллат,

Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Бемуҳобо, хонаи душман бисӯзад!

Ҳамин худфарсоиву дилобкарданҳои устод сабаб шуд, ки мардуми намакшиносу қадрдони тоҷик шоири писандидаашро лаҳзае фаромӯш намекунад. Дар маҳфилу базм ва рӯзҳои ғамгинӣ ашъори устодро малҳами дарду доғҳо медонанд ва дар ҳамин баробар сурудҳои моро ҳам, ки сиришта аз ашъори ошиқонаву ормонии зиндаёд ҳастанд, бо завқ гӯш меандозад. Дар ҳақиқат, шеърҳои устод Лоиқ ҷовидона шуданд. Ба қавли худашон

Аз касе як хасе намемонад,

Аз ман умри дубора хоҳад монд.

Пораҳои дили шикастаи ман –

Шеъри ман пора-пора хоҳад монд.

Имрӯз, бемуҳобо, номи Лоиқ Шералӣ бо вожаҳои Миллат, Муҳаббат, Шеър, Адабиёт, Санъат, Варзоб (макони писандидаи шоир) якҷо садо медиҳад. Номи шоир абадӣ ва хокашон гулфишону охираташон пурнур бод!

Ту, эй Шеъри Аҷам, бошӣ, ки бошӣ!

Алорағми адам бошӣ, ки бошӣ.

Салом, эй марди роҳи бекарона,

Салом, эй ҷовидона, ҷовидона!

Афзалшоҳ ШОДИЕВ,

Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь